Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 435. Масдар, чунон ки ишора шуд, бо хусусиятхои номии худ ба исм наздик аст, бинобар ин хамчун исми феълй дорой хусусиятхои зерин аст:л

а). Шакли чамъ мегирад: Таърнхи чапгхои инкилобии мо аз ий гуна пас гашта пеш рафтанхо бисьёр мисолхо дорад (Айнй)). Гулбибй як гунчаи ношукуфтае буд, ки умеди як олам шукуфтанхо дар дил дошт... (Айнй). Боло хазидану поин хамиданхо вакилони ба кучагардй одаткардаи моро хеле монда карданд (Улугзода).

Менависам май суруди сулхро бо хуни дил, Бо тапиданхои беороми рузафзуии дил.

(Турсунзода).

Аз шукуфтан\ои гулхои бахор, Аз давиданхои обн чашмасор, Аз вазишхои насими маргзор, Аз фурузонин мехри рузгор, Мо ба дил мехри Ватан мепарварем, Дар тараннум созн иав меоварем.

(Ф а р х а т).

Дар ин мисол масдархои «шукуфтанхо», «давиданхо» хусусияти номии худро бештар зохир намуда, бо исми дигари феълй «вазишхо» баробар кор фармуда шудаанд;

б). Бо пешоянду пасояндхо омада метавонад:

Ман бо дидан п им хол аз ошхурй даст каши лам (Айни). Худамро базур аз гиристап нигох, дошта, уро навозиш мекардам (Улугзода). Баъд аз ин аз тарафи арбоб ба у хеч зулм ва осибе нарасиданро ваъда доданд (Айнй). Салимбой ва Славик бархоста ба у барои ба зал фуромадан ёрй доданд (Рахим Чалил). Гуши уро хам дар бобати нигох доштани сир сахт тофт (Айнй);

в). Бо бандакчонишинхои шахсй-сохибй низ меояд:

Зайнаб, омаданат нагзу рафтанат бад-дия (Улугзода). Гумон мекард, ки вай имруз дар вакти ба хонаи онхо даромаданаш руи хандонро надида буд (Улугзода). Акнуи чораи аз ин руёнидани хак,- ки худамонро андешидана.мон даркор аст (Айнй). Ман ба Рахими К,анд нияти аз К,орй-ишкамба хучра талаб кардан доштанамро, барои бо у мулокот кардан чанд руз аз дунболи у гаштанамро ва то хамин вакт фурсати бо вай гуфтугузор кардан наёфтанамро мухтасаран хикоя кардам (Айнй);

г). Монанди исм бо шуморахои микдорй ва чонишинхои таъини низ меояд:

Сад задани сузангару як задани охаигар (зарб.). Зеро либоси зерини у дар хар чунбидан ва чунбондан бо як кабат пуст аз баданаш канда уро азоби токатиопазир медод (Айнй).

Хусусиятхои феълй ва номии масдар бо хамдигар зич вобаста- анд. Гохо дар як чумла зохир гардидани хам чихати феълй ва хам номии он дида мешавад:

То як бурда ионро хоида хурда, чои дар пеши худ кашида моп- даро нушида шудани чинифуруш у кариб буд нонпорчахоро ба поён расонад (Айнй). Дар ин мисол масдари гузаранда (нушида шудан) пуркунандаи бевосита (чой) гирнфгааст, ки ба хусусияти феълии он вобаста аст. Хамин масдар дар ибораи изофй муайянкунанда хам гирнфтааст (нушида шудани чинифуруш), ки аломати исмии онро нишон медихад. Боз ;:к мисоли дигар: у фахмид, ки Пулод аз як пиёла май нушидани у бохабар будааст (Рахим Чалил).

Масдар монанди иемхо ба вазифаи сараъзохо ва аъзохои пай­рави чумла меояд.

Ба вазифаи мубтадо:

Хобидан холо барвакт буд (Улугзода). Шунидан кай бувад мо­нанди дидан (Зарб.). Ба чадидхо алока доштани Асад Махсум ба таърихнавнеони амир маълум буд (Икромй).

Ба вазифаи хабар:

Вазифаи наздиктарини мо хамаи колхозчиёнро осудахол кардан аст («Точикистони советй»), Орзуи дерипаи ман хондан буд (Рахим Чалил). Вазифаи Корй дар ин кср... рохбарй кардан... ва ба у нишон додан буд (Айнй). Чупонбачагои дар давидан, охубаррагон дар ра- мидан (Айнй). ,

Ба вазифаи пуркунандахои баЕосита ва бевосита:

Аклу хушам ба хондан банд буд (Улуязода). Аммо аз гуфтан то кардан бисьёр фарк хает (Айни). ...аз хаячен ва кунчковй ба Когон расидани худро надониста монд (Икромй). Ин шайтон ба хавлиаш рафтанамро аз кучо фахмида бошад? (Айнй).

Масдар дар иборахои изофй муайянкунанда ва ё муайяншаванда шуда меояд:

Сабаби гирч-гнрч кардани кафши Мулло Туробро аз у пурсиданд (Айнй). Як порча нони хурдан надошт (Икромй). Харбуза меканданду шохиди ба кишлок омадани Асад Махсум шуда буданд (Икромй). Дар Бухоро... аз шаби ба хавлни Корй-ишкамба рафтанамон боз монугир барф меборид "(Айнй).

Нихоят, масдар ба вазифаи холхои гуногун меояд:

211

Гулшан аз дер кардани Соро дилтанг шуда буд (Икромй). Пулод

16-322

аз он ки Салимбой барои диданй модарон ба хонааш омадааст, хур- санд шуд (Рахим Налил). Дар вакти мурдапам ба тарзи васият хохам гуфт (Айнй). То аз сайлгох баромадани вай ба иурсиш ва суолхо, ба ишора ва нидохои Анбархола чавобе надод (Икромй). Дар натичаи беахамият нигох кардани мо руй додааст (Икромй). Бо вучуди панч пахлавонро галтонданаш дар маърака чунон меистод... (Айнй). Китобхои адабиашро ба шарти дар хонаи худаш нишаста мутолиа кардан медод (Айнй). Бо шунида шудани овозй пои касе... сухани бойбача бурида шуд (Айнй). Инхо ба сабаби дар Мадраса Хучраи зархарид аадоштанашон алокаашонро аз онхо намеканданд (Айнй).