Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 558. Хиссачахо аз бобати сохт содда ва таркибй мешаванд.

Диссачахои содда аз як овоз -а, -у, -е, -о), ду овоз (хам, хо, ху, не, -да, -ку, -чй) ва аз се овоз бештар (ана, мана, оре, бале, дуруст, хайр, танхо ва г.) иборат мешаванд.

Хиссачахои таркиби аксаран аз ду калима (наход ки, хатто кн, хо ана, ху ана, хайр-дия, боз хам, майлаш-куя) ва гохе аз се калима (на ин ки) сохта шудаанд.

Як кисми хиссачахои таркибй устувор ва таксимнопазир (на ин ки) ва кисми дигарашон ноустувор ва таксимшаванда мебошаид. Масалан, хо ана, хатто, ки, наход ки, хайр -дия, боз хам ва rafipa хам алохида ва хам якчоя вокеъ мегарданд:

Наход ran назада монда раванд? (Ф Ниёзй). Наход ки Шодигулро бори дигар набинам? (Улугзода) Ин чй хушбахтй. Нахот ки Бароат (ба ман зан мешуда бошад. Нахот хучаин рост гуяд (Рахим Налил).

ХЕЛХОИ ХИССАЧАХО

Хиссачахо, чунон ки ишора шуд, аз ташкили шакли калимахо то ифодаи маънохои мухталифи субъективию модалй вазифаи басо гуно- гунро ичро менамоянд. Вобаста ба ин онхо ба хелхои алохида таксим мешаванд.

§ 559. Хиссачахои шаклеоз- Хнссачахое, кн дар ташкили шаклхои катима нштирок мекунанд, ду навъанд: а) навъи инкорй, ки иборат аз на-/ма- аст- Ин хиссачахо варианти якдигар буда, маънохои инкории хам чузъи (вай имруз наомадааст), хам умумй (Вай наомадааст)-ро ифода мекунанд. Шакли на- муътадил, умумиистеъмолй буда, дар ха­маи услубхои нутк як хел истифода мешавад. Варианти ма- хосияти ус­лубии китобй дорад, бинобар ин бештар дар услубй бадей, хусусан шо- хаи назми он, кор фармуда мешавад: Бисьёр гапгирй макун, ба дили суххаа ман намакоб мазан! (Айнй).

Аё еайёд, рахме кун, маранной нимчонамро, Пару болам бикан, аммо масузон ошьёнамро

(Л о х у т й).

Хиссачаи не хангоми истифода шудан берун аз таркибн феъл ва­зифаи дигарро низ адо мекунад, кп дар ин хусус дар поёнтар маълу- мот дода мешавад.

Хиссачахои дигари шаклеоз: мабодо, бигузор, рафту//раваду, ка- нй//ку, биё, биёед, барин, -чй шаклхои синтаксисии чумлахоеро ташкил медиханд, ки маънохои гуногуни гайривокей (ирреалиро) ифода меку­нанд.

Хиссачаи мабодо дар ду холат истифода мешавад: а) бо шакли си­гаи хабарй барои ифодаи маъной шарт:

...мабодо дар .рафти бозй ягон бача шаккокй ё гиромй мекард, хат­то додараш хам бошад—нигохи зираки Далер, албатта, ба у мсафгид <Самадов). Мабодо чехрааш турш мешуду аз дахонаш калимаи «пурт» мебаромад, ...ин маънон онро дошт, ки бачаи бад аст (Самадов); б) бо шакли аорист барои ифодаи эхтнёт, шубха, таклифи нарм ва муноси­бати халимона: Мабодо ба у, ба оилаи у, кору бору обрую эътиборн хозираи у чашми бад расад! (Мухаммадиев).

Хиссачахои рафту, раваду муродифи гуфтугуии мабодо буда, беш­тар ба маъной дуюми он, ки дар боло зикр шуд, мувофикат мекунанд. Аз ин сабаб шароити синтаксисии истеъмоли онхо дар ин маврид низ айнаи монанди мабодо мебошад, яъне дар чумлахое меоянд, кн хаба- рашон бо аорист нфода меёбад:

Раваду ни одам ба мо иски карданй бошад (Улугзода). Рафту Равшан аз он куча даромада дар хона бахузур нишаста бошад (Му­хаммадиев).

Хиссачахои хаммаънои бугузор ва мои (гуфтугуи) раво будани амал, хохиш ва водоркуниро далолат мекунад:

Бугузор мо чашни фарзандони домоду арусро бннем ва шабхон хурсандиашон хамрох нишинем (Зехнй). Бугузор он тараф биёбонн беобу гнёх, хавлнок бошад (Улугзода)- Мон, чура, камтар осудагй ша­вад! (Икромй).

Хиссачахои канй, ку, ки хаммаъпоанд, бо сигаи амрй омада, амрро нармтар намуда, ба он оханги хохишмандй мебахшапд:

Канй ran зан, мактабро тамом кардй? (Рахим Налил). Ку бигу, ту чй гуфтию вай чй гуфт (Мухаммадиев).

Хиссачан биё маънои модалии даъватро ифода намуда, ба чумла тобиши хохишмандй медихад: Биё, Дохунда, ба сари хизмат биравем (Айнй)-

Зиндагонй чон хамушй набувад, Дил, биё чуш зан муборнз бош!

(Юс у ф й).

Хиссачаи барин хам аз хиссачахои шаклсоз ба шумор меравад. Вай бо шакли дуюмн снфатн феълии замони гузашта омада, тобиши модалии эхтимолиро, ки ба хакикат наздик аст, ифода мекунад: Вай ба шумо ягон супориши мухим доштагй барин (Улугзода)-

Як вазифаи хиссачаи -чй ифодаи маънои хохишмандист. Дар ин вазнфа, одатан, бо аорист меояд: Кадуи обро бардорам-чи (Айнй). Чои хурй-чй (Айнй).

§ 560. Хиссачахои ишоратй. Хиссачахои ншоратй ба шахсу чизхои наздик ва дур ншорат мекунанд. Ба маънои аввал калимахои ана, ма- на (гуфтугуй), ба маънон дуюм калимахои хо, ху (гуфтугуй) истифода мешаванд:

Баъд, ана ман одами бадном (Самадов). Додо, савготни ба ман овардагиатон канй? Мана! — падарам хандида «тешукнон» ва кандро нишон дод (Улугзода). Хо аз он тараф — чониби чанубу гарбнн кухпо- раро нишон дод Хасан (Рахим Налил).

Хиссачахои ана, мана нлова ба ншоратй предмет бо таркибхои чо- нишинии ин хел, он хел, ин тавр, он тавр, инчунин бо таркибхои саба- бии аз хамин сабаб, ба хамин муносибат ва мисли инхо омада, тарз ва сабаби вукуи амалро ишора мекунанд:

Ана ин тавр гуён Курбонниёз ба суха и и худ давом кард (Айнй). Ана аз хамнн сабаб холо рохравон фардо чй кор карданашро бо ха- маи тафснлот як-як пешн назар меовард (Мухаммадиев). Ана ба ха­мин муносибат номй он гузар Тезгузар шудааст (Айнй).

Хиссачахои хо/ху/, ана/мана/ аксар дар як чо, ба сифати як хис­сачаи таркибй вокеъ мешаванд. Инчунин онхо дар хамин шакл пеш аз чонишинхои ишоратии ин, он, хамин, хамон меоянд, ки дар ин гуна мав- ридхо як чиз бо ду воситаи забонй нишон дода шуда, маънои ншорат равшан ва пуркувваттар ифода мегардад. Ин ходиса бештар хоси нут­ки гуфтугуист:

Хо ана дар байни он ду хона душман се туп моидааст (Рахим Ча­лил). Дадо, хозир хо ана аз вай мошин мегузарем-а? (Мухаммадиев) Кариб омадем, ху ана аз дур машъали калони Москва менамояд (Де­хотй). Аз байни куттии набот ана ин хат ёфт шуд (Икромй). Мана ин духтархо ту барин одам нестанд? (Мухаммадиев).

. Хиссачаи ана гохо хусусияти ишоратии худро гум карда, тобиши эхсосй касб мекунад:

Ана гуфти худам шуд-мй (Дехотй). Ана хамин вассалом! (Мухам* 'мадиев)- Ин маъниро вохндн фразеологии ана халос боз хам барчаста ;цфода менамояд:

Ана халос, олама об зер мекунад, аз афташ! (Мухаммадиев). § 561 \иссачахои махдудй. Адади ин кабил хиссачахо зиёд нест. Ба он чунин калимахо дохил мешаванд: факат, танхо, махз. Ду хисса- 'чаи аввал умумиистеъмолист, хиссачаи охирин хусусиятн китобй дорад. Хамаи онхо пеш аз калимахои тобеъкунандаи худ омада, алокамандо- на бо вазифаи синтаксисии онхо барои чудо ва махдуд кардани муб­тадо (Факат Шодй омад), хабар (Факат руйнавис кун), пуркунанда (Факат ба модарам гуй), хелхои хол (Факат бахорон мешукуфад) ба кор бурда мешаванд:

Дар хона танхо хешовандон монданд (Айнй). Сукут ва хомушни ин куча ва атрофи онро факат сухбати ду рохгузар вайрон мекард (Де­хотй). Дар чои пав факат як шаби аввал тиич гузашт (Мухаммадиев). Ин гнёх махз дар кухистон меруяд («Газетаи муаллимон»).

