Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2093
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

II. Пешояндхои номие, ки муносибатхои замониро ифода мекунанд

§ 541. Пешояндхои номие, ки муносибатхои замониро нишон ме- диханд, аз исмхои абстрактмаъно ва зарфхо, ки вактро мефахмо­нанд, ташкил меёбанд: баъд, пеш, айн, кариб, кабл, зарф, муддат, давом, вакт ва гайра. Пешояндхои номии изофй хам содда ва хам таркибие, ки муносибатхои замониро ифода мекунанд, аз чихати мик­дор бисьёранд ва тобишхои семантикии хархелаи замонро ба таври васеъ акс мекунанд.

Пешоянди баъди замони амалеро ифода мекунад, ки пас аз за­мони амалй дигар ва ё пас аз муддате вокеъ гардидааст:

Баъди оши балаззат чои кабуд айнй муддаост (Сидкй). Баъди табобати якмоха ба даст асо гирифта бо пои худ баромадам (Де­хотй) .

Баробари. Ин пешоянд, ки баъзан бо пешоянди аслии дар кор фармуда мешавад, замони амалеро нишон медихад, ки ба замони амалй дигар баробар вокеъ гардидааст:

Баробари дохили зол шудани мо марди еолхурдаи каддарозе аз кадом дар пайдо шуда омад (Мухаммадиев). Баробари дамидани субх гулхан хомуш мешуд... (Толис). Бо шаст баромада рафтанй ме­шавад баробари дарро кушоданаш якбора аз он су Иброч,им-пол- вон даромада меояд (Сидкй). Лекин дар баробари дахон кушоданаш дарди сахтро хис кард... (Мухаммадиев).

Аз байни пешояндхои номии замоий як гурух пешояндхоро чудо кардан мумкин аст, ки одатан мафхуми бефосила ва пай дар пайро ифода менамоянд: хангоми, дар давоми, ба давоми, дар зарфи, дар муддати, бо мурури ва ганра:

Дар зарфи сафари бистуякруза дар Кобул аз байни ахли санъат, адабиёт ,ва матбуоти Афгонистон бисьёр дустони нав пайдо кардем (Дехотй). Дар давоми хаёти худ. дар муддати як руз ни кадар кор­ро ичро кардан ба ман бори аввал муяссар гардид (Миршакар). Хангоми рохгардн похояш мисли чувози кухна гичиррос мезаданд (Мухаммадиев). Имрузхо, дар айни колхозсозии мо, аз Турабек ди­да Мухаммадчон хавфиоктар шуда монд (Икромй). Факат дар зар­фи хамин як соли гузашта дар Донбасс бештар аз 70 шахтаи пав кушода шуд (Дехотй).

Дар забони адабии хозираи точик майли ба доираи пешояндхои помни замонй дохил кардани як катор исмхои маънои замондошта торафт зисд шуда истодааст: дар айёми, дар давраи, дар арафаи, дар аввали, дар чараёни, дар процесси, бо мухлати ва монанди ин­хо. Аз эхтимол дур нест, ки аксарияти ин таркибхо бо мурури замон ба гурухи пешояндхо табдил хоханд ёфт, аммо дар мархилаи хозира на хамаи онхо пешоянд шудаанд. Процесси гузаштани калимахои мустакил маъно ба гурухи воситахои ёридиханда дар забони точикй холо зинда буда, хануз ба анчом нарасидааст.

III. Пешояндцое, ки муносибатхои гайримасохавиро ифода

мекунанд

Ба гурухи пешояндхое, ки муносибатхои хархелаи синтаюсисни гайримасохавиро (хамрохй, монандй, мувофикат, мухолифат, сабаб, чудокунй ва Faftpa) ифода мекунанд, калимахои зерин дохил меша­ванд: хилофи, мукобили, зидди, ивази, мувофики, муносиби, муноси бати.шарофати, шаъни, монанди, мисли, гайри, бахри, натичаи, саба­би, вачхи, боиси, чихати, хамрохй, катори, чои, бораи, бобати, хакки, хусуси, зиммаи, замми ва гайра. Кисми зиёди ип пешояндхо чун кои­да бо пешояндхои аслй кор фармуда шуда пешояндхои таркибиро ташкил медиханд. Факат кисми камашон бе пешояндхои аслй хам истеъмол мешаванд. Пешояндхои баробари, хамрохй, монанди, муво­фики, муносиби, гайри аз хамин чумла мебошанд.

Мукобили, зидди, хилофи, бар хилофи. Ин пешояндхо ба сифати пешояндхои таркибй бештар бо пешояндхои аслии ба, бар кор фар­муда мешаванд ва вобаста ба маънои лугавиашои муносибатхои хи- лофиро нишон медиханд:

Факат ин гарданшахоии якрахаи хунхор, ки ба мукобили халки тамоми чахон чиноятхо тайёр карда истодаанд, барои худ иафрат, лаънат, русиёхй ва бадномии абадиро тайёр мекунанд ,ва барои худ гур мекованд (Айнй). Ташвикоти муллоён асосан бар зидди исло\о- ти замин буд ва ба мардум таъсири калон мебахшид (Сидкй). Бар хи­лофи кухансолон кисми зиёди чавонон... заминро бо шодмонй кабул мекарданд (Сидкй). Козикалон бар хилофи чашмдошти ман ба чавоб- гарон нигох карда гуфт... (Айнй).

