Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2093
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 551. Пайвандакхоро мувофики вазифаи синтаксисиашон ба ду гурухи калон чудо менамоянд: пайвасткуиаида ва тобеъкунаьда.

II а й в а н д а к х о и п а й в а с т к у и а и а н д а и ва, -у (-ю, -ву), хам... хам, чи... чи, аммо, лекин, вале, балки, ё, ё ки, ё ин ки, аъзохои чидаи чумла ва чумлахои соддаи таркиби чумлаи мураккаби пайваст- ро бо хам мепайвандапд. Аз ип чихат доираи истеъмоли ин найван- дакхо нисбат ба пайвандакхои тобеъкунанда васеътар аст. Дар хар ду вазифа хам пайвандакхои пайвасткунанда алокан баробариро таъ­мин менамоянд.

Пайвандакхои пайвасткунанда мувофики маъно ба се гурух чу­до мешаванд: паихам, хилофи ва чудой.,

§ 552. Ба гурухи пайвандакхои паихам ва, -у (-ю, -ву), чи... чи, хам... хам, инчунин дохил мешаванд.. Аз ин гурух серистеъмолтарин ва сервазифатарин пайвандаки ва мебошад. Пайвандаки -у дзр бись­ёр мавридхо бо ва синоним буда, низ серистеъмол аст. Дар нугкд гуф­тугуи доираи истеъмоли пайвандаки -у нисбат ба ва васеътар аст. Дар алокан аъзои чидаи чумла пайвандаки ва асосан такрор намеё- бад, аммо -у такрорап оварда мешавад: Дар зерн чапакзанихои бись ёр Дохунда, Гулнор, Бобо Собир ва Фотимабсгим ба сахна барома- данд (Айнй). Дар байни он коргарон русхо, точикхо, узбекхо, тотор- хо, казокхо ва туркманхо хам буданд (Айнй).

Он богу булбулу гулу хомуну кухсор Дар хеч кишваре набувад, эй фидои Шарк,!

(Л о х у т й).

Дар мавридхои муайян, аз чумла дар байни хар чуфти аъзохои чида пайвандаки ва меояд:

Аз хурданихо нон ва мавиз, кандалот ва печак, писта ва бодом, гулинг ва санчид, шурбо, палов, харбуза ва аигур ба навбат дастур- хонро зипат медоданд (Айнй).

Пайвандаки ва вобаста ба тарзи гуфтор ва максаду нияги гуян­да ё нависанда бо якчанд аъзохои чида такроран зикр ёфта метаво­нанд:

Дар тарафи шаркии хавлии берун хавлии дарун вокеъ шуда буд, ки дар вай чандин хона буда, дар онхо модари Латифчон Махдум, зан ва бачагонаш ва хамширааш, хам хизматгорзапон зиндагонй ме­карданд (Айнй). Вакти саёхати у хар сол дар мохи август ва сен­тябрь рост меомад, ки дар он моххо аз руи одат харбузахо, ангурхо ва дар охири ин моххо аичир ва апорхо ва дигар мевахои тнрамохй ме- пазанд, кн сахро пур аз неъмати алвон мегардад (Айнй). Алокаи калимахо бо пайвандаки -у нисбат ба ва зичтар аст, аз ин ру дар аъзохои чидаи чуфт чузъхои дохилй бештар бо -у алокаманд шуда, аммо ва метавонад танхо бо аъзои чида ва ё чуфти охирин оварда шавад;

Ип хаёлхои талху ширин, ин гумонхои пеку бад ва ип васвасахои пурташвиш, ки хеч ошики шайдое аз худ дураш карда наметавонад...

Хусусияти асосии пайвандакхои пайвасткунандаи паихам таъмип намудани алокаю муносибати синтаксисии калимахои якчииса ва хамчинс мебошад. Аммо пайвандаки ва баъзан аъзохои чумлаеро хам ба якдигар мепайваидад, ки онхо муносибатхои гуногун дошта ба саволхои гуногун чавоб мешаванд:

Шохмирзо дар аснои чойнушй аз кучо ва бо чй ният ба Тош- капд омаданашро чуён шуд (Айнй). Яхьёхоча дар хар кучо ва хар вакт калононро хох гоибона, хох дар пешашоп дашном дода, кирдор- хои бади онхоро фош карда мегашт (Айнй).

Ман омадам, ки корхои худро ба кй ва кай бояд супорам (Ниё­зй). Одинаи бехопумоиро, ки са,ргузашти махсусе дошт, лахзае ба хо­ли худ ором намегузошт (Айнй). Зану мард, хурду калои ва пируча- вони ип дехаи бузург, ки аз дусад хонавор зиёдтар ахолй дошт, ха­магй ба болохои бомхо баромада, чавонзанон фарьёд мекашиданд (Дйнй).

Пайвандаки ва дар чумлахои мураккаби пайваст басо серистсъ мол аст. Вай ду ва зиёда чумлахои соддаи таркиби чумлаи мураккаб- ро ба якдигар алокаманд мекунад. Дар ни гуна чумлахо хам пай­вандаки ва пеш аз чумлаи охирин чой гирифта, тамом шудани чум­лахои соддаи таркиби чумлаи мураккабро нишон медихад:

Икромхоча давида ба тарафи хавлии даруй гурехт ва Устоамак хам уро пеш карда рафт (Айнй). Он давру даврон гузашт, он рузхо гашта намеоянд, ман намебинам ва фарзандони ман хам он рузхоро намебинанд (Айнй). Фируза як нафас гирифта, андак хомуш шуд, духтарон хандиданд ва хама баробар уро тахеин карданд (Икромй).

Агар чумлаи мураккаби пайваст аз се чумлаи содда иборат бо­шад, гохо ду чумлаи соддаи аввал бо пайвандаки -у ва чумлаи дую- му сеюм бо пайвандаки ва алокаманд мешавад: Дар ин дам овозй ное шунида шуду Оймулло хомуш монд ва хар ду аз он чо дур шу­данд (Икромй).