§ 562. Хиссачахои таъкидй инхоанд: хатто//то хатто, хам, низ, боз, зинхор. Аз инхо хиссачаи хатто//то хатто, зинхор ба гурухи хиссача­хои иешмавкеъ, хиссачахои дигар ба гурухи хиссачахои пасмавкеъ ман- субанд. Ин хиссачахо аз бобати таносуби услубй низ фарк доранд: хатто//то хатто, зинхор умуминстеъмолй буда, хам дар нутки китоби ва хам гуфтугуй як хел истифода мешаванд, низ дорой хусусиятн кн- тобист, боз махсуси нутки омиёна бошад хам, беш аз пеш ранги умумй ггирифта истодааст.

Хиссачаи хатто ва варианти он то хатто асосан ду вазнфаро адо мекунад: а) калимахоеро чудо ва таъкид мекунанд, кн ба онхо вобаста мебошанд: Хатто хайру хуш накард (Рахим Чалил). Хатто об набуд '(Ниёзй); б) нихоят, дарачаи олии чизе, ходисае, аломатеро, ки кали- 'м&'и тобеъкунандаи онхо дорад, таъкид месозанд: Хама, хатто пирон •аз чо бархостанд («Газетаи муаллимон»)

Дар ифодаи хар ду маънои мазкур хиссачаи хатто дар бисьёр мавридхо бо хиссачахои хам, низ ба як калима вобаста шуда меояд. Дар ин хол маънохое, ки ифода мешаванд, равшан ва кавитар ба зу- хур меоянд:

Шараф ба вай хатто нигох хам накард (Улугзода). Хатто чй гуф- тану чй монданамро хам фикр карда мондам (Икромй).

Хиссачахои хам ва низ, агар мансубияти онхо ба услубхои алохи­да (хам — умумй, низ—китобй) истисно шавад, пурра бо хам хаммаъ- ноанд. Хар дуй ин хиссача ба гурухи хиссачахои сервазифа тааллук дошта, дар ифодаи чунин маънохо истифода мешаванд: а) вобастагин натичагй, ки дар ин хол калима, иборахое, ки хиссачахои мазкур во- бастаи онхо мебошанд, аз бобати маънй ба калима ва иборахои пеши- на алокаманд буда, чун натичаи вокеъ шудани онхо ба зухур меоянд: У бо кучаи калони пеши Мадраса ба тарафн Fap6 равон шуд ва ман хам дар пахлуи у вайро хамрохй кардам (Айнй). Амаки Заргар низ гуё хамон марди мехрубонн пештара менамуд (Мухаммадиев); б) мувофикати замонй: Эшон бошад, холо хам дар зерн сел мегашт (Дехотй); в) таквияту таъкид —дар ин маврид муродифи хиссачаи хатто буда, калима ва иборахоеро, ки хиссачаи хам (ба ин вазифа ис­теъмол шудани низ дар мисолхои дасти мо зикр наёфтааст) ба онхо вобаста аст, сахт таъкид меёбанд, хаммаъно будани хиссачаи хам бо хатто бо ин далел собит мегардад, ки онхо баъзан якчоя — хам дар пеш, хам дар кафо ба як калима, таркиб ё ибора вобаста шуда ме­оянд:

Ман аз бисьёрии фнкру хаёлам ба он соя ахамият надода, ба та­рафн у нигохе хам накардаам (Айнй)- Дигар ба хамон хел хархои му- гамбир савор хам намешавам (Рахим Чалил). Хамаи тнрхои тахмини, хатто гасодуфй паррондаам хам ба нишон расид (Айнй).

Гохо ба хиссачахои хам ва низ хиссачаи эхсосй и -ку пайваст ме- шавад. Дар ин хол хам яке аз вазифахои асосии худ — вазифаи вобас- тагии\1атич,авиро адо намуда, -ку маънои калима ё ибораеро, ки хар ду ба он вобаста шуда омадаанд, таъкид менамояд. Хамин аст, ки -ку- ро аз хам чудо карда, дар охири хиссаи вобастакунанда чо додай маъ- ниро халалдор намекунад. Мукоиса кунед: Ту хам -ку наркалла будй! (Айнй). — Ту хам наркалла будй-ку!

Хиссачаи боз, чунон ки ишорат рафт, аз зарф ба вучуд омадааст. Ип аст, ки он дар як холат аз аслй маънои худ дур рафта, ба гурухи хиссачахои эхеосй гузаштааст:

Боз шон Юнусбои ордендор будаанд! (Ниёзй). Боз мегуянд, ки ха­мон сабилмонда гаму дард, фикру хаёлро аз сари одам дур мекарда- аст (Самадов).

Дар холати дигар маънои ибтидоии худро як дарача махфуз дош­та, такрори амалро таъкид менамояд: Боз хамон газали кухиа cap шуд (Дехотй).

Хиссачаи боз гохо бо хиссачаи хам якчоя омада, ба сурати як хис­сачаи таркнби кор фармуда мешавад. Чунин хиссачаи таркибй вукуи аломатро ба дарачаи зиёдтаре назар ба аломати пешина таъкид ме­кунад:

Хандаи чавон боз хам баландтар гардид (Толне). Рузнмурод боз хам богайраттар мечапгид (Айнй).

Зинхор ба маънои аелнаш (амон, панох, ахд, паймон) дар забони адабии нмруза шоеъ нест. Вай чи дар забони зинда ва чи дар забоин адабй хамчун калимаи ёридиханда барои таъкид ва огохй истифода мешавад. Ин аст, ки дар ифодаи ин маънй бо дигар хиссачахои таъкидй як rvpvxpo ташкил менамояд: Зинхор марав! (Мухаммадиев)-

§ 563. Хиссачахои тасдикй. Хиссачахои тасдикй ба ду гурух чудо мешаванд: а) аслй: ха//хо, бале, б) гайриаслй, яъне хиссачахое, ки аз дигар хиссахои нутк пайдо шудаанд: хуб, хуш//хуш, хайр. Хиссачахои тасдикии аслй маънои тасдикй бсвоситаро доранд, аммо хиссачахои гайриаслй ин маъниро бо тобиши писандомез на ризомандй ифода ме­намоянд. Дигар он, ки хиссачахои гайриаслй якдарача дорой чплваи нутки гуфтугуй мебошанд.

Хиссачахои ха//хо, бале дар чунин мавридхо истифода мешаванд:

  1. тасдики савол, ки ду тарз вокеъ мегардад: а) ба сурати танхо, яъне бе зикри такрори гуфтахои пурсанда; б) як чо, бо рохи пурра ё кисман такрор кардани сухани пурсанда:

— Ягон чизи хурданй гирифтй? — Ха (Самадов)- Инженери об шу- дй? — Бале (Самадов). Магар наздик расиданд? — Ха, наздик раси- данд (Айнй);

  1. тасдик ва тахеини фикре, ки каблан изхор шудааст: Ха, гунохе надорад, акай Барака (Мухаммадиев). Оре, фарзанд ба дуньё овардан хунар нест, уро ба сарманзили инсоният расонидан хунар аст (Шуку- ров);

  2. аз руи мушохида ва хулосахои мантикй тасдик намуданн ходи- сае, факте ё фикре: Ха, иморатхои наву азими нмруза тамошобобанд (Мухаммадиев) - Ха, у сад бор амин аст, ки бехуда ба ташвиш аидох- таанд (Мухаммадиев). Ха, табиатн мамлакати мо ба хадде зебо шуда­аст, ки кас аз тамошои он чашм канда наметавонад (Дехотй). Бале, хатман пайдо хохад шуд, хатман оламро бо нурхои гарму равшани худ мунаввар хохад кард (Мухаммадиев).

Хиссачаи тасдикии ха//хо гайр аз вазифахои тасдикии мазкур дар чунин вазифахо ба кор бурда мешавад:

а) барон ногахон ба хотнр овардани фикри пеш гуфташуда, ки ба фаромушй наздик аст. Дар ин хол одатан бо калимахои туфайлии во- кеан, дарвокеъ истифода мешавад:

Ха, вокеан, барои чй хамон муаллима ба ёдам наомадааст (Дехо* тй). Ха, дарвокеъ, кариб буд, аз ёдам барорам (Айнй);

б) барои кувват додани мурочпати саволомез:

— Ха, муйсафед, ба хайр? (Ниёзй). — Ха, Бобочонако, аз осмон ягон чизи галатй ёфтсд-мй, чашм намеканед? (Рахим Налил);

в) барои ифодаи хитоби нурхаячон:

Тушбера ё манту пухтаанд. Таомхои дилхохн маро. Барои он ки акалан андак хам бошад, бонси хушхолиам шавад. Аммо ман чй гуф- там? Ноахл! Ха, ноахл, ноасил! (Мухаммадиев).

Хиссачахои тасдикй ба сурати такрор ва пахлуи хам—ба сифати муродиф низ истифода мсшаванд. Дар хар ду холат маънй пуркувват­тар ифода мегардад ва хиссачахо хусусияти кувватдихандагй касб ме­намоянд:

Бале, бале, ип парпдухтар аст Бале, бале паризод дар либоси дух- тарони сахрой ба болои ин бом баромадааст (Икроми). «— Хо, хо, хо, ин мулло хамон насьячини Боймутии хинду нест, ки чанд сол пеш аз ин аз ман ба нохак бист танга гирифта буд» — ба хотири Едгор омад. (Айнй). Ха, бале, ман хам дар хамин фикр будам (Дехотй).

