Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2093
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 242. Иемхои мураккаби пайваст аз асосхои баробархукук бо роху воситахои гуногун ташкил меёбанд.

§ 243. Иемхои мураккабе, ки аз такрори бевоситаи калимахо сохта шудааид:

  1. такрори исм:

Сонитар гап-гап баромад, ки Хошим Корвон... касам хурда буда- аст (Улугзода);

  1. такрори асоси замони хозираи феъл: иурс-пурс, дор-дор, гир- гир. Гохо асоси якум дар шакли чамъ меояд: Розиён имшабро бо хан- даву бозй ва хурхо-хур гузарониданд (Айнй);

  2. такрори асоси замони гузаштаи феъл: омад-омад;

  3. исмхои таклидй асосан дар шакли такрор меоянд ва ба ин во- сита мафхумн предметии онхо ба давомнокии амалу холате, ки таклид- корона ифода мекунанд, омехта ва равшан зохир мешавад.

Ин гурухи иемхо дар ду шакл меоянд:

а) такрори хамон як калима: дукур-дукур, дакар-дакар, пичир-пи- чир, ках-ках, шир-шир;

Дукур-дукури аспхо торафт наздик мешуд (Улутзода). У бо даро- мада салом додани ман пичир-пичирашро монда, дастхояшро бар pv кашида ба саломн ман чавоб гардонд (Айнй).

Кард падрудам садои обшор, Ка\-ка.чи мастонаи кабки дари, Шир-шири оби равоии чуйбор.

(«Садои Шарк»);

б) кисмаи тагьир ёфтани чузъи дуюм. Дар ин гуна мавридхо ба чои садонокхон -а -и чузъи якум дар чузъи дуюм садоноки -у- меояд:

Вакар-вукур намекунад, тезтар номаша гуй (Улугзода). Тапар-ту- пури бисьёре карда гаштанд,— гуфт Хайдаркул, лекин аз кучо медо- нанд, ки ин кор кори кист (Икромй). Шалап-шулупи синазанй фазой майдонро фаро гирифта, то хеле рох шунида мешуд (Ирфон). Аз тара- ко-туруки ба хам хурдани сангхо... Одина саросемавор аз хоб бедор шуд (Айнй).

§ 224. Исмхое, ки аз такрори чузъхо. Иборатанд, инчунин бо интер- фикси -о- ташаккул меёбанд. Тарзи сохта шудани ин гуна иемхо чунин аст:

    1. такрори исм: гирдогирд, давродавр;

    2. такрори асоси замони хозираи феъл: даводав, кашокаш, кучо- куч, гурезогурез, ковоков, гирогир, хурохур, нушонуш ва f.

§ 245. Исмхои мураккаби пайваст, ки аз асосхои гуногун сохта шу­даанд, вобаста ба тарзи васли чузъхо ва воситахои алокан онхо ба чанд гурух таксим мешаванд.

Исмхои мураккаби пайваст, ки чузъхояшон бе ягон морфема ба хам васл шудаанд, ин тарзи калнмасозй ду колиб дорад:

а) аз ду исм: галладона, каллапоча, ширбиринч, шабонаруз, парча- иалос, саломалек;

б) аз асосхои мукобилмаънои феъл: даро-баро, даромад-баромад.

§ 246. Исмхое, ки ба воситаи интерфикси -у- таркиб меёбанд. Ин

усул сермахсул буда, чунин колибхо дорад:

      1. нему нем. Бо ин колиб хам исмхои конкрет ва хам исмхои маъ­но сохта мешавад: сарупо, сарулибос, сарутан, тирукамон, обуранг, ран- губор, хайрухуш:

Ман ротибаашро зиёд мекунам, дар хар иду айём сарупо медихам (Икромй). ... вай аз пули пасандозкардааш сарутани нав харид (Улуг­зода). ... монанди тирукамони хавой (кавси кузах) забони оташ гуно- гунранг метофг (Айнй). Хамаи ин асархо аз чихати мавзуъ, махорат ва забону обуранг дигар-дигаранд («Точикистонн советй»), Хасан им- сол дар мавсимхои кори бахорй ва тобистонй гохо ба танхой ба бог рафта, баъзе киштукорхоро карда, об дода, ё ки суфахои мевахушккуни- ро андовида омада бошад хам, кори мевагундориро ба танхой адо кар­да наметавонист (Айнй). Имшаб омадани ман хам аз хамнн вачх — ба шумо хайрхуш карда рафтанй хастам (Икромй);

      1. исму асоси замони хозираи феъл. Дар ин колиб исмхои маънй сохта мешаванд, ки амалиёт ва холатро номбар мекунанд. Дар ин ко­либ исмхое истеъмол меёбанд, ки худ мафхуми харакат, амал ва холат буда, ба асоси феълии васлшавандаашон аз чихати маъно наздиканд:

Дар ин саёхатхо Ахмад-махдум ба кнтобат ва таълнфот машгул нашуда, факат рузи худро бо сайругашт дар дарунн полиз ва 6of.\o, бо мутолиа ё бо шунидани созу суруд ва гохо бо навохтани танбур, ки худ ба вай мутахассис буд, мегузаронид (Дйнй). Е ин кн Истад аз кораш омада нигохубин мекунад (Икромй). ...аз нима зиёди бурдубойи кимор- бозон бо номй чутал ба киссаи онхо медаромад... (Айнй);

      1. асосхои замони хозираи феъл. Бо ин колиб исмхон абстракте сохта мешаванд, ки харакат ва амалу холатро мефахмонанд: пурсуков, равуой, афтухез, давутоз, доругир, шинухез ва гайра:

...номй уро аз сарбоз шунида ба пурсуков даромадам (Айнй). ...уро аз равуой кардан ба он чо манъ намуд... (Айнй). Ятнм бо хамин тарика монугир коркунй хамон руз то бегохй то лаби дарьё дах бор рафта омад (Айнй). Хайр, хафа нашав, ин гирудор дер давом намекунад (Ик­ромй). Хама дар банди доругири туанд (Дехоти). ...дигарбора давуто зи Нунбул-Махдум дар кучахои шахр cap шуд (Айнй). Инхо имшаб мо­нандй бойбачагони пештара шинухез мекарданд (Айнй).

Исмхои афтударафт ва бардорузан низ дар асосй хамин колибсох­та шудаанд:

Пас аз ним соат афтударафт кардан халифа аз чои худ хсст... (Айнй). Махмади дар ибтндои афтударафт ба су и дарьё давнда рафта буд (Толис). Вай дар аробачаи пахлуии мотоцикле, ки дар рохи нохам- вор бардорузани бисьёре мекард... («Садои Шарк»);

      1. асосхои замони гузаштаи феъл. Бо ин колиб исми маънй сохта мешавад, ки кору харакат, амалу холат ва муомилаву мусохибаро ме­фахмонад: шикастурехт, рафтуомад, гуфтушунид, додугирифт, заду- хурд, харидуфурухт ва гайра:

Дар айёми тобистон сарои Олимчоиро, ки вакфи ин Мадраса буд, таъмнр намудан ва шикастурехтхояшро дуруст кардан лозим шуд (Айнй). Дар вактхои дилгир шуданашон аз корхои харидуфурухт ва айшу нуши хонагй шаберо ин чо бе ташвиши зану фарзанд бо дустони хосашон гузаронида айш мекарданд (Айнй). Дар муддати ин се сол хар иду сайре, ки меомад, дар бурдуовард ба хонаи арус аз ман баробари он харче, ки падарам ба хонавории ман сарф карда буд, пул харч ме- шуд (Айнй). ...фарзандони худро ба омадурафт кардан ба ин 40 рох намедоданд (Айнй). Хиндухо додугирифти худро ба дафтаре намена- виштанд (Айнй). Оё дакикае ба гуфтушунид бо шум о сарфароз шуда метавонам ё не? (Икромй);

      1. асосн замони хозира ва асосй замони гузаштаи феълУ бандубаст;

      2. асосй замони гузашта ва асосй замони хозираи феъл. Бо ин ко­либ исми маънй сохта мешавад, ки кору харакат ва амалу холатро ме­фахмонад. Ин гуна иемхо аз як феъл ва ё аз феълхои гуногун таркиб меёбанд: кофтуков, куфтукуб, пухтупаз, гаштугузор, гуфтугу, руфтуруб, сухтусуз, тохтутоз, шустушуй, шиштухез, харидуфуруш, гуфтугузор, рафтуой, частухез ва гайра:

Аз руи кавли Хомидбек, Ахмад-Махдум хар руз сахар аз хоб хес- та, баъд аз шустушуй ба мутолиа ва ё китобат машрул мешуд (Айнй). Сарбози мусафед бо каравулони дарвозаи арк гуфтугу карду хамрохн Фируза берун баромад (Икромй). Аммо харчанд шахрро чустучу кар- данд, ягон каси шубханокро наёфтанд (Айнй). Онхо хама монандй зан- хои рус кушодаруй буданд ва бо мардон бемалол шиштухез мекарданд (Улугзода). Охир, пи рузи бозор, мо харидуфуруш дорем (Дехоти). ...Ман ба кофтукови Кдднров фармон додам («Садом Шарк»). Гуфтугу- зори сарнрохин мо бо хамин тамом мешуд (Айнй). Дар замонхон пеш аз ин туман дар дами тохтутози урганчиён будаасг (Айнй). Чавоникур- синишнн, ки аз гирифтугираш рохбар буданаш маълум мешуд, чорпоя- ро бо дасти худ тик-тик, карда, аз чои худ нимхез шуда гуфт:... (Айнй).