Ходисаи бо ду чумлаи аввал омадани пайвандаки ва ва пеш аз чумлаи охирии омадани пайвандаки -у камтар ба назар мерасад:

Дар хамин вакт онхо бо якдигар видоъ намуданд ва писар ба тарафи модару падар рох гирифту духтар ба тарафи дигар (Икромй).

Пайвандаки -у муносибати хилофиро низ ифода мекунад. Дар ифодаи муносибати хилофй пайвандаки ва -у-ро иваз карда намета­вонад. Пайвандаки -у бо ин вазифаи худ ба пайвандакхои пайваст­кунандаи хилофй мансубият пайдо мекунад. Ин вазифаи пайвандаки -у дар байни хабархои чидаи чумлахои соддаи таркиби чумлаи му­раккаб мушохида мешавад:

Ин гуна зиндагй хеч дуруст пест, ки онхо дар неъмат бошанду мо дар фалокат, онхо дар рохат бошанду мо дар мехпат, онхо сер бо­шанду мо гурусна, онхо шароб нушанду мо хуни чигар, онхо лаби лаъли дилоромро бибусанду мо хоки замини сиёхро билесем (Айнй). Оби нукрагини чашма дар тобистон ях барин хунуку дар зимистон гарм (Рахим Налил).

Таркибхои шуморавии бисту панч, сию чор, чилу панч, дусаду бист, сесаду панчоху панч, як хазору нухсаду чилу панч, бисту чанд, чилу чанд, шасту чанд, яксаду чанд ва яку ним, дуву ним, сею ним, панчу ним, даху ним ва гайра низ танхо бо пайвандаки -у алокаманд мешаванд.

Пайвандаки хам чи алохида ва чи дар шакли такрор (хам... хам) алокаи баробарии аъзохои чумла ва чумлахои соддаи таркиби чумлаи мураккабро бо тобиши таъкид ифода менамояд:

Модарам дар зери зардолузор ба худаш, хам ба мам чои андохта монда будааст (Айнй)- Кухсор, тамоми кишлок, хам води чун дар пар- даи кино ба назар менамуд (Икромй). Дар он вакт худам хам халое мешавам, занам хам чалое мешавад ва ин «сиёхкундуз» хам халос мешавад (Айнй).

Тарзи маъмул и истифодаи ин пайвапдак шакли такрори вам бу­да, ин холат тобиши маъноии таъкидро кувват медихад:

Имруз дар Тошкаид хам, дар К,азон хам, дар Москаву Петербург хам ид мекунанд (Икромй). Ба ин кадар оташи хашми Арбоб фуру нанишаста, Одинаи мазлуми ба замнн афтодаро хам мезад. (Айнй).

Пайвандакн хам... хам хам пеш ва хам баъд аз аъзохон чидаи чумла омада метавонад, дар хабархои чида асосан пеш аз онхо меояд.

Пайвандакн чи... чи дар гурухи пайвандакхои паихам нисбатаи каммахсул буда; бештар хоси нутки китобист. Вай алокаи калима- хоро бо тобиши таъкид ифода менамояд:

Суханони дилбардори у чунон таъсирбахш, чандон насихатомез буданд, ки чи хурд, чи калон аз онхо тасаллй меёфтапд (Рахим Ча­лил) .

Хамесозем хизмат софди.поиа,

Чи дар лафзу чи дар финру чи дар кор

(Ш у к у х й):

Хаёту хизмати харбй уро чи ботинаи ва чи зохиран хеле тагьир дода буданд (Ниёзй).

Пайвандакн чуфти хам... хам, чи... чи бо пайвандакхои ва, -у як- чоя хам омада метавонанд. Дар ин сурат пайвандакхои номбурдаи чуфти хам... хам, чи... чи таъинкуиаидаи алокаи синтаксисии аъзохои чида ва худи чумлахо буда, пайвандакн ва анчом ёфтани чидашавии аъзохои чумла ьа ё чумлахои соддаро нишон медихад.

Пайвандакн инчунин аъзохон чида ва чумлахосро ба хам ме- пайвандад, ки дар байни оихо муносибати хамрохп ва иловагй мав- чуд аст. Чумлаи дуюм бо пайвандакн инчунин ба чумлаи якум пай­васт шуда, ба он чизе ва ё маълумотеро илова менамояд:

Райр аз чанговарон ба ин чо инчунин занону мардон, пиру чаво- нон, бачаю качахо омадапд (Ниёзй). Онхо баъзан як руз-ду руз пеш- тар омада, дар хонаи ошноёнашон меистодаид, инчунин бошандагони дехаи мо хам, агар бо коре ба К,нргизистон раванд, дар хонан ошно- ёни худ манзил мекарданд (Улугзода).

Дар ифодаи муносибати аъзохои чида ва чумлахо пайвандакн инчунин бо пайвандакн ва якчоя омада метавонад. Дар ин маврид тобиши таъкид барчастатар ифода мешавад:

Дигар хамаи аъзоёни хопаводаи пирамард ва инчунин худи у дар юртхо меистодаид (Улугзода).

§ 553. Пайвандакхои хилофй аъзохои чумла ва чумлахои содда­ро ба хам пайваст менамоянд, ки онхо аз рун мазмунй худ мукоби- ли якдигар гузошта мешаванд. Ба ин гурух пайвандакхои аммо, ле­кин (локин), вале, валекин (валек), балки (бал), вагарна, бошад, набошад дохил мешавапд. Аз опхо пайвандакхои аммо, лекин, вале серистеъмол ва синоиими хамдигар мебошаид. Пайвандакхои аммо, лекин дар нутки гуфтугуй ва китобй баробар истеъмол ёфта, пай­вандакн пале бештар ба нутки китобй хос аст. Пайвандакхои балки, бошад низ аз кабили пайвандакхои серистеъмол ба шумор мераванд. Пайвандакхои аммо, лекин, вале муносибати хилофиро ифода кар­да, пайвандакн бошад бештар ифодакунандаи муносибати хилофии киёсй мебошад. Доираи истифодаи пайвандакхои валекин, аммо ба аъзохои чида нисбат ба чумлахо махдудтар аст:

Ман хам он вакдхо кам-кам шеър мегуфтам, аммо шеъри худро ба касе нишон намедодам (Айнй). К,ад борик, дароз, аммо хамида (Рахим Чалил). Милициягон бо нарми, лекин чолокона рохро кушо­да нд (Айнй). Фируза бо овозй наст, бо хаячон, вале аз дилу чон су­хан мегуфт (Икромй). У либосхои на киматбахо, валекин бисьёр озо- да мепушид (Айнй). Эхтимол муаллим Мансуров камтар еуханхои пасту баланд гуфта бошанд, валекин мактаб-мактаби маму Мансу­ров не, аз они халк (Ниёзй). Бародарам хурсанд буд, вале хурсандии ман хам аз вай кам набуд (Улугзода). Х,аво соф, "офтоб хануз наба- ромадааст, аммо ситорагон аз пазархо иинхон шудаанд, насими па- гохи мевазад (Айнй).

Дар ифодаи муносибати хилофиву мукобилгузории чумлахои соддаи таркиби чумлаи мураккаб пайвандакхои аммо, лекин, вале бо пайвандаки -у якчоя низ омада метавонанд. Дар ин холат маънои хилофй пуркувваттар мегардад:

Салимбой аз чояш хестамй шуда харакат карду аммо Пулод на- монд (Рахим Чалил). Ба колхозьяккунй май хам тарафдор хастаму лекин хамсояхо розй намешаванд (Улугзода).

Кухи мо Боми Чахои асту вале номи шумо К,ул лай аклу баландихои бахти халки мост.

(Турсунзода).

Пайвандакхои лекин, вале, валекин дар назм мувофики кону- ният ва талаботн шеър дар шакли кутох: лек, валек низ меояд:

Хуршед» Шарк, модари хубест, лек дод Аз кудакони нохалафи бсвафои Шарк.

(Л о н к).

Ман ошики ту, валек Мачпун нашавам, Аз халк чудо ба дашту хомун нашавам. Ман хох дар шик, хох дар кору сухан Аз маслакн ленинизм берун нашавам

(Ю с у ф й).

Барои таъкиди маъно баробари аъзохои чида пайвандакхои аммо, лекин низ такрсран оварда мешаванд:

Чашмонаш дурахшон, лекин апдешаманд, пешонааш фарох, ле­кин пурчин, рухсорааш чун себи сурх тобой, лекин гамгин, ки аз башарааш андешамандй намоён буд, ба хаёл фуру рафта, дар гушае аз бошишгохи мардум дуртар менишаст (Айнй). Комати ин одам аз миёна пасттар, рангаш сиёхча, бипиаш нугпаст ва па\п, чашмонаш танги бемижгон, аммо сиёх, сараш он кадар калон не, аммо дароз- руятар, пешонааш дуиг ва нохамвор, руяш борик, аммо ду устухони ду 40FH болоиаш берун баромада дамидагй буд (Айнй).

Пайвандаки балки дар чумла ду вазифаро ба чо меоварад: а) чун пайвандаки хилофй таъинкунандаи алокаи мукобилгузории чум- лахо ва ё аъзохои он мебошад; б) чун пайвандаки паихам тобиши маъ­пои иловагй ва хамрохиро ифода мекунад. Дар хар ду холат хам хабарй якум дар шакли инкор меояд:

Он чиз хари даччол набуд, балки трактор буд (Айнй). Онхо хар- буза набуда, балки нон буданд (Улугзода)- Мо ба чадидон дода иаме- шавем, балки онхо ба мо дода мешаванд (Айнй). Амалдорони амир бошанд, дуздони беинсофанд, балки харгиз аз кучаи нпсофу адолат нагузаштанд (Улугзода). Одииа то расидани фурсати муносиб тапи- данро бефоида, балки зарарнок дониста, ночорона хизмат кардан ги­рифт (Айнй). Шумо хеч вакт ба сухбати мо халал намерасонед, бал­ки баръакс дар халли баъзе муаммо ёриатон мерасад (Икромй).

Пайвандаки бошад аз шакли аористи феъл баромада, маънои лугавй ва категорияхои феълии худро аз даст дода, танхо ифодаи шахсу шумораро нигох доштаасту бас. Вай бештар ба шакли шахеи сеюми танхо оварда мешавад. Пайвандаки мазкур дар таркиби чум­лан мураккаби пайваст чумлахои содда еро ба хам алока манд меку­над, ки тобиши киёсй доранд:

Мо мехнат мекардему нимгурусиа будем, бойхо бошанд, но да- роз карда нишаста батрак кор мефармуданд (Икромй). Навруз лабо- нашро пок карду чашмони худро ба руи Бахор духт, Бахор бошад, хамопо холати ачоиби худро дигар намекард (Толис).

Пайвандакхои вагарна, набошад аъзохои чумла ва чумлачои сод- даеро алокаманд менамояд, ки тобиши сабабу шарт доранд. Пайван­даки вагарна (варна) дар забони имрузаи точик камистеъмол буда, хоси нутки китобй мебошад: Хайринт ки меъдаатои хунук шуда, аз иштихо монда будаед, вагарна тамомн дуньёро иахоида фуру мебур- дед (Айнй). Ман хам аз руяшон гузашта натавониста, ин хафга ба кор мондам, вагарна кайхо ба ёбон баромада мерафтам (Айни).

Чашми чонон бо ншорат бозмедорад маро, Варна бо як хамла мушти осмопро но кунам

(Л о ч У т ii).

Не, набояд рост бошад ип сухан, Варна аз нав талх мегардад хаёт

(М нршакар).

Замоне ки ин чо рагидем мо, Намедидем чуз водню кучро

(М нршакар).

Ханрият омадй, писарам, набошад пиёда ба Когон cypoF карда мерафтам (Икромй). Мам хар руз дар хамин чо мехобидаму гунчишк- хоро киш мегуфтам, набошад дар ин замин холо ягон дона хам гаи- дум намемонд (Афсоиахои точик).

