Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2093
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 455. Сифатхои феълии замони хозира хосияти бобастакунш феълй доранд.,Онхо монандй феълхо калимахои дигарро ба худ во­баста намуда, иборахои сифати феълии замони хозира месозанд:

Уро бо хамрохи чанговари дигар ба як пайрахаи ба бешазор раванда гусел кард (Ниёзй). Гуё аз хучуми аспони аз пас оянда худро мудофиа меиамуд (Айнй). Аробакаш чору ночор розй шудааст, ки бо вучуди дар пеши ароба нишастанашон аз онхо баробари равандагонч дар паси ароба нишинанда пул гирад (Айнй).

Сифатхои феълии замони хозираи гузаранда пуркунандахои бе- воситаро тобеъ намуда, яке аз хусусиятхон барчастаи феълии худро нигох медоранд. Ин шакл дар забони адабии хозираи точик серистеъ- молтар гардидааст:

Гулхои рангоранги чашмро асиркунанда ва ба дилхо мухаббаг ва илхоми бепоён бахшанда шуълахои бомдоди бахорй ва шабнамхоро макида-макида дар нозу карашма буданд (Турсунзода)- Шахру де- хот, куху сахрохои бепоёну бехисоби руз аз руз аз сабзаю чаманхо ран- горанг либое пушандаи худро аз назар гузаронем (Ниёзй). Чи ранги он в а чи буи ногувори дилу гулуи касро хафакунанда ба моошност («Тр- чикистони сурх»). ...харидор ба дами ягон судхури пули накд карзди- ханда наафтад (Айнй).

Дар таркиби иборахои дигари сифати феълии замони хозира хол меояд:

Дахони хурди худро кушода, дандонхои биринчишаклу садафвор тобандаи худро нишон медод. (Рахим Чалил). Ту ба обхои бозикунон боло чахандаи фонтан нигох мекуии (Икромй). Ин шарбати аз чувол софй шуда гузаранда чакидан гирифт (Айнй). Хеч чиз монандй та- мошои поездхои дам ба дам гузаранда диккати маро ба худ намека- шид (Дехотй). Бииобар ин пешаварони бебунак коркунанда аз як хафта зиёд кор намекарданд (Айнй). Шабоигох ин пайраха лашкари бо шитоб равандаи Восеъро дар се соат ба Сурхобдара баровард (Улугзода).

§ 456. Сифатхои феълии замони хозира факат намуди давомнокро ифода мекунанд: Одами дартоз оянда ба лаби дарьё расид. (Айнй). Шахр ва атрофи наздики он дар тобистонхо хеч гох аз беморихои бисьёр руйдиханда ва аз муоомурихои барзиёд холй набуданд (Айнй). У байтхои хуби ба одам таъсиркунанда мехонд (Айнй).

§ 457. Сифатхои феълии замоин хозира пеш аз хама ба вазифаи муайянкунанда меоянд: Холо шаби бешаббода, торик, нафастангкунан- даи Бухоро cap шуда буд (Икромй). Аспоне, ки ин гуна сафархоро бисьёр дидааид, аз ин табдир гуё хабардор буда, дар кучо гуронида шудани чизи аз марг халоскунандаи худашонро бо днккати тамом ба назар гирифта мемондаанд (Айнй)- Холо хар коре, ки шуда бошад, ба гардани Ортик бор мекунанд, ман бошам, як одами халолу рести аз хакки мардум пархезкунанда шуда мемонам (Айнй). Заокафил вакте даркор мешавад, ки дар карздор чизи ба гарав диханда надош- та бошад, ё чизе ба гарав надихад (Айнй).

на.\оре будаст, коре будаст.

Чунин муайянкунандахо пеш аз муайяншавандахо хам омада метавонад. Ин ходйЪа бештар хоси назм аст:

Пеш аз ману ту лайлу Гарданда фалак низ ба

(X а й ё м).

Ча.чон мар туро дод яздони пок, Зи тобанда хуршед то тира хок.

(Ф и р д а в с й).

Сифатхои феълии замони хозира хабар шуда меоянд: Чуяндэ ёбанда аст (Зарб). Ин ангуштарин аз ханчари дудаман шумо бур- рандатару котилтар аст (Улурзода).

/ Дар забони хозираи точик чараёни ба категорияхои сифат ва исм гузаштани сифати феълии замони хозира мушохида мешавад. Агар ин сифатхои феълй як ё якчанд хусусиятхои феълии худро гум кунанд, хатман ба категорияи сифат мегузаранд ва хосияти доимии предметхоро ифода менамоянд: гусфанди раманда, духтари пазанда гови зананда, аспи дав анда ва монанди инхо. Дар нн маврид сифатхои феълии замони хозира дорой хусусиятхои асосии сифати аслй меша­ванд:

а) дара чах о и киёсй мегиранд: Аспатон аз. ин хам да- вандатар ва милтикатон аз ин хам нишонгиртар шавад (Айнй) Фарк дар он аст, ки рама ба чаоогох меравад ва ин бенавоён ба кори ройгони нохактар аз зулми золим ва гудозандатар аз оташи чахан- нам (Улугзода). Ман ин харро бехтарин хархо ва давандатарини онхо гумон карда то Вобканд киро кардам (Айнй).

