Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2093
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 400. Феълй гузаштаи эх,тимолй амали воксъшудаеро мефахмо­над, ки гуянда дар бораи он бо шубхаю тахмин, гумону эхтимол су­хан меронад (ниг. Сигаи эхтимолй).

Гузаштаи эхтимолй аз сифати феълии замони гузашта бо суффик­си -гй ва иловаи бандакхо сохта мешавад. Вай ду тарзи ифода дорад: тарзи якум: ман хондагиям, ту хондагий, вай хондагист; мо хондаги- ем, шумо хондагиед, онхо хондагиянд; тарзи дуюм (аз шахеи сеюми танхо бо иловаи бандакхо): ман хопдагистам, ту хондагистй, вай хондагист (-ем, -ед, -анд).

Замони гузаштаи шартй-хоуиигмандй

Ин шакл аз сифати феълии замони гузашта бо шакли аористи феълй будан сохта мешавад ва амали вокеъшудаеро мефахмонад, ки ба шарте вобаста мебошад: рафта бошам, рафта бошй, рафта бо­шад; рафта бошем, рафта бошед, рафта бошанд.

И. ЗАМОНИ ХОЗИРАИ ФЕЪЛ

§ 401. Феълй замони хозира амалеро мефахмонад, ки хангоми сухан кардан дар бораи он давом дорад. Масалан: Ман баъдтар шар\ хохам дод, ки чаро махз 18 сентябрь гуфта истодаам, чаро таърихи вокеахои хаёти шуморо ин кадар боэътимод таъкид мекунам (Мухам­мадиев) .

Дар ин чумла феьли шарх хохам дод замо:ш ояндаро мефахмо­над. Аммо феълхои гуфта истодаам ва таъкид мекунам замони хози­ра буда, амали дар вакди сухапи фоил (субъект) содиршуда ва да- вомдоштаро ифода мекунанд. Дар забони хозираи точик маънии грамматикии замони хозира асосан бо ду шакли маъмулу серистеъ моли феъл ифода меёбад, ки яке хозираи давомдор (хозираи муайян), дигаре хозира-оянда мебошад. Маънии замонй дар шакли хозираи давомдор муайяну возех, аммо дар шакли хозира-оянда сертобиш асг ва тобишхои маъноии он танхо вобаста ба мазмуни матн муайян ме­гардад. Баъзан ба кадом маънии замонй омадани феълй хозира-оянда аз худи чумла не, балки алокамандона бо чумлахои дигар равшан мешавад:

Онхо ба давлати нав, ба Хукумати инкилобии нави худ хизмаг мекунанд (Икромй). Ганро дигар мекунанд, аз пичир-пичир ба пикир- пикир мегузаранд (Рахим Налил).

Замони ^озираи давомдор (муайян)

§ 402. Феълй хозираи давомдор (муайян) аз шакли феълй холи (сифати феълии) феълй асосй ва шакли гузаштаи нагуши феълй ёри­дихандаи истодан таркиб меёбад. Тасрифаш чунин аст:

Танхо Чамъ

                    1. ман шунида истодаам 1. мо шунида истодаем

                    2. ту шунида истодай 2. шумо шунида истодаед

                    3. вай шунида истодааст 3. онхо шунида истодаанд

§ 403. Шакли хозираи давомдори феъл барои ифодаи маънихои зерин истеъмол мешавад:

1. Хозираи давомдор (муайян), ки амали дар айни хол чараён- доштаро мефахмонад:

Мо номй Партияи Коммунистиро вирди забон намуда, дар тамо­ми сохахо галаба кардем ва бо номй Партия дар ин фронт хам га- лаба карда истодаем ва голиб хохем шуд! — Вахш рафта истодай? — Ситорахо дар осмони баланд чимчимак зада истодаанд (Хаким Ка­рим). Писараш подаро ба чарогох ронда истодааст (Рахим Чалил). Вакти ту акнун гул карда истодааст, аз хазоп ёд макун! (Икромй).

  1. Хозираи давомдор, ки чараёни доимии амалро ифода мекунад:

Аз руи хабархои пухтае, ки харруза ба ман расида истодааст,

кори мо он кадар хуб нест (Айнй). Шаш мох боз вай дар хамом мак- табе, ки иомашро хозир хам намедонам. хонда истодааст. Ин марду- мони софдил, пурзур ва богайрати кухй дар хар кадам намунахои кахрамонй нишон дода истодаанд (Хаким Карим).

  1. Хозираи давомдор, ки маънии замони гузаштаро ни.я ифода карда метавонад. Ин маънй дар чумлахои мураккаби тобеъ, ки бо пайравн муайянкунанда ва пуркунанда омадаанд, мушохида меша­вад. Феълй чумлаи пайрав пас аз феълхои ба шакли замони гузашта омадаи сарчумла (дидан, шунидан, донистан, пиндоштан, нигох дош­тан, нигох кардан, пай бурдан, хис кардан ва м. инхо) амали барда- воми гузаштаеро мефахмонад, ки ба шакли замони хозира вокеъ шу­дааст:

Чамъ

  1. ман меравам

  2. ту мера в й 3. у меравад

У ин гуна хикояхоро бо камоли чиддият ва бо боварии тамом нам мекард ва мепиндошт, ки ман хам тамоман бовар карда исто- даам (Айнй). Хамин ки сарашро бардошт, дид, ки хамшира дар пах- луяш хандида истодааст (Хаким Карим). Дар он гурхона ман на ин ки аз дуньё хабар надоштам ва намедонистам, ки инкилоб шуда истодааст, балки аз худам бехабар будам. — Саидпахлавон хис ме­кард, ки вай охиста-охиста чй будани инкилобро фахмида, худаш хам аз хавои инкилоб нафас кашида истодааст (Икромй). Дар куча касеро диданд, ки як бузро ба тарафе кашолакупон бурда истодааст.

Замони уозира-оянда