Пешоянди бадали чун пешоянди таркибй бо пешояндхои аслии ба ва лар кор фармуда мешавад. Ин пешоянд муносибати ивазшавии рк предметро ба предмети дигар ифода менамояд:

У ба бадали ин пул хеч хизмате накарда, бемор шуда рафт (Айнй). Дар мохи савр (апрель) Хочй-Курбон омада, .вакфи мазкур- ро ба бадали бнету панч хазор танга ба ичора гирифт (Айнй). ...у духтарони онхоро бе харочот ба занй гирифта ба бадали хамон пули сухтагиаш хисоб кардааст (Айнй).

Ип пешоянд барои ифодаи замон, вакти муайян низ кор фарму­да мешавад:

Едгор хакнкатан хурсанд буд, вай ба замми ин ки дар бадали як мох барои понздах танга аз панч танга фонда додан халос шу­дааст, аз дидани халтаи хатчубдор рох ёфтааст (Айнй). Супориш аз чаноби кушбегй шуд, ин хел духтарчае, ки ман гуфтам, бояд дар бадали хамин мох ба даст дарояд (Икромй).

Ивази (ба ивази, дар ивазн, бар ивази). Ин пешоянд муродифи пешоянди бадали мебошад:

Ба хамин тарик, халк барои об ба ивази хун ва чони худ мубо- риза мебурд, талош мекард (Дехотй). Падарам дар ивази хамаи ин мехрубоний вай аз багал як китоб бароварда дароз кард (Рахим Чалил).

Мувофики. Ин пешоянд маънои лугавиашро нигох дошта, ба як ходиса мувофик будани ходиеаи дигарро мефахмонад. Мувофики ривояти дуюм ин деха як замонхо аиорзор будааст (Сидки). План- хояш буд шуда истодааст. Лекин тамоман мувофики табъи май не (Икромй).

Муносиби муродифи пешоянди мувофики буда, баъзан тобнши услубй дорад:

Бадаиашои мувофики руяшон борик ва либосашон муносиби та- нашон химча ва танг буд (Айнй).

Дар забони адабии хозираи точик микдори пешояндхои номии изофии таркибие, ки муносибатхои сабабиро ифода мекунанд, хеле зиёд аст: ба сабаби, аз сабаби, аз боиси, аз чихати, ба шарофати, ба шаъни ва гайра. Ин пешояндхо сабаби вокеъ шудани амалро нишон медихаид ва аксарашон муродифи якдигар мебошанд:

Аз сабаби бадии хаво самолёт имруз намепарид (Дехотй). Ба сабаби беворис буданаш... бист танга дод (Айнй). Холо ту аз боиси ман шатта хурдй, Ниёзчон (Улугзода). ...гох инчо, гох опчо аз боиси хираду закот чанчол, занозанй cap мезадаает (Улугзода). Аз чихати пирй ба бардоштани он сандук кувваташ нарасидааст (Айнй).

Пешоянди аз вачхи муродифи пешоянди аз чихати мебошад: Дар байни гапаш гуфт, ки чаридахои фарангистон аз вачхи Бухоро ва Хева ба Руссия айб мемонанд (Улугзода). ...Вай аз .вачхи таппон- чаи хучаин дар хавотир афтода буд (Улугзода).

Ба туфайли, аз туфайли. Ин пешояндхо ба касе, предмете ё хо- дисае, ки манбаи ва ё сабаби ба вучуд омадани ходисае ва ё амале мебошад, ишора мекунад:

Ба туфайли инхо ба ин кадар мочаро сохиб шудем (Рахим Ча­лил). ...шояд аз туфайли Фируза миршаб давлати калон ба даст ме- дарорад (Икромй).

Пешоянди ба муносибати воситаест, ки барои ташкил и муноси­батхои сабабии ба хам марбут, сабабгори хамдигар хизмат мекунад:

Акнун ба муносибати вокеаи К,орй-ишкамба дар бораи ошнои ,*еринаам — бойбача кадре сухан ба миён омад... (Айнй).

Пешоянди ба шарофати муродифи пешоянди ба муносибати бу­да, вобаста будани ягон чизе ва ё амалеро ба холате ва ё вокеаи муайяне мефахмонад:

Ба шарофати донистани забони шугнонй Пётри мо бе ёрии тар- чимон бо хама озодона гуфтугу намуд... (Рахим Чалил). Ба шаро­фати иктидори ту у аз ин бало халос шуд (Айнй).

Монанди, ба монанди, мисли, ба мисли, мисоли, ба мисоли. Ин гурух пешояндхо муносибати шабохат ва монандиро нишон меди­хаид:

Ин кухсоре, ки ин дараро печонда гирифтааст, аз дур ба наза- ратон монанди як кухпорае менамояд (Айнй). Балки уро мисли ка- низак аз токаташ берун кор мефармуданд (Дехотй).

Ба мисли Комде дар хусиу дар санъат чахонгирй, Ту, эй раккосаи даврон, Тара-Чандри, Тара-Чандрн

(Турсунзода).

Пешоянди чун аз руи маъно бо пешояндхои мазкури монанди муродиф мебошад:

Рох чун кафи даст хамвор, монанди хиёбонхои шахрхои калон

фарох, сангфарш ва мусаффо буд (Айнй).

Хамрохи, бо хамрохии. Ии пешояндхо муштарак будани амале­ро мефахмонанд:

«Хуб» гуфтам ва бо хамрохии у ба рох даромадам (Айнй). Дар райопи Панчакент бо хамрохии устод Айнй як цуйбори кадимн обь- ёрй — Туксонкорезро дида будем (Дехоти).

