Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 352. Преф,икси ме- ба асосхои феълй хамрох шуда, шаклхои за- монии феъл месозад.

Бо ин префикс 'аз асоси замони хозира шакли замони хозира- ояндаи феъл сохта мешавад:

Алхол дар техникуми хочагии кишлок мехонад (Хаким Кар,им). Ба Шу.роб меравем (Рахим Налил). Дар гирду атроф ким-чй хел одамхои ношинос мегарданд, вокеанависй мекунанд (Икромй). Охир, уро патчохудусола мегуянд-ку! (Мухаммадиев).

Дар назм гохо бо шакли амрии фсъл (шахеи дуюми танхо) ома­дани префикси ме- низ дида мешавад Чунончи:

Чй хуш гуфтаст як донои асрор.

Ба гуфтори хуши у гуш медор!

(Айнй).

i

Каламо, хизмати синон мекун,

Синаи хасмро нишон мекун!

(Л у т ф й).

Префикси ме- бо асоси феълии замони гузашта омада, шакли замони гузаштаи хикоягй месозад, ки он давомнокй ва мулкаратии ичрои амалро мефахмонад ва тобишхои дигари маъноиро ифода ме­кунад:

Гову гусола ва гусфандон аз чаро боз мегаштанд. Духтаракон... подаро истикбол менамуданд (Икромй). Дар куча онхо хомуш, хар кадом ба фикри дарди худ, пасу дунбол рох мегаштанд (Икромй).

Аз хамин шакли феълй гузашта,и хикоягии наклй ба вучуд мео­яд (мехондай, мерафтааст...):

Хеч ran не, ба тракторчихо мукофот оварда медодаанд (Икромй). Хозир дар он чо дар кадом колхоз дехконй мекардааст (Хаким Ка­рим).

Сифати феълии аз асоси замони гузашта бо префикси ме- сохта- шуда низ дорой мафхуми давомнокй ва мулкарати мебошад:

Чизхои мехурдагй аз гандум, чав, арзан... хоеил мешаванд (Ай­нй).

Префикси ме- дар феълхои содда пеш аз асос, дар феълхои сох­та аксар пеш аз префикси феълсоз ва дар баъзе феълхо пас аз пре­фикси феълсоз меояд: Саворахо торафт ба боло мебаромаданд (Ра­хим Чалил). Чархи таърих ба кафо барнамегардад (Икромй).

Эзох: Шакли кадимии префикси ме-, ки дар адабиёти пешина серистеъмол буд, хаме- мебошад. Ин шакл дар вакташ зарфи мустакил буда, зарфи хамеша таъ- рихан бо вай алокаманд будааст. Шакли хаме вобаста ба чунин хусусиягн таъри хиаш чун префикс бо феъл меомад ва хамчунин аз феъл канда шуда, чун хиссачл неш ва с пас аз феъл кор фармуда мешуд:

Хамсгуфт чар кас, ки ин Рустам аст (Фирдавсй). Буи чуй Мулисн ояд хаме (Рудаки). Яке аз мулуки Хуросон Султон Махмуди Сабуктегинро ба хоб дид, ki чумлаи вучуди у рехта буда ва хок шуда магар чашмони у, ки хамчунон дар чашм- хона хамегардид ва назар хамекард.... Дарвешс.,. гуфт: Х,ануз нигарон аст, ки мул- каш бо дигарон аст (Саъдй).

Дар забони хозира префикси хаме- факат дар назм меояд, вале камистеъмол

аст:

Парандахои нагзхон хамераванд ин замон Бурун зи ошьёнашон ба суи маргзорхо.

(10 с у ф й).

Префикси би-

§ 353. Префикси би- (бу-) низ шаклеоз буда. маънии аслии феъл- ро тагьир дода наметавонад. Вай дар тарзи ифодаи феъл як навъ тобиши охангнокии адабй-китобй мебахшад, ки он дар назм ба баъ зе коидахоги бадеият ва дар наср ба оханги гуфтор вобаста асг. Аз ин чихат би- префикси охангбахш номида мешавад, ки будани он дар феъл хатмй нест,

Агар феъл бо хамеадои лабулабии б cap шуда бошад, префикси би- ба шакли бу- омада, бо он мувофикат мекунад: Онхо вазифаи оина гиро хам адо намснамуданд, ки ман худро дар онхо бубинам (Каким Карим).

