Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 547. Ба ин гурух чунин калимахо дохил мешаванд: пеш, пас, кабл, мукаддам, баъд, кати, замон, хамон, эътиборан, боз.

Пасояндхои пеш, кабл, мукаддам барои ифодаи муносибати за­мони хизмат мекунанд. Онхо вакти муайян ё давраи алохидэи замо­ни гузаштаро, кн амал ё ходисае дар он руи додааст, нишон меди- ханд:

Панч сол кабл барон шахидони чанг, ки аз хамин деха ба фронт рафтаанд, хайкали ёдгорй сохтаанд (Мухаммадиев). Панч мох пеш дар назди хонаи маданияти колхози ба номй Жданов ансамбли ха- васкорони санъат ташкил карда шуда буд («Точикистони советй»). Як чанд сол мукаддам ба ман тамошои он муяссар шуда буд (Шуку-

Хй).

Пасояндхои баъд ва пас низ дар ифодаи муносибати замонй ба кор бурда мешаванд: таркибхои бо онхо замоиеро мефахмонанд, ки пас аз руйдоди он амале, вокеае зухур мекунад:

Омадан пас чй кор кардед? (Рахим Чалил). ...аз он баъд руза сахти ятимии мо cap шуд (Улугзода).

Пасояндй кати аз бобати пайдоиш бо зарф алокаманд мебошад. Ван холо дар забони зинда ва шевахо ба сифати зарф ба маънои «хамрох.», «якчоя» серкстеъмол аст. Дар вазифаи ёрндихандагй кали­маи катй (катй) маънои лугавии худро кариб пурра нигох медорад. Вазифаи грамматикие, ки вай ба сифати пасоянд адо мекунад, 6:i маънои лугавии он сахт алокам.аид аст. Дар забони адаби пасоянли катй бо таъсири забони зинда ва шевахо ба амал омадааст.

Таркибхое, ки кати бо онхо меояд, чунин муносибатхои грамма тикиро ифода мекунанд:

а) хамрохй:

Бале, чавонхои зебо кати апа дар хамин хел хавохо caiip наку- панд, дигар дар хавои кушод намешавад (Икромй). Холачон, ду хо­на, як бо^охона шабгахаш кати ва болои суфаро ба мехмонхо тахт кардем, мсрасида бошад? (Икромй);

б) воситаи ичрои амал:

Гохо як дасташ кати чашмони хок пуршудаашро молида пок ме­кард (Дехотй). Духтар бахти худаша оби чашмаш кати мешуяд (Ик­ромй). Онхо ин корашон кати гуфтанй мешаванд, ки мохон калом шудем, мард шудем, мохоиа бинетои (Амонов). Додарам, ту ин гап- хо катй худата тасалло дода истодай (Амонов);

в) хатти харакату таи масохат:

Рохи лаби сой кати меравем (Рахим Чалил). Ин рох катй раф­тан хавфнок аст (Айнй);

г) замони содир гаштани амал. Чунон ки ахли тадкикот кайд кардаанд, пасояндй кати дар таркибхои замоин бо калимахои камшу- море, ки кием ё даврахои алохида и за мопро ифода мекунанд, ба кор бурда мешавад. Дар чунин мавридхо маънои лугавии исм бе пасоянд хам барои алокаманд шудани он бо калимаи тобеъкунанда имкон ме­дихад. Аз ип чост, ки тарки пешоянд аз чунин иборахо алокаи чузъ­хои онро вайрон г>а ифодаи маъноро халалдор намекунад. Мукоиса кунед:

Сахар кати хеста ба хонаи Оймуллои Танбур рафтам, амаки зар гарро хабар кардам (Икромй). Сахар хеста ба хавлии Оймуллои Тан­бур рафтам.