Хиссачахои хуб, хуш//хуш, хайр, хамчунон ки дар боло ишорат рафт, тасдикро бо тобиши писанду маъкул ифода мекунанд: Хуб, агар хучаин маро галабон бигиранд, майлаш, ман то Бухоро меравам (Улуг­зода). Хуб, бисьёр гам махур (Айнй). Калимаи хуб ба маъной тасди- ки хохишомез дар охири сухани гуянда, кн бо он ба шахси сомеъ муро- чиат кардааст, низ вокеъ мешавад:

Ширата гум накун, хуб (Мухаммадиев). Пагох хар ду ба он чо ме- равем, хуб-мй? — Хайр, розй шуд у («Комсомоли Точнкистон»). Хайр, акнун cap кардан гирем (Дехотй). Тамошо кардед, акнун равед! — Хуб, ана хозир меравем, — чавоб дод (Улугзода).

Хиссачаи тасдикии аслии ха ва хиссачахои гайриаслии хуб ва хуш гохо дар як маврид истифода шуда, маъной тасдик, ва тахсинро пур- кувват ифода мекунанд:

Ха, хуб, узр мехохем, дигар такрор намешавад (Мухаммадиев).

Калимаи хайр гайр аз маънон тасдик ба сифати сухани туфайлй хам омада метавонад. Ин холат вакте руй медихад, ки диккати шуна- вандаро ба сухбат чалб намуда, аз вай чизеро пурсидан ва фахмидан лозим бошад:

Хайр, чй гаи шудааст — охир? (Мухаммадиев).

§ 5(54. Хиссачахои инкорй. Хиссачахои инкорй воситаи асосни таш­кили чумлахои манфи (инкорй) ба шумор рафта, дар ин вазифа хам дар таркиби феъл (рафт-нарафт, дид-надид), хам бандаки хабарии аст, шакли нхтисорьёфтааш ст мебошад (хает, нест) ва хам алохида вокеъ мешаванд. Дар холати охир онхо бештар вазифан чумлаи ало- хидаро а до мекунанд. Бо феълхо одатан шакли на-; аммо бо хабархон номй ва чумлахои алохида шакли не- истифода мешавад.

Э з о х: 1- Дар забони адабии хозира ба сифати чумлаи алохида кор фармуда шудани на раем нест. Аммо дар осори классики вай ба ни вазифа бисьёр дучор ме­шавад:

Омад бари ман. Кй? —Ер. Кай? —Вакти сахар. .

  • Тарсанда зи кй? — Зи хаем. Хасмаш кй? — Падар.

Додам.ш ду буса. — Бар кучо? — Бар лабй тар.

  • Лаб буд? —На. — Чй буд? — Акик. — Чун буд?—Чу шакар!

(Рудакй).

2. Дар насри имруза хам чун чумлаи муетакил истифодаи хисса­чаи на мохияти услубй дорад. Нависандагон ба ин вазифа онро дар матнхои махсус барои таъмини обуранги таърихй ва таклиди уелуб ба кор бурдаанд. Инак, ду мисол аз повести С- Улугзода, «Рнвояти сут- дй», ки ба мавзун таърихй бахшида шудааст:

  • Магар туро душмане пеш омадааст?

  • На, бо Едхишетаки пахлавони сутд набард мекунам,'

  • Ба фикри шумо, ман чй чавоб днхам? Оё шарти амирро кабул кунам? На, ман кабул карда иаметавонам.

Хиссачаи не хеле сервазифа мебошад. Мухимтарнни онхоро ба тар­зи зер метавон шарх дод.

  1. Барои чавоби инкории пуреиш меояд, яъне гуянда аз шахеи со- меъ чизеро мепурсад, шунаванда ба вай чавоби манфй мегардонад. Хиссачаи не ба ин вазифа дар ду тарз истифода мешавад: а) ба сура­ти холис, бе калима, таркиб ё иборахои эзохй:

  • Магар ту хохари ин чавон мебошй, ки ба вай ин кадар дилсузи мекунй?

  • Не! — гуфт Гулнор- Хохарзодаи ин, ё бародарзодааш хастй?

  • Не! (Айнй);

    б) бо калима, таркнб па иборахои эзохй, ки як хиссаи суханони пурсанда мебошанд:

    • Оё дар ин чохо ягон шинос надорй?— Не, надорам (Улугзода). Барои савдогари мерави, ё мулозимй? — Не, барои хеч кадоми инхо не! (Айнй);

    1. Барон инкори фикри пеш гуфташуда меояд- Дар ин хол гуянда ба саволй каси дигар чавоб намегуяд, балки пас аз мушохида, андеша ва мулохнза ходиса ё вокеаеро рад мекунад, фикреро инкор месозад:

    Шумо гумон накунед, кн хар кадоми чашмахои дар ин чашмасор буда ба кадре сероб аст, кн як сайг ё ним санги осиёро мегардонад. Не! (Айнй). ...Барои чи ва барон кй ман бояд мурам?! Не, баръакс зин- дагй карда мурдани душманро мебинам (Икромй).

    Хиссачаи инкории не барои таквиятн радду инкор ба сурати такрор низ зиёда истифода мешавад. Дар ин вазифа хам пай дар пай, хам бо фосила, дар ду тарафи сухани эзохй омадани он мушохида мешавад:

    Не, не! Тамом хушк карда, баъд биёранд (Мухаммадиев). Не, не, бемалол ran задан гиред (Ниёзй). Не, ин тавр не, туро чи шуд,; зехн мои! Айнй) - — Кудрат! Кадре парешонй дорй, худо накунад, магар ба сарат ягон кор афтодааст? — Не, хеч ran не' (Айнй).

    Баъзан такрори секаратаи ин хиссача низ дида мешавад. Дар ин хол вай аксаран ду дафъа дар аввали чумла ва як дафъа дар охири он вокеъ мегардад. Не, не, даркор не! Икромй);

    1. Хиссачахои не, на дар байни аъзохои чидаи чумла, ки муноси­бати хилофиро ифода менамоянд, омада, барои равшан ва барчаста ифода ёфтани ин маънй боне мешаванд:

    Гулбахор ба гапи модар хамин кадар илова кард, ки дуруст, як-ду соат дер меояд, лекин баъзан не, рости ran, аксари рузхо (Мухамма­диев). Кори гадоёни бекасу куй аст, на пешаи одамони сарватманди чанд хучрадор (Айнй). Охир ман муаллими мактаби миёна хисоб ме- шавам, на муаллими мактаби ибтидой (Дехоти);

    1. Дар ифодаи аломат, ходиса ва вокеахои чузъие меояд, ки бар акси аломат, ходиса ва вокеахои умуми вокеъ шудаанд ё вокеъ хоханд шуд:

    Аз сигналхои чиддии ба идораи газета расида бармеояд, ки тайёрй ба кишту кор иа дар хама чо хуб аст («Точикистони советй»);

    1. Хиссачаи на- пеш аз феълхо омада, баръакси вазифаи асосии худ, ки ифодаи инкор аст, вазифаи тасдикро низ адо мекунад. Ин чн- хат, ки аз хусусияти уелубни хиссачаи мазкур бармеояд, вакте зухур мекунад, кн феъл — хабарй чумла чизе ё чоеро пурра ва саросар фаро гирнфтани субъектро далолат намояд:

    Савдогари гаюр ва корчаллони сугдй ба кучохое кн нарафт (Улуг­зода).

    § 565. Хиссачахои саволй. Хиссачахои саволй, кн микдоран андак бештаранд, на ба аъзохои алохида, балки ба тамоми чумла алокаманд мебошанд. Онхо аз бобати чой ба се гурух таксим мешаванд: пешмав- кеъ (ос, магар), пасмавкеъ(-мй), нисбатан озод(-а, -чй). Хиссачахои пешмавкеъ хусусиятн китоби дошта, аз кадим маъмуланд. Хиссачахои пасмавкеъ на озод бештар махсуси нутки гуфтугуй буда, дар нутки . шнфохй ва иорчахои диалогин адабиётн бадей дучор мешаванд. Ин хиссачахо баробари ифодаи савол, ки аз вазифаи асосии онхост, гохе тобишхои гуногуни модалй ва эхсосй (хайрат, тааччуб, норозигй ва г.)-ро низ ифода менамоянд:

    Магар шумо хам то хол ношито накарда будед? (Лини) Оё аз ин кор хеч кас бохабар нест? (Рахим Налил). Паход холо хам очаро на- дида бошед? (Рахим Налил). На ин ки хамин хавои на он кадар сард ба пои одам таъсир кунад? (Айнй).

    Хиссачахои мазкур хангоми ба миён оварданн саволй риторикй, харчанд зохиран саволро ифода намояид хам, вокеаи он чиро, ки аз хусусй вай савол мешавад, ба тарзи хаячопомез тасдик мекунанд: Магар ин корат дуруст аст? (Яъне дуруст нест). Оё ту дусти ман нес­ти (яъне ту дусти манн — Улугзода). Оё хамин гапхо боиси ситеза кардан аст, духтарам? (Ниёзй). Наход саломатии фарзаиди худро нахохед? (Мухаммадиев).

    Хиссачаи -а дар аввал ва охири чумла омада, маънохои зерннро ифода мекунад: а) саволй соф: Амакчон пнхо кихо бошанд-а? (Икро­мй); б) тасдики саволомез: Дар таки коса нимкоса хаст-а? (Мухамма­диев); в) саволй таклнфомез: Пеш аз рафтан як сухбатн ачонб карда, губорн дилхоро барорем-а, чй гуфтн? (Ниёзй).

    Ин хиссача гохо дар таквняти норозигй аз ифодаи маънои савол дур рафта, хусусиятн эхсосй ва муассири касб менамояд: Оббо, боз ха­мон кахи кухнаро бод кард-а! (Дехотй)

    Хиссачаи а баъзан ба сурати такрор — як бор дар аввал, бори ди­гар дар охири чумла вокеъ мегардад. Дар ин хол маънои пурсиш кув- ватноктар баён мешавад: А, ин кист-а? (Айнй).