§ 554. Пайвандакхои чудой ё, ё ки, ё ин ки, ё худ, ё... ё, аъзохои чидаи чумла ё чумлахои соддаеро дар таркиби чумлаи мураккаб ало­каманд менамоянд, ки якдигарро иваз мекунанд ва ё аз факту ходн­сахои дар чумла номбаршуда имконпазир будани якеро нишон меди­ханд. Бо пайвандаки дуюм ё охирини чудой омадани пайвандаки вя мумкин аст. Аз пайвандакхои чудой ё, ё ки, ё ин ки хам танхо ва хам такрор шуда меоянд. Пайвандаки ё хеле серистеъмол аст, вай дар нутки гуфтугуи ва хаттй баробар истифода мешавад:

Райр аз ин дар ягон чои кучаи шахр шамъе, чароге ё фоиусе на- буд (Айнй). Мухтор ё аз тахти дил ва ё ки сохта нафаскашон ва бо хаячон пурсид (Икромй). Паъли аспони мо нав, аспи шумо бенаъл аст ё ин ки наълаш кухна (Айнй). Акнун бояд ман ё хама дастмоя- амро кам-кам ба у дихам, ё он ки дуконро гундошта хонанишнн ша- ам (Айнй).^

§ 555. Пайвандакхои тобеькунанда дар таркиби чумлаи муракка­би тобеъ чумлахои соддаеро ба хам алокаманд менамоянд, ки яке аз онхо асосй, мустакил буда, дигаре ба он тобеъ мебошад. Ин пайван- дакхо бар хилофи пайвандакхои пайвасткунанда танхо чумлахоро ба хам алокаманд мекунанд. Пайвандакхои тобсъкупанда муносибатхои гуногуии маъноии сарчумлаву чумлаи пайравро ифода менамоянд. Пайвандакхои тобсъкупанда одатан дар таркиби чумлаи иайрав чои мегиранд.

Пайвандакхои тобеъкунанда мувофики маъио^ва вазифаи син- таксисиашон ба пайвандакхои замон, макон, тарз, Микдору дарача, монандй, сабаб, максад, шарт, хилоф ва объекти чудо мешаванд.

Пайвандаки ки оермаъно ва ссрвазифа буда, ба воситаи он ха­маи чумлахои иайрав ба сарчумла тобеъ шуда метавонад.

\

Пайвандакх,он то, то ки, чун, модом ки, барои ин ки, барои он ки, дар сурате ки, аз бими он ки низ сермаъно буда, бо чумлахои найрави гуногун меоянд.

1. Пайвандакхои за м о и: вакте ки, вакто ки, хар вакг ки, дар вакте ки, аз вакте ки, то вакте ки, кадом вакте ки, баъд аз он ки ,баъд ки, баъди ин ки, баъди он ки, пас аз он ки, пеш аз он ки, ха­мин ки, аз бозе ки, акнун ки, даме ки, то даме ки, дар даме ки, хар бор ки, хар боре ки, кай ки, кае ки, холо ки, хар гох ки, хар гох (хар rax), хар гахе ки, хангоме ки, дар хангоме ки, замоне ки, баробари ин ки. Як гурух пайвандакхои замони серистеъмол (вакте ки, баъд аз он ки, пас аз он ки, хамин ки, то вакте ки) буда, гурухи дигарашон нисбатан камистеъмол мебошанд (баъде ки, то он ки, аз бозе ки ва г.). Аксаринти пайвандакхои замони ба хамаи услубхо як хел уму- мият дошта, баъзеи онхо (чун) (чу), хангоме ки, то, то ки, хамин ки, замоне ки хоси нутки хатти мебошанд:

Даме ки амакам бар ман хашм мегирифт, боиси хашмаш куфта- гй ва гуруснагй буд (Улугзода). Вай, хангоме ки Акбарро дар пешн дар дид, ба наздаш омад (Рахим Налил).

Хар бор ки Халимчон ба сайри чорбог меомад, пеш аз хама ба дидани Содик мешитобид (Икромй). Пеш аз он ки мо ба ип саволаш чавоб дихем, лампаро аз пеши мо бардошта гирифта бурд (Айнй;. Баъд аз он ки мехмонон табаки ширбириичро лесидаид, ба чойнушй даромадапд (Айнй). Хамин ки Гулнор нолаи дилхароши уро шунид, вай хам бетокат шуд (Айнй). Акнун ки амир рафт, як кисмашоп аз он шаъну шавкат чудо шуданд (Айнй).

Замоне ки ин чо расидем мо, Намедндем чуз нодню кухро

(М и р ш а к а р).

Пайвандакхои баъде ки, баъд ки, кай ки хоси услуби гуфтугу мебошанд:

Баъде ки овозамро баланд кардам, дилгироиа руйхои бе ин хам нурчииашро бурматар кард (Рахим Налил). Баъд ки ба хонаи шав- хар рафт, аз хамаи ип чизхо махрум мешавад (Икромй). Кап ки ту пулро ёфта додй, озод мешавй (Айнй). Кай ки мо худа мои мактаб созему тамоми ихтиёрашро ба дасти худамои гирем, ана дар он вакт Хар чй кадар талаб дошта бошед, кардан гиред (Ниёзй).

  1. Пайвандакхои макон: чое ки, ба чое ки, дар чое ки, аз чое ки, то чое ки, дар кучо ки, хар чо ки:

Дар чое ки хуррнят бошад, он чо обод мешавад (Айнй).

  1. Пайвандакхои тарз: ба тавре ки, ба тарзе ки, дар хола- те ки, ба холате ки, бе он ки, бе ин ки. Пайвандакхои тарзи амал асо­сан хусусияти китобй доранд:

Вай он газалро ба ман хонда дода, маънихояшро, ба тарзе ки худ мефахмид, ба ман эзох дод (Айнй). Аммо дастонамро болои хам бар синаам монда, бе он ки дастамро дароз кунам, пулро ба кафи дастам ва дар хами ангуштонам нигох доила ба у нишон додам (Ай­нй). Шокул нафасе хомуш шуда монда, дар холате ки тирхопа-ц мил- тикро аз назараш мегузаронид, ба ran cap кард (Айнй).

