Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 513. Як гурухи зарфхои мураккаб ба воситаи инфикси -о-, -у-, -ма-, -ба- сохта мешаванд. Аз инхо инфикси -о- нисбат ба -у-, -ма-, -ба- серистеъмол аст.

    1. Ба воситаи инфикси -о- сифат, шумора ва ё исм такрор шуда зарфи тарз месозад: хомохом, саросар, рахорах, паеочеш, якояк. Ба воситаи ин инфикс инчунин аз калимахои наздикмаъно ё мукобил- маъпо зарфхои мураккаби тарз, микдор ва дарача сохта мешавад. Чунончи: сароно, камобеш ва монандй инхо:

Аз он чо ба дехаи худа мои — Соктаре рафтам, хавлй парешон, дарахтхо аз об мондаанд, зардолухоро хомохом хурда рафтаанд (Айнй). Ман дар мобайпи чанд руз хамаи харфхоро шинохта ва бо хам «чанг андохта» китоби алифборо саросар бе ёрии муаллим ме- хондагй шудам (Улугзода). Инчунин хамон руз дами бозгашт ра­хорах дар дил ахд карда буд (Саттор Турсун). Тагову чиян ширчои косаашонро акнун ним карда буданд, ки додару хохарони Самад бе­дор шуда, пасопеш аз хона ба айвой баромаданд (Саттор Турсун). Шодам, ки дар ин мамлакати озодй, — Хама ронанд якояк сухан аз озодй (Пулодй). avx j

    1. Инфикси -у- калимахои мукобилмаъноро пайваст намуда, зар­фи тарз, микдор ва сабаб месозад: Охир ман бо ин чине кордор шу­да, камубеш тачриба доштам-дия («Садои Шарк»). Падарам... гохо аз шунидани сухаиони у завк карда бо тамоми баданаш пасупеш мечунбид (Айнй). Хошим таго аввал хеч розй нашуд, вале дар охир чоруночор ичозат дод (Толис). Ман хохунохох аз хавлй досу аргам- чинро бароварда, бо у равон шудам (Улугзода).

    2. Инфикси -ба-, -ма- зарфи тарз месозад. Доираи зарф сохтани инфиксхои мазкур махдуд аст. Онхо басо каммахсул анд: Якбаяк чи­да партофтам — Купруконро зи болои Вахш («Точикистони советй»), Барои шншту хез хона дошта бошанд хам, аз хурду хурокашои за да, бахсмабахс, албатта, боз якта ва хатто дута иморат мекашанд (Саттор Турсун).

§ 514. Ба зарфхои мураккаб як rypyx.ii калимахо дохил мен ванд, ки чузъхои он аз исм, шумора, чонишин ва зарф иборатаид. Ба гурухи якум зарфхои яксар, якзайл, хатталимкон, дучанд мансу- банд, ки аз шумораю исм, аз исму исм, шумораю чонишин ибора- танд ва зарфхои тарз ва микдорро ифода мекунанд:

Шумо ин дафтарро кушода, яксар хонед (Айнй). Вале мода- рам дар чои нишастагиаш карахт шуда монда, якзайл ба берун гуш меандохт (Улугзода). Ман бачаи ятимро калон карда, хатталимкон ба вай гамхорй ва дилсузи памудам (Улугзода). Нархи тухми пачак аз бутунаш дучанд арзон буд (Толис). Заминро он кадар таксим карданд,— Ки охир зери он хуфтанд яксар (Лоик).

Зарфхои мураккаб аз исмхои гуногунмаъно ва калимахои сифат ва намо низ сохта мешаванд. Сифат ва намо дар таркиби калимахои мураккаб як андоза маънои лугавиашон суст гашта, ба морфема наз­дик шудаанд. Калимаи сифат ба исмхои шахе ва конкрет хамрох шу­да, зарфи монандй месозад:

Номуси Зулайхои ватап хар кй нигах дошт, Юсуфсифат уфтод ба зиндон, чй тавон кард (Лохутй). Меравад то даштхо маълунси- фат — Даргурез аз хабси сохилхои хеш (Лоик).