Ба мачлис духтари колхоз биёмад, Бубояд нутки ширинаш шунидан

(Р а хи мй)1,

Префикси би- дар забони адабиёти классикй (дар назму наср) хамчун коидаи умумй серистеъмол буд ва бо бисьёр шаклхои замо­ни ва сигавии феъл меомад. Дар забони адабии хозираи точик нор- маи истеъмоли ин префикс тагьир ёфта, дар назм бештар ва дар наср хеле кам вомехурад. Дар баъзе услубхои забони адабии хозира (масалан, услуби илмй, расмй, забони матбуот) багоят камистеъмол мебошад.

Ба ин тарик, префикси би- (бу-) дар забони хозираи точик бо шаклхои феълй зерин истеъмол меёбад:

а) бо шакли замони гузаштаи наздик (оддй) омада, гуё яккара- тй ё мутлакии амалро таъкид мекунад:

Мард чои хоби Едгорро муайян карда, худ ба пеши зан ва дух- таронаш омада бихобид (Айнй).

Талотум ба фарки нахангон бикуфт, Мухит ар бичушид бо кахри том. Революция дудаи гам бируфт, Чарогони баркй кушода ба шом.

(Рахим и);

б) бо феълй фармоиш омада, дар тарзи ифода андаке охаиги нармй мебахшад:

Писарам, пустакро ин чо андохта бихоб (Айни).

Ба суи саодат бирав, эй бародар, Ба ро\и саодат риёзат кашида

(Р а х и м й );

в) бо шакли аористи феъл омада, дар гуфтор шаклу оханги ада­бй -китобй пайдо мекунонад:

Собир каланду чорубро гирифта хост, ки биравад (Аини). Мар- дум бояд гуфтахои туро бишнаванд. Ба хонаи духтараш биравад ва да<*тпигари домодаш бишавад? (Хаким Карим). Давлат тохта ба ис- тнкболи у баромад, то бифахмад, ки чй хабар овардааст (Рахим Ча­лил). .

Шакли аористи феъл сермаънист. Вай, чун дар адабиёти клас­сики, ба маънон замони хозира-оянда омада бошад хам, префнкси би- кабул карда метавонад ва ин дар забони хозираи точик факат дар назм мушохида мешавад:

Боз рузи дигар ба дасти каий Чархи мошннаро бигардонад.

(П а й р а в).

Дар забони адабиёти классикй префнкси би- бо хамаи феълхо ва шаклхои феълии префнкси на- ва ме- доштагй истеъмол мешуд. Аммо дар забони хозираи точик коидаи истеъмоли он андаке тагьир ёф- та, худуди истеъмолаш махдудтар шудааст. Масалан, дар забони Хозира.и точик феъле, ки бо префнкси би- омадааст, префикси на- ва ме- кабул намекунад ва, баръакс, фсъли бо на- ва ме- омада префнк­си би- намегирад. Префикси би- дар феълхои омадан ва оиардан шаклан ба таркиби асосй замони хозира даромадааст:

Биёед, эй рафикон, да:рс хонем (Айнй). Ачаб нест, Ол,ммчоин шу­мо хам хамин тавр даромада бпёяд (Толис)- Аз вай шохи дарахт кул- чахоро биёр (Икроми).

Дар забони адабй, агар лозим о.яд, аксарияти феълхо префикси би- кабул карда метавонанд. Аммо дар баъзе феълхо (монанди шу- дан, истодан) истеъмоли ин префикс хеле кам вокеъ мешавад ва та- биати баъзе феълхо (мисли доштан, будан) истеъмоли префикси би- ро намебардорад

СУФФИКСХОИ ШАКЛСОЗЙ ФЕЪЛ

§ 354. Суффиксхои шаклеози феъл чупин унсурхои грамма гикй ме­бошаид, к,и истеъмоли онхо дар назму насри классики коидаи маъмулй буд. Аммо дар забони адабии хозираи точик истеъмоли ин суффиксхо багоят махдуд аст ва он танхо хоси забони назм мебошад.

• -^.Суффикси -и (-е). Ип суффикс дар истилохотн пешина йои \и- коят ном дошта, аз чихати грамматикй бо префикси ме- ха.мвазифа мебошад. Вай одатан ба шакли тасрифпи замони гузашта (асосн за­мони гузашта) омада, давомпокию мулкаратй, гохо шартй будани амалро мефахмонад:

Дар дафотир навнштандй ва хикоят карданди (Дониш).

Гурбаи мнении агар пар доштй, Тухми гунчишк аз чахон бардоштн. Ин ду шохи гов агар хар доштй, Хеч каеро пеши худ нагзоштй.

(С аъдй).

