Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 438. Шакли таърихии сифати феълии замони хозира (бо суф- фикси-он) ду хусусият пайдо кардааст.

  1. Сифати феълии ин шакл, ки аз феълхои содда сохта шудаанд, ба сифати аслй гузашта, монандй сифатхо ба вазифаи муайянкунан­да ва хол меоянд: оби дурахшон ва бачаи хандон. У хандон меомад. Кисме аз онхо ба маънои феълй хол омада, ба зарф майл мекунанд ва ба вазифаи хол истифода мешаванд. Дар ин маврид ин шакл асосан семантикаи феълии худро нигох дошта меояд: Бачахо турбаи алафи худро щуштора карда, гирьён чониби деха рахсипор шуданд (Улутзода).

  2. Сифати феълй (бо суффикси -он) аз феълхои таркибии номй ва баъзе феълхои таркибии феълй сохта шуда бошад, хусусиятхон феълии худро дар вазифаи хол нигох дошта, шакли махсуси феълй хол гардидааст: Чдвонро кашолакунон бурданд (Рахим Чалил). Пи- рак зери лаб хандакунон гуфт (Айнй). Пагохирузй буд. У аз пеши дари Наимшох гузаштарасон як байти таронаеро тараннум кард (Улуг- зода).

§ 439. Шаклхои сифати феълии замони гузашта ва хозираи му­айян (бо суффикси -а) дорой хусусиятхон сифатй ва зарфй буда, дар чумла ба вазифаи хам муайянкунанда ва хам хол кор фармуда мешаванд. Ин шаклхо низ хусусияти дугона доранд. Дар як маврид онхо хусусияти сифати феълии худро пурра нигох дошта хамчун му­айянкунанда вокеъ мегарданд. Дар мавриди дигар ба феъл вобаста шуда, ба вазифаи хол истифода мешаванд. Аз хамин чост, кн ин шаклхоро баъзехо бо истилохи «сифати феълй — феълй хол» ном ме- баранд. Мисолхо: Бачаи хандида. Ван хандида гуфт. Рузхок гузашта истода. Аз болои тейпа гузашта истода дид. Албатта ин шаклхо аслан сифатхои феълианд. Ба вазифаи муайянкунанда ва хол омадани ин шакли сифатхои феълй мисли баъзе сифатхои забоки точикй як ходи­саи хоси ин забои аст. Мукоиса кунед: Бачаи хуб. Духтарак хуб ме- хонад. Бачаи хандида. Саодат хандида гуфт. Мукоиса кунед:

Биё, эй дилбари кокулбурида,

ннтизорат ман, Биё, эй чашми нилупарварида, интизорат ман,

Биё, абрую мижгони хамида,

интизорат ман, Биё, хонам ба гушн ту суруди кухсоронро.

(Турсунзода).

Нихоят, ин гулхои ранг ба ранг чамоли духтг.рони ба кад расидаро ба ед оварда, хуенн худро ба тамошо гузошта, латофати худро торафт равшантар намоиш дода дуньё-дуньё мехру мухаббати бахорро тантаиа мекарданд.

(Турсунзода).

§ 440. Пас аз Революциям Кабири Октябрь ба муносибати бо забони гуфтугуй хеле наздик шудани забони адабии точик сифатхои феълии бо суффикси -гй (хондагй .мехондагй, хонда истодагй) дар забони адабии хозираи точик ба таври аасеъ кор фармуда мешаванд. Ин ходиса им кон додааст, ки шаклхои дигари сифатхои феълй (бо суффикси -а) бештар, хусусан дар нутки гуфтугуй, ба вазифаи хол хам кор фармуда шаванд ва аломати феълн асосиро шарк диханд. Дар ин суоат вай маънон мустакили замонии худро гум мекунад. Дар материалхои шевашиноей вазифаи феълихолии ин шаклхо бештар кайд шудааст.