Калимаи намо бо калимахои ифодакунандаи амалу процесс ома­да, зарфи монандй месозад:

Дид, ки вай ранчидапамо лабопашро ба якдигар чафс кардааст (Толис). Мавчи хунам хар кадар туфоннамо хохад шудан, — Хакки шамшери ту раигинт.ар адо хохад шудан (Айнй).

Дар сохтани зарфхои мураккаб худи зарф низ иштирок мекунад. Ип тарзи зарфсозй хеле каммахсул аст. Зарфи замони боз ва пас ба хам васл шуда, зарфи тарзеро ташкил мекунанд, ки такрори амалро мефахмонад:

...пас аз шустушу ба онхо либосхои тозатар пушонда бозпас ба таххона бурда занчирбанд мекарданд (Улугзода). ...корди худро... бозпас ба соки музааш чои кард (Айнй).

Гулсум ин корро тамом шудагй пиндошта хост, ки аз хонаи си- ёх бозпас барояд (Айнй).

УСУЛИ ОМЕХТА И ЗАРФСОЗЙ

§ 515. Суффиксхои -а, -й (-гй) аз таркиб ва иборахо зарфи му­раккаб месозад: Аз ип овозй ногахонй хар чахор якбора ба вахм аф- тода, дар чояшон афтода монданд (Айнй). Чигит аз замин яксара cap бардошт (Толис). Сари Пули Эшони Зарафшонро гузашта, дар Бустон, Вахонзе, Азизобод, Хусбудун ва Рурбун якшабй ё душабй монда, аз дарвозаи Мазор ба шахр даромада, ба хавлии худ барме- гашт (Айнй). Кори кур шуда «хизматона»-и миршабро панч танга ва «хакк»-и муллозимонашро дутангагй шаш танга зиёд кард (Улуг­зода). Барои хамон хам якга сидкидилй бардорем (Дехотй).

Дар забони точикй зарфхои мураккабе дучор мегардаид, кн бо префикси -на, -но сохта мешавад: хохам—нахохам, хох—нохох, до­нам — иадонам:

Ба саволхои пай дар паи ман хохам-нахохам чавоб дода гуфт (Хаким Карим). Хох—нохох, пагох—фардо озод мешавем (Ниёзй). Мам ба хурсапдии ин тадбири як ба як дар ин майдонча, барои усто Бокй як хучра бино кардам, ки вай рузу шаб дар он шишта хам кафшдузй ва хам донам-надонам «дуохонй» мекард (Дехотй).

§ 516. Зарфхои мураккаб, харчанд хеле кам бошад хам, ба тар­зи лугавию синтаксиси низ сохта мешаванд. Чунончи, зарфи тарзи сарипо, саридупо ба хамин гурух дохил мешаванд: Козй ба дарахте такья карда саридупо нишаст (Айнй). Ман дар хавлии берун дар пе­ши саисхопа ба девори вай пушт дода саридупо нишаста мондам (Айни).

ЗЛРФИ ТАРКИБЙ

§ 517. Зарфхои таркибй аз ду калима ё аз ду калимаю пайван- дак ва ё пешоянд таркиб меёбанд, онхо шаклан устувор буда, дар натичаи ба хам омадан мафхуми нав пайдо карда, хусусиятхои грам­матикии зарфро мегиранд. Тарзи сохта шудани зарфхои таркибй чу­нин аст.

      1. Исм ифодакунандаи микдор ва шумораи як. Чунончи: як ап- доза, як микдор, як зумра, як дарача, як навъ.

Рангу руи сиёхчатоби пурриш, абрувони бароки пурчин ва чаш­мони баркпигоки хашмолуди у бо вазъияти девонагиаш ба дили би- нанда як навъ дахшат ва бим меандохт (Айнй). Дар он сарой Бой- арчй ном як хинду буд, ки нисбат ба дигарон як дарача камбуйтар ва озодатар буд... (Айнй). Х,арчанд ба гузаштани вактхои бисьёр дар натичаи бисьёр навиштан хатам як андоза дуруст шуда бошад хам... (Айнй). Дар ин чо як навъ босавод шудам (Рахим Чалил).