Исмхои мураккаби тобеъ

§ 247. Дар забони адабии точик тарзи тобеъ сермахсултарнн коли- би калимасозии исм ба шумор меравад. Дар исмхои мураккаби тобеъ яке аз чузъхои калима асосй буда, дигаре ба он тобеъ аст ва дар онхо муноснбатхои гуногуни чузъхо: муайянкунандагй, пуркунандагй, субъ- ектй ва холи мушохида мешавад.

Тахлили мукоисавии исмхои мураккаб ва иборахо нишон медихад, ки бисьёре аз калимахон мураккаб дар асл аз иборахои изофй ва гай- ринзофин исм ба амал омадаанд. Ин холат дар исмхои мураккабе, ки чузъхояшон муносибати муайянкунандагй доранд, равшан зохнр меша­вад. Исмхои мураккаби тобеъ аз чихати муносибати чузъхояшон ба ду гурухи калон чудо мешаванд: 1) калимахое, ки чузъи якумашон асосй буда, чузъи дуюм ба он тобеъ мебошад ва 2) калимахое, ки чузъи дую- машон асосй буда, чузъи якум тобеи он аст.

Усули калимасозии исмхои мураккаби гурухи якум факки изофат ном дорад. Ин усулн калимасози дар натичаи афтидани баидаки изофй ва ба як калимаи мураккаб табдил ёфтани иборан изофй ба амал ома- дааст. Таваччух намоед: модари арус ва модарарус, хохари арус ва хо- харарус, сари лашкар на сарлашкар, сари сулола ва сарсулола, сари хавз ва сархавз, духтари хона ва духтархона.

Чузъи якуми исмхои мураккаб, ки аз иборахои изофй ба усули факки изофат сохта шудаанд, исм буда, чузъи асосй ба шумор мера- вад. Дар байни чузъхои ии гуна исмхои мураккаб муносибати муайян­кунандагй мавчуд аст.

Аз чихати таркибн морфологй онхо ба се гурух таксим мешаванд: 1) исму исм, 2) нему сифат ва 3) исму сифати феълй.

Колиби якум сермахсул буда, калимахон бо ин колиб сохташуда аз чихати маъно ба хелхои зерин чудо мешаванд: I) номи шахе аз руи касб, мавкеи ичтимой, муносибат, хамрохй, дорой: мироб, миршаб, сар­сулола, сарнасл, сароила, сармудир, сармухаррир, сарлашкар, модар­арус, шарикдарс, сохибкор, сохивхонас 2) номи хашарот, предметхои гуногун: каллагусола, канатахта, канапахта, сарзамин, к^чабог, сархо- на, осиёб, сарпанча, каторбед, найшакар, лолаарусак, сарсузан, пуст- дунба, сарпиё?^ 3) номи амалу аломат, нстилохоти гуногуни фаннй: сархисоб, обру, руйхотир, сардафтар, сарбайт, сармашк, сараъзо. сар- чумла, сарахбор, сароханг, сарлавха, сармакола.

Дар забони точикй дар асосй ин колиб исмхои хос, бештар номи шахе низ сохта шудааст. Чузъи якуми ин гуна исмхои мураккаб номи шахе ва чузъи дуюмашон мавкеи ичтимой, гурухи этникй, лакаб, касб, шутл ва характерп онхоро мефахмонад: Туракулудайчй, Ниёзкончй, Каххоркурбошй, Хдкимкассоб, Нарзикулсаллох, Сирочдахбошй, Нура- корвон, Хидирхинд, Кодирсаркор, Руломкомандир, Чурамашшок, К.о- дирбуз, Хамдамфурма ва г.

§ 248. Дар забони точикй бо бандаки изофй ба номи писар хамрох кардани номи падар ходисаи маъмул мебошад, хамчун Бобои Содик (Бобо Содиков) Шарифи Бадал, Одили Комил, Рустами Дуст, Шарофи Ер, Рачаби Одина, Ахмадн Зариф, Зарифи Шариф. Аз баъзеи ин кабил номхо афтидани бандаки изофй ва ба ин восита ба як калима табдил ёфтани номи писару падар низ мушохида мешавад. Исмхои хоси ба ин рох таркибьёфтаи Бобосангии, Шарифбадал, Бобосодик, Иусратулле- махсум, Мирзоахмад, Нисормухаммад, Боболатиф басо машхуранд.

Колиби дуюми калимасозии факки изофат нисбат ба колибн якум каммахсул буда, маъной калимахон бо ин колиб сохташуда низ махдуд аст: 1) номи шахе аз рун мансабу вазифа, мавкеи ичтимой ва ишорач синну сол: козикалон, раискалон, сипахсолор; бобокалон, модаркалон, бачамайда; 2) номи хайвонот ва паррандагону чонварон: мургобй, са- гобй, гурбаполвон; 3) номи предметхои гуногунМаттакухна, калушкух- на, лубиёшурак, нахудшурак, себкок, хамиртуруш.