Пешояидхои катори, дар катори муродифи пешоянди хамрохи ме­бошанд:

Май, ки дар катори Мирзоабдувохид .вазифаи пешхизматро адо мекардам... (Айнй). Дар катори онхо ба фарзаидам Пулод хам ма- дад дех (Рахим Налил).

Ба замми. Ин пешоянд мувофики маънои лугавиаш муносибати иловагиро ифода мекунад:

Рафики фаррош ба замми маишати нокис чилимкашй карда, ро­ли нафасашро кариб бастааст (Мухаммадиев). ...ба замми ин аз тазкира ва тарчумаи холхо чохоеро, ки ба Фирдавсй муносибат до­ранд, боз як бор аз назар гузарондем (Айнй).

Дар бораи, дар хусуси, аз хусуси, дар бобати. Ин иешояндхо хаммаъно буда, мавзуъ ва объекти нутк ва ё фикрро мефахмонанд: Шояд вай дар бораи он колхоз чизе донад (Толис). Аз хусуси аризаи худаш лаб накушод (Айнй). Дар бобати руёндани хосили фаровони пахта хизмати Иброхим-ота калон аст («Точикистони со- вети»).

Дар хакки. Ин пешоянд муродифи пешояидхои дар бораи, дар бобати буда, тобиши нисбат дорад:

Аз руи чуб дар хакки ман хукм мекунед (Латифахо). Падарам дар хакки Абдунабй, ки хизматгори деринаамон буд, бисьёр ноинсо- фи карда истодааст (Айнй).

Дар васфи. Ип пешоянд аз рун маънои лугавиаш тобиши як навъ тантанавй дошта, аз чихати вазифаи синтаксиеиаш муродифи пешо- янди_ дар хакки мебошад:

У дар васфи шоири бузурги миллии халкй рус, дар васфи Пушкин хам шеър навиштааст (Турсунзода).

в Разал мегуфту дур месуфт Хофиз-шоири Шероз,

Суханро дода дар васфи шумо чодугарон пардоз

(Турсунзода).

Дар натичаи. Мувофики маънои чузъи номиаш ин пешоянд ама­ле ва ходисаеро нишон медихад, ки дар натичаи он ягон амал ва ё вазъияте ба вучуд меояд:

Дар натичаи фишори пурзури хаво то 60—70 метр ва аз ин хам баландтар фаввора зада баромадани оби фонтанхоро бисьёр касон дидаанд (Дехоти). Дар натичаи чунин тараккиёти беназири иктисо- диёт ва маданият мамлакати кафомондаи аграрй ба давлати пурзу­ри тавонои индустриалию колхозй табдил ёфт («Точикистони советй»).

Бахри, аз бахри. Ин пешояндхо амалеро, ки ба манфиати касе ва ё коре ву-куъ мегардад, ифода менамояд:

Маълум мешуд, ки вай на аз бахри тамошо ин баромади хатар- нокро пеш гирифтааст (Толис).

Ба воситаи амалеро нишон медихад, ки бо ёрии кас, чизе ва ё бо ягон рохе ба вучуд меояд:

Ман ин муамморо танхо ба воситаи у хал кардан метавонистам (Айнй). Рохи калони еангфарши навро ба воситаи кишлоки К,аторбед кашида буданд (Икромй).

Дар рохи, ба рохи, бо рохи, Ин иешояндхо тарзи амал ва ё во­ситаи ба вучуд овардани ходисае ва ё амалеро, инчунин аз бахри касе ва ё чизе вокеъ гардидани амалро нишон медихапд: Рузхои пурфарахи ид торафт наздик шуда истодаанд, ки ин коркунопи му- ассисахои республикаро водор мекунад, ки дар рохи амали гардида- дани накшахои идораи худ чиддй машгул шаванд, то ки баъд ба шитобкорй рох надиханд («Маориф ва маданият»). Дар аввалхои соли гузашта ин фильм бо рохи муассисахои савдои хоричи ба Лфго- иистон меравад (Дехотй).

Дар. рохи патан мурдан — зиндагист, Мурдан зиндагонй дар бандагист

(Л о х у т и).

Чои (ба чои). Ин пешоянд ба чои предмете ва ё ходисае омада­ни предмет ва ё ходисаи дигареро мефахмонад: Вале ба чои табассу- ми ширин ва нозу карашма дучори дашиомхои беандоза шуд (-Каким Карим). Чои он шуразамин богу макон хохад шуд (Дехотй).

Райри, ба гайри, аз гайри. Ип пешояндхо муносибати истнс- ноиро ифода менамоянд:

Он руз як рузи наве буд ба ман, ки аз гайри чашмдошти ман бахти нав оварда буд (Айнй). Райри дилбар нашиносад ин дил, Ди- ли ман пест, дили дилдор аст (Лохутй). Зеро байтхои ин газал шар- хи холи ман аст, ки аз гайри касди ман ва хохнши у ба гуши нози у мерасад (Айнй).

Бо максади. Ин пешоянд мувофики маънон лугавии чузъи номи- аш максади ба вучуд омадани амалеро мефахмонад ва ё вазъияте- ро ишора мекунад:

Лутфулло Каримовро хам бо максади ташкил кардани мактаб ва ба таълим чалб намудани фарзандопи мехнаткашон ба мактаб- хои дехахои Мортеппа, Хонакои Кухй, Кофизкишлок, Лолагй ва Кип- чоки райони Кисор мефиристоданд («Маориф ва мадапият»). Бо максади расонидани хизмати маданй ба колхозчиён дар давраи гу- нучини пахта шуъбаи маданияти район бо ёрии ташкилоти партия- вию комсомолй бригадаи агитационй ташкил намуд («Маориф ва #маданият»).