    Хиссачаи -чй. Ин хиссача дар ду маврид — хам дар аввал ва хам дар охири чумла омада, маънохои гуногунро ифода менамояд.

    а) Ба маънои саволй меояд:

    Чй, хунук хурдй? (Самадов)- Хуб, агар хар кадомашонро ба як пуштаи чудогопа баранд-чн? (Айнй).

    б) Саволй шубхаомезро мефахмонад:

    О падарлаънатхое! Буи мо расидааст-чй (Самадов).

    в) Бо сигаи амрй ва аорист омада, ба онхо оханги нарми хохишу илтимос ва таклнф мебахшад:

    Хамин вакт ба куча баромада як давр зада оем -чй? (Айнй). Би- нед -чй, харидамо дуруст аст ё не. (Толис).

    г) Бо калимаи набошад якчоя омада, ичрои коре, вокеъ гаштани ходисаеро ба таври катъи тасдик менамояд:

    — Чанчол басанда шуд? — Набошад-чй, — бо нфтихор ошкоро гуфт марди тахамтан (Мухаммадиев).

    д) Хиссу хаячони гуянда, каноатманди ё порозигии уро аз чизе, ка­се ё ходисае кувватнок ва таъсирбахш ифода менамояд:

    Худат-ку дер меой, болои сухта иамакоб, боз кудакро хамрох ги­рифта ба кучохо бурданат чи номаъкули! (Мухаммадиев) Шохин то­чик чй зебо, дилнишин! (Дехотй).

    Хиссачаи -чй дар ифодаи савол бо хиссачахои дигари саволй, аз чумла магар, дар таркиби як чумла омада, маънии еаволин онро пур- кувват менамояд: Чй, магар вай аз касе худро пинхон кардан мехо- хад? (Икромй).

    Хиссачаи -мй хусусиятн гуфтугуй дорад ва дар насри бадей танхо дар иорчахои диалогй истифода мешавад. Ин хиссача, одатан, дар охи­ри чумлахои саволй омада, барои равшантар ифода шудани маънои еаволин онхо кумак мерасопад: Хонда дихам-мй? (Айнй); Ии савготни ганда-мй? (Дехотй).

    Хиссачаи -мй дар чумлахое, ки хабарашои бо сигахои амрй ва аорист ифода сфтааст, илова ба савол хохиш ва таъкидро низ ифода мекунад. Дар ин вазифа вай бо хиссачаи -чй (дар ифодаи айни хамин маънй) хамчун муродиф вокеъ мегардад: Исматбой як дам гирем-мй? (Икромй).

    Ин хиссача хамчунин бо чумлахое истифода мешавад, ки маънон савол дар онхо мохиятн инкори дорад: Барон ин хам худатон, хам ра- нсро ташвиш дода мегардед-мй (Дехотй).

    § 566. Хиссачахои киёсй. Хиссачахои киёси микдоран басо махдуд буда, факат ду калима -гуё//гуё ки ва баринро дарбар мегиранд. Ин хиссачахо барои ифодаи ходисаю вокеа, амал ва холатхое истифода мешаванд, ки монандии онхо тахминй, гайривокей мебошад. Бинобар ин онхоро хиссачахои гумонй гуфтан хам мумкин аст.

    Хиссачаи гуё[/гуё ки хусусияти умумиистеъмолй дорад. Аммо ба­рин дорой хусусияти гуфтугуист ва аз хамин сабаб дар чумлахое ду­чор мешавад, ки мансуби ин матни услуби мебошанд:

    Дарахо чун хирсхои снёхтоб гуё сари вазнинн худро рун панча- хошон нихода, дар сояи куххо ба хоби бофарогат рафтаанд (Сама- дов)- Лекин танхо Одина аз дар набаромад, балки хамрохй он гуё кн чон аз тани фарсудаи Бибиоиша низ баромад (Айнй). Вай ба шумо ягон супориши мухим доштагй ба.рин (Улугзода).

    Эзо\: 1) Хиссачаи гуё дар назм (бештар назми классики) ба суратн гуй, гуиё низ истифода шудааст:

    Маху Муштарй гуиё бар сииехр, Кирон карда буданд дар бурчи мехр.

    (Хочу).

    2) Дар назм (хусусан осорн классики) ба сифати муродифи гуё, гуй ва гуиё ка­лимаи гуфтй хам зиёда дучор мешавад:

    Сияхранг Бехзодро пеш хонд, Кн гуфтй кухи бесутун аст рост.

    (Ф и р д а в с й).

    § 567. Хиссачахои эхсосй. Хиссачахои эхеосй (эмоционалй) ба чум­ла ва аъзохои гуногуии он тобишхои мухталифи эхсосй ва муассирй (эксирессивй) зам намуда, кувва ва таъсиргузории суханро меафзоянд. Хиссачахои хай, -ку, -дия, -чй, охир ба хамин гурух дохил мешаванд Хар кадоми ин хиссачахо дорой маъно ва вазифахои алохида мебошад. Онхо муносибати манфй ё мусбатн ба кас ё вокеае доштаи гуяндаро ба таври махсус ошкор мекунанд.

      1. Хиссачаи хай. Ип хиссача ба калимахое тобеъ мешавад, ки во- бастаи феъл — хабари чумлаанд. Инчунин ба худи феъл-хабархои чум­ла бевосита алокаманд шуда омадани он низ бисьёр мушохида меша­вад. Хам дар холати аввал ва хам дар холати сонй хай такрори амал­ро таъкид намуда, вобаста ба мазмуни умумни чумла болндахотирй ва ё нафрат ва норозигии гуяндаро ба факте ифода менамояд:

    Рахими Канди бечораро хай пахш мекарданд, хай мекуфтанд! (Айнй). Хай шуху дилрабо менавохт! (Самадов).

      1. Хиссачаи -ку ду мавриди истифода дорад: а) бо мубтадо, пур- кунанда ва хелхои гуногуии хол омада, барои таъкндн онхо хизмат ме­кунад; б) ба феъл — хабари чумла, кн одатан дар охири чумла вокеъ мешавад, васл ёфта, таъкиди дутарафаро ба чо меорад: хам мазмуни умумии чумла ва хам аъзохои алохида и онро таъкид месозад Ин хис­сача аз чумлаи хиссачахои еермаъпо буда, дар чунин мавридхо исти­фода мешавад; а) хангоми ифодаи норозигй, вакте ки нодуруст ва бе- асос будани коре ё ягон сухани шунавандаро таъкид кардан мехоханд:

    Рузат 6а пули харом намондааст-ку! (Айнй); б) хангоми чавобн муко- бил, вакте ки таъкид кардани мешаванд, кн барои ичрои хохиш дер шудааст, амалй лозима кайхо сурат гирифтааст: Обро кушо! — Нав кушода будам-ку!. Мачлиси партиявй якуним соат пештар тамом шуда буд-ку? (Икромй); в) хангоми истинод ба факте, ки ба шунаванда кайхо маълум аст, чалб кардани диккати вай ба ин факт бо максади раъяшро аз он гардондан ё бедор на­мудани рагбати у ба он: Чадидхоро -ку кофнр мегуянд, шуморо чи шуд, ки бо онхо хамрох шудед? (Айнй); д) хангоми ифодаи хаячонн сахт, вакте ки гуянда аз вокеа ё сухани гайрндилхохаш изхори норозигй ме­кунад: Чй шудааст, осмон омада ба замни начаспидааст-ку! (Ниёзй); е) хангоми ифодаи тааччуб ва ханрат: Ман-ку дар райони Сари Осиёб кор мекунам (Мухаммадиев); ж) хангоми тасдики таъкидии ягон хо- диса: Шодим ва Истад хам нестанд-ку (Айнй). Мачлиси партиявй яку­ним соат пештар тамом шуда буд-ку (Икромй); з) хангоми таъкиди амале, ки гуянда вукуи онро чашмдор нест: Ту хам омадй-ку! (Ниёзй); и) хангоми чудокунй: Ман-ку муаллим («Г'азетан муаллимон»). Ту-ку навхонадор хастй (Айнй); й) хангоми таквият ва таъкиди сухан: Гуфтам-ку меояд (Мухаммадиев). Худатон гуфтед-ку (Икромй), л) хангоми таъкиди факте ё ходисае, ки бар акси факт ё ходисаи ди­гар сурат гирифтааст: Ман бнсьёр ran гуфтам, навиштаи шумо бисьёр кам-ку? (Айнй).

      1. . Хиссачаи -куя, кн шакли ба хам омехтаи хиссачахои таъкидии -а ва ку мебошад, барои дохил намудани чунин тобишхои муассирй ва эхсосй дар нутк хизмат мекунад: а) тасдики фикри гуфташуда ва ит- минон доштан ба дурустии он: Холо ин кадар бевакт не -куя, гуён Зе- би ба соати деворй нигох кард (Ниёзй). Шумоён ятимони Бобомурод -дня? (Айнй); б) хангоми изхори болидахотирй аз дидани чизе ё хис кардани лаззат ва кайфияти нушокй ё хурдание: кайфи хуб дорад-куя! (Рахим Чалил); в) таъкидй ходисае ё амале: Худат хам ба халифа хе­ле кимати гарон афтода будй -куя! (Айнй). Шумо ба одамони амир бисьёр душман шуда мопдсд-куя, ака Шокир (Айнй); г) таъкиди маъ­ной мавчудаи чумла бо оханги хилофй: Бояд фурухта бошад-куя, лекин пулашро чанд руз кор мефармудагед (Айнй).

