Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 347. Бандакхои хабарй (гайр аз шахси сеюми танхо) бо бандак­хои шахсии феъл баробаранд. Бандаки хабарии шахси сеюми танхо аст мебошад. Бандакхои хабарй инхоянд:

Танхо

шахси якум -ам (-ям) шахси дуюм -й шахси сеюм -аст

Бандакхои хабарй аз чихати вазифаи грамматикй аз бандакхои шахсии феъл фарк доранд. Бандакхои шахсии феъл факат бо феълхо (замони гузаштаи наздик, дур, хикоягй, замони хозира-оянда, замони оянда — фармоиш, аорист, ояндаи дур — таркибй) меоянд. Аммо дои­раи вазифаи грамматикин бандакхои хабарй танхо бо феъл махдуд на- мешавад; онхо хам бо як гурух феълхо омада, шакли таернфии феъл- хоро месозанд, хам бо хиссахои гуногуни номии нутк омада, хабархои номиро сурат медиханд. Дар хар ду холат хам шахсу шумораро ме- фахмонанд.

Ин нас акнун ба пеши у рафта,

Дар ароба савор мегарданд. Аз паси дустдори хонабадуш Х,ама дам соивор мегарданд.

Аз феълхо гурухи феълхои иаклй ва феълй замони хозираи давом- дор бо ёрии «истодан» бо бандакхои хабарй тасриф мешавапд. Дар тасрифи ин гу.на феълхо шаклхои феълии хает ва будан (буд, мебо­шад), ба вазифаи бандаки хабарй омада наметавонанд.

Чамъ

Тасрифи шакли наклии феълй сохтан:

Танхо

                    1. ман сохта а м

                    2. ту сохтай

                    3. вай (у) сохтааст мо (моён) сохтаем шумо (шумоён) сохтаед онхо сохтаанд

177

12—322

Тасрифи шакли наклии гузаштаи хикояги аз бофтан:

  1. ман мебофгаам мо мебофтаем

  2. ту мебофтаи шумо мебофтаед

  3. вай (у) мебофтааст онхо мебофтаанд

Тасрифи шакли наклии замоин гузаштаи дур аз дидан:

    1. Ман дида будаам мо дида будаем

    2. Ту дида будай шумо дида будаед

    3. Вай (у) дида будааст онхо дида будаанд

Тасрифи шакли х,озираи давомдор аз чидан:

      1. Ман чида истодаам мо чида истодаем

      2. Ту чида истодай шумо чида истодаед

      3. Вай (у) чида истодааст онхо чида истодааид

Бандаки шахеи дуюми чамъ -етон дар ин гурухи феълхо нисбат ба гурухи феълхое, ки бо бандакхои шахсии фсъл тасриф мешаванд, камистеъмолтар аст.

Хабархои номй (исм, сифат, шумора, чонишин, зарф) ва феълхои хохишмандии аз сифати феълии замони оянда сохта мешудагй хам ода- тан бандакхои хабари кабул карда, ба таври грамматики сурат ме­ёбанд. Ба ин маънй хабархои номй хам тасриф мешаванд.

Тасрифи исми омузгор ва сифати хушнуд:

Танхо Чамъ

        1. ман омузгорам, хушнудам мо омузгорем, хушнудем

        2. ту омузгорй, хушнуди шумо омузгоред, хушнудед

        3. вай омузгор аст, хушнуд аст онхо омузгоранд, хушнуданд

Тасрифи феълй хохишмандии аз сифати феълии замони оянда ги­рифта шуда:

          1. ман рафтапиам (ям) мо рафтанием

          2. ту рафтаний шумо рафтаниед

          3. вай (у) рафтанй аст (яст) онхо рафтанианд (янд)

Хамаи ин навъ феълхои хохишмандй ва хамаи хабархои номй аз руи хамин коида тасриф меёбанд ва сурат мегиранд. Чунончи:

Шумо як гиждувонии бнсьёр нотарсед (Айнй). Ман як озмонш карданиам,— гуфт ба хар дуй онон саркор. —...хамаи колхозчнхо бо- шанд, зану мард ба сохтмон рафтанианд (Хакнм Карим).

