Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 549. Пайвандак хиссаи ёридих,аидаи нутк буда, аъзохои чидаи чумла ва чумлахои соддаи таркиби чумлахои мураккабро ба хам алокаманд менамояд.

Пайвандакхо нисбат ба хиссахои мустакили нутк дертар пайдо шудаанд. Микдори пайвандакхо мувофики талаботи забон аз хисоби кйлимахои мустакил руз то руз зиёд мешавад. Бисьёре аз калимахои мустакил дар процесси дурударози таърихи мувофики коиупхои до- хилии инкишофи таърнхип забони точикй маънои худро сусг карда, ба гурухи пайвандак дохил шудаанд. Пайвандакхо аз руи пайдоиш ба ду гурух: аслй ва номй чудо мешаванд. Як катор пайвандакхо дар забони точикй тамоман грамматикопида шудаанд ва шарх додани маънои ибтидой ва пайдоиши онхо мушкил аст.

§ 550. Пайвандакхои забони адабии точик мувофики сохт ва тар­киби морфологии худ содда, мураккаб за таркибй мешаванд.

1. Пайвандакхои содда аз чихати морфологи ба хис- сахо чудо намешаванд, таркибаи аз як ё ду хичо иборат мебошанд. Пайвандакхои содда пайвандакхои кадимй буда, дар забони имру заи точик маънои лутавии худро тамоман гум кардаанд: ва, -у (-ю, -ву), ё ки, то, хам, чун, агар (гар, ар), гуё, аммо. Пайвандакхои сод- дай -у (-ю, -ву) хамеша бо калимаи пеш аз худ якчоя навишта меша­ванд. Пайвандакхои соддаи якхичой одатан задай махсус кабул на­мекунанд на бо калимахои пеш ё баъд аз худ якчоя талаффуз карда . мешаванд. Доираи вазифаи пайвандакхои содда хеле васеъ аст. Он­хо муносибатхои гуногуни грамматикиро ифода намуда, аз кабили пайвандакхои сервазифа ба шумор мераванд.

J/ 2. Пайвандакхои м ур а к к а б: азбаски, баски, чупки, агарчанд, гарчанд, харчанд, агарчи, гарчи (арчи). Микдори пайван­дакхои мураккаб хам зиёд пест. Онхо вохидхои ба киемхо чудошаван- да мебошанд: аз бас ки, чун ки, агар чанд, хар чанд, агар чи.

^ 3. Пайвандакхои таркибй аз ду ё зиёда калима ибо­рат буда, ифодакунандаи як маънои грамматики мебошанд. Микдори пайвандакхои таркибии забони точикй хеле зиёд аст. Пайвандакхои таркибй бар хилофи пайвандакхои содда якмаъно ва яквазпфа ме­бошанд .Онхо асосан ба ягон хели маълуми чумлаи пайрав хос буда. алокаи онро бо сарчумла таъмин менамоянд.

Дар ташаккули пайвандакхои таркибй роли пайвандаки тобеъку- нандаи ки нихоят калон аст. Ба туфайли ин пайвандак таркибхои гу­ногуни калимахо ба пайвандак табдил ёфтаанд. Дар ташаккули пай­вандакхои таркиби пешояндхо ва ишорачоиишиихо низ фаъолона иш­тирок намудаанд.

Аз руи чузъхои дохилй пайвандакхои таркибй хар хел мешаванд:

  1. ду пайвандак: ё ки, то ки, зеро ки, агарчаиде кн, харчанде ки;

  2. нему пайвандаки кн: вакте ки, даме ки, хангоме ки, замоно

ки;

  1. ишорачонишину пайвандаки кн. чунон ки, хамчунон ки, хамин

ки;

  1. пешоянд, исм ва пайвандаки ки: дар вахте ки, то даме ки, дар хангоме ки, ба дарачае ки, ба шарте ки, дар сурате ки, ба чое ки, ба тарзе ки;

  2. чонишин, исм ва пайвандаки ки: хар кадар ки, чи кэдар ки, чи тавре ки, чи гарзе ки, чи хеле ки, чи навъе ки;

  3. пешоянд, ишорачонишин ва пайвандаки ки: барои ип (он) ки, бе он ки, бинобар ип (он) ки, монанди ин (он) ки, мисли ин (он) ки, баъди ин (он) ки, баъд аз ин (ои) ки, пас аз ип (он) ки, пеш аз ип (он) ки, дар бораи ин (он) ки, дар хусуси ин (он) ки, бо вучуди ни (он) ки, катъи назар аз ин (он) ки, сарфи назар аз он ки, ба чои ин (он) ки.

ПАЙВАНДАКХОИ ПАЙВАСТКУНАНДА ВА ГОБЕЪКУНАНДЛ