§ 441. Феълй хол бо хусусиятхои морфологиаш ба феъл, аз руи ичрои вазифаи синтаксисй ба зарф монанд аст. Ба аломатхои асосии феъл доро будани феълй холро ба назар гирифта, онро низ ба феъл дохил мекунанд. Феълй хол шакли тагьирнашавандан феъл мебошад. Мисол: Носири Хисрав созашро озмоишкунон аз он торафт овозхои нав ба нав мебарорад (Улугзода). Дар ин чумла феълй холи «оз­моишкунон» тарзи фоил ва намуди давомнокро фахмонда, аломатхои феълиро ифода кунад хам, ба вазифаи хол омада ба зарф наздик мешавад. Феълй холи мазкур пуркунандан бевоситаро (созашро) низ вобаста карда, хусусияти барчастаи вобастагии феълиро низ ни­гох медорад.

Феълй хол дар забони точикй факат як шакл дорад.

СИФАТИ ФЕЪЛЙ

§ 442. Сифати феълй амал ё холатеро мефахмонад, ки он хам­чун аломати предмет дар яке аз замонхо вокеъ мешавад.

Сифатхои феълй чун феъл хусусиятхои хоси грамматикй доранд.

§ 443. Сифатхои феълй гузаранда (кашонанда, тамомкунанда, навишта, шунидагй, ичро мекардагй, баровардаистода, шунидани) ва монда (рав'анда, дурахшанда, баромада, шукуфтагй, мсомадагй, ту- луъ кардаистода, гузашта истодагй, рафтанй) мешаванд. Хусусияти гузаранда ва монда доштани сифатхои феълй ба ифодаи категорияи тарзхои феъл зич вобаста аст.

Сифатхои феълии гузаранда амалеро ифода мекунанд, ки ба объект бевосита равона шудааст: китоб хондагй, мактубро навиштагй:

Еурриши гушро каркунандае карду аз шикамаш сиёх-сиёх ду бомбаро партофт (Ниёзй). Чавони дегро овардагй аз як гушаи он дошта меистод (Мухаммадиев). Одами ариза навишта медодагй наёф- та, ба пеши шумо омадам,— гуфт Пулод (Рахим Чалил).

Сифатхои феълии монда амалу холатеро хамчун аломати субъект мофахмонанд: Каси аз дар бароянда як каси кадпаст буд (Айнй). Курбоналй коргарони дар зери дасти худаш коркунандаро бо як нахудшурбои бегушт зиёфат карда ба онхо гуфт (Айнй). Аз тарафи пайраха аввал садои ханда баланд шуд, баъд худи шахси хандидагй хам намоён гардид (Толис).

Як шакли сифати феълй хам гузаранда ва хам монда шуда ме­тавонад. Хар кадом аз маъной алохидаи он одатан дар чумла муайян мешавад: Китобро хонда истодагй (гузаранда), дар университет хонда истодаги (монда).

Баъзе сифатхои феълй ба сифати ёридиханда феълхои таркибии номии гузаранда ва монда сохтаанд. Ин ходиса ба маънои лугавии чузъи номии феълхои таркиби низ алокаманд аст: такрор кардагй (гузаранда), хоб кардагй (монда), пешвоз гирифтагй (гузаранда), дам гирифтагй (монда), чег задагй (гузаранда), гулдурос задагй (мон- да).

Сифатхои феълии монда бо ёрии суффикси -он ба гузаранда мубаддал мешаванд: хандида—хандонда, нишаста—шинонда, гузаш­та—гузаронида ва гайра:

Кампири 80-солаи умоашро дар сахтй гузаронида бо гуфтанй як-ду хикоя ё афсона монда нашуд (Айнй). У ба се футаи лах-лахаи ба миён печонидааш чизхои бисьёре овехта буд (Рахим Чалил). Клуб холо як дарача нотайёр: якчанд тирезахояш беоина, печкахояш на- шинондагй буд, аз бино буи охаку рангубор меомад (Улугзода).

Агар суффикси -он ба сифатхои феълии гузаранда хамрох шавад, сифатхои феълии гузарандаи бавосита хоеил мешавад: пушида — пушонда, навиштагй—нависондагй:

Мазмуни мактубхои нависондагиатонро ба у накл кардам (Икро­мй). Либосхои ба Шарифа Дузондаатон хеле зебидааст (Рахим Ча­лил). Агар одами ландахур бошаду аз паи моли дуздондагиаш на- афтад, он моли дуздидаро саройбон бо миршаб обулой мекунанд (Улуг­зода).