Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 538. Пешоянди болои хам дар шакли содда ва хам дар шакли таркибй бо пешояндхои аслии ба, дар, бар, аз кор фармуда мешавад.

Пешоянди болои ва шаклхои таркиби он макони амали пред­метро нишон медихад:

Растай толор рафта ба як айвончаи зебои гачкорй мепайваст, ки болои ин айвонча як болохонаи айвончадор буд (Айнй). Дар бо­лои ду чорпоячаи гардишй курахои мучассамаи замину осмон меис- тоданд (Айнй). Ба замини кулба як бурьё ва дар болои вай пустаки муйхояш рехта буд (Рахим Чалил). Хашарчиён ба болои хоктудае баромаданд (Айнй). Мо аз болои теппахо, аз болои шахристони ка- димаи точикон ба шахри имрузаи Панчакент назар кардем (Икроми).

Ин пеитояндхо муносибатхои объект ва сабабро низ ишора кар­да метавонанд:

Гап дар болои ба гардани онхо бор кардани ин пул ва карздор кардани онхо меравад (Айнй). Рафта ба оксавдолн кишлок аз болои онхо шикоят кунем, моро балвогар номида пеш мекард (Рахим Ча­лил). Ин шуру гавго бар болои нонрезахо буд, ки мактабдор аз хал­вой май ба бачагон бахшиш карда буд (Айнй). Дергохе фикр мекар- дам, ки аз болои ман барои чй ариза навишта бошанд (Мухаммади­ев) .

Пешоянди ба болои ба маънои илова кардан, илова шудан низ кор фамруда мешавад:

Дуконам танг, молам кам, ба болои ин хамаи молхоям «касма- хару касмаёб» (Айнй). Падарата ба болои раиси артель буданаш раиси комитета гузар хам интихоб карданд (Амонов).

§ 539. Пешоянди руи хам алохида ва хам бо пешояндхои аслии дар, ба, бар, аз кор фармуда мешавад. Вай сатхи прсдметеро нишон медихад, ки «амал дар он вокеъ гардидааст ва ё нигаронида шуда­аст.

Пешояндхои дар руи, ба руи, бар руи, аз руи вобаста ба маъ­нои лугавию грамматикиашон ва маънои лугавии чузъхои ибора то­бишхои хархелаи масохавиро ифода мсиамоянд:

Хизматгор чой, дастурхон ва як табак казии яхниро бо корд оварда, ба руи сандалй ниход (Айнй). Ман уро ба даруни мехмон­хона дароварда хобондам ва худам ба руи суфа баромадам (Айнй). Икболхола дар руи кат ду-се курпачаро болои хам партофта... ба чокдузй машрул шуд (Мухаммадиев). Он чо як чавони чупониамо бар руи харсанге нишаста буду худ таронаеро замзама мекард (Ра­хим Чалил).

Пешоянди аз руи му.вофик будани амале ва ё холатеро ба чизе нишон медихад, инчунин сабабу максади вокеъ шудани амал ва хо- латро ишора мекунад:

Онхо аз руи эхтиёт нугхои ресмонро ба яккамеххо куртугун кар­да бастанд (Айнй). Ман, азизам, гапи хакро гуфтам, ки хар чиз аз руи андозаи мукаррарй чен карда намешавад (Мухаммадиев). Уро аз руи касбаш Фозили ошиаз... мегуфтанд (Амонов).

Пешоянди ру ба руи алохида ва бо пешояндхои аслии дар ва аз меояд. Вай нишон медихад, ки амал дар тарафн мукобили предмет вокеъ мегардад ва ё ба тарафи мукобил равона карда шудааст:

Пирак маро ба руи хучра гузаронда, дар ру ба руи худаш

бар кодоки сандали нишоид (Айнй). Зардодхону Носир Аббос дар сари миз ру ба руи хамдигар чои гирифтанд (Мухаммадиев). Гулру дар ру ба руи худ боз кушандаи падарашро дид (Рахим Чалил).

§ 540. Пешоянди зери алохнда ва бо пешояидхои аслии ба, дар, аз ба кор бурда мешавад. Вай предмете ва ё чоеро нишон медихад, ки амал дар таги он вокеъ мегардад:

Сабза ва майсахо бошанд, дар зери per тамоман нопадид гар- дида буданд (Айнй). Вай ба зери девор лунда шуда афтод (Икромй). Об аз зери чуй бо дулчахои чархи парра.хояш чор-панчметрй баро- варда мешуд (Дехотй).