Рухам аз барк бувад, пайкарам аз пулод аст, Хокимам, муктадирам, кишВарн ман обод аст, • Олимам, пурхунарам, миллатн ман озод аст, Кухаму хамлан душман ба танам чун бод аст.

(Л о х у т й).

Бандаки хабарии шахеи сеюми танхо аст хам дар феълхо ва хам дар хабархои номии бо садонок хотимаёфта ба шакли ст ихтисор ме­шавад, яъне аз аввали он овозй а меафтад. Дар ин сурат чое ки аст ба шакли пурра аз калима чудо навишта мешуд, ба шакли ихтисор бо ка­лима якчоя навишта мешавад: мо аст — мост, у аст—уст, ки аст— i кист, чй аст — чист, хаво аст — хавост, Бухоро аст — Бухорост ва м. ин.

Ту кистй ва аз кучо меой? — духтар пурсид. — Номат чист? (Айнй). Дар иахлуи чашмаш ба номи Носири Хусрав пайдо шудани дукони ки­тоб рамзи хубест... (Дехоти). Навони — далерист (Хаким Карим). Хушьёр бошед, душман хучум карданист, тиратон хок нахурад (Хаким Карим).

Халки ман рокаш накует, Окил аст у, сулхдуст.

(Л о х у т й).

Истеъмоли бандакхои хабарй бо хабархои номй дорой ду хусусият мебошад, ки он дар истеъмоли бандакхои шахсии феъл ва умуман дар феълхои тасрифшаванда маъмул нест.

Хусусиятн якум ин, ки хабархои >номй дар нутк, дар чумла (насру назм) бе бандакхои хабарй хам омада метавонанд, яъне хамеша бо бандакхои хабарй сурат ёфтанашон шарт нест. Ба ин вазъият баъзан дар охири хабарй номй омадани хиссача низ сабаб мешавад. М и- с о л хо:

Мактуб аз чонишини командири полк, хонда имзо мекардед ва анг» ин хатча хам махсус ба шумо (Ниёзй). — Охо, — гуфт уро шинохта вай,—ин Мукимбой-ку! (Икромй). — Чй, механдй, ин чо чои масха- рабозй-мй? (Ниёзй). Бибнфазилат — зани миёнсол, чаккон, чобук (Ха­ким Карим).

Феълй хо.\ишмандии аз сифат и феълй гирифташуда низ бе банда- ки хабарй истеъмол меёбад:

Ман диданиям — ман диданй, мо диданием — мо диданй...

Мо диёри хешро бисьёр зебо карданй, Дасга-даста гул зи гулзори саодат чиданй

(Т у р с у нз од а).

Хусусияти дуюмй ин, ки бандакхои хабарй аз феълй хает ва будан ба худ муродиф доранд ва ба чои хамдигар омадани онхо коидаи маъ­мул ист.

I-

ИСТЕЪМОЛ И ФЕЪЛИ ХАСТ ВА БУДАН БА ВАЗИФАИ БАНДАКИ ХАБАРЙ

Феълй хает дар як маврид муста кил буда, мавчудият ё доро бу- данро мефахмонад ва бо бандаки хабарй иваз намешавад. Вай масдар надорад, танхо дорон шакли замони хозира мебошад. Шакли шахси сеюми танхо асоси тасрифи шахсу шумораи он шудааст:

Танхо Чамъ

            1. ман хастам мо хастем

            2. ту хастй шумо (шумоён) хастед (етон)

            3. вай (у) хает онхо хастанд

Дар хамин кишлоки мо як сир хает, ки донистанн он барои шумо даркор ва зарур аст (Рахим Чалил). Монанди чашман Сарикалъа боз дар чандии чои деха чашмахои хурду калон хастанд (Улугзода). Дар хавлии ман чордах нафар хуранда хает (Рахим Чалил).

Феълй хает дар нутки даханакй ва хатти хамчун бандаки хабарй ,низ кор фармуда мешавад. Аммо шакли шахси сеюми танхои ин феъл (хает) чун бандаки хабарй истеъмол намеёбад. Дар шахси сеюми тан­хо хамеша бандаки аст меояд. Чунончи:

Чамъ

Танхо

              1. ман коргар хастам—коргарам

              2. ту коргар хастй—коргарй

              3. вай (у) коргар аст.

