Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2093
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 364. Тарзи мафъулии бавосита аз тарзи фоилии бевосита бо феълй ёридихандаи шудан сохта мешавад ва амали бо ягон восита ичрошударо мефахмонад.

Тарзи мафъулии бавосита аз феълхои содда гирифта шуда бо­шад, чузъи якуми таркибии мафъулй ба шаклу маънои бавосита бо суффикси -он меояд: хондан — хонондан — хононда шудан; шунави- дан (шунидан) — шунавондан — шунавонда шудан; чидан — чинон- дан — чннонда шудан ва f.

Агар асосй тарзи мафъулии бавосита аз феълхои таркибии но­мии бо феълй ёридихандаи кардан сохташуда иборат бошад, феъл,1 кардан (чузъи дуюми таркиб) бо суффикси -он ба шакли бавосита оварда мешавад: тайёр кардан — тайёр кунондан — тайёр кунонда шудан; кабудизор кардан — кабудизор кунондан — кабудизор кунонда шудан ва м. ин:

Соли чорй тамоми кучахои шахр асфальт ва атрофхои он кабу­дизор кунонда шуд («Точикистони совети»). Тамоми фаъолияти ком- мунистон ба ичрои вазифахои навбатй нигаронда шуда буд («Мао- риф ва маданият»).

ШЛКЛУ ВОСИТАХОИ ИФОДАИ ТАРЗИ МАФЪУЛЙ

  1. Агар дар тарзи мафъулй зикри мафъул (пуркунандаи бавоси­та, ки аслан кунандаи кор аст) лозим бошад, вай бо пешоянди тар­кибии аз тарафи ифода меёбад. Масалан: аз тарафи халк, аз тарафи мардум, аз тарафи анчуман, аз тарафи мачлнс ва м. ин: Дар соля 1931 аз тарафи Комичроияи Марказии Точикистон бо нишони «Бай- раки Сурхи Мехнат» мукофотонида шудам. Дар соли 1935 ба муно­сибати юбилеи сисолагии фаъолияти адабиам аз тарафи хукумати Точикистон бо машииан сабукрав мукофотонида шудам (Айнй).

  2. Агар фоил воситаи амал бошад, мафъул бо пешоянди бо ва ё ба воситаи оварда мешавад:

Аммо бо кушиши сахт ва харбиёнаи совдеп ва аскарони рсволю ционии Россия онхо аз доми амир халос карда шуданд (Айнй). Ин журнал ва газета ба воситаи ташкилотхои коммуннстопи Бухоро дар районхои Бухоро ба тарзи пинхоий пахн карда мешуданд (Айнй).

  1. Дар тарзи ифодаи мафъулй зикр ёфтани мафъул (пуркунан­даи бавосита, ки фоили хакикист) коидаи хатмй нест. Дар забони хозираи точик бе зикри мафъул ифода ёфтани тарзи мафъулии феъл серистеъмолтар мебошад. Мафъул ба ягой шакл тасаввур карда ме­шавад. Чунончи:

Каланд тайёр шуд. Кор еар кардам (Айнй). Дар хамин аено да­ри кабинет аз берун куфта шуд (Рахим Чалил). Шурбо кайхо хурда шуда буд (Мухаммадиев). Зиёда аз 100 корхонаю цеххои нави сано- ати сохта шудаид («Точикистони советй»).

  1. Агар дар шаклхои мафъулии аз феълхои таркибии номии бо ёрии кардан сохташуда таъкиди маъноии мафъулияти амал зарур бошад, дар таркиби тарзи мафъулй феълй ёридихандаи кардан ба шакли феълй хол (сифати феълй) нигох дошта мешавад. Чунончи: кутох кардан — кутох карда шудан; маълум кардан — маълум кар­да шудан; курбон кардан — курбон карда шудан; бор кардан — бор карда шудан; гамхорй кардан — гамхорй карда шудан ва м. ин:

Ин таклиф дахопакй буда, сабаби даъват хам маълум карда на- мешуд. Аммо мардум мегуфтанд, ки фармони ислохот эълон карда мешавад (Айнй). Духтар дар кафои ароба менишаст, ки дар он... халтахои пури чизу чорахо зич бор карда шуда буданд (Рахим Ча­лил). Хамин ки эшон ба хавлй кадам монд, ба шарафаш як гус- фанди бурдокй курбон карда шуд (Айнй). Вазифаи ватандустона во- дор менамояд, ки дар бораи бехбудии тамомн Ватани социалистй аз сидки дил гамхорй карда шавад («Точикистони советй»).

  1. Дар аксарияти ин гуна шаклхои пурраи тарзи мафъулии феъл мавкеи феълй ёридихандаи кардан чандон пуркувват ва устувор нест. Бинобар ин дар мавриди худ бе феълй ёридихандаи кардан ифода ёфтани тарзи мафъулй мумкин аст ва ом хилофи коида намебошад. Масалан, дар чунин мавридхо ба чои як шакли мафъулй (бо феълй кардан) истеъмоли шакли дигари он (бе феълй кардан) тамоман чо- из аст:

Бино карда нашуда будааст — бино нашуда будааст (сохта на- шуда будааст): Мадрасаи Олимчон дар аввал барои Мадраса бино карда нашуда будаасг (Айнй). Равона карда шуд — равона шуд (нигаронда шуд): Диккати хама ба мо равона карда шуд 1(Хаким Ка рим). Дохил карда шудааст — дохил шудааст (дароварда шудааст). Албатта, барои тахснл ва зиндагии талабахо як микдор пул лозим мешавад, ки хамаи он дар ин накша ва смета дохил карда шудааст (Икромй).