ПЕШОЯНДХОИ ИЗОФИИ ТАКРОР

§ 542. Пешояндхои изофии такрор бо рохи такрори як гурухи муайяни исмхо ба вучуд меоянд. Пешояндхои изофии такрор бештар аз исмхои кад, лаб, руй, cap, пеш, таг, дарун, гирд ташкил ёфта, бг калимаи пешомада бо бандаки изофй пайваст мешаванд ва шакли зеринро мегираид: кад-кади, лаб-лаби, руй-руи, таг-таги, дарун-да- руни.

Пешояндхои такрор мисли пешояндхои номии изофй маъной лу­гавии худро нигох дошта, бо калимахон дигар ба воситаи бандаки изофй алокаи синтаксисй пайдо карда, вобаста бо маъной лугавй му­носибатхои масохагиро ифода менамоянд. Аз чихати вазифаи грам- матикиашоп пешояндхои изофии такрор бо пешояндхои изофии но­мй умумият доранд, лекин пешояндхои такрор аксар чараён ва да­вомиокии амалро нишон медиханд. Дар чумла иборахое, ки бо ёрии пешояндхои такрор ташаккул. меёбанд, ба феълхои ифодакунандаи харакат (рафтан, гаштан, омадан, тохтан ва хоказо) тобеъ мегар­данд ва ин феълхо аксар дар шакли замони давомдор меоянд. Пе­шояндхои такрор дар нборахо хам мустакилона ва хам бо пешоянд­хои аслй: дар, ба, бо якчоя кор фармуда мешавапд. Масалан, лаб- лаби кул, дар лаб-лаби чуй, бо лаб-лаби руд:

Агар назаратон дуртар давад, мсдидед, ки дар лаб-лаби чуй Маз- рангон... дарахтопи сабзу хуррам cap кашида буданд (Айнй).

Пешояндхои кад-кади, лаб-лаби суи амалеро мефахмонанд, ки бо дарозии предмет ва ё макон равона шудааст:

Автобуси хурди чобукрафтор кад-кади руди бекарори Варзоб аз тарафи хурди мукобили чараёни он мешитофт (Дехотй). Мо кад- кади кубурхои оханини сиёхранг аз пишеб ба фароз баромадан ги- рифтем (Дехотй). Вале хапгоме ки оп.хо ба рохчае даромадаид, ки танги касногузор буд ва лаб-лаби нишебии калон боло мерафт, па­дар уро аз рох боздошт (Рахим Налил). Эхтимол худат хозир ши- матро то зону барзада, лаб-лаби нахр шасту кал мок бардошта гаш- ти (Мухаммадиев).

Пешоянди ру-руи сатхеро нишон медихад, ки дар он амал вокеъ гардидааст:

Кухиетонибача-Давлат, ки бо хамсолони худ бозикунон чанд бор то ба ин чо омада буд, охубаравор руй руи сабзахои навхез тохта ме­рафт (Рахим Налил). Аз паси завракча духтари хушпайкари зебое дар либоси шиновари ресмонеро дошта, савори лыжаи обй руй-руи дарь'ё медавид (Мухаммадиев).

Пешоянди таг-таги маконеро нишон медихад, ки амал аз таги вай равон шуда аст:

...таг-таги калъа рафта, аз пеши майдоии Машки Сарбоз гузаш­та, ба пахлуи дарвозаи Самарканд расидам... (Айнй). ...ва он об таг- таги замин аз кубурхо гузашта хонахоро харорат мебахшад (Мухам­мадиев) .

Об равад таг-таги нххои пир,

Мисли чавохир зи дили хар адир

(Турсунзода).

Пешоянди дарун-даруни маконеро нишон медихад, ки амал аз до­хили он мегузарад:

Давлати харсавор дарун-даруни дараи пурхамупеч меомаду ман- зараи рох ба хотираш кухсори ватани у — Бадахшомро меовард (Ра­хим Налил).

Пешоянди пеш-пеши (пешонеши) макопе ва ё предметеро мефах­монад, ки амал дар пазди он вокеъ гардидааст: Пеш-пеши хама Скворцов мерафт (Толис). Пешоянди гирд-гирди (гирдогирди) предмет ва ё чоеро мефах­монад, ки амал ба гирди он равона шудааст. Ин пешоянд бо пешоян­ди аслии дар низ меояд:

Шаддахои чарогони электрик гирд-гирди моро печонида гирифта буданд (Сидки). II а гох аз хоб мехезад, ки гирдогирди лабонаш пур- пури табхол (Рахим Налил). Дар гирдогирди ин лаълй пустакчахое ба замин пахн карда буданд (Айнй).

ПЕШОЯНДХОИ НОМИИ ТАРКИБИИ БЕИЗОФА

§ 543. Пешояндхои номии таркибии беизофа аз исм ва ё зарф па пешояндхои аслй сохта мешаванд: пеш аз, баъд аз, пас аз, Faflp аз, назар ба, нисбат ба, оид ба, рочеъ ба, берун аз, бахшида бл ва г. Пешоянди таркибии гайр аз дар шакли ба гайр аз низ истифода мешавад:

Мо шоиронем ва ба гайр аз шоир касеро дар мачлиси худ рох надихем (Айнй). Ман бо шунидани ин «насихат» гайр аз cap хам кардан, хомуш мондан чораи дигар надоштам (Айнй).