  1. Пайвандакхои микдору дарача: ба дарачае ки, то ба дарачае ки, ба андозае ки, ба хадде ки, ба кадри он ки, ба кад­ре ки, хар кадар ки, хар кадаре ки, чй кадар ки:

Иштихои у, ба андозае ки аз он пеш надида буд, кушода шуд (Айнй). Хар кадар ки Ятим аз вай дуртар мерафт, пеши чашми у ториктар мешуд (Айнй).

  1. Па й в а н д а к х о и монанд й: монандй он ки, монандй ин ки, мисли он ки, мисли ин ки, гуё, гуё ки, гуё ин ки, чунон ки, хамчунон ки, чи тавре ки, он сон ки. Пайвандакхои чунон ки, хамчунон ки, чи тавре ки, он сон ки мопандиро бо тобиши тарз, пайвандакхои гуё, гуё ки, гуё ин ки монандиро бо тобиши тахмин ифода мекунанд:

Рахнми Канд баъзан чнзхои ба хаёлаш омадаро хам, монанди он ки худ карда бошад ё дида бошад, бо боварии тамом хикоя ме­кард (Айнй). Сурапё мисли он ки зарбаи сахте хурда бошад, бе\ол шуда, ба руи кундаи дарахте нишаста монд (Икромй). У аз рую не- шонаи навзод, чунон ки канди ба гул омехтаро макида бошад," мебу- сид (Айнй). Зебй якбора, гуё ки дар дами танур истода бошад, тарсн- да суп-сурх шуд (Айнй). Ана худатон бинед, гуё ин ки дами белча ба сайг хурда бошад (Айнй).

  1. Пайвандакхои саб а б: азбаски, баски, чунки, зеро, зеро ки, модом ки, ба сабаби ин ки, ба сабаби он ки, зз чиха­ти ин ки, аз чихати он ки, бинобар ин ки, бинобар он ки, аз он чо ки, чаро ки, барои он ки, барои ин ки, барои хамнн ки, ба гумони ин ки, ба гумони он ки, бо андешаи он ки, ^аз тарси ин ки, аз гарей он ки, аз бими он ки, ба шарофати ин ки, ба риояи он ки, ба умеди ин ки, аз он ки ,бо он ки, дар асосй он ки, аз вачхи ин ки, дар натичаи он ки, ба туфайли он ки, ба бахонаи ин ки. Аз ин гурух пайвандакхои зеро ки, зеро, азбаски, чунки, модом ки серистеъмол мебошаид. Доираи истеъмоли пайвандакхои барои ин ки, барои он ки, аз сабаби он ки, бинобар он ки, бинобар ин ки, чун, аз он чо ки махдудтар аст. Пай­вандакхои аз тарси он ки, ба андешаи ин ки, аз вачхи ин ки ва ди- гархо камистеъмол мебошаид. Аксарияти пайвандакхои сабаб хоси нутки китобй буда, баъзеи онхо, монанди чаро ки, аз сабаби ин ки, аз сабаби он ки, барои ин ки, барои он ки бештар дар нутки гуфтугуй ба кор бурда мешавапд:

Мачлиси машварат бисьёр дароз кашид, зеро хабарй ба Оббур- дон наздик омадани аскаропи сурх раенда буд (Айнй). Лекин аз он гапхои хамсоя вай чизе памефахмид, зеро ки тамоми хаёлоти у фа­кат дар як нуктаи мухим банд буд (Каким Карим). Акнун пушай- монй суд надошт, чунки тир аз камон бархато часта ва мурги матлаб аз дом раста буд (Айнй). Азбаски ту сирри худро пакушодй, ман хам изхори дарьёфти дили худро муносиб надониста будам (Айнй). Баъд аз тамом шудани чанчоли Арбоб Камол шабе Одина ба модар- калони худ аз хар дарак еухбат мекард ва мехост, ки гапро ба болои сафари худ оварад, чаро ки ин матлабро яку якбора ба кушода гуф- тап далери наменамуд (Айнй). Ба сабаби он ки да р бозгашт, шабопа дар рох танхои накашад ва ба хучуми дуздон с шурапуштоп гириф- тор пашавад, акаамро хамрох бурд (Айнй). Хона, аз чихати он ки токхояш аз чипивор ва равокаш аз бугчома холй буд, нимаврупой менамуд (Айнй). Бинобар он ки онхо дар магзи такчарми вай муйла- би хукро мемоланд, гирч-гнрч мекунад \ (Айнй). Аммо аз он чо ки шумо дар ин сухбатхо хеч ran намезаиед, мо аз худ дар шубха ме- монем (Айнй). Барои ин ки хамон кадар зочадухтарон ба зочаи ман мухточ буданд, ба дили худ фахр мекардам (Айнй). Ми рак бисьёр оташин шуда буд, барои он ки ба вай тухмат зада буданд (Икромй). Чун хамаи гапхои вай аз ёдам баромада буданд, дар чавоби ин пур- сиш чанд дахон ran аз худ сохта бофта гуфтам (Айнй). Модом ки бо якдигарашоп алокаи гайришаръп доштанд, инхоро сангсор кардан даркор аст (Айнй). ...кории пир ба гумони ин ки Касан маету ба гуши v сухапе намедарояд, мегуяд (Рахим Чалил). Дили пиразан аз тар­си он ки вай хозир боз аз чои бармехезаду ба хама дармеафтад, ка­риб буд аз сандуки худ чахида барояд (Рахим Чалил). Аз он ки дер боз мактуб напавиштаам, дар хавотир мондаанд (Ниёзй). Аммо барои он ки акон Олим мехмони хонаи уст, кахри худро зер карда, як андоза ором, вале бо оханги сарзаниш ба ran даромад (Ниёзй).