      2. Хиссачаи -чй асосан ба гурухи хиссачахои саволи дохил шавад хам, баъзан ба сифати хиссачаи эхсосй низ истифода шуда, монанди -куя ба гуфтор оханги нармй мебахшад. Ин хиссача хам аз чумлаи хис­сачахои пасмавкеъ аст. Вай бо феълхои амрй ва аорист омада, соднр- шавии амалро ба тарзи хохишу илтимос ифода менамояд: Аз номи ман ба бой як хат нависед-чй (Айнй). Нон бошад-чй! Онро бо даст хам пора карда хурда метавонем (Айнй).

      3. Хиссачаи -е дар охири калима ва чумла васл ёфта, аз ягон хо­дисаи иогахонй ё вокеаи гайриодди ба хайрат ва тааччуб афтодани гуяндаро ифода менамояд:

    Ба он чо нигарй, — вай ба тарафи кух ишора кард, — токиат ме- афтад-е! (Самадов). Дар ин вазифа баъзан бо хиссачаи о, ки дар ав­вали чумла вокеъ мешавад, омада метавонад: О падарлаънатхо-е! (Самадов).

      1. Хиссачаи охир дар мавридхои зерин ба кор бурда мешавад: а) хангоми исбот ва ё тасдики фпкре: охир намебинед, хозир обруи шумо аз обруи ман баландтар-ку! (Ниёзй); б) хангоми ифодаи пуркув- вати амр, вакте хис мешавад, ки ичрокунандаи амал супоришеро ичро накардааст ё ба таъхир андохтааст: охир рав, чаро нарафтай! Хон охир, барои чй намехонй? («Газетаи муаллимон»); в) хангоми ифодаи пур- кувваттари савол, вакте ки гуянда аз ягон ran ё ходисае ба хаячон омадааст: Охир ту ин кордро аз кучо ёфтй? (Улугзода); г) хангоми ифодаи кувватноктари фармон: О ба як чо шин, охир! (Икромй). Би- гуед охир! (Мухаммадиев); д) барои таквняти чихати хнссй, муасси- рии фикр: Охир соати сеи шаб хобида будам (Икромй). Кисми асосии конференция, охир музокира аст (Мухаммадиев).

    7) Хиссачаи -дия, ки пасмавкеъ буда, ба гуфтор тобиши нармй ва хохишмандй илова мекунад: Одамхои кухна хамин -дия! (Мухамма­диев). Гапхои маро ба бой даханакй худатон мегуед-дия (Айнй).

    § 568- Хамчунон ки дар мукаддимаи ин фасл кайд шуд, як катор хиссачахо аз бобати маъно ва вазифаи синтаксиси аз гурухи калимахои дигар, аз чумла аз пайвандак, зарф, нидо ва калимахои туфайли чан- дон фарки чиддй надоранд. Ин кабил хиссачахо хам дорой хусусияти хиссача ва хам яке аз ин хиссахои нутк ва калимахои туфайли мебо­шанд. Ба ин гурух калимахои мабодо, гуё, балки, гуё ки дохил меша­ванд. Хиссачаи мабодо дар баъзе холатхо ба пайвандаки шаргии агар наздик шуда, дар чумлахои мураккабе истифода мешавад, ки хиссаи пайрави онхо нисбат ба сарчумла муносибати шартй дорад: Мабодо чехрааш турш мешуду аз дахонаш калимаи «пурт» мебаромад, ин маъ­нои онро дошт, кн бачаи бад аст (Самадов). Калимаи гуё//гуё ки дар чумлахое, ки байни сарчумла ва чумлан пайрави онхо муносибати киё- сй хает, истеъмол мешавад- Дар ин хол вай, аз як тараф, алокаи чум­лахои таркиби чумлаи мураккабро таъмин созад, аз тарафи дигар, маънои модалии гумону тахминро ифода менамояд: Хисрав, гуё ба да­хонаш об гирифта буд, лаб намекушод (Самадов).

    Калимаи балки, аз як тараф, ба вазифаи пайвандак, аз тарафи ди­гар, ба вазифаи хиссача меояд. Дар вазифаи аввал хам дар чумлахои содда — барои алокаманд намудани аъзохои чида (Мунира акнун ба Рахим... руяшро турш намекард, балки ба у бо мехр нигох карда мин- натдорона табассум менамуд — Улутзода) ва хам дар чумлахои му­раккаби найвасти хилофй (Дар Кухистони точик мусибатзада ва фало- катдида танхо ману ту нестем, балки бисьёр шарифхо, одннахо ва бисьёр саигннхо дар зиндони чавру бедод хок шудаанд — Айнй) кор фармуда мешавад Дар вазифаи дуюм — вазифаи хиссача балки пеш аз аъзохои истисноии чумла омада, маънои иловагй ё тобиши маьноиеро, ки онхо нисбат ба хиссахои шархдихандаи худ доранд, таъкид мена­мояд. Баробари ин балки дар ин хол барои ташкнли алокаи синтакси­сии байни аъзои истисной ва гайриистисной низ ёрй мерасонад, зеро бе иштироки он ин алока осеб мебинад. Ин маънй бо чунин далел хам со- бит мешавад, ки гохо пеш аз балки пайвандаки ва низ ба кор бурда мешавад:

    Ин ороми чони ман, балки худи чони ман буд (Айнй). Падар ва бэродаронам низ ба холи мо, балки ба холи аз мо бадтаре гирифтор шуданд (Ирфон). Дар байни ин назарияхо, бидъатхо, тарикатхо исмои- лия чои калон ва балки калонтаринро ишгол мекард (Улутзода).

    § 569. Калимахои хам, на, чи ба сурати такрор (хам... хам, на... на, чи-.. чи) дар байни аъзохои чидаи чумла ба замми мафхуз доштанн ху­сусияти хиссачагии худ вазифаи пайвандакро адо намуда, хар кадом аз аъзои чидаро таъкид менамоянд: Вай на хона дошт, на замин, на хешу табор дошт, на зан (Икромй).

    § 570. Адади хиссачахои зарфй нисбатан бештар аст. Онхо маънои таъкидро якчоя бо маънои тавсифи енфатй, аслу мохият, эхтимолу гу­мон ва мисли инхо ифода мекунанд. Чунончи: хакикатап, хакикатан хам, зохиран, феълан, асосан, хусусан, такрибан, голибан ва f.:

    Карматия бо исмоилия такрибан хаммаъно буда, тафовуташон асо­сан дар ин аст, кн карматихо дар махдавнят ба чои Исмоил ба писари у Мухаммад эътикод доранд (Улутзода). Вай хакикатан фидоии азхуд- гузаштае буд дар рохи илму дониш (Улутзода). Нух дигар феълан хукмдори боистиклол набуд (Улутзода).

    § 571. Як катор хиссачахои ифодакунандаи маънои муассирй ва муносибатхои эхеосй ба нидо наздикй доранд. Масалан, дар чумлаи «О имруз якшанбе-ку!» (Мухаммадиев) хиссачаи о хам хиссу хаячон ва хам норознпш гуяндаро ифода намуда, дар як вакт хам вазифаи нидо ва хам вазифаи хиссачаро адо кардааст.

    § 572. Калимахои магар, инак, балки, зохиран, хамоно хангоми ис- тиснои интонанионн ба калимахои туфайли каробаг найдо мекунанд. Магар, чунон ки дар боло канд шуд, аз хиссачахои саволй ба шумор меравад. Аммо дар чумлаи поён, ки бо интонация чудо карда шуда­аст, маънои тахминро ифода карда, ба калимаю таркибхои эхтимол, аз афти кор ва муродифхои онхо наздик шудааст: Далер, магар хандаи уро дид, ки хавосаш парешон гашт (Самадов). Калимаи ииак, ки аз муродифхои китобни хиссачахои ишоратй ба шумор меравад, дар як холат ба вазифаи асосии худ — хиссача, дар холати дигар маънои ха­мин тавр, хамин хел, ба ин тарикаро ифода намуда, чун унсури туфай­ли вокеъ мешавад. Ин ду хусусиятн он дар ду чумлан зерни равшан мушохида мешавад: Инак, номгуи он асархо. Инак, дар фуроварди ас- ри X аз моликияти Сомониён факат Мовароуннахр монда буду бас (Улугзода).

    Хамоно хангоми истеъмол ёфтан ба маънои гуё, пиндошт хиссача аст, аммо вакте ки ба маънои шояд, эхтимол меояд, вазифаи калимаи туфайлиро адо карда, мансуби ин категорияи синтаксиси мегардад: Аммо осоиш аз у хамоно дур буд (Улугзода). Ин масъала дар кисми «Синтаксиси чумлахои содда» дар фасли «Калима ва иборахои туфай­ли» батафсил тасвир хохад шуд.

    н и л о

    МАЪЛУМОТИ УМУМЙ

    § 573. Нидо гурухи калимахоест, ки маънои лугавй надораид, хис- сиёти ботиниву зохири ва продан гуяндаро ба нутки хамсухбат ва пред­мету ходнсахои олами воксй ифода менамояд.

    Нидо бо имою ишорат ва интонация зич марбут аст. Маънои нидо дар овоз ва оханги нутк, низ ифода меёбад- Оханги нутк, хусусияти мах- сус дорад. Чунончи, тааччубу хайратро ба воситаи чумлаи мураккаб (Ман хайронам, ки ту дар ин чо чи тавр пайдо шудй) ва бо нидои Ох- хо!, кн бо интонацияи махсус сурат мегирад (о-и кашишноки пастша- ванда) ва имою ишорат (калон кушодани чашм, боло кашпдани абру- вон, бардоштани китфхо, ба росту чап чунбонидани cap ва г.) ифода намудан мумкин аст.