Суффикси -й одатан бо шаклхои тасрифии феъл пас аз бандак­хои феълии -ам (шахси якуми ганхо) ва -анд (шахси сеюми чамъ), аммо дар шахси сеюми танхо бевосита бо асосй замони гузашта мео­яд. Дар забони адабии Хозира (танхо дар назм) бо хамин тобишхои маъной, аз ру.и хамон коидахо кор фармудани суффикси -и мавчуд бо­шад хам, хеле камистеъмол буда, бештар дар шахси сеюми танхо ди­да мешавад:

Сухан меёфтам rap шоиропа, Ба назм овардаме аксн шабона.

(Турсунзода).

Чунон кор буд пур аз ишку \авас,

Ки гуфтй, гули пахтахо чар нафас,

Гнрифти аз он ишки саршор чон,

Паридй ба домони колхозчиён. /

(Л о х у т й).

Онхо, ки задандй хама дам лофи худой,

карданд гадой.

(Анн й).

Агар суффикси -й бо префикси ме- дар як феъл ояд, маънии да- вомнокй ва ё шартй будани амалро такроран таъкид мекунад.

Суффикси -о. Ин суффикс аз суффикси нидоии о, ки бо нем ома­да, мухотаб месозад (дилбаро, санамо...), ба куллй фарк мекунад Вай \амчун суффикси шаклеозу охангбахши феълй вобаста ба тала- боти вазну оханг танхо дар шсър, одатан бо феълхои гуфтан ва бу­дан, кор фармуда мешавад. Бо феълй гуфтан дар шахси сеюми тан­хои замони гузаштаи наздик (оддй) гуфто, бигуфто ва бо феълй бу­дан дар шахси сеюми танхои сигаи хохишмандй (бод) меояд: бодо муборак идатон!

Тарзу мавкеи истеъмоли суффикси -о бо феълхои номбурда дар назм.и классики ьа хозцра як аст. Фарк дар он аст, ки ин шаклу тарзи ифода дар назми хозира нисбат ба пешина камтар кор фарму­да мешавад:

Бигуфто: «Ишки Ширин бар ту ,чун аст?»

Бигуфт: «Аз чонн ширинам фузун аст!»

Бигуфто: «Дил зи мехраш кай кунй пок?»

Бигуфт: «Он дам, кн бошам мурда дар хок!»

(Н и з о м й).

Бигуфто: «Ман гиле ночиз будам,

Валекун муддате бо гул иишастам.

(С а ъ дй).

Бигуфто, ки: «Эй тудаи номвар,

Рафнкони фаъоли сохибхунар!...»

(Л о х у т й).

Дандуктори муйсафед

Гуфто ба мо хап шавед

(М и р ш а к а р).

Бодо ба шумо мужда

Аз кишвари ободон.

(П а й р а в).

ч/т АРЗХ.ОИ ФЕЪЛ

§ 355. Феълхо вобаста ба маъно ва доираи муноенбатхои грамма- тикиашон дорой хусусиятхои гуногун мебошанд. Ба туфайли гуногу- нии хел ва шаклу тарзи ифода табиат ва хусусиятн робитахои грам­матикии феълхо, муносибати феъл бо фоилу мафъул (субъект ва объект) муайян мегардад. Феълхои монда ва гузаранда, бевоеита ва бавосита, тарзи фоил ва мафъул махз хамин адсмати феълро таш­кил меди хан д.

ФЕЪЛХОИ МОНДА ВА ГУЗАРАНДА

§ 356. Як хусусиятн барчаетан феъл он аст, ки шаклхои ван во­баста ба сохту таркиб ва тобишхои маънои лугавии худ муносибати нисбат ба фоил (субъект) ва мафъул (объект) доштаи амалро ме- фахмонад ва дар ин бобат тарз.и алокахои морфологию синтаксисиро муайян мекунад:

Гулнор инро хам мсдонист, ки Едгор факир ва камбагал аст (Ай­нй). Рохат,— гуфт ва ба пеши аскарон омада, дар катори дигарон ин хам ба руи алаф гел зад (Хаким Карим). Маънй ва муносибати бо фоилу мафъул доштан амал, ки дар ин чумлахо бо феълхои гуно­гун ифода меёбад, якхсла нест. Ин аст, ки аз |руи муносибати байни фоилу мафъул ва муносибати амал бо онхо хамаи феълхои забони точикй ба ду гурухи калон чудо мешаванд, ки хар кадом дорой хусу­сиятхон грамматикни худ мебошад: як гурух феълхои монда, гурухи дигар феълхои гузаранда ном дорад.

