Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 534. Пеши бо пешояндхои аслии ба, дар, аз низ кор фармуда мешавад ва ба суи касе ва ё предмете равона будани амалро мефах­монад:

Агарчи, чаррохро пеши бемор баровардан мумкин на шуд, бемор- ро пеши чаррох фуроварданд (Айнй).

Нисбат доштани ягон амал ва ё вазъиятеро ба предмете ria ходи- сае ифода менамояд:

Хама шоханшохони оламгир Пеши хашмаш буданд зору факир

(Дехотй).

Пешоянди ба пеши равона шудани амалро ба суи шахсс, ба наз- ди предмет мефахмонад:

Бозор бо ин гуна мухокимахои хирадмандона ором гирифт Bai дасту руи худро бо оби сарди Даргам шуста, ба пеши рафикони худ боз омад (Айнй).

Пешоянди дар пеши макони вокеъ гардидани амалро нишон ме­дихад:

Дар пеши ин хона суфаи баланде хам буд (Айнй). Дар пеши ин тудахои одамони бехонумонгардида порчапалосхо, курпа-болишт- хо ва дегу табакхо хам менамуданд (Айнй).

Пешоянди аз пеши вокеъ гаштани амалеро аз наздикии предме­те нишон медихад:

Мо аз пеши бинои зебои Банки давлатй гузашта, ба Академияи фанхои республика рафтем (Дехотй).

Хузури муродифи пешоянди пеши буда, бо пешоянди аслии дар ва ба хамрохи исмхои мансуби шахе ва чонишинхо омада, эхтиром- ро ифода мекунад:

Ва Фирдав'сиро вай ба хузури султон бурд ва ба назм,и «Шох- нома» маъмур кунонид (Айнй). Аммо расму одат дар хузури каси бегона ба ин ичозат намедод... (Улугзода).

Назди муродифи пешоянди пеши (ба назди, дар назди, аз наз­ди) буда, дорой тобиши маъной наздик будан ба предмете мебошад: Вай чахида хссту назди машина омада истод (Толис). Дар наз­ди бобо дастурхопи пур аз позу неъмат кушоданд (Рахим Налил). Аз назди хатти рохи охан то доманаи куххо бахри васеи алаф бо тамом,и зебоии худ пахн гашта буд (Толис).

Наздики//аз наздики барои ифодаи муносибатхои масоха ва за­мон истеъмол мешавад:

Хавлии Юсуфамак дар наздикии дарьё вокеъ шудааст (Толис). Аммо ду касе, ки моро пешвоз гирифта ба хона дароварда буданд, дар наздикии мо нишастанд (Айнй). Наздики офтобшинам ба Ду­шанбе расиданд (Улугзода).

§ 535. Сииопими пешоянди наздики пешоянди кариби//карибии (дар карибии, аз карибии) мебошад:

Дар карибихои Шурча мо бо поезди почта... расида гирифтем (Икромй). Аз карибихои даромадгох мизи бекасеро ёфта, пушт ба одамон гардонида нишаст (Мухаммадиев). Дадеш гуфтанд, ки май- лаш, то ба карибихои туй хонда истад (Икромй). Боровиков ба хо- нааш кариби соати дувоздахи шаб омад (Улугзода).

§ 536. Пушти хам мустакилона ва хам бо пешояндхои аслии дар, ба, аз кор фармуд# мешавад. Вобаста ба семантикаи феъл ва ё маъ­ной умумии чумла пешоянди пушти ва шаклхои таркибии он мако­ни амалу холатеро нишон медихад, ки дар кафои чизе ё касе вокеъ гардидааст:

Дар пушти мехмонхона як руи хавлии васеи соботнок буд (Айнй). Баъд аз ба хона даромада пишастани шумо ман ба пушти дари бо­ло омада, аз таркиши дар нигох кардам ва дар равшании чарог шу- моро шинохта хотирчамъ шуда ба хона даромадам (Айнй). Корй- ишкамба аз пушти чут чизеро гирифта, ба дахоиаш апдохт (Айнй).

Пешоянди таркибии аз пушти муносибати сабаб ва ё пай дар хам омадани амалеро, ки ба объект нигаронда шудааст, ифода кар­да метавонад: аз пушти касе тохтан; аз пушти шолй курмак об ме­хурад (Зарб). Ягой пахлавони асил аз пушти мугамбирй обруй на- ёфтааст (Мухаммадиев).

§ 537. Синонимхои пешоянди пушти — пешояндхои акиб, паси, кафои, паи, дунболи хам мустакилона ва хам бо пешояндхои аслии дар, ба, аз кор фармуда мешаванд:

Мох, рухсори хеш пинхон кард Дар паси абрхои дудолуд

(К а х X о р й).

Офтоб аз паси куххои баланд, ки дар уфуки дури водии Хисор дсвор шуда буданд, бо шукух ва тантанаи зиёде баромад (Икромй). Гулру... ба кафои чархи ароба аввал модарашро пинхон карда, баъд аз пахлуи у чой гирифт (Рахим Чалил). Асп рамидаву вахмида ав­вал ба ин суву он су, сонй аз кафои гурезагони дигар тохт (Рахим Чалил). Афандй хар чанд аз паи онхо давида таваллову зори кард, онхо гуш надода, гурехта рафтанд (Лохутй). Худаш хам аз дунболи бачагон... давид (Дехотй). Хола «.вай, ман мурам!»—гуён аз акиби хохарзодааш давид (Хаким Карим).