                1. мо коргар хастем—коргарем

                2. шумо коргар хастед—коргаред

                3. онхо коргар хастанд—коргарапд.

Биё, ман ошики туям, ту нозанини ман хастй. — Хаминро аз хоти- рат набарор, ки мо падару модари ту хастем (Хаким Карнм). Аммо ин барои хотирчамъ шудан асос шуда наметаванад, акои Олим. Боз, ху- сусан кн колхози шумо—колхози таърифй, худатон ранен номдори мо хастед (Ф. Ниёзй, Вафо).

Тасрифи феълй хохишмандии навъи зерни аз руи хамин коида во­кеъ мешавад:

                  1. ман хонданй хастам—хоиданиам (ям)

                  2. ту хонданй хастй — хонданий

                  3. вай (у) хонданй аст — (хонданист)

Чамъ

                    1. мо хонданй хастем — хонданием

                    2. шумо хонданй хастед — хонданиед

                    3. онхо хонданй хастанд — хонданианд (янд)

Ман дар хамон замин тачриба карда диданй хастам, ки хамин тух- ми нав чй кадар хосил медихад. — Ппсарам, ба кадом мактаб рафтанй хастй? — Ман гуфтанй хастам, ки мову шумо... содик ва собиткадам хастем. (Хаким Карим).

Дар наср феълй хает ба вазифаи бандаки хабарй одатан ба шакли пурраи тасрифй навишта шуда (гайр аз шахеи 3-ми танхо), дар та­лаффуз бештар ба шакли мухтасари тасрифй бо хабарй номии бо хамсадо тамомшуда васл меёбад:

Аввалин сухани вай хамин, ки мо мардуми майдони мехнат такья- гохи боэътимод ва маибаи зуру иктндори лашкари сурх хастем... (Ниёзй).

Ин чо хастем бо афтидани х-астем талаффуз мешавад, аммо агар хабарй номй бо садонок тамом шуда бошад, аксар дар талаффуз хам шакли пурраи тасрифии он нигох дошта мешавад:

Гапат хак аст-куя, Мамарачаб, писарам, ...аммо бештариии онхо касоне хастанд, ки военкомат аз фронт дида дар сахро мондани онхоро фоиданоктар шуморидааст (Ниёзй).

Ин ду тарзи истеъмоли хает дар назм ба талаботи вазну оханг му­вофикат карда, аз руи талаффуз гох ба шакли пурра, гохе мухтасар меояд. Шакли мухтасари он дар ифодаи маънию адои вазифа бо шак­ли пуррааш баробар аст:

Ту озод астию ман зинда бо ту, Азизй мисли чонам, Точикнстон!

(Дехоти).

Хар чй бошад, бузург руд астй, Хиссаи бах,рн бехудуд астй.

((Турсунзода).

Феълй будан хам, гайр аз вазифаи мустакили феълй ва модалии худ ба шакли замонхои гузашта, хозира-оянда ва аорист ба вазифаи бандаки хабарй низ кор фармуда мешавад. Шаклхои аз будан хосил- шуда шахсу шумора ва замонро хам ифода мекунанд.

Тасрифи киёсии хабарй номи бо феълн хает, шакли хтира-ояидаи будан ва бандакхои хабарй чунин аст:

Танхо

  1. ман хурсанд хастам — хурсанд мебошам — хурсандам

  2. ту хурсанд хастй — хурсанд мебошй — хурсандй

  3. вай (у) хурсанд аст — хурсанд мебошад — хурсанд аст.

Чамъ

    1. мо хурсанд хастем — хурсанд мебошем — хурсандем

    2. шумо хурсанд хастед— хурсанд мебошед—хурсандед

    3. онхо хурсанд хастанд — хурсанд мебошаид—хурсанданд

Дар мисолхои зерин бо се шакли замони ба вазифаи бандаки ха­барй омадани фсъли будан дида мешавад:

Дар хонаи Назаров сухбат гарм буд (Рахим Чалил). Дар ин киш- лок аввалин касе, ки аъзои партия буд, Шодй буд (Икромй). Дар во­кеъ, Кодирчон хофнзи хушовоз хам мебошад (Мухаммадиев). Аэро- пла„н чй хел парранда бошад? (Улугзода).

