Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2093
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 520. Пешояндхои забони адабии хозираи точик аз руи сохти морфологиашон ба гуруххои зерин таксим мешаванд:

J1) пешояндхои аслии содда: аз, ба, бар, бо, дар, то, бе, чуз; 12) пешояндхои аслии таркибй: то ба, чуз аз, ба чуз. Ба пешоянд­хои аслии содда пешоянди барои низ дохил мешавад. Ин пешоянд мисли пешояндхои номй ба худ бандакчопишин ва баъзе суффиксхои хоси хиссахои номии нуткро кабул карда метавонад, чунончи: бароям, барояшон, бароят, бароякат ва гайра. Вале бар хилофи пешояндхои номй барои маънои лугавй надорад ва мустакилона кор фармуда на­мешавад;

  1. пешояидхои номии изофии содда: пеши, назди, руи, болои, паси, гайри ва амсоли инхо;

  2. пешояидхои номии изофии таркибй: ба пеши, аз пеши, дар назди, аз руи, дар бораи, аз Fafipn ва гайра;

  3. пешояидхои помин изофии такрор: лаб-лаби, пеш-пеши, ру-руи ва гайра;

  4. пешояидхои номии гайриизофй: пеш аз, баъд аз, пас аз, гайр аз, берун аз, назар ба, нисбат ба, дойр ба, рочеъ ба, ба Fafip аз ва Faiipa.

Пешояидхои аслии содда нисбат ба пешояидхои номй сермаъно-

янд.

Пешояидхои аслй факат дар аввали калимаву ибора ва таркиб- х® омада, ба калимаи минбаъд бе ягон нишонаи морфологй муноси­бат пайдо мекунанд, аммо пешояидхои номии содда, таркибй ва пе­шояидхои такрор бо калима ба воситаи бандаки изофи алокаманд мешаванд.

ВАЗИФА ВА МАЪНОХОИ АСОСИИ ПЕШОЯНДХО ПЕШОЯИДХОИ АСЛИИ СОДДА

§ 521. Ба гурухи пешояидхои аслии содда пешояидхои кадимта- рин дохил мешаванд, ки аз чихати пайдоиш дар забони хозира бо ягон хиссаи дигари нутк алока надоранд.

Пешояидхои аслй аз маънои лутавн фориганд. Онхо дорой маъ­нои грамматикй мебошанд. Аз ин нуктаи назар аксари пешояидхои аслй сермаъноянд. Чунончи, пешояидхои аз, бо, дар, ба дар бароба­ри муносибатхои масохаю замон, муносибатхои объектй, сабаб, мак- сад ва Fafipapo ифода мекунанд. Пешояидхои бе, то, чуз аз чихати маъно нисбатан махдуд мебошанд. Дар хар як пешоянди аслй маъ­нои аслй хис карда мешавад. Дигар тобишхои маъно аз он инкишоф ёфтаанд. Тобишхои иловаги ба маънои лексикии калимаи бо пешоянд емада ба феъл вобастааид. Пешояидхои аслй микдорап кам а ид. Баъзеи онхо (бештар дар назм) ба тагьироти фонетикй дучор мегар- данд. Пешоянди аз дар назм мувофики талаби вазн садоноки аввалн худро гум мекунад ва дар ду шакл -зи, з- кор фармуда мешавад:

Зи хар мехре ба мо мехри Ватан зур.

(Рахим й).

Уфук з-оташ либоси сурх пушад.

Фалак оташ барорад, бахр чушад.

(Турсунзода).

3-одам шудаиву гох одам нашавй.

3-одам шудаиву гах ба одам нараей.

(Л о и к).

Дар назм пешоянди ба пеш аз чопишипхое, кн бо садонок cap мешаванд, гохо дар шакли кадимаи худ (бад) кор фармуда меша­вад: бад-эшон, бад-у. Пешоянди андар муродиф ва варианти арха- истии пешоянди дар буда, дар назми имруза низ ба назар мера- сад: Андар дили ман зинда шаванд ачдодон, Сахни дили ман ту гуй махшаргох аст (Лоик). Хар як пешоянди аслй хусусияти хоси луга­вню грамматикй зохир мекунад.

§ 522. Пешоянди аз барои ифодаи муносибатхои масоха, замон ва объект меояд; мавкеи баромад, сарчашмаи амалро нишон дода, чуд<}шавй, дуршавиро мефахмонад.