§ 357. Феълхои монда. Феълхое, ки ба мафъул (объект)-и бево­сита гузаштани таъсири амалро намефахмонанд, феълхои монда но- мида мешаванд. Масалан, хестан, нишастан, баромадан, дамидан, да- видан, ларзидан, омадан, сухбат кардан, вохурдй кардан, галаба кар­дан, рахсипор гардидан, хомут шудан, хичолат кашидан ва м. ин.

Ин гуна феълхо аз руи маънии лукавим худ ва ё маънои чузъи номии феълхои таркибии номй бевосита бо фоил (субъект) алокаманд буда, пайваста ба хамин бо пуркунандаи бавосита ва хол муносибат дошта метавонанд. Аз ин чихат саволхои пуркунандаи бевосита: чй, чиро, киро бо феълхои монда кор фармуда намешавад. Масалан: Са­лим аз чояш хест.

Феълхои таркибии ломии монда бо феълхои гуногуни ёридиханда сохта мешаванд, аз чумла онхое, ки бо ёридихандахои хаммаънои шу­дан, гардидан ва гаштан сохта шудаанд, феълхои монда мебошанд: Хамин тавр, се-чор даре мехонданду чавоб мешуданд (Икромй). Давлат хайрон мешуд, ки ин чавон чй кадар пурдон аст (Рахим Чалил). Рохи Вахши бодпо гардид банд (Каноат).

. Феълхои гузаранда. Феълхое, ки бевосита ба объект гузаштани таъсири амал, яъне Faiip аз муносибати субъектй махз ба объект ни- гаронида шудани амалро мефахмонанд, феълхои гузаранда ком до­ранд, чунончи: омухтан, гундоштан, поидан, овардан, дидан, донис- тан, кашидан, коридан. такрор кардан, пешвоз гирифтан, омода сох- тан, муайян намудан ва м. ин.

Аксарияти феълхои забони точикй ба гурухи феълхои гузаранда дохил мешаванд. Феълхои гузаранда пуркунандаи бевосита талаб мекунанд, ки он бо исм ё чонишин ифода меёбад: Пуркунандаи бе­восита ба шакли сурагнаёфта ва ё суратьёфта (бо пасоянди-ро) ома­да, ба саволхои чй, чиро, киро чавоб мешавад ва бо феъл бевосита алокаманд мегардад. Пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта одотан бо феълй гузаранда хампахлу меояд, аммо пуркунандаи бевоситаи су­ратьёфта гохо бо феъл хампахлу, баъзан дур аз феъл ифода меёбад: Низомиддин табассуми даври дахонашро гундошт (Икромй). Дафъаи дигар бо худи хамин майдон уро Салим муаллим кашола кар­да овард (Мухаммадиев). Кайхо боз инкилобро мунтазир буд, зеро фахмида буд, ки инкилоб точу тахта амир ва хонаи зулму зуровариро хароб мекунад, бинобар он инкилобро хурсандона пешвоз гирифт ва аввалин неъмати инкилобро ба даст овард (Икромй).

Эй даранда, ук,оби бадфарчом,

Аз чй нагзоштй тазарв ором? i

(Турсунзод а).

Изн дех, як дам нишинам дар барач, \ Сер бинам мавчхои дилбарат.,.

(Каноат).

Баъзе феълхо вобаста ба маънй, мавкеъ ва муносибати бо аъзо- хои чумла доштаашон гох чун феълн монда, гох чун гузаранда меоянд, масалан: шикастан, пухтан, рехтан: коса афтоду шикает (монда) —

ваи косаро шикает (гузаранда); гелос пухт—ширбнринчро Хомид пухт: об аз сатил рехт — вай дар зери нихолхо об рехт.

Хамчунин баъзе феълхои таркибии номй вобаста ба маънои лу­гавии чузъи номиашон монда ва ё гузаранда шуда метавонанд, чу­нончи: дам гирифтан (монда), пешвоз гирифтан (гузаранда), гулду- рос задан — чег задан; ханда кардан — юза кардан; кор кардан — такрор кардан ва гайра:

Ходисаи хайратангезе руй дод. Дарья мехост барои Давлат шуда худро ором, хотирчамъ нишон дихад (Рахим Налил). Пагох сухбат мекунем (Мухаммадиев). Онхо-.. аз пеши полизи Саидпахлавон гузашта истода уро табрик мекарданд (Икромй).

Аксарияти феълхои таркибии номии гузаранда бо феълй ёриди- хандаи кардан ва хаммаънои он намудан сохта мешавад: ичро кар­дан (намудан), хурсанд кардан (намудан), даъват кардан (намудан), тайёр кардан (намудан) ва м. ин.

ФЕЪЛХОИ БЕВОСИТА ВА БАВОСИТА