  1. Пайвандакхои макс ад: то, то ки, то ин ки, барои ин ки, барои он ки, аз хавфи он ки, ба умеди он ки, ба умеди ин ки, ба

Хаёли ин (он) ки, дар орзуи он ки, ба майди он ки. Пайвандакхои то, то ки, то ин ки, бо максади он ки серистеъмол мебошанд:

Мухочирон аввал худашон танхо, бе оила омада буданд, то бу- бинапд ва бифахманд, кн Вахш чй чоест (Улугзода). Ахли кишлок, аз кори рузона монда шуда, холо бофарогат хоб мекарданд, то ки рузи дигар барвакттар хсета ба замини пахта дароянд (Икромй). Мария коматн зебои худро роет карда, руи аз май гардонд, то ин ки оби чашмашро пинхон кунад (Рахим Налил). Факат бо максади ом ки кй будани хамин занро бидонам, ба у якчанд саволй озмоишкоро- па додам (Каким Карим). Барои ин ки розй нихонии шавхарашро ошкор намояд, касдан вай бештар ва бештар озодопа рафтор мена- муд (Каким Карим). Асо дар газаб буд, барои он ки дар худи Чека хам душман будааст (Икромй).

Пайвандакхои аз тарси ин (он) ки, аз бими он ки, аз хавфи он ки, ба умеди ин (он) ки, ба майли он ки, бо андешаи он ки, бо умеди он ки, бо хаёли ин (он) ки, бо майли он ки, дар орзуи он ки низ пай­вандакхои думаъной буда, ифодакунандаи муносибати хам сабаб ва| хам максад мебошанд.

Пайвандакхои ш а р т: агар (гар, ар), агар ки, гар ки, ба шарте ки, ба шарти он ки, дар сурате ки.

Сермахсултарин пайвандаки шарт агар мебошад. Ин пайвандак хам дар нутки китобй ва хам гуфтугуй истифода мешавад. Пайван­даки ба шарти он ки асосан махсуси нутки китобй мебошад. Пайван­даки гар ки танхо дар пазм истифода мешавад:

Агар лозим шавад, сарамро, танамро, хуиамро дар рохи ту фи- до мекунам (Айнй). Аз шумо сардори милиция мебарояд, Мирзо б а шарте ки монанди калоишавандахои хозира шумо хам хамаи шоиа- тарошон як шуда, артель ташкил кунед (Рахим Чалил). Ака Истад ба рафтани онхо розигй дод, факат ба шарти он ки уро хам бо худ баранд (Икромй). Чй мешавад, агар ки ман хам аз паси Зулайхо ба пахтачипй равам (Икромй).

Агар ки шурши купи, Хокат бар cap мекунам. Большевиконро зн пав Рафта хабар мекунам

(Л о х У т й).

Чун сарн худро ба шавк бар сари дасташ нихам, Хис накунам, гар ки мор дасти маро мегазад

(Л о х у т й).

9. Пайвандакхои хилофй: хам, харчанд, харчанд ки, хар чанде ки, агарчанд, гарчанд, агарчанде ки, гарчанде ки, агарчи, гар- чи, арчи, бо вучуди ин ки, бо вучуди он ки, хол он ки, дар сурате ки, бе он ки, бехабар аз он ки, сарфи назар аз он (ин) ки, катъи назар аз он (ин) ки, ба чое ки, ба чои ин (он) ки. Пайвандакхои хам, хар­чанд, гарчанд, бо вучуди он (ин) ки, ба нутки хаттй ва гуфтугу ба- робар мансубанд, пайвандакхои бе он ки, сарфи назар аз он ки, катъи назар аз он ки, дар сурате ки, бехабар аз он ки китобй мебошанд:

321

Дуздон харчанд чангу чадал мекарданд, рохи дар миёнаи се кас таксим намудани ду курпаро намеёфтанд. (Латифахои точик). Сар- кор агарчи папироскаш набуд, низ аз дасти Олим як дона папирос гирифгу оташ дод (Ниёзй). Чангу лагади бозоршабхо баъди револю­ция хам чанд соли дигар гох-го.х ба амал омада меистоданд, харчанд ки акнун ба он калонсолон иштирок намекарданд (Рахим Чалил). Бо вучуди ин ки у аз мехмонхона дар катори мехмоноп ош хурда баро­мада буд, ни ошро бо иштихои аввала хурда и гирифт (Айнй). Бо ву­чуди он ки сол аз сол шумораи одамони кобили мехпат кам мешуд,

21—322

колхозхои район ба кадри имкои бо тамоми чидду чахД зур мезаданд, ки замин бехосил намопад (Ниёзй), Агар духтарро хамрох наовар- дагй мебудед, ин ran тухмат мешуд, хол он ки шумо ванро овардсд (Рахим Налил). Пиразаи аз хоиа баромад ва ба чои он ки ба суи оташдон равад, аз даричаи девор ба хавлии хамсоя гузашт (Толис). Дар сурате ки дигар хамманзилхои Восеъ хуррок кашида хобро мс- заданд, у якзайл чашму бинии дудхурдаашро мемолид (Улугзода). Чй тавр ба ман лнбоси кори дихаид, дар сурате ки ман хануз ба кор кабул нашудаам (Рахим Налил).

Хусусияти асосии пайвандаки хам аз он иборат аст, ки хамеша дар охири чумлаи пайрави хилофй, ки пеш аз сарчумла вокеъ шуда аст, чой мегирад. Дар ин чо вай бештар баъд аз феълй чумлаи иаи- рав ва гохо пеш аз феъл меояд: Соро пои худро аз хавлии бон бо су- рати катъй кашида бошад хам, бой хануз умеди худро аз вай накан- данй буд (Айнй). Саидхоча ба дарачаи ибтидой хам бошад, улуми замониро омухта буд ва илми чугрофиро багоят дуст медошт (Ай­нй). Дар газета номй ману туро намеиавиштанд хам, хеч боке набуд (Ниёзй).