Ин тарзи калимасози дар исмхои хос низ мушохида мешавад: 1>- мурланг, Имомбикр, Каримдсвона, Дилоромкампир , Рузибадбурут, Дехнав

Колиби сеюм бемахсул буда, бо ин рох асосан номи таом сохта шу­дааст, ки чузъи дуюми он аз калимаи бирьён иборат мебошад: гушт- бирьён, картошкабирьён, карамбирьён, гандумбирьён, ордбирьён, на- худбирьён, тухмбирьён ва г.

Ба сифати чузъи дуюм инчунин сифатхои феълин -псчон ва -сухта низ омадаанд: ошикпечон, порусухта.

Эзох: Калимахои амсоли падархонда, модархонда, бародархонда, ки дар ада­биётн классики дучор меоянд, дар забони адабин хозиран точик дар шакли падар- хонд, модархонд, бародархонд истифода мешаванд.

§ 249. Гурухи дучоми иемхои мураккаб ба иборахои гайринзофии исми хамнисбат мебошанд. Дар ин кабил иемхои мураккаб чузъи асоси па дар чои якум, балки дар чои дуюм меистад. Мисол: гармчашма, тундбод, тангкуча, гуррандашер, парокандалашкар, чорчуб. Ин колиби калимасозй дар забонн точикй сермахсул мебошад.

Таркиби морфологии иемхои мураккабе, ки аз иборахои гайринзо­фии исм таркиб ёфтаанд, чунин аст:

1) исму исм: гулоб, точикдухтар, шутурмург, мехмонхона, шабнам, симчуб, мургкабоб, гушткомбинат, сулхнома ва гайра. Бо ин колиб ием­хои ифодакунандаи шахе, предмет ва иемхои маънй сохта мешавад. Дар ин тарзи калимасозй немхои зиёдеро ном бурдан мумкин аст, ки хам­чун чузъи асоси ва серистеъмол истифода мешаванд ва вобаста ба му- носибаташ ба калимаи тобеъ тобишхои зиёди маъноиро ифода мекунад. Яке аз хамин гуна иемхо хона мебошад. Х,амаи калимахои мураккаби ифодакунандаи макон, ки чузъи дуюм ва асосашон -хона мебошад, як хел нестанд, онхо вобаста ба чузъи тобеашон вазифаи гуногунро адо мекунанд:

а) чузъи тобеъ шахсро далолат кунад, исми мураккаб чои мahifv- лият ва касбу корро ифода менамояд: устохона, охангархона, нонвой- хона. Иемхои мураккаби беморхона, мехмонхона, саисхона, бандихона ва амсоли инхо маконеро ифода мекунанд, ки махсуси иемхои чузъи тобеъ мебошад, яъне хусусиятн таъинотй доранд;

б) исмхое низ чузъи тобен -хона шуда метавонанд, ки хайвонот ва паррандагон, хашарот ва хазандагонро мефахмонанд. Дар чунин мав­рид исми мураккаб мафхуми икоматгохро ифода мекунад: молхона аспхона, гусфандхона, говхона, аккахона, кабутархона, кирмакхона, занбурхона ва гайра;

в) бештарини иемхои мураккабе, ки чузъи тобеашон предметро ме­фахмонад, чои чизнигохдорй, махфузгох ва анборро мефахмонанд: хе- зумхона, ангиштхона, порухона, когазхона ва амсоли инхо. Аммо баъзе иемхои мураккаб чон чизнигохдорй ё ки анбори прелметхоп дар чузъи тобеъ номбурда ба хисоб намераванд, балки хусусиятн таъинотй до­рад. Чунончи, калимахои зинхона, кундахона, регхона, обхона ва амсоли инхо, ки арханстй мебошанд, махкамаю махбусхонахои замони амириро мефахмонанд;

г) чузъи тобен калимаи мураккаб аз номи хурок ва пушок низ ибо­рат шуда метавонад, чунончи, ошхона, чойхона, майхона, нашъахона ва гайра;

д) чузъи тобеи иемхои мураккаб бо немхои маънй низ ифода ме­ёбад. Вобаста ба маънои лугавии калимаи тобеъ исми мураккаб хам­чун макони амалу харакат ва холату вазъият вокеъ мегардад: корхо- на, ганхона, дарехона, руслхона. Дар мисолхои туйхона, гамхона, мо- тамхона, базмхона, тамошохона немхои мураккаб асосан вобаста ба чузъи тобеъ макони холату вазъиятро мефахмонанд;

е) немхои мураккаби навъи дарвозахона, бо вучуди он ки чузъи асосиашон хона аст, маконро далолат намекунанд, чунки чузъхои то­беъ мувофики семантикаашон маконталаб нестанд. Дар ин калимахои мураккаб мавкеи предметн чузъи acocii ифода гардидаает.