    Х,амин тавр, хиссаи нутке, кн хаячону хиссиёти гуногун ва изхорн нродаро ифода мекунад, нидо номида мешавад:

    Э, хамин вакт омадани онхо! («Пьесахо»). О, Улфатов, сабр кунед (Ниёзй). Ааа, Рахим, ин ту хастй? Мад кашида бо табассум ба ман нигариста пурсид у (Рахим Чалил). Эх! Одамон чй кадар тез аз худ мераванд («Пьесахо»). Эха, шумо хам дар хамин чо-ку! («Пьесахо»). Дарьё.. Ба чуш омадаву мавч мезанад, ачабо!... Чй гуна барк?! Чй сон мавч?! 0\!.-. Ачаб!... Да\шат!... (Пайрав). Уху! Аз санг параха парид- ку. Шумо хам шуъбаи моро ба хотир меовардед-дия («Хорпуштак»), Вой говакам, хайфи говакам, баъд аз се мох мезоид (Айнй). Оббо! Фа­кат шумо вичдон дореду дигарон хама бевичдоианд (Рахим Чалил). Хай-хай, ба хонаи як кас мехмон шуда, мочаро кардан ба чй маънй? (Ниёзй). Афсус! Бояд бо худ як порча нон ва ягон чойчуш об гирифта меовардам... (Айнй). Хой, мардум, об баромад, об!!! (Рахим Чалил). Увв, он хонахои сафеди катори дудкашдорро, ки гирдогирдаш майдони васеи пахтакорй аст, дидед? (Айни).

    ХЕЛХОИ НИДО

    Нидохо аз руи маъно ба ду гурухи калон чудо мешаванд: нидохои ифодакунандаи хиссиёту хаячон (эмоционалй) ва нидохои ифодакунан­даи ирода (амрй ё ин ки императивй).

    § 574. Нидохои эхсосй маънои лугавй ва шаклхои мукаррарии ка­лнмасозй надоранд. Маънои онхо дар нутк ба воситаи интонация ифо­да мегардад- Интонацияи нидоро хамеша имою ишораи мувофик хам­рохй мекунад. Матлаберо, ки бо калима (гам хурдан, хурсанд шудан, шубха кардан, сарзаниш намудан, ба вачд омадан, нафрат кардан, аф­сус хурдан ва г.) баён кардан мушкил аст, метавон ба воситаи фоие­маи (овозй) муайян ва имою ишораи махсус ифода кард.

    Нидо муносибати ипсонро бо хаёти вокей мухтасар ва образнок нишон медихад Ин муносибат бо имою ишора таъкид ва мустахкам мешавад. Нидо садо ва имою шпораро бевосита муттахид месозад. Имою ишора ба сифати як навъ воситаи алока низ хизмат мекунад.

    Имою ишора мисли интонация маънои калимаро тагьир дода ме­тавонад. Масалан, танхо як харакатн чашм басанда аст, ки бовари ва хиссиёт аз байн равад. Бо як оханги халими хиллагарона ва имои тас- кинбахш ба хамсухбатамоп «Ман кадри шуморо медонам» мегуему ба шахси сеюм нигох, мекунем ва чашмакй мезанем, ки дар натича дуруг будани суханонамон ошкор мегардад.

    Бе интонация ва имою ишораи руй, даст, cap, чашм, дахои, лаб, китф ва гайра нутки хаячонпок ва иурэхсосро тасаввур кардан душвор аст. Хизмати интонация ва имою ишора барои зухури равшантари ни- дохое, ки аз маънои лугавй тамоман махрум мебошанд, басо калон аст. Нидо аз бобати интонация ва имою ишора нисбат ба дигар хиссахои нутк бойтар аст- Бинобар ин дар нутки хаттй, махсусан, дар адабиёти бадей аксар интонацияи нидо шарх дода мешавад ва ё дар назди нидо имою ишораро тасвир мекунанд. Аксаран аввал имою ишорат дасти нишон дода шуда, баъд аломатхои чунбопндани калла, дархам каши- дани китфхо, хоридани пушти cap, мавридхои гуногуни тагьир ёфтани тархи руй ва гайра тасвир карда мешавад

    Дар хамин вакт дари хучра тик-тик шуда, сухани махдумро бурид ва Хайит («Хуш!» — гуфт, ки ба тик-тиккунаида «дароед» гуфтан аст (Айнй). «Вой! Ту Юсуфи Гург нести? гуфта фарьёди тааччубомезе кард (Айнй). Хануз шумо бо собуни ман чома нашустаед, ха! гуфта аз газаб рагхои гарданаш дам карда, рую гушхояш суп-сурх шуданд (Рахим Налил). «Лаънатихо!» гуён мушти худро гирех кард писарчае, ки ба стул и бобо такья намуда, гуфтахои вайро мешунид (Рахим Налил). Эхеее! — гуфт Солеха остинхояшро бар зада,— ман кай кафо монда будам, ки акнун мемонам (Рахим Налил).

    Сарфи назар аз хусусиятхои умумиашон нидохои эмоционалй аз индохои амрй аз рун сохт, маъно, вазифаи синтаксисй ва этимология фарк мекунанд-

    § 575. Ба гурухи нидохои эмоционалй пеш аз хама нидохои якхи- чогию духичогии э, о, а, е, и, эх, ох, ух (ух), у, ай, ху, хе, уф,во, туф (туфу), вох, вах, (box), вой, бах, аха, охо, оббо, (уббо), эхе, бай-бай, хуше, ана, мана, х'- хй, ура ва гайра дохил мешаванд. Маънои ин нидо- хо бешгар ба воситаи интонация муайян мегардад. Ба замми ин нидохои мазкур асоси ифодаи муносибатхои гуногун шуда метавонанд Маса­лан, нидои э маънохои хурсандй, шодй, вачд, тааччуб, хайрат, мало- мат, сарзаниш, таъна, тахмин, фарз, тарсу вахм, дахшат, хавф, дард, озор, алам, ранч, норозигй, хасрат, андух, афсус, хафаги, истехзо, та- масхур, ришханд, хачв, тахдид, дугу пуписа, хатар, шодй, часорат, чуръат, бебокй, хашм, газаб, кахр ва монанди инхоро ифода карда ме­тавонад. Вобаста ба мазмуни нутк, вазъият, холати рухй ва таассуроти гуянда барои ифодаи маънохои гуногун оханги нидо низ тагьир меёбад: дар як маврид баланди пастшаванда, дар мавриди дигар пасти баланд- шаванда, ё ин кн мавзун ва ё кашишнок ва гайра шуда метавонад:

    Хамин ки чашми Исомиддии-махдум ба вай афтод — «Э..., Мулло Азимшох-ку» — гуфта аз чояш часта хест (Айнй). Э, охир зуд бош! Ин кадар ту сусткорй, бобо? Ака-Салим ба мо нигарон аст дар он лаби дарьё (Улугзода). Э, Дохунда! Хануз ту содда будай. Магар ту надо- нистй, ки «об аз боло лой аст» (Айнй). «Э, бечора!» —гуён Сафар он курпачаро аз руи суфаи мехмонхона гирифта, ба он камбагал дароз карда: «Ма, инро гкр, имшаб ба болои хамин бихоб!» (Айнй)- Э, отун- чоне, ran бисьёру мову шумо хабар надорем (Ннёзй). Э, чогам дар гур! Ман чй гуфта истодаам. Илохи, ба тухматон барака дихад (Улугзода). Э, мебахшед, ман фаромуш кардаам, ба шумо савготй дорам («Пьеса- хо»). Э, ман аз дидори ин тавр хеш безорам («Хорпуштак»). Э, чавони содда, аруси ту ишку мухаббатро ба мургу чуча иваз карда, ба киш- лок мекучаду ту шодй намекунй (Улугзода). Э, отунчон, нагуям, дилам токат надорад, гуям, забонам намегардад (Ннёзй). Э, доде! Охир маро

    22- 322 337

    ЧУ

    Чалили Човандоз — писари Сулаймони Говзур мегуянд- Дар байни чу- рахоям масхара шудам... (Улугзода)- Э, канд занед, чони акаш, ана ин гапи дигар: хар руз хамнн тавр кор кунед («Пьесахо»), Э, рафик, лейтенант, барои хамин гапхо гам хурда худро кохондаи намеарзад, парво накунед-е (Ниёзй). Э, беномус! (Улугзода). Э, хамин вакт ома­дани онхо! ...Тавба, ман дар чй хаёлу фалак дар чй хаёл! («Пьеса\о»). Э, Шумо ба сардоратон расонед, кн дар ин бевактни шаб одамонро саргардон накунанд («Пьесахо»), Э, шери тагош, агар хамин хел чура- гихо памешуд, ман хам бехуда ин гапхоро ба забон намсгирифтам (Ниёзй). Э, зимистон ба таги барф монед, шумо (Улугзода). Э, кош, у пуле медошту аз ин румолхо харнда, ба Аноргул ва Гулизор савготй мебурд! (Улутзода). Э, Барночои, маъюс нан!ав («Пьесахо»). Э, ...Ха, шумо он Точиев нестед. Характератон хам он тавр нест («Пьесахо»)- «Э, коил ман, муйсафед» ба пешвози Юнус-бобо, ки ба давраи чуйбо- рихо олмада хамрох шуда буд, аз чояш хеста ran партофт Ходй-куса (Ниёзй)- «Боз ин чй?» — пурсид раис. «Э, кирои пурснда нишастан на- мекунад, камтар майда-чуйда» — чавоб дод Улфатов чашмашро аз акай Олим наканда (Ниёзй). Э..., ха, ха, фа.\мидам, фахмидам, — гуфт як­бора Мансуров дасташро шарт ба зонуяш зада, — хафтаи гузашта шу­нида будам (Ниёзй). Э, чонам садка, бе ип гапхо хам, ба афтатон нн­гох кунам, рахмам меояд (Ниёзй). Э, монед, модар, ба май ин хел зин- дагй даркор нест! Сарамро гирифта ба ягон тараф баромада меравам («Пьесахо»). Э, яку якбора ин кадар сахт шудед? Ин чй, магар ба чое рафта истодаед? («Пьесахо»). Э, кампиру муйсафедхо ба кадри духтар мерасанд-дия («Пьесахо»),

