Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 450. Дар забони адабии хозираи точик сифатхои феълй аз ду асоси феъл ва масдар сохта мешаванд. Сифати феълй панч шакл до­рад.

    1. Сифати феълии замони хозира: раванда, чуянда, халкунанда.

    2. Сифати феълии замони гузашта, ки ду шакл дорад:

а) шакли якум: омада, шунида, ичро шуда, хонда баромада;

б) шакли дуюм: хондагй, дода шудагй, дам гирифтагй.

    1. Сифати феълии замони хозира-оянда: мехондагй, ичро мекар- лагй.

    2. Сифати феълии замони хозираи муайян хам ду шакл дорад:

а) шакли якум: хонда истода, давида истода.

б) шакли дуюм: навишта истодагй, шунида истодагй.

    1. Сифати феълии замони оянда: хонданй, сарф шуданй.

Агар сифатхои феълии мураккаб ва таркибй дар шакли инкор

омада бошанд, чузъи ёридихандаи чунин сифатхои феълй хиссачаи на-мегирад: фаромушнашаванда, духтанашуда, тамомнакарда, хонда ■набаромадагй, хал нашудагй, тамом нашуданй, гуш накарда истодагй, тамом намекардагй ва монанди инхо.

Сифати феълии :>амони х,озира

§ 451. Шакли сифати феълии замони хозира аз асоси замони хозираи феълхои гузаранда ва монда бо хамрох кардани суффикси -анда сохта мешавад:

а) аз феълхои содда ва сохта: р а ф т а н-р а в а и д а, шунидан- шунаванда, хонда н-х о н а н д а, пушида н-п у ш а и д а, б а р о- м а д а н-б а р о я и д а ва монанди инхо. Ин шакли сифати феълй аз баъзе феълхо сохта намешавад: истода и, хаидидан ва монанди инхо;

б) аз феълхои таркибй: нутк кардан — и у т к, к у н а н д а, зи- нат додан — зинатдиханда, хал кардан — халкунанда •ва монанди инхо.

§ 452. Шакли сифати феълии замони хозира дар замони хозира вокеъ гардидани амалу холатро мефахмонад. Категорияи замон яке аз хусусиятхои барчастаи феълии он мебошад. Ии шакл бештар хусусият ва ё амали доимии предметро дар замони хозира нишон медихад:

Онхо дар доираи дидбонии худ «а танхо одамонро, Хатто шапалакхои шабпари дар хаво парвозкунандаро, мохихои дар об гардандаро, кирм- хои дар M3F3H хок харакаткунандаро, хулоса хар чой ва хар чизи чунбандаро бо пухтагй ва хушьёрй аз назар мегузарониданд (Айнй). Ин тирхо кам хато мехурданд ва босмачиёни рули шуда хучумоваран- даро монанди галаи зорхои бо сочма зада шудагй ба замин мерезон- данд (Айнй).

Дар мисоли дуюм маънои замонии ду сифати феълй боз хам рав- шантар ифода гардидааст, зеро онхо ба хамдигар аз чихати замон мукобил гузошта шудаанд: хучумоваранда ва зада шудагй.

§ 453. Сифатхои феълии замони хозира гузаранда (донанда, фахмапда, кашонанда, каркунанда, зинатдиханда) ва монда (чаханда, расанда, коркунанда( боранда, харакаткунанда) мешаванд.

Сифатхои феълии замони хозираи гузаранда амалеро ифода ме­кунанд, ки бевосита ба объект равона мешавад:» Хайбар саги бисьёр хуб буда, дар андак вакт хамаи гуфтахои моро фахманда ва вазифаи асосии худро донанда шуда монд (Айнй). Ман то Москва поездхои ба сохтмонхо... машинахои бинокорй кашонандаро дидаам (Турсунзо­да).

Сифатхои феълии замони хозираи монда одатан амалу холат* фоилро ифода мекунанд ва пуркунандаи бевосита иамегиранд: Ту бэ обхои бозикуноп боло чахандаи фонтан нигох мекунй (Икромй). Ба ин гурриши бод гулдурраси пай дар пай аз дуру наздик ба гуш расандаи туну туфангхо низ чур мешуд (Ниёзй).

§ 454. Сифатхои феълии замони хозира ду тарз доранд: тарзи фоил ва тарзи мафъул.

Сифатхои феълии замони хозираи тарзи фоил факат бо амали гузаранда ифода мешаванд ва одатан ба объекти бевосита равона мегарданд:

Гурриши гушро каркунандае карду аз шикамаш сиёх-сиёх ду бом- баро партофт (Ниёзй). Зан аз погонхо, аз ордену медальхои сандуки дили Усмонро зинатдиханда чашМ намеканд (Рахим Чалил). Як бе- мори ба духтуршох худро муоличакунанда хамин Чура-корвон буд (Айнй).

Сифатхои феълии тарзи фоил бо феълхои монда низ ифода ме­шаванд. Онхо амалу холат ва ё харакатеро чун аломати субъект фах- моида, пуркунандаи бевосита намегираид:*

Тирхои жолавор борандаи пулемет босмачиёни дар як чо гун ис- тодаро тут барин мерехт (Айнй). Ба ин гурриши бод гулдурраси пай дар пай аз дуру наздик ба гуш расандаи тупу туфангхо низ чур ме­шуд (Ниёзй). Каси аз дар барояида як каси кадпаст буд (Айнй).

Сифатхои феълии замони хозираи тарзи мафъул аз феълхои гу­заранда ба воситаи феълй ёридихандаи «шудан» сохта мешаванд:

Сиддикхон ба илму адабиёт шугл намуд ва маоши аз иодшохй ба худаш додашавандаро ба китобхарй саоф карда, вакти худро та­моман ба мутолиа дод (Айнй). Ин тагма ба молхои ба Россия фи- ристодашаванда зада мешуд (Айнй).

Сифатхои феълии замони хозираи таркибии номй низ бо феълхои ёридихандаи «шудан» тарзи мафъулро ифода мекунанд:

Барои рухсат гирифтан далели ба хучаин маъкулшавандае на- доштам (Айнй). Бояд маблагй сарфшаванда ба воситаи мову шумо ба даст дарояд (Айнй).

Сифатхои феълии замони хозираи содда одатан шакли инкорй намегиранд. Факат дар шакли мураккаби тарзи мафъул чузъи ёриди­хандаи он, ки феъл аст, префикеи па- кабул мекунад: фаромушна­шаванда, маъкулнашаванда ва гайра:

Бо хамин амалиёт Неккадам хам ба катори молхои хеч гумна- шаванда ва бархамнахурандаи тагмадори бой даромад (Айнй).