Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 428. Феълхое, ки чузъхои таркибиашон аз шаклхои гуногуни феълй иборат буда, хамчун як вохиди лугавй ё грамматикй ба хисоб гирифта мешаванд, феълхои таркибии феълй номида мешаванд.

Агар хамаи шаклхои таркибии тарз, намуд, сига ва замонхои феъл, ки дар мавриди худ нишон дода шуданд, ба эътибор гирифта шаванд, феълхои таркибии феълй сершаклтарин ва сермахсултарини категорняи феълхои таркиби ба шумор мераванд. Як гурух феълхои; таркибии феълй, ки ба шакли хондан гирифт, хохад хонд, хондан ме- хохад, нигаронида шуда буд, гуфта мегашт, хурда нишаста будааст ва амсоли инхо бо феълхои ёридиханда кор фармуда мешаванд, ва- зифа ва ахамняти грамматикй доранд.

Пас, ин чо сухан дар бораи чунин феълхои таркибии феълй ме­равад, ки чузъи якуми онхо хамчун кисми асосй ва сохибмаъиои феъл одатан аз шакли феълй хол (сифати феълии замони гузашта бо суф­фикси -а) ва чузъи дуюмашон аз шаклхои тасрифии феълхои ёриди­ханда иборат буда, маънихои лугавй, тобишхои услубй ва кисман грамматикиро ифода мекунанд. Ин гуна феълхои таркиби феълхои таркибии феълихолй низ номида мешаванд. Масалан гуфта додан, на­вишта гирифтан, ларзида мондан, cap дода фиристодан ва гайра.

Чузъхои феълй таркибии феълй (феълихолй) аз чихати маънои лугавй ё таносубн маъно хамеша як хел нестанд: аксар чузъи якум хамчун феълн асосн, аммо чузъи дуюм хамчун ёридиханда меояд: омада мондан, гуфта додан, хонда баромадан, харида додан, пухта овардан ва амсоли инхо; гохо маънои аеосиро чузъи дуюм ифода ме­кунад: зада гирифтан, монда рафтан ва хоказо.

Ба ин маънй дар таркиби феълхои таркибии феълй (феълихоли) бисьёр феълхо, ки аксарашон аслан феълн мустакиланд, хамчун феъ­лй ёридиханда меоянд. Феълсозй бо ёрии ин гуна феълхо дар забони гуфтугун ва адабии хозираи точик хеле сермахсул ва серистеъмол аст. Дар феълхои таркибии феълн (феълихолй) чунин феълхо ба си­фати ёридиханда (одатан чузъи дуюм) меоянд:

      1. баромадан: Ду бор садтагй шумурда баромад, ин хам мадад накард (Хаким Карим). Яке аз чавонхои мо аз кифташ сахт лат хур­да, маъюб шуд, чанд мох дар табобатхона хоб карда баромад (Му­хаммадиев);

      2. бурдан: Хамаро гирифта бурданд (Икромй);

      3. гаштан: Дар баъзе мамлакатхо кабристон чарогои аст ва мардуми он чо чун дар бустоне саёхат карда мегардапд (Мухамма­диев) ;

      4. гирифтан: Факат дарехои павро гуш мекард, навишта мегирифт ва дар синф аълохои буд (Икромй). Мухаббат ба пакет спича карда, мактубро бароварда гирифт ва когазро яла кард (Хаким Карим);

      5. гузаштан: Лукмахои нон гулуяшро харошида гузаштанд (Му­хаммадиев). Дар ин чо мачлиси хисоботию иптихобстии ташкилоти ибтидоии паргиявии беморхонахои район шуда гуза1нт («Маориф ва маданият»);

      6. дидан: Шафсъ гуфт, ки хамом когазро хонда бинед (Мухам­мадиев). Мо нагичаи кори хар касро санчида мебинем;

      1. додан: Дар охир арусу домод хам барои хурсандии мехмоиоп павбат ба навбат таронахо хонда додапд (Хаким Карим). Кори пар- тияро пуркувват кун, газета, журналхо хонда дех, ба лекцияхо гириф­та бар (Рахим Чалил);

      2. истодан: Номи мо хам як бор-ним бор ба газета баромада ис- тад-дия (Каким Карим). Мо-.. ин хангомаро аз дур тамошо карда ме истодем (Мухаммадисв);

      3. мондан: Дируз дар кучаи Ленин ошнои дсринаам Чура Хол- доровро дида мондам (Каким Карим). Шукуров сари калони серму- яшро чунбопда монд (Рахим Чалил). Хайрият, ки як одами баинсоф уро ба клуб оварда мондааст (Икромй);