    § 576. Нидохои якхичой, духичои ва сехичоии зерин низ дар чумла вобаста ба шароигу вазъияти ифодаи фикр тобишхои гуногуни сершу- мори маъноиро нфода менамоянд: ха, о, а, е, буу, ий, и, эх, эхе, эха, ох, охо, уху, хо, хе, ай, ай, ай-ай, вой, вох (вах), пах-пах, бах-бах, оббо (уббо) ва гайра:

    Ха! Фиребгар, ту дар хамин чой? Калимаатро хои, ман хозир туро ба чаханнам мефиристам! (Улутзода). О, чавонй, чавонй! Аз рузхои аввалин хато аз паси хато мекунанд («Пьесахо»)- А..., хам пул меди- хам, хам одам? Ип чй чодугарист, ки ту кардй? (Айнй). Дуруст аст, ки дар шахр кувваи электрик бисьёр аст, аммо сарфа? Сарфачуни шу­мо канй? Боз дар вакте ки худи Семён Яковлевич ба ин тарафхо ома­да истодааст! Рахмат ба шумо-е («Пьесахо»). Зафар? Буу-Г. Худо панох дихад! «Буз агар хирман мекуфт, хочати барзагов набуд» — гуфтаанд одамхои кадим (Рахим Чалил). Ий, чиба фалокат бошад? Ба ту зебид, духтарам, чудо хам зебо-оличаноб шудй. Айнй духтарии худам, келин- чакии худам барин! (Улутзода). Эх, тирмизак, акнун ту хам моро фи­реб додан мехохй? (Ниёзй). Зхе, соат хам кариб дах шудааст-ку (Ниё­зй). Эха, ин харомзодагои маро хам дузд гуфтаанд-ку (Айнй). Аха, акнун фахмидам, ки маро ба назди пирамард фиристодани у бо чй мак- сад будааст (Ниёзй). Охо, муъчиза! Шумо маро ба ин ду-се бех нихоли пахта дар хайрат моноида наметавонед. Хануз ин фикри хушку холй... («Пьесахо»). Уху, ин чудо гарданшахи сур баромад-ку! (Айнй). Ух, до- муллои содда, — гуфт пирамард — шаш сол пеш барои сохтаии як зо- вуд як галла хонахоро галтонданд, ки хонаи шумо хам дар катори ин­хо валаигор шуда рафгааст (Рахим Чалил). Х,о! •••Ба хотирам расид. Дируз аз шахр чанд нафар муаллимхо омада буданд, маро ташвик, карданд, ки ба марказ рафта бихонам (Пайрав). Ху, дар вакти ба даст афтоданат як нозанин ба ту хомй шуда буд-ку, хамон нозанин, ба ин чо, ба хонаи Азимшох аруси дилхох шуда меояд («Пьесахо»)- Хе, шу- мохо кучо будед? Оё ип бозии нагзро надидан гунох нест? («Хорпуш- так»), Ай, шумо чй хел одамед, ки ба як бор гуфтан намефахмед? («Пьесахо»)- Вой, Ёдгор! Туро чаро мезанад, ба кучо бурдан мехохад? (Айнй). Box, гардам, Хайричон! Осори пирй набошад, ман шуморо на- мешинохтам-мй? Модари шумо охир дугонаи кадрдонн манаид (Рахим

    Чалил). Бах-бах! Орифй, шеърбофиро мону ин ачиботро тамошо кун. Ин паланг хамин дам аз сафхаи китоб часта ману туро медаррад (Улугзода). Вах, чй рахшонй, эй шарорап сурх —Чои фидои ту, эй си- тораи сурх! (Лохутй). Вах-вах! Чи Шабе, ки аз дидани руят— Шуд бахти ман он гуна чу хуршед! (Лохутй). Оббо, писараме, гур пирй ша­вад, кариб, ки нашнносам-а! — гуфт охир Юнус-бобо, хаячони худро зер карда (Ниёзй). Уббо, куштед-дия! Монед акнун, плохи дар хоба- тон гавхари шабчарог бинед (Улугзода).

    § 577. Калимахои зиёде аз хнссахои дигари нутк ба нидо гузашта- анд ва ё ба вазифаи нндо истифода мешаванд. Масалан, нидохои ку, мана, ана, не, ни, на аз хиссача, нидохои офарин, ахсаи (ахсант), аф­сус, хайф, хайхот, ачаб (ачабо), салом, рахмат, лаббай, хайрият ва г. аз исм, нидохои мархамат кунед (намоед), мебахшед, саломат бошад, хайр (набошад), муборак бошад, хуш омадед ва м. ин аз феъл, нидохои харгиз, асло аз зарф ва нидои ки аз пайвандак ба ин хиссаи нутк, гузаштаанд. Албатта, ин калимаю таркибхо пурра ба категориям нидо нагузаштаанд. Дар мавриди гузариш тагьири интонация, ки маъ­нои нидоро дигар мекунад, ахамняти калон дорад- Тобиши маънои хая- чону хиссиётеро ифода кардани нидохое, ки аз дигар хиссахои нутк ба вучуд омадаанд, ба сохту мазмуни чумла ва интонация вобаста мебо­шад:

    Охир, ман зинда-ку! Сабр карда ист, ман шохидхо дорам! («Пьеса- хо»). Ана, олам гулистон! Гуфти худам шуд, духтарам (Ниёзй). Мана, арзи одамон то кучохо рафтааст (Ниёзй). Ман бекасам? Не! Халкам ёри ман аст ва дили вай макони ман (Улутзода)- Хакикатан, макта- батро мактаби кор кардй, офарин! (Айнй). Ахсант! Шаккар ба дахонат! Доди суханварй додй! (Улутзода)- Завраки ишк, шикаста шуд..., афсус! (Пайрав). Дасти нозук, латиф, соф, булур..., Дур шуд, дур шуд зи ман... хайхот! (Пайрав). Ачабо, ман шунидам, ки вай рафтааст («Пьесахо»). Салом! Омадам, ки ахволпурсй кунам («Пьесахо»). Ташаккур! Хай- рият, ту восита шудию ин кас омаданд («Пьесахо»). Лаббай, дадеш, мама чег задед? («Пьесахо»). Хайрият, безарар гузаштааст, рафик, лейтенант, чортекак муятон сухтааст, тамом (Ниёзй). Мархамат, му- аллим, як пиёла чой гиред. Мархамат кунед, нон хуред! (Айнй). Ме­бахшед! Ман лаккй нестам, булбули гуё хастам («Пьесахо»)- Саломат бошед, Шарнф-ако, — гуфт дар чавоб чавон, — хозир омадам, рост ба пеши шумо фаромадам (Рахим Чалил). Биё писарам! Аз руи пояндоз кадам мои! Муборак бошад! («Пьесахо»). Хуш, Одинаев, ..магар алла- кай маъшукаи фронти хам пайдо кардед? (Ниёзй).

    Гохо барои ифодаи таассурот, хаячон ва хиссиёти баланд баъзе нидохое, ки аз дигар хиссахои нутк гузаштаанд, бо шуморахои микдо- рии сад ва хазор, бо калимахои хеле, бисьёр ва ё бо нидохои аслй ис­теъмол мешаванд: Хеле афсус, профессор, ба гумоиам, падари маро намешиносед («Пьесахо»), Хай, дарер, сад дарег! Рузи озодиро, ки ба пеши чашмам омадааст, надида хохам сухт, васиятхои Абдуллохучаро ба чо оварда нахохам тавонист (Айнй).

    Бо максади ифодаи дарачаи баланди хаячон гохо суффикси чамъ­бандии -хо низ истифода меёбад:

    Афсусхо, ки умр бароят вафо накарда, Сози ту нагман зафарашро адо накарда...

    (Юсу ф й).

    Нидохое, ки дар асл аз иемхо баромадаанд, дар шароити муайяни нутк бо пайвандаки ки меоянд. Дар чунин маврид пайвандаки ки вази­фаи чумлабандй надорад, балки факат барои нигох доштани оханги чумла меояд:

    Хайрият ки, харидор нест (Улутзода). Афсус ки, хакикати ин во- кеаро нафахмидам (Айнй). Сад дарер ки, ин мактуб хам дили ошуф- таи Зебиро таскину тасалло дода натавонист (Ниёзй). Хдйфо ки, аз тарси хароб шудани чашм ин «шукуфтазор»-ро бо сери тамошо кар­дан мумкин набуд (Айнй).

    Агар дар чунин чумлахо аз таркиби нидо пайвандаки ки зоил мо­над, чумла аз руи сохт ва маъно халал намебинад. Албатта, омадани пайвандаки ки дар таркиби ин навъи нидохо бештар ахамияти услуби дорад.