Пешояндхои пеш аз ,пас аз ва баъд аз вобаста ба калимаи то- беъшаванда ва феълй тобеъкунанда дар чумла ва ё ибора муносибат­хои замониро ифода мекунанд. Пешояндхои пас аз ва баъд аз ба хам муродиф мебошанд. Ин пешояндхо вокеъ гардидаии холате ва ходи- саеро пеш аз ягон ходиеаи дигар ва ё пас аз он мефахмонанд:

Шуробихои дастгиршударо пеш аз ба вагон зада фиристодан ба як хона дароварда буданд (Рахим Налил). Баъд аз ягон соат... навба- ти дашпомдихй ба козикалон расид (Айнй).

Пешоянди берун аз мувофики маъпои лугавиаш ба истисно ё дур-

шавии предмете, ё ходисае аз доираи муайяни чое ва ё аз мухнте и шора мекунад:

Берун аз тиреза низ хаёт бо рохи мароми худ идома дорад (Му­хаммадиев) .

Замене буд берун аз Самарканд

Ба чашми кас намоён кулбае чанд

(Турсунзода).

Пешоянди нисбат ба муносибати шахссро ба шахеи дигар ва ё ба ходисае нишон медихад:

Нафрати ин чавонхо нисбат ба душман зиёдтар гардид (Толис). Пешоянди оид ба дахлдор будан ё нисбат доштани предметро ба предмети дигар мефахмонад:

У бо мухбир оид ба масъалахои cap дода шудани якумин ради- фи маснуи Замин сухбат дошт («Маориф ва маданият»). Мулохизахо оид ба имтихоноти кабул («Маориф ва маданият»),

Пешоянди дойр ба муродифи пешоянди оид ба мебошад: Як силсила асархои илмии идона ба табъ расиданд ва дойр ба масъалахои мухимми замон сессия ва конференцияхои илми барпо медардапд («Маориф ва маданият»),

Пешоянди таркибии бахшида ба аз сифати феълй ва пешоянди аслй иборат буда, бештар дар нутки китобй кор фармуда мешавад: Чоруми октябрь, дар рузи cap шудани замони кайхонй, дар кас- ри Кремлии съездхо, бахшида ба дахсолагии дар Иттифоки Советй cap дода шудани радифи дар чахон аввалин маснуи Замин мачлиси ахли чамъияти .Москва шуда гузашт («Маориф ва маданият»),

Муродифи пешоянди бахшида ба пешоянди рочеъ ба мебошад: Хозирон наклй ачибу завковари уро рочеъ ба лахзахои гуногу­ии хаёти шоир бо мароки том шуниданд («Маориф ва маданият»),

Пешоянди назар ба муродифи пешояндхои номии изофии аз руи ва мувофики буда, тобиши услубии ба худ хос дорад:

Назар ба ривоятхо хоси яти чашмахои шифон Хоча Оби Гарм ха- пуз садхо сол пеш аз ин ба одамон маълум шуда буд (Дехотй). На­зар ба кавли Тутапошшо будааст на будааст як муллой кашшок бу­дааст (Айнй).

ПАСОЯНД

§ 544. Вазифаи грамматнкни пасояндхо бо вазифаи грамматикии пешояндхо монанд аст. Мавчудияти пасояндхо дар системаи кали­махои ёридиханда аз конуни дохилии инкишофи забони точик бар- меояд. Дар забони точикй хануз дар давраи кадим пешояндхо истеъ­мол мешудапд, вале дар осори классикии даврахои аввал пешояндхо ба вазифаи пасояндхо озодона истифода мешуданд. Дар забони зин- да ьа лахчахои точикй имру-э- пасояндхо ва конструкцияхои пешоян- дию пасоянди фаровон истеъмол меёбанд.

Пасояндхо назар ба пешояндхо микдоран камтаранд. Дар за­бони адабии имрузаи точик насояндхои аслй, ки маънои мустакили лугавй надораид, факат дутоанд: -ро ва барин. Насояндхои дигар номианд ва маънои лугавй доранд, бинобар ин на факат ба сифати калимаи ёридиханда, хамчунин ба сифати калимаи мустакил низ ба кор бурда мешаванд.

305

Аз бобати баромад насояндхои имрузаи забони точикй ба гуру­хи аслй ва номй таксим мешаванд. Ба гурухи насояндхои аслй фа­кат пасоянди -ро дохил мешавад, ки мохиятан унсури софи грамма­тики буда, чандин маъноро дар бар мегирад. Пасоянди барин-ро низ шартан ба гурухи пасояидхои аслй дохил кардан мумкин аст, зеро

20-322

вай комилан ёридиханда буда, ба сифати калимаи мустакил тамо- ман истифода намешавад. Аммо дар ои кисме аз аломатхои хнсса­хои номии нутк мушохида мегардад. Чунончи, баъзе суффиксхои номиро метавонад кабул кунад:

Ба ман баринхо зан кучо! (Улутзода). Агар хох.и, ман баринак не, аз ман зиёдтар багайрат, коркун ,ва кордон шуда метавонй, хама гаи дар хостаи ва хохиши худро ба кор даровардан аст (Айнй).

Ба гурухи пасояндхои гайриаслй пасояндхое дохил мешаванд, ки аз бобати баромад бо хиссаи мустакили нутк алокаманданд. Мис­ли пешояндхо ба гурухи пасояндхо низ одатан калимахое мегуза- ранд, ки маънои масохату замом (пас, пеш, берун, баъд, мукаддам, боз), мутобикат, хамзамонй (замон, замоно, хамон, хамоно, баробар) ва мисли инхоро ифода мекунанд. Чолиби кайд аст, ки кисме аз ин калимахо ба сифати пешоянд хам дар таркиби пешояидхои таркибй, хамчун пешоянди изофй ва гайриизофи фаровон истифода мешаванд. Даставвал ин калимахо ба зарф табдил меёбанд, сипас чун пасо- янд истифода мешаванд ва баъд ба сифати пасоянд ба кор бурда мешаванд.