Шакли кухнаи бувад (аз феълй будан) дар назми хозираи точик низ хамчун дар забони адабии пешина бо бандаки хабарии аст, инчу ннн ба хамин маъно ба шаклхои феълии бошад ва мебошад (шахсг Ш-ми танхо) хамвазифа хисоб меёбад:

Тавоно бувад, хар кй доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад.

(Ф и р д а в с й)

Хонаи осудаю умедгохи мо бувад, Маскани осоишу пуштупанохи мо бувад...

(Турсунзода).

Шунидам, ким.кучо андар биёбон Бувад «Кишлоки тиллой» намоён.

(М и р ш а к а р).

Киссаи Хайдари адолатхох, Кн бувад аз чахони нав огох... Хама чоро фаро гирифт имруз, Хама буданд дар шигифт имруз.

(Р а х и м з о д а).

Ба хамин тарик феълй хает, шакли хозира-ояндаи феълй будан .(мебошад...), аористи он (бошам...) ва шакли архаистии бувад дар мав- риди худ хамчун муродиф ба вазифаи бандакхои хабарй меоянд ва ин­хо чои хамдигарро ишрол карда метавонанд. Аммо замони гузаштаи феълй будан (будам...) дар мавридаш вазифаи бандаки хабариро адо кунад хам, бо бандакхои хабарй пурра муродиф нест ва аз ин ру бан­дакхои хабарй чои онро ишгол карда наметавонанд. Замони гузаштаи будан бештар холати хабарии худро зохир карда меистад.

ФЕЪЛХОИ МУСТАК.ИЛ ВА ЁРИДНХАНДА

§ 348. Дар назари аввал хамаи феълхои забони точикй хамчун феълхои муетакил тасаввур мешаванд. Аммо дар хакикат мустакилии як кисми феълхо мафхуми мутлак ва кисми дигараш мафхуми нисбй дорад. Аз ин чихат феъле, ки одатан ба вазифаи грамматикй ба шакли мустакил истеъмол меёбад, мумкин аст, ки дар навбати худ дар тар­кибхои гуногуии феълй ба сифати феълй ёридиханда кор фармуда ша­вад. Баръакс, феъле, кн одатан дар ташкили таркибхои феълй хамчун ёридиханда меояд, мумкин аст, ки дар мавриди дигар хамчун феълй мустакнл омада бошад. Ба ин маънй феълхо аз руи вазифаи грамма­тики, тарзи истеъмол ва табиати маъноиашон ба ду гурухи калон чудо мешаванд: мустакил ва ёридиханда.

Феълхое, ки вазифаи грамматикй ва маъноиашон дар чумла бево­сита, бе ёрии хиссахои дигар анчом меёбад, феълхои мустакил номнда мешаванд, масалан: андохтан, баромадан, вахмидан, газндан, гириф- тан, даромадан, додан, ёфтан, кандан, лесндан, мондан, молидан, ноли- дан, оростан, пухтан, рафтан, руидан, сохтан, сухтан, тафсидан, фах- мондан, хурдан, часпидан, шоридан ва гайра.

Дар чумлахои зерин ба таври мустакил омадани ин гуна феълхоро мебинем:

Албатта, маърузаи уро мешунавем ва чораи корашро меандешем (Икромй). Чавонмарди даступогумкарда аз кучо медонист, ки бача... об мепурсид (Мухаммадиев). Ин вакт ба гушаш овозй сурнаи пеш- охангон ва сурудй онхо расид (Дехотй). Маълум шуд, ки маро наме- шинохтаед? (Хаким Карим).

Феълхое, кн дар сохтани шаклу таркибхои феълй иштирок карда, барои ташкили категорияхои феъл ва ифодаи вазнфаву маънои тар­кибхои феълй хизмат мекунанд, феълхои ёридиханда ном доранд.

Дар забони хозираи точик шакли таркибии феълхо хеле инкишоф ёфтааст ва чунин шаклхои феълй кисми мухимми феълро ташкил ме­диханд. Аз ин чихат адади феълхои ёридиханда зиёд, доираи вазифан грамматикиашон васеъ ва тобиши маъноии онхо гуногун мебошад.