    1. Барои ифодаи муносибати масоха:

а) бо феълхои харакат мавкеи баромади амал — аз дохили пред­мет ва ё аз сатхи он ё ки аз боло ба поён равона шудани амалро ни­шон медихад:

Ният доштам, ки аз ин шахр ба чое наравам (Айнй). Кори Ис- матро аз хона бароварданд (Айнй). Мо хам аз тирезахои вагон cap бароварда ба онхо чашм медухтем (Дехотй). — Хурчинро чаппа кун. Аз кучо меой, ба кучо меравй? — Аз Ворух ба Самарканд меравам (Рахим Чалил). Аз болотар сангхои калонро гелонд (Айнй);

б) бо феълхои харидан, ёфтан, гирифтан ва монанди иихо ман- баъ ё ки чоеро мефахмонад, ки аз он ягон предмете ба даст даровар- да шавад:

Ман аз шахри Душанбе, дина, эй чон,— Гирифтам иомаат шодо- ну раксон (Дехотй)- Инро одамони ман дар дехи 0.ктерак аз хонаи як кунгурот ёфта овардаанд (Улугзода).

    1. Барои нишон додани гузаргохи чизе ва ё гузаштан аз худуди чизе. Дар ин холат тобиши махсус ба худ мегнрад, дарача ва мнк­дорро хам нишон медихад:

Модарат хам аз дарьё гузашта рафт, — гуфт як аспсавори дигар (Айнй). Акнун барфи куча аз бучулаки по мегузашт (Айнй). Вак аз ними шаб гузашта буд (Айнй).

    1. Барои нишон додани макони предмет:

Онхоро аз пешгохи айвой, аз катори муйсафедони обруманди де-

хот нишонида, ба наздаШои лаълихои тозаи ширавор, обу мева ва нону чой овардаанд (Мухаммадиев).

    1. Замони cap шудани амалро нишон медихад:

Устухонам гашта сахт аз кудакй бо шири ту (Дехотй). Дарса- мон аз соати нух cap мешавад (Миршакар)- Аз рузи зоида шудана- тон аъзои колхоз хастед (Улугзода).

    1. Барои нишон додани сабаби руй додани амал:

Аз гирья монда шуда, бо сари хам аз чояш бархост (Рахим Ча­лил). Аз саросемагй ба чои ин ки «мархамат кунед» гуям: — Ха, чй хизмат? — гуфта cap додам (Айнй). Ман аз хандаи у осуда шуда, мунтазири фармони дуюми у гардидам (Айнй).

    1. Чузъ ё кисми предметро нишон медихад:

Яке аз он саворон, ки ба пеши кура расида омада буд, аз асп фуромад (Айнй). Аз хурданихо нон ва мавиз, кандалот ва печак, писта ва бодом, гулуиг ва санчид, шурбо, палав, харбуза ва ангур ба иавбат дастурхонро зиннат медоданд (Айнй). Дар ин фасл аз хайвоноти чорпо танхо шутури нар аст, ки мастй мекунад (Айнй).

    1. Ба материале, ки предмет аз он сохта шудааст, ишора меку­над: Он чилим монанди чилимхои оддии тамокукашй, чубкадугй ё мисин набуда, аз чуби чормагз-.. сохта шуда буд (Айнй).

Лолаву себарга ба вакти са.\ар,

Халкабагушаид зи лулуи тар

(Турсунзода).

Вобаста ба маънои феъл ва ё сифат аз чизе пур будани пред­метро мефахмонад:

Сандалихошон, ки аз оташи пагохй пур карда шудаанд, аз руту- бати замин то чоштгох пур аз хокистари оболуд мегарданд (Айнй). Чашмонаш аз ашки шодй пур буд (Рахим Чалил).

    1. Барои ифодаи тобиши сохибият ба кор бурда мешавад:

Ин китоб аз мо, ииаш аз шумо аст. («Садои Шарк»).

Навбати ояндаи туй аз вай аст.

Шодии ,\ар як дару куй аз вай аст

(Турсунзода).

данд ё ки ба гапхои у. Мам ба ин хол тааччуб кардам (Айнй). Ман ба часорати халифа хайрон шудам (Айнй).

8. Восита ва тарзи ичрои амалро мефахмонад: Аз писан як-дун онхо намакн куфтаи ба латта баста баромад (Айни). Ба охистагй аз чояш хеста, лангон-лангон ба таги дар омада, дарро кушод (Айнй).