Вакти он аст, эй калам!

Бурраидатар гарди зи тег,

Вакти он аст, эй сухан!

Гуррандатар гардй зи барк.

(Ю с у ф й);

б) бо зарфхои микдору дарача меоянд: Рузхои нихоят халкунан- даи чамъоварии пахта cap шуда буд («Точикистони советй»);

в) бо сифатхои аслй ба тарзи чида вокеъ мегарданд:

Буд яке аз руз ба фасли бахор Софу дурахшанда хаво, бегубор.

(Суха й л й).

Чашмонашро аз чашмони сиёх ва дурахшандаи Нарзй наканд (Х,аким Карим).

Сифати феълии замони хозира дар матн ба вазифаи исм меояд: Ба дарвозаи хурд посбонон гузоштанд, ки д а р о я н д а ва б а р о я н- да ро тафтиш кунанд (Айнй). Ин вакт оянда аз дари пойгах ба хона даромада буд (Айнй). Таъсири як олам нолаи чонсуз ва фарьёди чон- гудозро ба бинанда зохир месозад (Айнй). Шунаванда онро садои ба хам пайваста бо рез «эпохта шудаистодаи тори рубоб гумон мекард (Айнй). Бинанда уро гадо ё дарвеш гумон мекард (Улугзода). Ра- ванда дар панч дакика ба пеши аспи худ расид (Айнй).

Як гурух сифатхои феълии замони хозира бештар хамчун исм кор фармуда мешаванд: нависанда, дарранда, парранда, бофанда, иш- тироккунаида, тамомкунанда, зараркуианда, муайянкунанда, пурку- нанда, хоианда, намоянда, интихобкунанда, ташкилкунанда, илхом- диханда, давомдиханда ва гайра.

Сифатхои феълии замони хозира монанди иемхо шакли чамъ ме­гиранд:

Оянда ва разандагон хануз пушоки зимистонии худро тайёр на карда буганд (Айнй). Даррандагон ва паррандагон гушти онхоро хур- даанд (Айнй). Калоншавандагон аз думболи Бибиоиша рафта бауруй андохтанд (Айнй).

Сифати феълии замони гузашта

§ 458. Сифати феълии замони гузашта аз асоси замони гузаштаи феълхо сохта мешавад. Ин сифати феълй ду шакл дорад. Шакли якуми сифати феълии замони гузашта бо х,амрох, кардани суффикси -а сохта мешавад: омада, навишта, баромада, тамом карда, тобеъ шуда, хонда баромада ва монанди инхо. Шакли дуюми •сифати феълии замони гузашта аз шакли якуми он бо хамрох кар­дани суффикси -гй сохта мешавад: омада—омадагй, навишта— навиштагй, тобеъ шуда— тобеъ шудагй, хонда баро­мада—хонда баромадагй ва монанди инхо.

Маъной замони дар сифати феълии замони гузашта нисбат ба сифати феълии замони хозира равшантар зохир мегардад. Сифати феълии замони гузашта одатан амал ва холати пеш аз замони хабарй чумла вокеъгардндаро нишон медихад:

Накшаи чангии Павел тартибдода ба Пулод нихоят маъкул шуд (Рахим Чалил). Дар хар кадаматон сабзазор, гулзор ва навдарах- тони сабзаи паи хам пайваста шуда рафтагиро мебииед («Садои Шарк»).

§ 459. Сифати феълии замони гузашта одатан натичаи муайяни амалро нишон дода, намуди мутлакро ифода мекунад: Гулбибии ба замин афтодаро лагадкорй кардан гирифт (Айнй). Хамон чизхои ба чашми худ дидаатро гуфта дех (Айнй). Он хунхои ба нохак рехта хадар нахохад рафт (Айнй). Кампири соли гузашта вафот кардагй ба ёд омад (Ниёзй).

Гохо барои таъкиди амалу холати мутлак ба аввали баъзе сифат­хои феълии замони гузашта префикси феълии би- хамрох мешавад. Ин ходисаро бештар дар .назм мебинем:

Гули бишкуфтаи руи ту бахори дили ман (Юоуфй). Бишкуфта гулед ба 6oFy бустон-Кншвар зи рухи шумост шодон («Шарки сурх»).

Сифати феълии замони гузаштаи намуди мутлак ба воснтаи феълхои ёриднханда «из ифода мешаванд, ки дар ин маврид мутлакии амал боз хам равшантар мегардад:

Заминхои сел шуста бурдаро вайрон кардан гирифтанд (Икромй). Хамаи бачагони 40F зада овардаашро занонда шуд (Айнй). Хар гох ки шумо бо одамони аз районкой кухии Точикистон кучида омада хамсухбат шавед... (Турсунзода). Ба тарафи паррандаи парвоз карда рафта ни гох мекард (Айнй). Сангалй ва шарикони бисьёраш пахтахои аз серборй хоб карда мондагиро боло мебардоштанд (Икромй).