Пешоянди дар зери ба маънои мачозй холат ва ё вазъиятеро низ нишон медихад: Рафта кори хашарро дар зери рохбарияти козии Риждувоп тамошо кунад (Айнй). Муродифи пешоянди зери, дар зери пешояидхои таги, дар таги, ба таги, аз таги, таки//дар таки, ба таки, инчунин тахи, тахти хам дар гуфтугу ва хам дар забони адаби ба тав­ри васеъ истифода мешаванд:

Во нуги чубдаста он чоро мекофт ва аз таги пардаи тунуки per занбуругхо намудор мешуданд (Айнй). Эшон аз кучо ва аз чй рох омадани барзаговро папурсида нимхез шуда, ба таги собот нигох кард (Айнй). Ду аспакй... ба тарафи аробае, ки Гулру ва модараш дар тахти он пинхон буданд, меомаданд (Рахим Чалил). Дар тахти таъсири мактуби бародари муаллим бо хаячоп ба хамдигар гаи ме- заданд (Икромй).

Пешояидхои таги, тахти, таки ва шакли таркибиашон дар тах­ти, аз таги, аз тахти ба предмете ва ё чое ишора мекунанд, ки дар карибиашоп предмете ва с амале вукуъ мегардад:

Дар таки девори заводи нон тохту тоз карда мегаштем (Мухам­мадиев). Дар таги дар хар се хайрон шуда мемонанд (Бахорй).

Сари. Ин пешоянд хам алохида ва хам бо пешояидхои аслии аз, дар, ба, бар кор фармуда мешавад. Пешояидхои номии таркибии дар сари, ба сари, аз сари, бар сари вобаста ба маъпохои худ ва маънои лутавин калимаи тобеи ибора иредметеро нишон медиханд, ки дар наздикин он ягон амале вокеъ мегардад:

Модарам сухани маро тасдик, кард ва барои тоза карда, дар рав- ган бирьён кардан ба сари оташдон бурд (Айнй). Мо ба сари таом нишастем. Худ ба сари деги шурбопазиаш рафт (Айнй). Ип хамаро бинй ту дар Хипдукуш — Дар сари кухй абадй нукрапуш (Турсун­зода). Дар сари рох оиначаеро дида, аз замин бардошта гирифт (Ло- хутй). Аз сари дастархон часта хест (Айнй). Бар сари бахр гирд гаш- та катор чайкахо мепаранд, — Болзанон шуда бар тегахои мавч са­вор (Юсуфй). ...яке суханро ба сари максади худ кашола мекард, дигаре касдаи ба ин эътииое иакарда, харфи худро мегуфг (.Мухам­мадиев) .

Байни. Ин пешоянд алохида ва бо пешояидхои аслй вокеъ rap дидани амалеро дар мобайни предметхо нишон медихад:

Бином мактаби дахсолаи колхоз... аз рох дуртар дар байни бо­ги мевадори калоневбипо карда шуда буд (Улугзода). Акнун барои район рафтан аз байни теппа ва баландихо давр зада гаштаи лозим на буд (Икромй). Онхо рун сабзаву байни лолахо руймол кушоданд, нону панирро ба иштихо хурданд (Рахим Чалил). Сухбат асосан байни К,орй-ака ва мизбон мегузашт (Мухаммадиев).

Пешоянди миёни (миёнаи) аз руи маъно ва истифода ба пешо­янди байни наздикй дорад. Ban бештар бо пешояидхои аслии дар, аз якчоя меояд:

Ин чуйча монандй он чуйчахое, км дар миёни заминхои корам кандаанд, аз лой ва гил бино ёфтааст (Айнй). Дар миёни хамим ха- ракатхо -- ба тарафи марде, ки машгули таомхурй буд, нигох мекард (Айнй). Миршаб баъд аз он ба бародари Насим таъкид кардааст,

ки озод шудани Паеим дар миёнаи мардум овоза нашавад (Айнй). Якумр миёни оташу обам ман (Лоик).

Ин пешоянд гохо тобиши маънои замонро низ ишорат мекунад: Гохе дар миёнаи хамин корхо барои додари бой чилим хам андохта медод (Рахим Чалил).

Пешоянди дами бо пешояндхои аслии ба, дар (ба дами, дар дами) муносибатхои масоха ва замонро ифода менамояд:

Асо дар дами дари рохрави хавлии дарун истоду ба кафо нигох кард (Икромй). Дар дами маргаш ба писараш васият карда буд (Икромй).