Феълхои таркиби ва таркпб.чои феълй аз ду кием иборат меша­ванд: кисми асосй (сохибмаъно), ки маънию мафхумн асосиро ифода менамояд ва кисми ёридиханда, ки барон адои вазифахои грамматики ва ифодаи тобншхои маънои хизмат мекунад. Кисми асосии феълхои таркиби ва таркибхои феълй аз хиссахои гуногуии нутк (феъл) ва хис­сахон номй, вале кисми ёридиханда хамеша аз феъл пборат мебошад. Кисми асоси вобаста ба мазмуну максади сухан тагьир ёфта меистад, аммо кисми ёридиханда бетагьир мемонад.

Феълхои кардан, намудан (ба маънои кардан), шудан, гардидан (гаштан), сохтан хамчун ёридиханда феълй таркибии номй месозанд, ки кисми асосии ин гуна феълхои таркибй аз хиссахои номии нутк ибо­рат аст: сухбат кардан, кор кардан, тайёр намудан, хохиш намудан, озод намудан, сурх шудан, омода гардидан, памудор гаштан, мухайё сохтан ва м. ин:

Тилмоч ин суханхоро тарчума намуда, илова кард, ки рохи яго- наи аз ин азобу укубат халос шудан хамаи айбро ба гардани солдат бор кардан аст (Рахим Чалил). Гохо (Хамида) бскор монад хам, ба зехбофй машрул мегардид... (Дехотй).

Аз феълхои ёридиханда кардан, намудан ва шудан дар феълсози хеле сермахсул ва серистеъмол буда, феълхои гардидан (гаштан), сох­тан, додан, кашидан ва f. нисбатаи камистеъмол мебошанд:

Хар гохе ки падараш дар хотираш мсомад, ох мекашиду гирья ме- кард,■ л-екии модараш бо хар гуна суханхои ширни ва бозичахо тасал- лй мед од (Дехотй).

Дар назар у нилва созад гох-гох Аз акибн пардаи абри сиёх.

(Ту р с у н з о д а).

Феълхои ёридихандаи будан, истодан, гаштан, шудан ва г. дар тар­кибхои гуногуни феълй омада барои ташкили шакл ва ифодаи катего­рияхои грамматикии феъл (тарзи мафъул, намуди давомдор, замони гузаштаи дур па г.) хизмат мекунанд. Кисми асосии ин гуна таркибхои феълй аз феъл иборат бошад, ба шакли феълй хол меояд (ёридихан- даи феълй таркибии номй низ хамчунйн), аммо феълхои ёридиханда ба шакли тасрифй оварда мешаванд. Масалан:

Офтоби оламтоб хам... дар кабати абрхо пинхон шуда буд. — Са ша ба кулмак чашм духта буд (Каким Карим). Он кас сихат шуда ис- тодаанд (Рахим Чалил). Боз диккати хама ба тарафн хат кашида шуд (Хаким Карим).

Бисьёр дида мешавад, ки якчанд феълй ёридиханда паси хам дар як таркиби феълй меояд, ки хар кадоми он дорой вазифа ва тобиши муайяне мебошад:

Муе, ки гунучнн карда, ба кабзаи шона дода шуда буд, аз даро- зиаш хабар медод. Аз дусад нафар зиёда саворони мусаллах... дар ялангии кишлок саф кашида истода буданд (Хаким Карим).

Адади феълхои ёридиханда аз хисоби феълхои мустакил, ки дар сохтани шаклу таркнбхои феълй хамчун ёридиханда хизмат мекунанд, хеле меафзояд. Масалан, феълхои таркибии масдари бо ёрии гирифтан сохта мешаванд (хондан гир, павиштан мегирам, омадан гнрифт, раф- тан мегирифтааст ва г.). Ин гуна таркнбхо бо ёрии гирифтан давомно- кин амал ва таъсиру холатро ифода мекунанд:

Ба чон ин аз чашмонаш ашкхо рехган гирифтанд (Хаким Карим). Духтарча овозй уро шуиида, аз гирья бозистод ва хусида-хусида гох ба Дарьяю гох ба Давлат нигох кардан гирифт (Рахим Чалил).