      1. Ду исм ё сифат ё сифати феълй, ки ба воситаи пайвандаки -у (-ю, -ву) бо хам пайваст мешаванд: бекаму кост, дилу бедилон, бе- худаву бахуда, бамавриду бемаврид, бешаку шубха, гаштаю баргаш- т^, бекилу кол, насту расо, пасту боло. Баъзеи ин таркибхо маънои мачозй доранд (дилу бедилон, бекаму кост, пасту боло, nacTv расо):

Дар байни сатрхои китоб маънои дуюмро гунчонида тавонистан ва онро бекаму кост ба шуури хоианда расонидан аз махорати ко­мил ва истеъдоди баланд шаходат медихад (Толис). Зани Ако Ах- мадчон дилу бедилон аз чо хест (Амонов). Сухбатхои мо баъзаи хе­ле дуру дароз давом мекард (Рахим Х,ошим).

Бехудаву бахуда аз бачахо ранчида хафа шуда мегашт (Амонов). Ман саропояшро гаштаю баргашта аз назар мегузаронидам (Дехо­тй). Бо вучуди он ки у хозир аз мехмонхона ош хурда баромада буд, бештарипи он ошро хам дугуштаву оринчшор карда, пасту расо ба таги биниаш зад (Айнй).

Ба гурухи зарфхои таркибй зарфхои каму беш, пасу пеш, чору ночор, хоху нохох, бечуну чаро ва гайра, ки шаклан усту.вор гашта- анд, низ дохил мешаванд.

Падарам... гохо аз шунидапи суханоии у завк карда бо тамоми баданаш пасу пеш мечунбид (Айнй). Охир ман бо ин чине кордор шуда, каму беш тачриба доштам-дия (Бахорй). Хошим-таго аввал хеч розй нашуд, вале дар охир чору ночор розй шуд (Толис). Май хоху нохох аз хавлй досту аргамчинро бароварда, бо у равон шудам (Улугзода).

      1. Такрори калимахо бо пешояндхои алохида. Дар ташкили ин кабил зарфхо аз хиссахои нутк исм, чонишин, шумора ва сифат, аз пешояндхо аз, ба, то, андар истифода мешаванд. Дар мавриди такро­ри исм хамаи пешояндхои зикршуда (соат ба соат, руз ба руз, ка­тор андар катор, руз то руз) дар мавриди такрори чонишин пешоян­ди аз ва ба (худ ба худ, худ аз худ), хангоми такрори шумора танхо пешоянди ба (як ба як, ду ба ду) истеъмол мегарданд. Зарфхои му­раккаби ба ин рох сохташуда тарзи ичрои амалро мефахмонанд.

Туро соат ба соат кад кашонад. — Ба хадди авчи сарсабзй ра- сонад (Турсунзода). Дар айвони масчиди чомеи арк муллоён катор андар катор нишаста буданд (Улугзода). Обруи раис дар назари кол- хозчиён руз аз руз меафзуд (Мухаммадиев). Ака ва укахоям, ба кав- ли муйсафсдон, аз хавфи мурдан гузашта буданд, аммо ахволи мо- дарам руз то руз вазпинтар мешуд (Айнй). Аз Кучаи Боло Райбул- лою Олиму Наим ба бом баромада, бом ба бом пеш медаванд (Амо­нов) .

Зарфхои мураккабе, ки аз чонишин ва шумора ташкил ёфтаапд, микдоран хеле махдуд буда, асосан чонишини нафеин худ ва шумо­раи як, ду истифода мешаванд:

Таркибхои устувори аз сари нав (замон) аз одат берун (тарз, дарача), аз тахти дил (дарача), то хадди охирин (дарача, тарз) низ ба гурухи зарфхои таркибй дохил мешаванд:

Палавкаду хам, ки бевосита аввалин хосили мехнати дехконии ман буд, аз одат берун хосил дод (Айнй). Аз тахти дил хизмат кун (Хаким Карим). ...бозори пахта аз одат берун гарм шуда рафт (Айнй). ...пас маълум мешавад, ки бисьёр чизхо дар ин чанд соли охир аз сари нав сохта шудаанд (Айнй).