Мавкеи истифодаи пасояндхо аз мавкеи истифодаи пешояндхо фарк мекунад. Пасоянд хамеша пас аз калимаи алокаманд меояд:

Май як хафта боз аз дарстайёркунй махрум мондам (Айнй). Лз дина боз бо ман ran намезанаид (Мухаммадиев).

Ба гурухи пасояндхои гайриаслй пасояндхои номй ва зарфии эерин дохил мешаванд: пасояндхои соддаи боз, кати, пас, баъд, пеш, мукаддам, замон, хамон, баробар, берун, эътиборан, инчониб, инта- •раф.

Гурухи алохидаро шаклхои сифати феълии бо суффикси а таш­кил менамоянд, ки пас аз калимахои асосй вокеъ мешаванд ва кис- ман маънои лугавии худро махфуз дошта, вобаста ба вазифаи синтак­сиси дар дохили ибора ва чумла давраи гузаришро аз cap мегуза- ронанд. Ба ин кием чунин калимахо дохил мешаванд: дида, шуда, cap карда, нигох карда, нигох накарда. Баъзе аз мухаккикон ба ин гурух калимахои ...нагузашта, ...намонда, ...кашида-ро низ мансуб медонанд. Калимахои мазкур низ мисли калимахои дигаре, ки дар болотар зикр ёфтанд, муносибати грамматикни байни калимахои то­беъ ва тобеъкунандаро ифода менамоянд. Омили асосии тадричаи чалб шудани ип калимахо ба гурухи калимахои ёридиханда дар маъ­нои лугавии онхо мавчуд будани унсури абстракт ва релятивиест.

Пасояндхои гайриаслй бо пешояидхои аслй дар як таркиб омада, маънои онхоро равшан ва муайян месозанд. Ин ходиса боиси таш­кнли конструкцияхои алохидаи пешояндию пасояндй мешавад. Дар чунин таркибхо маънои умумии муносибати синтаксиси ба воситаи пешоянд ифода мешавад, аммо пасоянд барои хубтар ва возехтар 9ухур ёфтани ин маънй кумак мерасонад.

Пасояндхо аз бобати истифода бо пешояидхои аслй ба чунин хелхо таксим мешаванд:

'1) пасояндхои аслии -ро, -барин, инчунин пасояндй тайриаслии катй (катй), ки аз он кати (катй) дар нутки гуфтугу ва дар адабиё- ти бадей дар сухани персопажхо истифода мешавад;

  1. пасояндхое, ки бо пешояидхои аслй хам истеъмол меёбанд: пеш — аз... пеш, кабл — аз... кабл, пас — аз... пас, боз — аз... боз, инчониб — аз... инчониб, интараф — аз... интараф, эътиборан — аз... еьтиборан, замон (замоно) — аз... замон, хамон (хамоно) — аз... хамон (хамоно) ва гайра;

  2. пешоянди аслй ва феълхои маънан моили пасоянд, ки хаме­ша якчоя бо пешояндхо истеъмол меёбанд: аз... дида, аз... cap карда ба... нигох карда ва гайра.

ПАСОЯНДХОИ АСЛЙ

§ 545. Пасоянди -ро. Пи пасоянд дар забони точикй дар систе­маи пасояндхо мавкеи махсусеро ишгол мекунад. Вай унсурн коми- лан грамматикоиидашуда буда, маъной мустакили лугавй надорад ва амалаи хамчун формант бо аъзохои пайрави чумла истифода ме­шавад. Пасоянди мазкур аз чихати баромад ба пасоянди кадими ра­дий алокаманд буда, баъзе вазифа ва маънохои онро дар худ нигох доштааст. Аммо дар муддати тулонии инкишофи забони точикй ин пасоянд назар ба муодили худ (пасоянди радий) хам дар хачми маъиию вазифа, хам дар хосияти истеъмол дигаргунии чиддиро аз cap гузаронидааст. Чараёни инкишофи вазифаи пасоянди -ро ханго­ми эволюцияи сохти грамматикй ва гузаштаи аз системаи синтетики ба системаи аналитики, вакте ки дар даврахои аввали забони клас- сикии точик инкишофи системаи пешояндхо кувват гнрифт, махсу- сап, зиёда фаъол гардид. Хеле аз вазифа ва маъиохои пасоянди -ро бо конструкцияхои гуногуни пешояндй, ки конструкцияхои пешинан бо пасоянди -«ро» -ро иваз мекарданд, ифода меёфтагй шуданд. Дар забони адабии хозираи точик аз маънохои зисди пасоянди -ро, ки Хам дар даврахои аввал ва хам дар даврахои дертарп забони ада­бии классики хос буданд, факат баъзеашоп бокй мондаанд. Маса­лан, нстифодан оп бо пуркунандахои бевоситаи назди феълхои гуза­ранда. Дар ифодаи пуркунандаи бавосита бо феълхои мурочиат, ин­чунин бо пуркунандаи бавоситаи ифодакунандаи объекти нутк, ва мухокимае, ки идомаи хамон вазифа ва маънохои кадими пасоянди мазкурапд, дар доираи махдуд истеъмол мешаванд. Чихати дигар ифодаи маънохои холй, ки барои пасоянди кадими радий хос буд, дар забони адабии имруза тамоман дида намешавад. Хаиуз дар дав­рахои кадим — осори аерхои XI—XII тадричан маънон максад ва сабабро ифода намудани пасоянди -ро аз байн рафта, дар ифодаи ип маънй пешояндхои алохида, ё пешоянду пасояндхо якчоя истифо­да мешаванд. Дар масъалаи нстифодан пасоянди -ро бо холхо дар шевахои забони"точикй ахвол дигар аст. Дар шеваи чанубй ва чану- би шарки ин пасоянд чандин - маънохои холиро, ки дар забони ада­бии хозира дида намешаванд, нигох доштааст. Дар шевахои мазкур нстифодан пасоянди -ро дар нфодаи объекти бавосита пормаи умумй ба шумор меравад. Дар забони адабй ип пасоянд хамеша дар шакли -ро истифода мешавад.