Калимаи хона дар ифодаи макон гохо аз маънои маъмули луга- внаш дур меравад. Чунончи, дар мисолхои зерин на хона, балки чон ишголкардаи он калимахо хона ном гнрифтааст: гушхона, косахонаи cap, сархонаи чилим ва гайра. Дар баъзе калимахои мураккаб ин дур- равй ба чое мерасад, к и /хона хамчун муродифи суффикс зохнр мегар­дад. Ин холатро дар калимахое, ки барои ифодаи макон гохо калимаи хона ва гохо суффиксхои исми маконсоз кабул мекунанд, равшан ди- дан мумкнн аст: лойдо'н—лойхона, кохдон— коххона: , Дар хар се мох-чор мох, ки ба деха меравем, як шаб бо вай дар коххонаи бой мехобам (Лйнй). ... cap то сари онро ба дарозии хаждах метр ва пахнии се метр лойхона карданд (Ирфон);

  1. сифату исм. Ин тарзи калимаеозин исмхои мураккаби тобеъ, ки чузъи асосй исм ва чузъи тобеъ сифат мебошад, сермахсул ва серис- теъмол аст: тирамох, гармсел, гармхона, тундбод, тангкуча, пасткуча, тафтбод, сурхоб ва г.

Исмхои мураккабе, ки бо ин колиб сохта шудаанд, шахе, предмет- хои конкрет ва ходнсахои олами хастй ва мафхумхон гуногунро бо ало- мату нишонахояшон ифода менамоянд: чавонзан, пирдухтар, девоиаба- чагон, ннмчамулло, яккаиисар, росткунча, хушьёрхона, гармсел, шум- хабар ва f. Исмхои мураккабе, ки чузъи якумашон хар- аст, бо хамнн колиб сохта шудаанд, чунки маънии этимологии он калон, бузург ме­бошад: харгуш, харчанг, харсанг, харбуза. Дар байни чузъи исмхои мураккабе, ки аз сифату исм сохта шудаанду шахсро ифода мекунанд, гохо садопоки а истифода мешавад: пирамард, пиразан. Ин калимахо дар шакли пирмард ва пирзан низ меоянд.

Дар ин колиби калимасозн сифатхои зерин серистеъмол мебошанд: яккаписар, яккаманор, яккабед, яккачуб, яккакорд, яккабог, яккахона, яккахочагй, яккачинор, яккабанд; майдаавбош, мандабуржуазия, май- дадехкон, майдадона, майдакосиб, майдалаганда, майдамиллат, майда- мулкдор, майдасавдогар; сиёхалаф, сиёхбед, сиёхгилем, сиёхгуш, сиёх- замин, сиёх,об, сиёхолу, сиёххок;

  1. шумораву исм. Ин тарзи калнмасозй каммахсул аст. Калима­хои мураккабе, ки бо ин колиб сохта шудаанд, номй хайвонот, пред- метхо, номй созу макомхо, номй рузхои хафта ва гайраро мефахмо- нанд: чорпо, чорбог, чордевор, чормагз, чорчуб, чоргох, чорзарб, чорсу, дутор, дугох, сетор, сегох, якшанбе, панчшанбе, садбарг, хазорпо ва гайра;

  2. сифати феъливу исм: нарокандалашкар, гуррандашер, даранда- саг, бастакор, шикастапора, мурдахона. Ин тарзи калнмасозй дар нем бемахсул буда, дар сифат сермахсул аст, ки дар он чо сифати феълй чузъи асосй мешавад. Калимахои мураккаб шахе, хайвонот ва пред- метро ифода мекунанд.

§ 250. Гурухи сеюми исмхои мураккаб ба нборахои феълй хампне- бат мебошад. Дар ин гурухи калимахо муносибати амал ба предмет мушохида мешавад. Ин тарзи калнмасозй хеле кадимй буда, дар забо­ни адабин хозираи точик низ сермахсул ба шумор меравад. Неологизм- Хои фалакпаймо, мохгард дар асоси хамнн колиб сохта шудаанд. Тар­киби морфологии ин гурухи иемхо чунин аст:

1) исму асоси замони хозираи феъл. Аз исму асоси замони хозираи феъл кариб хамаи хелхон исм сохта мешавад, вале исмхои ифодаку- нандаи шахе гурухи асосиро ташкил медиханд. Онхо шахсро аз руи нхтиеос, касбу кор ва мант-лият ифода менамоянд. Ба кадом ихтисос ва касбу кор машгул будани шахсро чузъи помни калимаи мураккаб далолат мекунад: адабиётишнос, забоншинос, рохсоз, ро\зан, сабадбоф, колинбоф, сабзавоткор, сахифабанд, соатсоз, танурсоз, таърихнавис, таърихшииос, тиллоков, тунукабур, фолбин, футболбоз, футабоф, хази надор, тунукасоз, хаскаш, хоркаш, шонасоз, шонатарош, чуфтрон, ало- чабоф, коргузор, рахнамо, китобдор, рикобдор ва гайра. Аз асосхои феълй калимахои шинос, сое, навис, дуз, дор дар ин колиби калнмасо­зй серистеъмол хисоб меёбанд. Дар баъзе маврндхо асосхои феълй маънои лугавиашонро то як андоза сует карда, хатто, бо суффикси -чй

хамвазифа мешаванд: таърихшинос — таърихчй, пайшинос — пайчй, hj- шиiioc—изчй, хазинадор—хазиначй ва ганра.