РОХИ ЛУРАВИЮ СЕМАНТИКИИ ЗАРФСОЗЙ

§ 518. Аз дигар хиссахои нуж ба зарф гузаштанн калимахо хеле инкишоф ёфта истодааст. Калнмахои сахт, рост, зур, тоза сифатанд ва аломати предметро нишон медиханд. Вале ин калимахо дар матн маънй .ва хусусияти грамматикин худро тагьир дода ва ё маъной мачозй гирифта дар чумла бештар ба вазифаи хол меоянд. Онхо дар ин маврид на аломати предметро, балки аломати амал ё аломати аломатро нишон дода, хамчун зарфи тарз ё дарача вокеъ мешаванд. Ба маъной мачозй омадани ин калимахо чи дар нутки гуфтугу ва чи дар забони адабй хеле фаровон аст:

Аммо у сахт манъ кард (Айнй). Вай як зайл тапар-тапар карда рост ба болои мо парида меомад (Улугзода). Худат хам тоза одам будй-дия/ (Амонов). Усмон-Полвон хам ба мардикорй рафта, дар чуйковй зур каланд задааст (Амонов). ...чарохаташро пок карда, бо румоли худаш сахт бастам (Икромй). Рамазон бобо хам тоза ба чон расонданд (Дехотй).

ПЕШОЯНД ВА Г1АСОЯНД

МАЪЛУМОТИ УМУМИ

§ 519. Пешояндх,о ва пасояндхо калимахои ёридиханда мебо­шанд, ки бо исм, чонишин ва дигар хиссахои исмшудаи нутк, омада, муносибатхои синтаксисии онхоро бо дигар калимахо ифода мена­моянд. Онхо дар ибора ва чумла муносибатхои масоха, замон, са­баб, маке ад, сохибият, тарз, мукоисаю монандй, объект ва ганраро нишон медиханд.

Пешояндхо ва пасояндхо на факат муносибатхои байни феълу хиссахои номии нутк, инчунин муносибати байни худи хиссахои но- миро низ ифода мекунанд: ду руз пеш аз ид, порае аз хар борае, чанд вараке аз дафтари хотира, якчанд сол мукаддам, ба сараш сар- банди фаранчй, каламу дафтар дар даст, гуфтугузорхои пур аз шавк, мулокот бо донишчуён ва гайра. Пешоянд ва ё пасоянд муносибати синтаксисиро вобаста ба маънои ибора с чумла равшантар нишон медихад. Дар баъзе иборахо калимахо бо ду воситаи грамматикй алока пайдо мекунанд.

Мохияти грамматикй ва мафхуми пешоянду пасояндхо ба маъ­нои лугавии хиссахои номию феъл ва ба мазмуни умумии чумла ё ибора зич вобаста аст. Ин ходиса дар нфодаи сермаъноии як пешо­янд равшан дида мешавад: Аз худи сахари барвакт тупхо ба гурриш даромадаид (Икромй). Корвонхо дар тобистон аз бими гармии чонгудози руз бештар шабона ба рох медаромаданд (Дехотй).

Пешоянду пасояндхо чун воситахои грамматикие, ки муносибати байни калимахои тобеъкунанда ва тобеъшавандаро ифода мекунанд, бар хнлофй калимахои мустакилмаъно алокаи синтаксисии дутара- фаро ба амал меоваранд, яъне худи пешоянд хам ба калимаи асосй ва хам ба калимаи тобеъшаванда вобастагй дорад.

Пешоянд ва пасояндхо аз маънохои лексикй тамоман махрум нестанд- Аммо маънои лугавй дар хамаи оихо як хел зохир намеша­вад: баъзе пешоянду пасояндхо аз мафхуми мустакили лугавй уму- ман махрум буда, факат вазифахои ёридихандагиро адо менамоянд, баъзеашон чун форманти грамматикй ба назар мерасанц. Кисми ди­гари пешоянду пасояндхо баробари вазифаи ёридихандагй мохияти лугавии худро ба андозае нигох медоранд. Ба таркибу иборахо то­биши иловагй бахшидан бо маънои асосии лугавии онхо алокаманд мебошад. Ин тобишхои маъной, махсусан, дар холате ки пешоянду пасояндхо муносибатхои грамматикни масоха, замой, объект, сабабу максад, монандй ва гайраро ифода менамоянд, равшантар зохир ме- гарданд.