Пешоянди даруни... мувофики маънои лугавиаш равона шудан ва ё вокеъ гардидани амалро дар дохили ягон предмете нишон ме­дихад ва бо пешояндхои аслии дар, ба, аз истеъмол мешавад:

— Касе аз даруни хона... баромада, бо падарам салом-алек ва вохурдй кард (Айнй). Об аз сатил ба даруни най даромада ва аз он чо боло рафта аз нойча берун рехтан гирифт (Айнй). Дар ин саё- хатхо Ахмад-махдум рузи худро бо сайругашт дар даруни полез ва богхо мегузаронд (Айнй). Аз даруни хона баромада омад («Садои Шарк»). Ин чине аст ё инс? Даруни оташ монда, ягон чояш насух- таает («Садои Шарк»).

Синоними даруни пешоянди дохили мебошад, ки бештар дар нут­ки хаттй кор фармуда мешавад:

Аз ип чост, ки хатто дар дохили ин асар хам фикрхои танкидии замони муаллиф бевосита ифода карда шуда, бо масъалахои дигар вобаста гардида, баён карда мешаванд (Мирзоев).

Пешоянди беруни бар акси пешоянди даруни вукуъ гардидани амалеро дар хоричи предмете мефахмонад. Вай дар шакли таркибй бештар бо пешояндхои аслии дар, аз кор фармуда мешавад:

Дар беруни хаммом ба руи курпача ва якандозхо хамаи омада- гоп давра нишастанд (Икромй). Аз беруни дарвоза овозй касе ба­ланд шуд (Икромй).

Пешоянди пахлуи амалеро нишон медихад, ки дар пахлуи пред­мете вокеъ гардидааст. Вай чун пешоянди таркибй бо пешояндхои дар, ба, аз кор фармуда мешавад:

Дар пахлуи дарвозахона як айвони оддй буд (Айнй). Халифа ба пахлуи мактабдор гузашта, як чуберо, ки дар болои сари мак- табдор ба девор овезон буд, гирифт (Айнй). Кариби пешии аз пах­луи вай завракчаи моторноке чудо шуда, ба мобайни дарьё рох ги­рифт (Мухаммадиев). Муродифи ин пешоянд пешояндхои бари ва шафати мебошанд:

Он хоначаи сафеде, ки дар бари кишлок танхо истодааст, мак­таби аввалипи ман аст (Раффор Мирзо). Дар шафати мактабамон бинои нави калоне сохта шудааст (Миршакар).

Мегузарад аз бари ванронахо

Мадрасаю ободмю хонахо

(Турсунзода). *

Гирди. Ин пешоянд мувофики маънои лугавиаш ба предмете ишора мекунад, ки амал дар гирди он вокеъ мегардад. Дар шакли таркибй бо пешояндхои дар, ба кор фармуда мешавад:

Мо дар гирди гулхан иишастаем (Толис). Зи 6ofh сапъати хал- кат ба гирди хеш гул резй (Турсунзода).

Ёр дар хонаву мо гирди чахон мегардем

Об дар кузаву мо ташналабон мегардем

(Фоль к лор).

Тарафи. Ин пешояид самти равиши амали предметро нишон ме­дихад. Вай бо пешояндхои ба, дар, аз кор фармуда мешавад:

Дар хакикат хам бисьёр дер накашид, ки аз тарафи зина овозй пое шунида шуд (Айнй). Он ба тарафи Тахиятоши кухна омада, ба аэродром рост нафаромаду ба тарафи шамол тоб хурда, бар болои шахр ба шакли нимдоира давр зада, аз тарафи чап фаромад (Дехо­тй). Хучраи ман монанди дигар хучрахои ип Мадраса тиреза надошт, бинобар ин дари даромадро хамеша кушода мондан даркор буд ва дар тарафи куча когазгир дошт (Айнй).

Суи. Ин пешоянд муродифи пешоянди тарафи буда, бо пешоянд­хои аслй меояд:

Меравад суи бахр бо сари хам Гун дорад ба душ кухи алам

(Турсунзода).

Мевазад бод кур-курона, — Хам суи дуст хам бегопа (Турсун­зода).

Пешоянди чониби муродифи пешояндхои тарафи ва суи буда, бо пешояндхои аслии ба, дар, аз низ кор фармуда мсшавад:

Май чониби ту равам зафарманд, Ман шод шавам зи ту, ту аз ман

(Ю с у ф и).

Чониби Тошканд мерафтсм Илмчу, фанталаб, саодатхох

(Т у р с у и з о д а).