Пасояндхои замон (замоно) ва хамон (хамоно), ки муносибатхои синтаксисии замониро ифода мекунанд, муродиф мебошанд. Онхо ба чои якдигар истеъмол мешаванд. Назар ба пасояндй хамон пасояндй замон васеътар истеъмол мешавад. Хар ду пасоянд дар иборахои масдари амали асосии ибтидоии субъектро нишон дода, инчунин ка­риб дар айнй хамин вакт ба вучуд омадани амали дигарро таъкид мекунанд. Дар чумла байни якчанд амали субъект ва ё ду субъект, ки дар як фосилаи бисьёр хурд ба вучуд меоянд, алокаи иайдархамп ба назар мерасад:

У, ки либосх,ояшро накашида хобида буд, бедор шудан замон милтикашро ба даст гирифта аз хона ба рун хавлй часта баромат. (Айнй). Ба Душанбе расидан замоно Иброхимчон хатто сару рун худро аз губори рохи дур пок накарда ба аэропорт бирафт. (Мухам­мадиев). ...рафтан хамопо дар ин бора ба чойхои даркорй гуфтугу мекунам (Икромй). Ба хона даромадан хамон диккати боборо на- моиши телевизион ба худ кашид (Дехотй).

Пасояндхои замон ва хамон бо пешоянди аз якчоя омада, тар­кибхои пешоянду пасоянддор ба вучуд меоранд, ки дар он таркиб дар вакти муайян cap шудани амали дуюм таъкид карда мешавад:

Аз чуфтронй омадан замон ба сари хирмап рав (Айнй). Онхо аз автобус фаромадан хамоно ба мачлиси колхозчиён равона мешаванд.

Пасояндхои инчониб ва интараф муродиф буда, муносибатхои за- мониро ифода менамоянд. Ип пасояндхо ба забони адабии хозираи точик аз забони гуфтугу дохил шудаанд. Онхо асосан бо гурухи ка­лимахое, ки мафхуми замонро ифода менамоянд, кор фармуда меша­ванд. Пасояндхои инчониб, интараф давомнокии амалеро ифода ме­кунанд, ки пас аз ягон амале ва ё вокеае руй медихад:

Дируз инчониб, аз соате, ки ба дидори ту расидам, дар олам хушбахттар аз май одаме нест (Мухаммадиев). Чанд руз интараф аз хаёлу андеша cap намебардорй? (Икромй). Х,ар чи Фирузачон ома­дан инчониб ин хонаи мо хеле батартиб, хушбахру равшантар шуд (Икромй). Пештар мешунидам, ки духтараки Кухистон чамила ме­шаванд. Чахор руз инчониб ба ростии ин ran бисьёр далелхо дидам (Мухаммадиев).

Пасояндхои мазкур гохо бо пешоянди аз дар як таркиб истифода мешаванд:

Мо хам як чиз пурсиданй омадсм, лекин аз сахар инчониб ба навбат нишастем (Мухаммадиев).

Пасоянди боз аз чумлаи насояндхои замонй буда, дар забони адабии хозираи точик серистеъмол аст. Ин пасоянд асосан бо исмхои ченаки вохиди вакт, номхои фаслхои сол, инчунин бо баъзе калима­хое, ки ба хиссахон номии нутк, ва зарф тааллук доранд, омада, да- вомияти амалро дар давраи муайян ифода менамояд:

Барфе, ки ду руз боз пайваста меборид, акнун бозистода бошад хам, сардин хаво шиддат карда буд (Айнй). Ба хонаи як бародархон- дам меравам, ки дер боз падидаам (Рахим Чалил). Панчох, сол боз мехнат мекунам (Рахим Чалил).*

ПАСОЯНДХОИ ФЕЪЛЙ

§ 548. Дар забони адабии хозираи точик процесси ба доираи во­хндхои ёридиханда гузаштани баъзе шаклхои феълй — асосан сифати феълии бо суффикси -а дар амал аст. Шакли мазкур, ки холо маънои грамматикии феълихолй гирифтааст, аз бобати вазифаи синтаксиси ба зарф монанд аст. Ин вазъият истифода бурдани баъзе шаклхои феълй холро дар вазифан воситахои ёридиханда, ки муносибатхои синтаксисиро ифода менамоянд, то як дарача осон мекунад. Дар ис- тифодаи ин хел калимахои релятивй як аломати характериок ба на­зар мерасад: онхо доимо якчоя бо пешояндхои аслй истеъмол меша­ванд.