Бо ин колиб исмхои гайришахе низ сохта мешавад. Дар ин гурухи иемхо хам муносибати чузъи асосй ба чузъи тобеъ хамчун муносибати амал ба объект вокеъ мешавад: сарпуш, сардуз, миёнбанд, гулбанд, хо- кандоз, шохбанд, чорчуб, оханраио, кахрабо, тахтабанд, аракчин, ток- бур, кафшпарто, дастгир, побанд, тарчеъбанд, таркиббанд. Дар кали­махои дудбаро, дудкаш, гуломгард муносибати субъекту амал мушо­хида мешавад;

    1. сифати феъливу асосй замони хозираи феъл. Ин гурухи иемхо дар колиби исму асосн замони хозираи феъл сохта шудаанд, чунки оч- хо дар муносибати объектй мебошанд, пас ин гуна сифатхои феълй субстантивация шудаанд: мурдашу, шикастабанд, шикастапайванд;

    2. исму асосй замони гузаштаи феъл. Бо ин колиб исмхои шахе ва предметхои конкрет кам сохта мешаванд: падархонд, додархонд, фар- зандхонд, комзад, хорбаст, шохбаст. Аз исму асосн замони гузаштаи феъл исмхон маънй бештар сурат ёфтаанд: саргузашт, чашмдошт, ёд- буд, чамъомад, маънидод, нишондод, каламдод, талабдошт, салохдид, ёддошт, саромад, сарнавишт, саргузашт;

    3. исму сифат.и феълии бо шакли -а. Ин колиб бемахсул мебошад: коргарзода, оббурда;

    4. сифату асосй замони хозираи феъл. Ин колиб бемахсул буда, дар ин чо сифатхо субстантивация шудаанд: кухнадуз, дурбин, якка- банд.

КАЛИМАСОЗИИ ИСМХОИ СБНУЗЪА

§ 25}/Дар забони адабии хозираи точик иемхое, ки аз се чуъъи маънодор (асос) тартиб ёфта бошанд, кам нестанд. Тарзи ташаккули ин гурухи иемхо бо калимахои мураккабе, ки дар фаслхоп гузашта ди- дем, гохо мувофикат мекунад, гохо не.

1. Исмхои мураккаби сечузъа, ки дар колиби исмхои дучузъа сох­та шудаанд. Дар ин гуна иемхо яке аз чузъхо (асосан дуюм) содда ва дигаре мураккаб мебошад: шашмакомхон, мардикорбача, сартарош- хона.у

z. Чузъи тобеи исми мураккаб шуда омадани ибора низ мумкин аст: Ясавулони дарбор мувофики фармоиши ампр намадисиёхпушонро ...чои додапд (Айнй). Ин тарзи калимасозй дар сифат нисбатан серис- теъмол аст: одами молимардумхур, гуштимургхур, хасиси чиркидан- донхур, гули намозишомкушо ва г.

УСУЛИ OMF-ХТАИ КАЛИМАСОЗИИ ИСМ

§ 252//Дар забони точикй иемхое хастанд, ки аз калимахои содда, сохта ва мураккаб, ки дар фаслхои гузашта дидем, таркибан фарк ме­кунанд. Ин гурухи иемхо ба ду ва ё зиёда асос ва аффиксхои калима- соз таксим мешаванд.)Албатта, хамаи онхо як хел нестанд ва ба гуру­хи калимахои бо усули омехта сохташуда дохил намешаванд. Ба воси­таи ин усул аз ибора ва таркибхои гуногун ба воситаи суффиксхо ка­лима сохта мешавад.IЧунончи, исмхои шабнишинй, хонадарой, тозаку- нй, мондашавй аз иборахои шаб нишасган, хона даромадан ва таркиб­хои тоза кардан, монда шудан ба воситаи суффикси -й сохта шудаанд. Дар ин кабил калимахо дар як вакт ба амал омадани хам васлшавии асосхо ва хам иштироки аффиксхоро ба хисоб гирифта, ин усули кали­масозй омехта номида шуд.