Бо ёрии феълхои додан (гуфта додан), гирифтан (навишта гириф­там), фиристодан (хандида фиристодан), мс'ндан (омада мондан), рафтан (сурх шуда рафтан) ва амсоли инхо феълхои таркибии холй ба вучуд меоянд, ки хеле сермахсул ва серистеъмоланд: Ман мактуби дурударозе навишта додам. — Кор аввал охиста-охиста давом намуд, баъд авч гирифта рафт. — Вакте ки ман ин ходисаро шунидам, аз хур- сандй гирья карда фиристодам (Икромй).

Хелхои дигари чунин феълхои ёридиханда ва тарзхои гуногуни ис­теъмоли онхо низ мавчуд аст (ниг. Сохти феълхо).

ФЕЪЛХОИ МОДАЛЙ

§ 349. Як гурухи махсуси феълхои ёридихандаи забони точикй бо маънои лугавй ва мохияти грамматикии худ муносибати ба вокеият доштаи мазмуни еуханро ифода мекунанд ва аз ин чихат дорой тобиш­хои енгавй мебошанд. Ба ин маънй ин гуна феълхои ёридиханда «феъл­хои модалй» низ номида мешаванд, ки инхоянд: тавонистан, хостан, боистан, шоистан.

Хусусиятн фарккунандаи ин феълхои ёридиханда дар феълсозй ва ифодаи синтаксиснн онхо зохир мешавад. Феълхои тавонистан ва хос­тан дорой шаклхои аорист, замони хозира-оянда ва шаклхои асосии за­мони гузашта буда, аммо шаклхои тарз надоранд.

Феълхои боистан ва шоистан таърихан ба тагьироте дучор шуда омадаанд ва дар забони хозира танхо шаклхои чудогонаи онхо истеъ- мол меёбад.

Феълй тавонистан дар таркибхои гуногуни феълй ва синтаксисй омада, имконпазир будан ё иабудани ичрои амалро ифода мекунад.

Шакли серистеъмоли таркиби феълй бо ин ёридиханда чунин аст, ки феълй асосй дар чои якум ба шакли феълй хол (сифати феълии за­мони гузашта) ва феълй тавонистан дар чои дуюм ба ягон шакли тас­рифй меояд: хобида тавонистан, дода тавонистан, истода тавонистан, ёрй дода тавонистан, токат карда тавонистан, чамъ карда тавонистан, навишта гирифта тавонистан, ба охир расонда тавонистан ва г.:

Душман ба фишорн ин кушуни беярок тоб оварда натавонист (Ха­ким Карим). Ха, табиати мамлакати мо ба хадде зебо шудааст, ки пас аз тамошои он чашм канда намегавонад (Дехотй). Ин мард аз одамоне набуд, ки пиёда ё савора ба сари ин кух баромада тавонанд (Айнй). Мактабхои усули кадимаи мо он донишеро, ки мо мегуем, дода намета- вонанд (Икромй).

Дар ин гуна таркибхои феълй пас аз тавонистан омадани феълй дигари ёридиханда (масалан, будан ва истодан) низ мумкин аст. Дар он сурат феълй тавонистан низ шакли феълй холро мегирад:

Барои хамин шарикхо аз кор даст кашида натавониста истода- анд. Дар он хавлй... ба гайр аз як манзилнишин, ки на тотор, иа ар- манй будани уро то хануз Коваленко дуруст чудо карда натаво­ниста буд, боз худи хучаини хавлй, точикй аёлманд зиндагй мекард (Х,аким Карим).

Баъзан дар ин хел таркибхо (бештар дар назм) феълй асосй ба шакли масдари пурра меояд:

Дарьёи азимем, ки бастан натавонй!

Аз сархади хуршед гузаштаи натавонй!

(Р а х и м й).

Лекин ин майли охирини туро

Хеч кардан наметавонам адо.

(Турсунзода).

Таркибхое низ хастанд, ки дар онхо феълй тавонистан пеш аз феъ­лй асосй меистад ва дар ин сурат феълй тавонистан дар шакли асосй замони хозира омада, префикси -ме мегирад, феълй асосй бештар ба шакли масдари мухтасар (баробари асосй замони гузашта) ва баъзан ба шакли масдари пурра вокеъ мегардад:

Мачлис хам хисоботй буду хам метавон гуфт, махфили адаби («Садои Шарк»).