Мавчудияти шаклхои мафъулии бе ёридихандаи кардан ва истеъ­моли амалии онхо нишон медихад, ки дар ип гуна шаклхо хам маф- хум ва тобиши маъноии мафъулияти феъл нигох дошта мешавад. Аз ин чихат шаклхои тайёр шудан бо тайёр карда шудан, таъин шудан бо таъин карда шудан, чоп шудан бо чои карда шудан ва f. баробар- маъно мебошанд. Мисолхои зерин аз С. Айнй хамин хулосаро тас- дик мекунанд:

Замин тайёр шуд, падарам кошта дод. Дар Бухоро мисли як коида кории чамоа хамеша аз махдумоии калон — муллозодагони ка­лон таъин мешуд. Дар он чо болою поин хамагй дах дар хучра буд, ки онхо аз хонахои тайёрро девор кашида таксим намудан тайёр шу­да будаанд (Айнй).

Истеъмоли чунин шаклхои мафъулй (бе кардан) хатто хангоми бо пешоянди аз тарафи .омадани мафъул (аслан фоили амал) чоиз мебошад:

Ин асар дар соли 1926 бо харчи хукумати Точикистон дар Москва аз тарафи Нашриёти марказии халкхои СССР нашр шуд. — Ман дар мохи июни соли 1920 аз тарафи ташкилотн коммунистони Бухоро ба 'Гошканд даъват шудам (Айнй).

  1. Феълхои таркиби ва таркибхои феълй, ки чузъи якумашон аз сифати феълии замони гузаштаи феълй гузаранда бо суффикси -гй ва чузъи дуюм аз шакли тасрифии феълй ёридихандаи будан иборат аст, ба маънои тарзи мафъули низ кор фармуда мешаванд. Чунин шаклхои ифода асосан хоси забони гуфтугу мебошад:

Касе чуруккй иамекард, аммо хама чашмон ба бемор духта шу- дагй буданд (Х,аким Карим). Аз кисаи куртаи худ як даста чалидро, кн ба як рссмОп гузаронидагн буданд, баровард (Айнй). Дар як та- раф гахвора монда шудагй буд... Дар гахвора бачаи 9—10 моха бас­та шудаги буд (Икромй).

Э з ох : Феълй ёридихандаи шудан на танхо тарзи мафъули месозад, балки гохо чун феълй мустакил меояд па баъзан барои ифодаи тобишхои гуногуни наму- дин тарзи фоилй низ хизмат мекунад. Ба ин маънй чунин шаклу таркибхо тобиши фоилй доранд ва тамоман ба аичом расидани амалро мефахмонанд: навишта шу­дан (навишта тамом кардан), хонда шудан (хонда тамом кардан), фош карда шу­дан (тамоман фош кардан) ва м. нн. Ин тарзи ифода хам бештар ба нутки гуфтугуй хос аст:

Хангоме ки хола «сирру асрори кассирро фош карда шуд, котиб монандп одаме, ки ба ин «фиребдихии» кассир тамоман бовар карда бошад, ...гуфт (Хаким Карим). Зулайхо шартномаро навишта шуду ба ман нигох кард (Икромй). Расул тахтаро ранда карда шуду ба давраи уетохо омада нишаст.

^/НАМУДХОИ ФЕЪЛ

§ 365. Феълхои забони точикй аз чихати ифодаи хадду холати ичрои амал, яъне лахзаи замонии ичро, аичом ва ё чараёни харака- ту холат гуногунмазмун мешаванд: Баъд аз соате дубора дари обхо- на кушода шуд, боз касеро монанди буз хаво доданд ва дарро баста рафтанд (Айнй).

Дар ин чумла феълхои кушода шуд, хаво доданд, рафтанд лах- захои чудогонаи амал ва анчоми онро мефахмонанд. Дар ин гуна феълхо баробари хотима ёфтани вакти амал натичаи он хам маълум аст.

Феълй шуда гузашт дар чумлаи зерин огозу анчоми амалеро мефахмонад, ки дар он мурури ходиса низ тасаввур карда мешавад:

Дар бригадаи Александр Комаров тахти шиори «Мо хама кор- гаронем» дарси ленинй шуда гузашт («Точикистопи советй»),

Инчунин феълхо ва таркибхои феълие низ хастанд, ки вобаста ба сохту маънии худ ичрои мулкаратй ва ё давомнокии амалро ме­фахмонанд ва дар онхо чараёни холату харакат ифода меёбад: ме- шунидам, мехонад, тахеил дорад, омада истодааст, гуфтан гирифт, навиштан мегиранд ва м. ин:

Аммо чурахо ба тарзи эхтиром уро Махсум ва ё Махсумчон ме- гуфтанд (Икромй). Баъзехо тааччуб мекарданд, ки солдати р\с чаро ба русбача либосхои кухистониёнро пушонда гирифта гаштааст (Ра­хим Чалил). Хозир ман таълимоти Марксу Ленипро ёд гирифтам ва ёд гирифта истодаам (Хаким Карим). Вай дар давоми якчанд сол вазифаи мудири шуъбаи маданиятро ичро карда меояд («Маориф вч маданият»),

Хамин тарика, намуди феъл дар лахзаву худуди муайяни вокеъ шудани амал, ба апчом расидани он ва ё дар холати мулкаратй ва давомнокй вокеъ гардндани кору холеро ифода мекунад. Вобаста бл ин феълхо ба ду гурухи намудй чудо мешаванд: феълхои намуди мут- лак ва феълхои намуди давомнок. Мазмун ва тобишхои маъноии на мудхои феъл бо шаклхои хоси феъл, ба воситаи аффиксхо ва феъл­хои ёридиханда ифода меёбанд. )

НАМУДИ МУТЛАКИ ФЕЪЛ ВА ВОСИТАХОИ ИФОДАИ ОН