Пайвандаки хам дар ифодаи маънои хилофй бо пайвандакхои дигари хамгурухи худ: харчанд, гарчанд, агарчи, гарчи ва пайванда­ки шартии агар низ меояд ва маънои хилофро таъкид мекунад:

Агарчи чаву гандумхои ин майдонро даравида гирифта бошанд хам, загир, кунчит, мош ва нахуд барин кнштхои лалмин дигар зу- мурадвор иишебу фарози ин каторталхоро зинат медоданд (Айнй). Сафар Рулом харчанд оташин шуда бошад хам, аз ханда худдорн карда натавопист (Айнй). Рафту агар фаромада монад хам, як кис­ми мардум аз вай метарсидагй шуда монданд (Икромй).

    1. Пайвандакхои объектй: дар бораи ин (он ки), дар хусуси ин (он) ки, аз хусуси ин (он) ки, аз он ки ва гайра:

Дар бораи он ки ба сари болини кампири бепаво ва бекас раф­тан, аз холи у хабар гирифтан лозим аст, оксакол хаёле хам надо­рад (Айнй). Сафар гох дар бораи ин ки пас аз хамин кадар моху сол ба Зебй дил бастан окибат имруз фирсб хурдааст, гох дар бораи ин ки дили Латиф Вохидов чй андоза сиёху чиркин будааст, ...фикр ме­кард ва давои дили мачруху абгори худро мечуст (Ниёзй). Дар мак­таб, дар хусуси он ки хонандахо баъди хатми сипфи хаштум дар ку­чо тахсилашонро давом дода истодаанд, маълумоти аник, нест («Мао- риф ва маданият»), Акбар амак аз ин хусусхо ва аз он ки чй тавр ба доми ин зан афтод, дар назди Чамила чизе нагуфт (Рахим Чалил).

    1. Пайвандакхои хамрохй, иловагй гайр аз ин (он) ки ба гайр аз ин (он) ки, бар болои ин ки, ба замми ин (он) ки, ба иловаи ин (он) ки, дар баробари ин (он) ки, дар замми ин (он) ки. Пайвандакхои дигари гайр аз (он) ки, чуз ин (он) ки, ба чуз ин (он) ки серистеъмолтар мебошанд. Пайвандакхои гайр аз ин (он) кн, ба Fafip аз ин (он) ки бештар дар нутки гуфтугуй истеъмол меёбанд:

Одина дар ин 40 Fafip аз ин ки мохонаи басанда ва хуроки сери- ро намеднд, чои хоби дурусте хам падошт (Айнй). Вай, ба гайр аз он ки дар корхои савдо иа тичорат махорати фавкулодда дошт, зинда- гиро низ H3F3 медонист (Икромй).

Ба назари у шахрхо хама ба якдигар монанд буданд, чуз ин ки яке калонтар асту дигаре хурдтар (Улугзода). Ба болои ин ки у ба дехкопони мехиаткаш дар болои молият, хироч ва днгархо зулмашон- ро зиёд кард, онхоро ба чадидй хам тухмат карда, задан, куштан ва хабс кардан гирифт (Айнй). Ба замми он ки якуним ставка аз бемор- хона музд меруёнад, боз муовинии сардори чамъияти Хилоли Ахмар- ро ба ухда гирифтааст.

ХИССАЧА

МАЪЛУМОТИ УМУМЙ

§ 556. Хиссача аз чумлан хиссахои номустакили нутк ба шумор меравад. Он монанди хар кадом аз гуруххои дигари калимахои ёриди­ханда маънои моддй (реалй) надорад, ба чумла ва аъзохои алохидаи он маъно ё тобншхои маънои — хам маънои мантикй ва хам эхсосй (эмоционалй) зам мекунад. Маънои мантикй дар аксари мавридхо бо маънои эхсосию услубй дар як вакт ба зухур меояд. Вазифаи грамма­тнкни бештарини хиссачахо бо маънои модалии шаклхои феълй ва та- моми чумла хамбастагии кавй дорад. Ба ин маънй, харчанд хиссачахо аз руи мансубияташон ба сатхн морфологй дар ин фасл омухта ша- ванд хам, дар асл онхо дар хукмн истеъмоли синтаксисй мебошанд. Маънои хиссачахо хеле васеъ, мохияти лексикию грамматнкни онхо гу­ногун мебошад. Чихати асосй ва умумй дар хама маврид ин аст, ки дар онхо маънои муносибат: ё мансубияти амалу холати чумла ба вокеият ва ё муносибати гуянда ба ахбор, фикре, ки гуфта мешавад, мавчуд аст. Ин ду муносибат аксаран дар як хиссача фарохам меояд. Хисса­чахо, аз як тараф, дар ташкили шакли морфологии калимахо (чунон­чи, шаклхои инкории феъл — гир-нагир, рав-нарав), дар ташаккули шакли чумлахо (ба маънохои гуногуии гайривокей: водоркунй, шарт, хохиш ва F-) ширкат мекунанд.

§ 557. Хиссачахо аз рун маъно ва вазнфа ба чунин хелхо таксим мешаванд: 1) хиссачахои шаклсоз; 2) хиссачахои ишоратй; 3) хисса- чахон махдудй; 4) хиссачахои таъкидй ва таъипй; 5) хиссачахои саво­лй; 6) хиссачахои тасднкй ва инкорй. Ин таксимот танхо аз руи вази­фаи асосии хиссачахо сурат гнрифтааст, вагарна бештарини хиссачахо дар чумла вобаста ба максади гуянда ба замми вазифаи асосй вазифа- хоеро низ адо мекунанд, ки махсуси хиссачахои гурухи дигаранд. Ин нуктаро хам бояд таъкид кард, ки обуранги модалй беистисно дар хама хиссачахо мавчуд аст. Фарк факат дар ин аст, ки ин чихат — хосиятн модалй дар кисме аз онхо камтару ноаёнтар, аммо дар кисми дигара- шон бештару аёнтар вокеъ мегардад. Хамннро ба назар гирифта, баъ­зе олимон хиссачахоро ба гуруххои модалй ва гайримодалй чудо кар- даанд. Олимоне хам хастанд, ки аз ин равиш катъи назар карда, зимни тасвири хар кадом хиссача чихатхои мазкурро алохида таъкид наму- даанд Дар ин асар хиссачахои маънои модалиашон барчаста зерн сар- лавхаи алохида маънидод мешавад-