    Маънои нидохое, ки аз дигар хиссахои нутк гузаштаанд, бештар ба воситаи интонация ифода меёбад Дар мавриди гузариш тагьири оханг ахамияти калон дорад. Масалан, калима ва таркибхои «салом», «салом-алайкум», «ассалому алайкум», «ассалом» вохури, мулокот, хурмату эхтиромро мефахмонанд:

    Салом, модарчон! Ахволатон, саломатиатои нагз аст? (Ниёзй). Ассалому алайкум, Мохрунисо, канн, гаи занед, ахволатон чй тавр? (Рахим Чалил). Салом-алайкум, ясавулбошй! Шумо кухнакоред, аз они шумо бояд кайхо тайёр шуда бошад! (Айнй). Ассалом, писар! Ана ба шумо хат овардам (Рахим Чалил)-

    Аммо калимаи «салом» (хусусан дар гуфтугу) тобишхои гуногуии маъно (тааччуб, хайрат, хасрату андух, сарзаниш, тамасхур ва гайра) зохир менамояд, ки одатан дар мавриди таъсири кирдору рафтори но­гахонй ва нутку муносибати дагалона ба амал меояд.

    Салом, Рашидчон! Аз болои ман шикоят кардани омадед? («Пьеса­хо»). Ассалому алайкум! Ман ба шумо пешакй гуфта будам, ки гшло- натон ба кор намеравад. Акнун ба сари гапи ман омадед? («Маориф ва маданият»). Салом, Шокирчон! Ин кадар тумшукат баланд шуда­аст! Магар дар ягон чои равгандор афтодаед? («Точикистони советй»), § 578. Нидохои хм, мм (хм серистеъмол аст) низ тобишхои зиёди маъно зохир мекунанд. Дар ин нидохо баробари интонация имою ишо­рат ширкат менамояд. Нидохои хм ва мм маънохои тахмин, истехзо, тахайюр, шубха, нобоварй, киноя, хомушии маънодор ва гайраро ифо­да мекунад:

    «Аз кучо донистед, ки ман чорчинорй хастам»? «Хм... аз тупиат: танхо тупии чорчииорихо ин хел гул дорад» (Толис). «Хм»,— лаб га- зид мухаррир бо тамасхур — «рассом бояд фикри мустакил дошта бо­шад» («Хорпуштак»). Объекти харбй.-. хм.-, фикри оличаноб!-.. («Хор- пуштак»). «К,асида хает ё на»? ММ... Бале, хает... хамин соат... (Улуг­зода). «ММ» — мад кашид акай Олим баъди камтар хомушй ва гуфт: — «Мисли Зебинисо доною писандидаи хама шавад» (Ниёзй)-

    § 579. Як гурух нидохо маънои равшан ва устувор доранд, ки ба сохти фонетикин онхо алокаманд аст. Чунончи, нидохои туф//туфу, дрр, брр, ха-ха-ха (хо-хо-хо), хи-хи-хй, -ху-ху-ху, дар натичаи амалиёти муайян ва ё таассуроти физиологию рефлекторй маъно пайдо меку­нанд, ба хамин гурух дохил мешаванд- Чихати овозии ин нидохо мах­сус буда, аз доираи системаи фонетикин забон берун меистад. Дар хат онхо тахминиву шартй акс меёбанд.

    Нидои туф//туфу, маънои нафрат, беэътиной, бехурматй, хашм, оташинй, хасрат, алам ва гайраро ифода мекунад:

    Туф! Ин хопашеру майдонгариб аз кучо омадааст (Рахим Чалил). Туф ба ин кисабурон, ки калонашон чаноби олй аст (Айнй).

    Зн хуни башар хурдан, эй нобакор, Typo то ба он чо расидааст кор, Ки мулки Советро кунй орзу? Туфу бар ту, эй гурги малъун, туфу!

    (Юсуфй).

    Маънои аслии нидои брр (дрр) рефлексест, ки дар натичаи таъси­ри хунукй ва нам дар одам пайдо мешавад: Аз нохуни пом то тори сэ­рам тар шудааст, дрр..., аз баданам об шорида истодааст. Тезтар чунб, лнбосхоямро иваз иамоям, ки аз хунуки корам шуд, брр... («Заиоии Точикистон»).

    Ба воситаи иидои ха-ха-ха ва вариантхои он (хо-хо-хо, хи-хи-хи, ху-ху-ху, хе-хе-хе) маънои масхараву мазох, пичииг, тамаллук чоплусй, истехзову ханда ифода меёбанд:

    Ха-ха-ха! — Э, намурй ту масхарабоз! («Садои Шарк»). Чй? Гирья кардам?—хо-хо-хо-.. Нахобидаам? Не, аз хоб сер шудам («Пьесахо»)- Хамин тавр, боз аз об хушк баромадам. Хй-хй-хй! («Комсомоли Точи­кистон»). Ана ба ин чавон нигаред, чй тавр токиро нимта монда, кайф карда гаштааст, ху-ху-ху, гуё ки ба мехмонй омада бошад («Точикис­тони советй»), Э, барон хамин хам гам хурда мегардед? Писаратон як одами бофаросати хамаро мефахмидагй, хи-хи-хй! («Хорпуштак»),

    Хелхои гуногуни сулфидан, бо забону лабхо садо баровардан, хуш- так кашидан аз системаи фонетикии забон фарк мекунанд. Азбаски ин нидохо воситаи махсуси ифодаи муносибат мебошанд, ба катори ни­дохои боло дохил мешаванд. Ин навъи нидохо, ки аслан хоси забони гуфтугуанд, маънои бозй, хазлу шухй, истехзо ва хачви сабукро ифода мекунанд:

    Уху-уху-уху, сабил монад, нон дар гулуям дармонд, набошад ман «авоби уро дурусттар медодам (Рахим Чалил). Най-най-най, кадди Шариф мисли най (Фольклор). Хушт-хушт («Маориф ва мадаиият»).

    § 580. Нидохое, ки аз хиссахои мустакили нутк баромадаанд ва маънои нисбатан устувор доранд, гурухи махсусро ташкил мекунанд. Ин нидохо одатан оханги хитоб, маънои тахнияту табрик хурсандию фарахмандй, сипосгузориву миннатдориро ифода менамоянд. Ба ин гурух нидохои рахмат, ташаккур, куллук, офарин, ахсан (ахсант), бо- ракалло (баракалло), табрик, ура, саломат бошед ва монанди инхо дохил мешаванд:

    Аз ин як нимкамзул ва як шими пахтадор мебарояд. Либосвории нагз овардед, рахмат! (Рахим Чалил) Рахмат! Ташаккур барои илти- фотатон. Канй, хавлин маро холй кунед! («Пьесахо»). Баракалло! Офарин, писарам, биё, ба сари дастархон бо хам нишинем (Айнй)- Таб­рик, Ахмадчон, чаро як дахан ran нагуфтед? Мукофоти олй муборак шавад («Маориф ва мадаиият»).

    Нидои «ура» шакли фонетикии «урра» низ дорад. Вай маънохои хурсандиву фарахмандй, хамфикриву хамраъйй ва тахсину офаринро ифода мекунад, инчунин ба маънии фарьёду даъвати харбй меояд:

    Ахли мактаб аз шодй туппнхояшонро ба осмон хаво дода, «Ура!!» Синфхои нав сохта мешаванд» мегуфтанд («Точикистони советй»), Урро, эй бозувони панчаи мехнат! Урро, эй навчавон, фурсати кор аст! (Пайрав). «Зинда бод Партияи Коммунистии Иттифоки Советй, урра!» («Точикистони советй»),

    Маънои нидохое, ки гаму русса, хузну хасрат, мусибату фалокат, дарду алам, эътирозу норозигй ва монанди инхоро ифода мекунанд, низ нисбатан устувор аст. Нидохои вой, э вой, эй вой, вое, вой-вой (box), э вох, эй box, вох-вох, во, оббо, уббо ба хамин гурух дохил мешаванд: Вой, мани сиёхбахт акнун чй кор мекунам? (Айнй). Э вой, мани бефахм! Чогам дар гур, ман чй кор кардам-а! (Улугзода). Вой-вой, ман ба ин гуна азобу укубатхо тоб оварда натавонистам («Пьесахо»). Вое, шавхар накарда мур! (Рахим Чалил). «Во, писаракам! Во, сари дар офтобам» гуфта зан рую муйканон монанди мор ба худ мепечид (Рахим Чалил). Оббо, гове! Ман чанд бор ба ту фахмонам! («Пье­сахо»).

    Дилшикастагй, гаму андух, хафагй, таассуф, афсус, дилсузй, та- раххум ба воситаи нидохое, ки аз исм ба вучуд омадаанд (афсус, да- peF, хайф, хайхот ва г.) низ ифода мешаванд:

    Афсус ки, гуш иакард, ана окибат ба худаш чабр шуд (Ниёзй). Хайфо ки, ба дам задан мачол надошт (Айнй).

    Мевазад аз канори дарьс бод,

    Дода овоз медавад чолок... Не- ни овозй бод не, хяй\от!

    (Юсу фй).

    Раму андухи зиёд ва рахму дилсузии беандоза бо нидохои тарки­бии типи сад афсус, сад хайф, хазор афсус, бисьёр афсус, хеле афсус, хай дарег, вой дарег, эй афсус ва гайра ифода мешавад:

    Хай дарег, сад дарер, чаро ин одами навомади ноозмудро барои ин кор фиристодам (Айнй). Бисьёр афсус, кн уро зинда дастгир карда на- тавонистем («Пьесахо»). Ку хамон? Ку таноби имрузи? —Ку, кучо, шуд? Чаро ба гардан нест? — Ох афсус, сад хазор афсус! (Сулаймо- нй). Сад хайф, ки бо хама кашангй— Нодонию фалмаку гарангй-.. (Су- лаймонй).