Пешояидхои забони точикй аз нуктаи назари пайдоишашон ба ду гурух таксим мешаванд: пешояидхои аслй, ки пайдонши онхо ба дав­раи кадими инкишофи забонамон тааллук дорад ва пешояидхои ио- мй, ки дергар ба вучуд омада, дар мархилаи миёнаи тараккиёти за­бон такомул ёфтаанд ва дар айнй хол ба таври васеъ дар истеъмо- ланд.

Дар чараёни дуру дарози тараккиёти таърихии забони точикй системам пешоянду пасояндхо ба тарьироти чндди дучор шудааст. Ин тарьирот, аввалан, аз таксимоти муайяни вазифа ва маънохои пе- шояндхои аслй, сониян, аз тадричан васеъ шудани доираи пешоянду пасояпдхо аз хнсоби калимахон мустакилмаъно иборат аст.

Забоин форсию точикии кадим аз руи хусусияти сохти грамма­тикин худ забони флективй хисоб мешуд, яъне системен хиссахои ис- мии он дорой категорняхон чинсият, шумораю падеж ва шаклхои гу­ногуни ифодакунандаи он категорияхо буда, бо сохти асосхои феъл алокаманд буд. Пешояндхо дар мархилаи кадимии забони форсию точикй якчоя бо шаклхои падежии хиссахои номии нутк, истифода мешуданд ва дар айнй хол мохияту вазифаи онхо дар он давра бо мафхуму мохияти падежхо мувофикат менамуданд. Вале дар давраи миёнаи инкишофи забони точикй системаи падежй-флективй ва ка- тегорняи чинсият аз байн меравад. Шаклхои флективй тадричан ба шаклхои тарзи аналитики иваз мешаванд. Ин ходиса боиси васеъ шудани маънон пешоянду пасояндхо ва мохияти грамматикин кисме аз онхо мегардад. Дар хамин давра низ асосй системаи пешоянду па- сояндхои номи барпо мегардад, ки он дар давраи классики боз хам инкишоф ёфта, дар забони адабии хозираи точик аз хар чихат мукам- мал ва бой мегардад.

Яке аз аломатхои асосии эволюцияи пешояндхои аслй аз давраи кадим то имруз васеъ шудан ва пайдо шудани маънохои нави онхо мебошад.

Дар баробари васеъ шудани доираи маънон пешояндхои аслй боз як ходисаи характерном эволюцияи онхо ба назар мерасад: дар баъ- зеи пешояндхои аслй хусусияти истеъмол шудани онхо ба таври уни- версалй бархам мехурад, яъне махдуд шудани доираи маъно мушо­хида мегардад.

Дар забони адабии хозираи точик хар пешоянди аслй як систе­маи мураккаби сиитаксисию маъноиро ташкил менамояд. Пешоянд­хои номй хамчун хели нисбатан нави пешояндхо тадричан аз хисса­хои номии нутк ва зарф сурат ёфтаанд. Пешояндхои номй дар баро­бари ба андозае махфуз доштани маъной лугавй вазифаи релятивй (ёридихандаи!) мегиранд. Пешояндхои номй вобаста ба вазифахои нави забон ба вучуд меоянд. Ба воситаи онхо муносибатхои гуногу­ни синтаксисии калимахо дар нутк сарехтар ва аниктар нфода ме­шаванд. Пешояндхои номй дар давраи классики дар ду шакл кор фармуда шудаанд: изофии содда ва изофии таркибн- Дар забони асархои классики пешояндхои изофии таркибй ба таври васеъ дар истеъмол буданд. Дар давраи пас аз ипкилоби Октябрь дар натичаи демократикунонидани забони точикй ва инкишофи хамаи услубхои забони адабии точик системаи пешоянду пасояндхо аз чихати маъно ва шаклхои морфологиашон торафт такмил ёфта, хам мавмунан ва хам микдоран бой гардид.

ПЕШ0ЯНДХ,0

СОХТИ МОРФОЛОГИИ ПЕШОЯНДХО