Ба нормаи забони адабии хозира факат якчанд шаклхои феълй то андозае рох ёфтаанд, аз чумла, дида, cap карда, нигох карда, ки онхо бо пешояндхои аслй якчоя меоянд: аз... дида, ба... нигох карда, аз... cap карда. Дар ин таркибхои пешояпдию пасоянди пешояндхои аслй маънои асосии релятивй дошта, самт, равиш, ибтидои амалро дар макону замон ва ё муносибатхои объекта, сабабй ва мукоисавиро нишон медиханд.

Пасояндхои феълй бошанд, аз руи маъной аслии лексики ба ибо­ра ва ё чумла тобиши иловагй бахшида, равиши амал ва муносибати синтаксисиро таъкид мекунанд.

Дар забони хозира процесси табдили шаклхои феълй ба калн­махои ёриднханда якранг нест: баъзе шаклхо дар вазифаи пасоянд маъной лексикии худро равшан нигох медоранд, дар шаклхои феълй маъной аслии лексики хеле суст мегардад. Масалан, пасоянди cap карда маъной лексикиашро тамоман нигох медорад, аммо пасоянди дида ,аз маъной аслй кариб махрум аст.

Аз... дида. Ин таркиб муносибати мукоисавиро ифода намуда, мукобнлгузории як предмет ва ё ходисаро ба дигар предмет, ходиса таъкид мекунад:

Аз хонаи Оймулло дида ба вай ин чо naF3 пест магар? (Икромй). Аз тухмати аризаи беимзо дида ба ман муносибати хамкоронам алам кард (Мухаммадиев).

Ба... нигох карда. Ин таркиб барои ифодаи муносибатхои син­таксисй дар ду маъной асосй истеъмол мешавад:

а) ба суе равоиа кардани амалй субъектро нишон медихад ва аксаран бо пешояндхои таркибии изофие, ки самти амалро мефахмо­нанд, кор фармуда мешавад:

Дилам ором гирифт... ва рост ба тарафи шимол нигох карда рох- ро пеш гирифтам (Айнй). К,орй-ишкамба... барои овардани пул ши- тобкоропа ба тарафи банк нигох карда давид (Айнй);

б) мувофихати як предмет ё ходисаро бо предмет ва ё ходисаи дигар нишон медихад:

Мову шумо... бояд ба курпаамон нигох карда пой дароз кунем (Амонов).

Шакли инкории феълй хол дар таркиби ба... нигох накарда дар маъной мачозиаш тобиши релятивй ба худ гирифта, маъной руй до­дани ягой амале ё ходисаеро бар хилофи амал ё ходисаи дигаре ифо­да мекунад:

Писари миёна ба ду сол хурд буданаш нигох накарда уро хар ба­рин кор мефармояд (Мухаммадиев). Инхо барин занони шучоъ бу­данд, ки ба душворихои айёми чанг нигох накарда ба сари дастгохи бофандагн истода, хиссаи худро ба кори бузург мегузоштанд («Точи­кистони советй»).

Аз... cap карда. Ин таркиби пешоянду пасояндй бештар муноси­бати замониро ифода менамояд. Дар баробари ип вай гохо барои ифо­даи муносибати маком хам истифода мешавад. Таркиби мазкур муво- фики маъной грамматикин пешоянди аз ва маъной лексикию грамма­тикин пасоянди cap карда аз вакти муайяне ва ё аз макони муайяне саршавии амале ва ягон вазъиятеро ифода намуда, дар айнй замом ба идома ва ривоч ёфтани он амал ишора мекунад:

Аз хамон руз cap карда падари ман ба пазарам хеле калон на- муд (Айнй). Инак аз хамон рузхо cap карда муносибат ва дустии он­хо то рафт зичтар ва мустахкамтар мегардад (Икромй).

Агар замон ва ё макони амал муайян бошад, таркиби пешоянду пасояндй шакли сечузъй мегирад: аз... cap карда... то, аз cap карда... то ба: Тобистонхо аз охирхон бахор cap карда, то охирхои тирамох ахли гузар ба богот мекучиданд (Амонов)... аз болохона cap карда то ба таххонахо рубучин карда мебаромадам (Икромй).

ПАЙВАНДАК

МЛЪЛУМОТИ УМУМЙ