Э з о х: Аммо дар нутки гуфтугу пас аз хамсадохо ба сурати- а (китоб-а), баъди садопокхо ба сурати -ра(я) (косара-косая) вокеъ мегардад. Ни пасоянд дар хамаи вазифахои -ро дар нутки персонаж\ои адабиёти имруза мушохида мешавад. Бехуда ин чо шиштан-а гиззи рафта хуччатхоя овардап даркор буд (Мухаммадиев).

Яке аз хусусиятхои пасоянди -ро хам дар забони хозира ва хам дар забони адабиёти классикии даврахои аввал ба тарзи туфайлй (факультатнвй) истифода шудани он аст. Дар «атичаи тахлил ва тадкнки чиддии матсриалхои забони точикй ва забонхои бо он хеш конунияти махсуси истеъмоли пасоянди -ро чун аломати объект таъик шуд. Мукаррар гардид, ки пасоянди -ро шахе, предмет ва ходисаи муайяни ва ягонаро нишон медихад. Агар сухан дар бораи мафху­ми абстракт ё чизхои дорой мафхуми умумй равад, исми ифодаку­нандаи объект, одатан бидуни пасоянди -ро вокеъ мешавад. Дар ин сурат муайяикунандахое, ки бо хиссахои нутк ё бо бандакчонншии- хо ифода ёфта, ба пуркунаида вобаста шуда омадаапд, дар павба- ти худ онро конкрет мекунанд.

Хамин тавр, мукаррар гардид, ки истеъмоли пасоянди -ро бо пуркунандаи бевосита ба чунин шартхо алокаманд аст: а) ба маъ­ной лутавию грамматикин исме, ки ба вазифаи пуркунаида истифо­да мешавад; б) ба маънон калимае, ки ба сифати муайянкуналдаи пуркунандаи бевосита вокеъ мешавад. Масалан, пасоянди -ро пурку- нандахои бавоситаеро сурат медихад. ки бо чунин хиссахои нутк. ифо­да меёбанд: 1) бо иемхои хос ва чине, ки одатан номи одамон, номи ходисахои алохида, ягонаи чудошавандаро мефахмонанд, бо чони­шинхои шахей, чонишинхои ба исм табдильёфта ва гайра; 2) пурку- нандахое, ки муайянкуиандаи со.хибй доранд ва онхо бо иемхо, Go чонишинхои шахей, нафсию таъкидй, ишоратй ва баидакчонишинхо ифода меёбанд, инчунин муайянкунандахое доранд, ки предметро аз руи ин ё он аломат равшан мекунанд; 3) пуркунандае, ки бо сухан- хои гуфтаи пешина ё тамоми матн возех карда мешавад ва аз он маълум мегардад, ки сухан дар хусусй предмети муайян, предмети пеш номбаршуда меравад ё дар хусусй шахсе меравад, ки боиси ин маълумот шудааст:

Фирузаро хор шудан намемонад, ба дарн мардум памегузорад (Икромй). Офтобро бо домап пушида намешавад (Зарб.). Бинобар ин арвохи имом Кутайба уро зада, бо хонаву чою корхонаву асбо- баш сузонда пест карда (Айнй). Ман инро равшан гуфта наметаво­нам (Айнй). Ягона фарзанДи худро ба хамин кампир мондаанд (Ик­ромй) .

Масъалаи тарки пасоянди -ро аз пуркупаидахои бевосита дар адабиёти классики, хусусап дар осори даврахои аввал хеле маъмул буд. Дар забони адабии хозира нормаи истеъмоли пасоянди -ро усту­вор ва 1катъист_ Ба ин вачх ходисахое, ки дар осори классикй тарки пасоянди -ро дар онхо раво буд, дар забони адабии хозира ночоиз, хамчун вайрон кардани нормаи умумй ба хисоб гирифта мешаванд. Чунончи: ...ва чашм ва забонаш бибурид («Точикистони советй»). Рузе аз шикор хамеомад, пиразане дид («Точикистони советй»). Кад­ди касе набуд, ки дар хузури у ба занаш гапи сахт запад ва ё ба- чаеро, ятимеро озор дихад (Икромй). Ман либосхоямро пушида, зуд аз хучра фуромада, ба руи Мадраса рафтам (Айнй).

Дар асоси хамаи он мулохизахое, ки гуфта шуданд, ба чунин ху- лоса омадан мумкин аст, ки пасоянди -ро артикли муайяниеро мемо- над, ки бо иемхои ифодакунандаи пуркунандаи бевосита дар доираи нисбатан махдуде ба кор бурда мешавад.