\§ 253. Суффикси -й. Дар калнмасозии омехта суффикси -й сермах­сул ва серистеъмол аст. Бо ин суффикс аз иборахои гуногун исми амал сохта мешавад:

      1. нему асоси замоин хозиран феъл: рузгузаронй, хайвончаронй, чахормагзбозйЛ донашуракхурй, бозорравй, колхоздарой, тамошокунй, шиппасзанГ;; '

      2. чонишини нафсии худ ва асоси замони хозиран феъл: худзанй, худмуайянкунй, худазобдихй;

      3. ибораи изофй ва асоси замони хозираи феъл: мактабинавкушой, халвоисобунпазй, обихомнушй, обичушфурушй, занбуриасалпарварй, хакимардумхурй ва гайра: Самоворхонаи гузар чойхона набуд ва коби- ли нишастан хам набуд, балки як хонаи сиёхи дудолуди ифлос буд, ки вазифаи сохиби он танхо обичушфурушй буд, на чои тайёр (Айнй). Мулло Рузй аз обихомнушй хам маро манъ кард (Айнй). Хдлвоисобун- пазии Мирзо Абдулвохид... (Айнй). Аз дер кашидани мактабинавкушой дар деха Солех низ монаиди май дилтанг ва норозй буд (Улугзода);

А) пешоянду исм ва асоси замоин хозираи феъл: азмиёнравй, азнав- дузй, азназаргузаронй, бахисобгирй;

5) бо суффикси -й аз феълхон таркибии номи низ бо ии усул исми амал сохта мешавад: таъзимкунй, овезонкуий, мондашавй.

§ 254. Суффикси- -ак. Дар калимасозии омехта суффикси -ак сер- махсул аст. Ба воситан ин суффикс аз исм ва асоси замони хозираи феъл иемхои зерин сохта мешавад:

        1. номи предмет: обпошак, атрпошак, муйчинак, халкддавак, бод- барак, либосовезак, мушгирак, хаткуркунак, кахваордкунак, лабсурх- кунак;

        2. номи иаррандагоп ва чонварон: шабпарак, чархресак, тортанак, лойхурак, мохихурак ва гайра;

        3. номи амал: гапгузаронак, нонхурак, байтбарак, хонаковак, гуш- гобак, яхмолак ва гайра.

§ 255.. Суффикси -а. Ба воситаи ии суффикс г.з шумораву исм исм­хое сохта шудааст, ки номи предметро мефахмонад: панчшоха, чорчу- ба, себарга, дураха, чорраха, чоркунча, чорпоя, сепоя, дубайта, чорбай- та ва f.

§ 256. Суффикси -чи. Пи суффикс дар усулй омехтаи калимасозй каммахсул аст. Ба воситаи ин суффикс аз шумораву исм исми ифода­кунандаи шахе сохта мешавад: садцентнерчй, хазоркилочй.

Садцентнерчии колхоз Хдлимахон боре гуфта буд... (Толнс). Дар ин колхоз хазоркилочиён кам нестанд («Садои Шарк»).

УСУЛ И МОРФОЛОГЙ-СИНТДКСИСЙ

§ 257. Бе хеч гуна морфемахои калимасоз аз як хиесаи нутк ба ди- гаре гузаштани калимахо яке аз усулхои машхури калимасозй мебо­шад.

Калимахои бо усули морфологи сохташуда аломатхои калимасозе доранд, ки ба кадом хиссаи нутк маисуб будани он калимаро далслэт мекунанд. Масалан, суффнксхои -зор ва -истон ба исм маисуб будани калимаро мефахмонанд: Аммо ин фикрро нисбат ба калимахои бо усу­ли морфологй-синтаксисй (конверсия) сохташуда гуфтан мумкии пест. Дар алохидагй, берун аз матн ба кадом хиссаи нутк маисуб буда­ни онхоро таъии кардан на хама пакт имконпазир аст. Масалан, баро- бари дидани калимаи баромад феъл ба хотири кас меояд, аммо ин ка­лима на танхо феъл, балки нем хам мебошад. Вакте ки «Хуршед аз хона баромад» мегуем, албатта, баромад феъл аст, вакте ки «Барома- ди Хуршед дар мачлис ба хама маъкул шуд» мегуем, вай исм аст, на феъл. Меъёрн асосии таъин намудани калнмахое, ки аз як хиссаи нутк ба дигаре гузаштаанд, васеъшавии маънии калима, аз маънии махра- чаш берун рафтани калимаи муштак, парадигма ва муносибати он бо дигар калимахо мебошад.