Метавон бает рохи дарьёро, Рохи реги равони сахроро, Наметавонад, ки кас шавад монеъ Рохи пурчуши ишки дилхоро.

(Турсунзода).

Дар чунин таркиб ба шакли тасрифй (дар айнй хол номуайян- шахс) омадани феълй тавонистан ва ба шакли масдари мухтасар (го­хо масдари пурра) омадани феълн асосй низ дида мешавад:

Метавонй ба рнштахои сулх Хонадони чахониён пайваст.

(Турсунзода).

Ба шакли тасрифй омадани хар ду кисми таркиби феълй низ сер- истеъмол аст: метавон гуям, метавонед нависед, метавонистам гуям

ва г. Чунин таркиб бештар хусусияти синтаксисй дорад ва аз ин ру дар чумлаи мураккаб аз хам чудо шуда, феълй ёридиханда зохиран ба сифати феълй асосй меояд. Дар айнй хол феълй ёридиханда, катъи назар аз мавкеъ ва шакли тасрифи худ, ба шакли аорист омадани феълй асосиро талаб мекунад. Чунончи:

Вай кариб то ними шаб наметавонист аз хона барояд (Рахим Ча­лил). Шодй метавонист ба Мария телеграмма дихад, аммо накард (Икромй).

Метавонам, ки ман баён бикунам

Киссахон Халнчи Форс ин дам.

(Турсунзода).

Феълй хостан изхори майлу хохиши мансуб ба амалро мэфахмэ- над. Ин феъл бо баъзе хусусиятхои таркибсозин худ ба феълй тавонис- тан шабохат дорад ва дар баъзе бобатхо аз вай фарк, мекунад.

Фсъли хостан дар хамаи таркнбхо ба шакли тасрифи меояд. Вай ба шакли аорист пеш аз масдари мухтасар омада, феълй замони оян­да месозад:

Буржуазй гар бичангад, мо зафар хохем кард (Лохутй). Захро та- саввур карда наметавонист, ки чй тавр бо Алй... дар як хона зиндагй хохад кард ва дар як болин cap хохад монд (Хаким Карим).

Дар бисьёр таркибхои феълн феълн асосй ба шакли масдари пур­ра ва феълй хостан бевосита пас аз он ба шаклхои гуногуни тасрифи меояд:

Собир... почахои худро молида-молида базур рост шуд ва ба тара­фи рохрави хавлии дарун иигох карда рафтан хост (Айнй). Хозир ман ба ту на хамчун командиру итоаткор, балки хамчун фарзанди як киш- лок ran задан мехохам (Ниёзй).

Эзох: Феъл» хостан низ дар чумлахои мураккаб аз таркиб чудо мешавад. Дар ин хол вай одатан дар сарчумла омада, монанди феълй тавонистан, дар чумлаи пайрав шакли аористи феълй алокамандро талаб мекунад:

Собир каланд ва чорубро шрифта хост, ки биравад (Айнй). Пеш аз cap шуда­ни мачлис мехостем, ки як чизро пурсида гирем (Икромй).

Дар баъзе мавридхо дар чумлаи мураккаб бар хнлофи коидаи мазкур феълй хостан бо феълй алокаманд мувофикати дигари шаклию мазмунй пайдо мекунад:

Об фаровон. Хар вакт хохем бемалол, аз Вахш гнрифтан мегирем (Дехотй). Азбаски ман намехохам, ту ба вай намерасй (Хаким Карим).

йгёй****» ,

Истеъмоли ёридихандаи боистан аз чихати шакл хеле Махдуд ме­бошад. Дар забони хозираи точик асосан ду шакли ифодаи он маъ- мул буда, дар таркибхои феълй ва синтаксисй аксар барои ифодаи таъкид. зарурат ва катъияти мансуб ба ичрои амал кор фармуда ме­шавад.

Шакли бояд (таърихан шахси сеюми танхои аорист аз боистан) холо серистеъмол аст. Вай бо масдари мухтасари фсъли алокаманд (асосй) омада, феълн бешахс месозад. Чунончи, ёриднханда пеш аз феълй асосй вокеъ мешавад:

Бе об чй бояд кард? Кучо бояд рафт? (Хаким Карим). Холо ин корро хатман, сарфи назар аз хамаи мушкилихои гушношунида бояд анчом дод (Мухаммадиев). Бояд кайд кард, ки нортреткашй жанри дустдоштаи Рахимов аст («Садои Шарк»).