Камин тавр, хусусият.хон асосии грамматикии пасоянди -ро аз инхо иборат аст:

    1. пишопдихаидаи пуркунандаи бевоситае, ки ба воситаи хисса­хои номии нутк ифода меёбад:

Гулру кузаро гирифта ба хавлй даромад (Рахим Чалил). Аммо такдири худи шайх ва коргарони уро касе намедонист ва онхоро ка­се дар вакти сухтор надида буд (Айнй). Аспони киро мепой? — аепо- ни худамро не, албатта (Улугзода);

    1. муайяниро ифода мекунад, яъне бо предмете, ки пеш дар бораи он сухан рафтааст, истифода мешавад: Як-ду чавон, ки шухй карда меомаданд, кампирро дида, ...давида омаданд (Икромй).

Хангоми муайянкуиандаи изофй доштани пуркунанда пасоянди -ро ба охири муайянкунанда васл мегардад:

Шахсе аз хонае косаи сафолро об пур карда овард (Улугзода);

    1. бо пуркунандаи бавосита меояд. Пасоянди -ро дар ин вазифа дар забони адабии хозира камистеъмол аст ва хол он ки дар забони адабиёти классикй бисьёр истифода мегардад. Аммо дар назм, ки имруз хам бисьёр хусусиятн адабиёти классикиро нигох медорад, пасоянди -ро бо пуркупаидахои бавосита озодона ва хеле бачо исти­фода мешавад. Таркибхои синтаксисй бо пасоянди -ро бо вазн ва оханги шеър созгор омада, барои мавзун ифода ёфтапи фикр имко- нияти хуб фарохам меоваранд. Дар насри имруза низ, хар чанд на­зар ба назм камтар аст, истифодаи -ро дар ташкили пуркунандаи бавосита мушохида мешавад. Ин ходиса дар асархои устод Айнй ва дар навиштахои як катор адибони дигар ба чашм мерасад.

Пуркунандахои бавосита бо пасоянди -ро маънохои бисьёреро мефахмонанд, ки мухимтарипи онхо иборат аз инхост:

      1. предметеро нишон медихад, ки сухани субъект ё амали вай суи он нигаронида шудааст:

Ин одамро ошу нон надихеду аз воксъоти чанг накл кунед. (Му­хаммадиев). Савсанро гуфт, ки берун, ба хавлии миёна барояд (Икро­мй). ...ва он об таг-таги замин аз кубурхо гузашта хонахоро харорат мебахшад (Мухаммадиев);

      1. предметеро нишон медихад, ки чизе барон у таъин шудааст, ё амал барон у содир мешавад:

Хар шикастаеро кадокгаре хает (Мухаммадиев).

Суханро назну тамкини замин бояд, Суханро кудрати чонофарин бояд

(К, а н о а т);

      1. иборахои номиеро сурат медихад, ки дар онхо чузъи тобеъ ка­лимаи асосиро аз бобати мансубият тавзех менамояд:

Босмачиёнро мачоли он намонд, ки руйрост ба майдон бароянд (Айнй). Одинаро чора чузъ ин набуд, ки дубора сари худро гирифта 6а Фаргона биравад (Айнй).

Чамарро дар миён як ресмонест, ки он аз бандагй уро нишонест (Турсунзода);

      1. объекти суханро далолат мекунад:

...бисту хафт, Андреич. Лекин ман худамро нагуфтам (Мухамма­диев). Келинро мегуянд, ки хеле духтари беибои сатанг ва олуфтаю гапдоп будааст (Икромй).

§ 546. Вазифаи асосии пасоянди барин ташкили таркибхост, ки муносибати киёсиро ифода мекунанд. Дар ин вазифа вай пас аз исм­хое истифода мешавад, ки предметхои дигар аз бобати хачм, ранг, таъм, микдор ва гайра бо он монанд карда мешаванд:

Акнун хавлиатон 6ofh пионерхо барин калону боз хамон ran (Мухаммадиев) ... ранги очаам девори охакмолида барин буд (Му­хаммадиев). Дилам зарра барин танг гардид (Мухаммадиев):

Маънои киёсии таркибхои дорой пасоянди барин аз маънои мо­нандй, ки чумла фаро гирифтааст, ба миён меояд. Ин чихат хангоми мукоисаи як предмет ё ходиса бо предмет ва ходисаи дигар ба на- в зар мерасад:

Бо белчаи оханин чормагз барин гулканд канда гирифта ба та­рафи Корй дароз кард (Айнй). Апб аст, ки кух барин як чавони бист- сола карории дари кас шавй (Рахим Чалил);

Вазифаи дигари пасоянди барин ифодаи маънохои иловагии дорой хосияти модалй — тахмин ва гумониест, ки ба хакикат наздик аст:

Як дакика барин вакт гузашт (Амонов). Хамрохонаш шарм кар­дагй барин аз нушти Файзй ба хавлй даромаданд (Амонов).

Дар холатхои дигар барин маънои асосии худ — монандй, ша- бохатро ифода намуда, ба тамоми фикри ифодашуда маънои илова- гй, тобиши кувватдихандагй мебахшад:

Гуфтагии холаи Бибиойша барин баъди чанд вакт дар хонаи мо курпаи сурхе пайдо шуд (Амонов). Хам биёбони холй, хам шура- зор, хам кулбахои наза.рногири кулухдевори таппи часпондашуда... бл назарам алав барин гарм метофтанд (Рахим Чалил).

ПАСОЯНДХО И FAHPHACJIЙ ПАСОЯНДХОИ НОМЙ ВА ЗАРФЙ