§ 258. Ба исм гузаштани сифат. Сифат ба категорияи исм ав хама бештар ва пештар гузаштааст. Сабаби ба исм бештар дохил Шуданн сифат дар он аст, ки аз хамаи хиссахои дигари нутк ба нем вай паз- диктар мебошад. Сифат бе исм вучуд надорад. Сифатхо аломатхоеро ифода мекунанд, ки хоси ин ва ё он предмет мебошанд. Дар ин гуна мавридхо он аломат ба дарачае маълум мешавад, ки баробари ифодаи он предмети вай хам пеши назар меояд. Ин гуна сифатхо чои исмро озодона ншгол намуда, ба вазифан вай омадан мегиранд. Масалан, ка­лимаи гадо аслан сифат аст, вай аломатн хоси иисои мебошад. Ин хо- сияти калима боиси аз исми худ тамоман чудо омадани он шудаао. Холо кариб ки одами гадо намегуянд, чункн худи гадо ин маъниро дар худ тачассум кардааст ва бе одам хам онро ба хуби ифода мекунад. Калимаи камбагал хам бе исм омада, хамон маъниро ифода мекунад: Камбагалхои чахонро муттахид бояд намуд (Лохутй) вале мустаки- лияти калимаи камбагал ба дарачаи калимаи гадо иарасидааст. Маса­лан, ибораи одами гадо сунъй менамояд, вале одами камбагал холо дар истеъмол аст. Хамнн тавр, сифатхо дар нстифодан дуру дароз бо хамон як нем ба дарачае забонзад мешавапд, ки бе он хам хамон маъ­ниро нфода карда метавонанд.

Снфатхое, ки ба исм басо паздиканд ва ба фа.\мидани исми онх> як ишора кифоя аст, аз исмашон тамоман чудо шудаанд, ё ки муста- килона хам истифода мешаванд. Чунончн, калимахон махчабин, хубру, мохталъат, сия\абру ва монанди ннхо сифат бошапд хам, исмро ба ху- бй ифода мекунанд. Дар ин гуна калимахо ишора ба нем равшантар зохнр мешавад. Бе сабаб нест, ки ин кабил сифатхо бе исм хам ба тав­ри фаровон истифода мешаванд:

Камоиабру, камоиатро бнбусам, Синоимижгон, синонатро бмбусам, Камандафкан, бигирам гесуятро, Садафдандон, лабонатро бнбусам.

(Л о х утй).

Дар лабони хубруён ханда хусни дигар аст, Чилваи ин бог хам дар позукн нозуктар аст.

(Лохутй).

Кариб хамаи снфатхое, ки ба инсон хосанд, хамчун исм истифода мешаванд. Албатта, дарачаи иемшавии опхо як хел нест. Исмшавии баъзен онхоро факат дар мавкеъхон муайян фахмидап мумкин аст. Аммо сифатхои зисде хастанд, ки онхо дар патнчаи нстифодан алохн- даи дурудароз асосап хамчун исм меоянд. Калимахон пир, кампир, ча- вон, девона, мает, махав, касал, бемор, бегона, азиз, кахрамон ва гайра ба хамин гурух дохил мешаванд. Калимахон качдум, дарозгуш, хор- пушт, сангпушт ва амсоли ипхо давраи гузаришро пурра тай намуда, комилан ба исм гузаштаанд вя холо касе чонвари качдум, хайвони да­розгуш ё харгуш, чонвари хорпушт ва чонвари сангпушт ва гайра на- мегуяд.

Вакте ки сифат ба исм мегузарад, ба тагьироти маъной дучор ме­шавад, вай пеш аз хама предметро мефахмонад. Вакте кп шоир «Ази- зам, номаатро мисли гул бигрифта бу кардам» мегуяд, бо калимаи азиз дар пеши назарп мо шахе намоён мешавад. Вайро бо мехмони азиз дар як катор гузоштан мумкин нест, чункн дар ин чо шахсро на азиз, балки мехмон ифода мекунад.

Сифат хамин ки ба исм гузашт, хамаи категорняхон онро кабул мекунад. Чунончи, дар мисолхои зерин сифатхои исм шуда категорияи чамъ, номуайянию ягонагиро кабул намудаанд, ки исм бо он аломатхо аз сифат cf>арк. мекунад:

Man ба павфикр чавонони ту ди.п бохтаам, Узбекистан, ба далерони ту дил бохтаам.

(Л о х у т и).

Сифати исмшуда шумора иа чонишинро ба худ ба воситаи изофа ва гохо бе он хам тобеъ намуда, ибораи исми месозад ва бо онхо муно­сибати атрибутивй пайдо мекунад, ки ба ин байта зикршуда ва нбора­хои се нафар далерон, ду мает мисол шуда метавонанд.

Сифатхое, ки ба нем мегузаранд, хусусияти сифатиашонро коми­лан гу.м намекунанд, ин холат хам дар маъно, хам дар шаклхои мор- фологй ва хам дар муносибати вай бо дигар калимахо зохир мешавад. Сифатхои предметонидашуда хам предмет ва хам аломати онро дар як- чоягй ифода мекунанд. Бисьёре аз еифатхо ба исм бо суффиксхои ка- лимасозашон гузаштаанд, кн нишонаи грамматикии онхо ба шумер мераванд. Дар зарбулмасали «Доно ба иморати сухан машрул аст, но- дон ба иморати бадан» суффикси -о ва префикси но- аслан сифат буда- ни калимахои доно ва нодокро нишон медиханд.