      4. нишастан (шиштан): хонда нишастан, сухбат карда нишас- тан, ran зада шиштан ва гайра. Бо ин духтарак хар гуна вокеахои галатй руй дода буд, ки ман хамаи онхоро ба шумо накл карда на- мешинам (Каким Карим);

      5. овардан: Дугонахоятон махсус барои хамин маросим фатир- хои равганин пухта овардаид (Мухаммадиев). Барои бачахо аз бозор мева харида биёред;

      6. омадан: Аз бозе ки вокеаро таърих кайд мекунад, то имруз дар диёри Мовароуннахр ва Туркиетон, чунон ки як кавми муаззам ба номи точик ё ки тозик истикомат дорад, хамчунон забон ва ада­биёти эшон хам ривоч ёфта омадааст (Айнй). Мирак хам ба майдо- ни назди Сарой Чой расида омад (Икромй). Онхо супоришхои худро 130—140 ва 160-фоизй ичро карда меоянд («Точикистони советй»);

      7. партофтан: хонда партофтан, бурида партофтан, руфта пар- тофтан ва Fafipa: Навдахои зиёдиро бурида нартофт (Рахим Чалил);

      8. рафтан: Осуда бошед, баъд аз ду хафта тамоман сихат шу­да меравад (Каким Карим). Давлат кам-кам сергап шуда мерафт, ки ин ба худаш маълум набуд (Рахим Чалил). Ахмадбек то буни гуш- хояш сурх шуда рафт (Мухаммадиев);

      9. cap додан: Ойиша токат карда натавониста, якбора гирья карда cap дод (Икромй);

      10. тамом кардан: Конда тамом кардан, навишта тамом кардан, руфта тамом кардан. Мактубро навишта гамом кардам (Ниёзй)

      11. фиристодан: Зебинисо кох-кок зада хандида фиристод (Ка­ким Карим). Чахлаш ганда, кахраш ки омад, шарти карда паррон- да мефиристонад (Икромй);

      12. шудан: Чор километр чоро дар бадали хашт руз колхозчиёни мо канда шуданд (Каким Карим). Мо то он вакт хурокамонро хурда шуда будем.

Феълхое, ки дар боло оварда шуданд, бо хамаи аломатхои грам­матикй тасриф меёбанд ва чузъи якум (асосй) одатан ба шакли феъ­лн хол (сифати феълй) о.мада, бо феълй ёриднханда сурат меёбад. Илова ба ин, кайд кардан лозим аст, ки дар мавриди худ хар ду чузъи чунин феълхо ба шакли тасрифи меояд, вале ба муносибати чузъхои таркибии ин гуна феълхо халал на мерасад. Ба ин маънй шаклхои хандида монд ва об шуда рафт аз шаклхои хандиду монд ва об шуду рафт аз чихати сохти морфологй фарк дошта бошанд хам, аз чихати маънй фарк надоранд. Фарки грамматикй аз воситаи алокаи байни ин ду чузъ иборат мебошад:

Писар дар чавоби ин суханхои модараш факат хандиду монд (Рахим Чалил). Иисбат ба ман шакку шубхаи у барфи мавсими ба- хор барин об шуду рафт (Каким Карим). Камаи ин гузашту фаромуш шуду рафт (Мухаммадиев).

Назди кайхоннаварди дурсафар Як кадам гашт монд ду дуньё.

(Л м и и з о д а).

ШАКЛХОИ ТАСРИФНАШАВАНЛАИ

ФЕЪЛ

МАСДАР

/Л 429. Масдар шакли ибтидоии феъл буда, номй амал (давидан, гуфтан, дида«, навиштан, шунидан, кор кардан, пешвоз гирифта,н) ва холатро чун процесс (гаштан, хобидан, сабзидан, дуст доштан) ме­фахмонад. Масдар шакли тасрифнашавандаи феъл ба шумор меравад.

Масдар замон, Шахсу шумора ва сигаро ифода намекунад.

Масдар бо аломатхои грамматики ва хусусиятхои лексикии худ дорой аломатхои феъл ва нем мебошад. Маълум аст, ки баъзе ач иемхо низ маънои амалро мефахмонад (кушиш, омузиш, гуфту­гу, азназаргузаронй), бо вучуди ин байни исм ва феъл фарки чиддй мавчуд аст: агар дар феъл амал хамчун процесс ифода шавад, дар исм амал маънои предмети мегирад.

Масдар шакли номии феъл аст, онро исми феълй хам мегуянд. Ба хусусиятхои асосии феъл сохиб будани масдарро ба э ьтироб гирифта, онро ба категорияи феъл дохил мекунанд, гарчи мавкеи махсусро ишгол мекунад ва табиати дубахра дорад.

К

Дар лугат феълхо одатан дар шакли масдар дода мешаванд.

сохти МЛСДАРХО