Хиссачахо ба сурати алохида ягон аъзои чумларо ифода иамеку- нанд. Ип аломати асосист, ки ба хисоб гирифтапи он барои фарк на­мудани вазифаи грамматнкни калимахои сервазифа имконнят меди­хад. Масалан, калимаи боз дар забони адабни имруза дар се вазифа: зарф — мувофикан хол (у боз ба Москва рафт), пасоянд (Се руз боз падидаам) ва хиссача (Боз шоп Юнусбобои ордендор будаанд — Ниё­зй) истифода мешавад. Дар ду мисоли охир зарфи боз маънон аслии лугавй ва грамматикии худро аз даст дода, ба гурухи хиссахои ёриди­хандаи нутк гузаштааст: дар таркиби се сол боз вай хамчун пасоянд

вокеъ шуда, дар ташкнли ибораи феълй хизмат карда бошад, дар чум­лаи охир ба тамоми мазмуни чумла алокаманд гашта, барои зухури равшаитари эхсосоти гуянда кумак кардааст. Ин аст, ки дар ин хол боз аъзои чумла шуда наметавонад. Мисолхое хам дучор мешаванд, ки дар онхо суст шудани маъпои зарфпи боз равшан хис мешавад, аммо процесси гузаштани он ба хнссача пурра анчом нагирифтааст. Айнй хамин гапро дар хусусй баъзе хиссачахон дигар, ки ба пайвандак ва нидо наздиканд, низ гуфтан мумкин аст. Ин кабил хиссачахо аз бобати шаклу маъно ончунон ба пайвандак ва нидо монанданд, ки ба таври катъи мукобил гузоштани онхо ба хамдигар дар баъзе холатхо бисьёр душвор мебошад. Хиссачахо бештар аз хама ба калима ва иборахои туфайли шабохат доранд.

Хиссачахо аз руи имкониятхои синтаксисии худ ба се гурух такснм мешаванд: а) хиссачахои озод (магар, охир), кн дар чумла мавкеи доими ва катъи надоранд, онхо дар аввал, мобайн ва охири чумла ома­да метавонанд: Магар хандидани уро дндааст, ки хавосаш парешон гашт (Самадов). Корй-амак, аз дасти шумо магар халоси нест (Айнй). Ту хам дида буди магар? (Икромй). Охир гулзор хеле баланд дар та­наи басо хавфноки кух вокеъ буд (Самадов). Хез, чашм кушо охир (Икромй); б) хиссачахои нимозод, ки чояшон, асосан, доими бошад хам, гохе мавкеи худро дигар мекунанд Чунончи, хиссачаи чй асосан дар охир, баъзан дар аввали чумла меояд; в) хиссачахои устувор, ки хаме­ша пеш аз калимаи вобастакунандаи худ ё баъд аз он вокеъ меша­ванд: ана, мана, хо//ху, хатто, факат, танхо, махз, канй//ку, хам, низ, боз, наход, на ин ки, -ку, -куя, -да, -а, -е.

Хиссачахои устувор дар навбати худ ду гурухро ташкил медиханд: а) пешмавкеъ — хиссачахое, ки пеш аз калима ва иборахои вобастаку- нанда меоянд: ана, мана, хо//ху, хатто, факат, танхо, махз, боз, наход, на ин ки, биё, мои, бнгзор ва г.:

Ана субх хам дамид (Дехотй). Бед монед, алами кухнаро тоза на- кунед (Ниёзй); б) пасмавкеъ — хиссачахое, ки баъди калима ва ибо­рахои вобастакунанда вокеъ мегарданд: хам, низ, -ку, -куя, -мй, -а, -да, -е:

Рузи якуми тахсил барои Далер хам ид буд (Самадов). Бачахои дигар кокул надоранд-ку! (Улутзода).

Баъзе хиссачахо дар матнхои диалогй ба вазифаи чумлахои ало­хида истифода мешаванд. Дар ин хол маъно ва вазифаи грамматикии хиссачахо ба г^фтаи пешипа алокаманд буда, бе чунин шаронти сухан онхо хастии худро чун чумлаи алохида аз даст медихаид:,

  • Ха, ха, камзули сиёх ва гарданбанди сафедашонро мегуед?

  • Ха (Айнй)-

  • Ту аз кишлоки Зираобод мешави-а?

  • Бале (Икромй)-

  • Ту хам ман барин меларзй-мй?

  • Не! (Икромй).

Хиссачахо аз бобати таърихи пайдоиш як хел нестанд.. Кисме аз онхо (ха, оре, бале, оё, магар, на-) аз кадим ба вазифаи хиссача исти­фода мешаванд. Кисми дигарашон нисбатан нав буда, аз сифат (хуб, махз, охир, танхо, рост, хак), чонишин (чй, ана, мана), зарф (боз, зо- тан, феълан, зохиран), феъл (мон, биё, рафту, раваду, канй, бигзор), пайвандак (хам, балки, кн, гуё ки) ва пасоянд (барин) ба вучуд ома- даанд.

Хиссачахо аз чихати кабаги услубй ба се гурух чудо мешаванд: а) муътадил ё умумиистеъмолй: ха, па, не, хайр, наход, факат, танхо, гуё, боз, хам, хуб ва f.; б) китобй: оре, бале, низ, бигзор, зотан, феълан, зохиран, махз; в) гуфтугуй: -а, -у, -ку, -куя, -чй, -мй, -хайр, биё, мон, канн, ху-, -е, -о ва амсоли инхо.

СОХТИ ХИССАЧЛХО