Ёриднханда дар байни феълй таркибии номй меояд:

Камбагалхои чахонро муттахид бояд намуд, Чанг бо урдуи истиемор мебоист кард

(Лохутй).

Шаклан бояд аз феълй алокаманд дур шавад хам, барои ифодаи хамон тобишхои асосии маъно хизмат мекунад. Дар ин сурат вай мо­нанди феълхои хостан ва тавонистан бо шакли аористи феълй ало­каманд мувофикаг дорад:

Аз Москва телефон карданд, ки бояд фардо ба пойтахт парвоз кунам («Садои Шарк»). Имруз ки шумою Мушаррафа мехмони ази- зи ман хастетон, бояд каме хурсандй кунсм («Садои Шарк»). Мал бояд ба шумо як чизро гуям («Садои Шарк»).

Ёриднханда,и бояд вобаста ба шаклу мазмунй фсъли асосй вз оханги сухан тобиши маънонн шарту эх,тимолро нфода мекунад: Ако, шумо бояд маро ёфта мепурсидед («Садои Шарк).

Махсусан дар таркибхои бояд дар хона бошад, дар хона бояд бошад, бояд омухта бошад, бояд ором шуда бошад ва f. дар ифодаи тобиши маъно ёридихандаи бояд бо шояд хамвазифа шуда метавонад.

Шакли мебоист нисбат ба бояд камистеъмол аст. Вай бо масда­ри мухтасар дар як таркиб омада, монанди бояд феълй бешахс таш­кил медихад:

Суетню навмедн аидар ро\и за.чмагкаш хатосг, То нафас бокист дар тан, кор мебоист кард.

(Л о \ у т й).

Шаклан мебоист низ аз феълй асосй дур шуда, бо он мувофикат'! шаклй ва маънои 1'айдо мекунад ва бештар бо тобиши ифодаи шарту зарурат меояд:

Цемента ба канал даркорй мебоист дар як мураббаъ сантиметр 140 кило фишорро бардорад. — Мебоист ман баъд аз чанд руз и дигар аз хизмати харбй озод шуда, ба кишлоки худ бармегаштам. — Як ода­ми хату саводнокэо ёфтан даркор буд, ки вай мебоист гуфтахои Нар- зиро ба руи кога? менавишт (Хаким Карим).

Аз феълн шоистан дар забони хозираи точик факат шакли шояд (таърихан шахеи сеюми танхои аорист) истеъмол мешавад. Вай бо феълй асосй хампахлу омада метавонад: шояд равем, шояд омада бошанд, шояд ичро шавад ва м. ин.

Хамчунин вай, монандй бояд, аз феълй асосй дур шуда хам ме­тавонад. Дар хар ду сурат хам ёридихандан шояд асосан бо шаклн аористи феълй асосй мувофикат карда, барои ифодаи маънои эхти- молин амал ва пуркувват кардани он истеъмол меёбад:

Бо хаёли ин, ки шояд вай хам омада бошад... челаки падарашро ба cap шрифта... ба куча баромад (Хаким Карим). Шояд маро фа- ромуш карда бошед. Шояд мо ду кас шуда оем («Садои Шарк»).

Мумкин аст, ки шояд бо шакли дигари феълй асосй (масалан, замони хозира-оянда) мувофикат кунад, лекин тобиши маъноии он тагьчр намеёбад:

Шояд баъд аз ин амаки Муха мм а дм у род хам... ачина барин а?, чашм гайб мезанад... («Садои Шарк»).

ПРЕФИКСХ.ОИ Ш АКЛСОЗИ ФЕЪЛ

§ 350. Я к гурух префиксхои феълии забоин точикй бо феъл омада шаклхои грамматикй месозанд ва ба воситаи онхо тобишхои нав.ч грамматикй ва услубии феълхо— хамчун никор, замой, охангнокин сухан ва гайра ифода меёбад. Ии гуна прсфиксхо маънон аслин (лек- оикии) феълро тагьи.р дода метавонанд иа бииобар ин префексхои шаклеоз номида мешаванд: на-, ме-, би-.

Префиксы на-