Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2093
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 313. Шумораи микдори микдори предметхоро мефахмонад вай ин­чунин ададхои абстрактро номбар мекунад. Шуморахои микдори аслй, тахминй ва касрй мешаванд.

ШУМОРЛИ лслп

§ 314. Шумораи аслй пеш аз калимаи шумурдашавапда омада, мик­дори муайяни предметхои хамчинсро бо ададхои том мефахмонад]} Дар вактхое, ки ман бо Кррй-ишкамба шинос шудам, мегуфтанд, ки у панч- сад хазор танга, яъне хафтоду панч хазор сум дорад (Айнй). Се нафар дар ароба нишаста, сафари дурро нишон кардем (Турсунзода). Хавлии на хурду на калом се хона, як таххона ва як болохонаи беруиа дошт (Икромй).

г—Шумораи аслй хамаи ададхои томи мукаррариро дар бар мегирад ва хелхои дигарп шумора аз шумораи аслй сохта мешаванд. Микдори калимахои асосй, ки барон нфодаи ададхои бисьёр кифоят мекунанд,

•г

хеле кам аст. Шуморахон аслии аз як то дах калимахои содда мебо­шанд. >— - _

Шуморахон аз ёздах то бист ба воситаи ба дах зам кардани кали­махои аз як то дах сохта мешаванд: ёздах, дувоздах, сездах, чахордах,, понздах, шонздах, хафтдах, хаждах, нуздах.

Чунон ки маълум аст, хамеадои «н» дар калимахои понздах н-и панч аст, аммо дар калимаи шонздах овозй -н- ба тарики таклид (ана­логия) ба понздах пайдо шудааст.

Хамаи шуморахон дахй (аз бист то сад) аслан калимахои сохта бошанд хам, холо хамчун калимахои рехта ба хисоб мераванд.

Ададхои аз бист боло бо пайвастани вохидхо ба дахихо, садихо, ха- зорихо ва гайра, ки дар натича ададхои таркиби ба вучуд меоянд, ба воситаи пайвандаки -у- таркиб меёбанд. Дар ин холат адади (хонаи) калон аввал, баъд аз он ба навбат ададхои (хонаи) аз вай хурдтар ме­оянд. Масалан, чорсаду панчоху як, шаш хазору панчсаду шасту ду ва як миллиону сесаду хафтоду хашт, хазору хафтсаду чихилу шаш.

Эзох. Шоирони пешини мо бо зарурати шеъри аз ин хадди табиии тарзи ка­лимаеозин забон гохо берун баромадаанд.

Ададхои калони лундаи миллион, миллиард па гайра ба воситаи забони руей ба точикй даромадаанд.

Ададхои дувист (дар Авесто вде сате) — дусад, тирист — сесад, бевар (дах ха­зор), курур (панчох хазор), лак (сад хазор) ва хазор-хазор (як миллион) хамчун ка­лимаи архаиетй дар забоин имруза истеъмол намешаванд.

Пред м е т и ш у м у р о д а т а н баъд аз шумора меояд: ду китоб, сесад кас, дах ароба:

Имшаб чахор кас омада, ба мукобили сесад кас чанг кардем ва душманро маглуб кардем (Рахим Чалил).

Дар назм предмети шумур пеш аз шумора низ омада метавонад:

Суханро нигах доштам соли бист, Бад-он то сазовори ин ганч кист

(Ф и р д а в с й).

Ин холат хамчунин хангоми бандакчонншин кабул карда, ба вази­фаи мубтадо омадани предмети шумуру ба вазифаи хабар омадани шу­мора имконпазир мегардад:

Китобхояш 920-то буд ва китобхонхояш — 240 нафар.

§ 315. Предметхо холати дискретй (мунфасил, чудо-чудо) ва Fafi- ридискретй (муттасил, яклухт) доранд. Микдори предметхои дискретн- ро одатан бо калимахои нумеративй хисоб мекунанд. Нумеративхо дар байни шумораву исм чой мегиранд. Нумеративхон -то, дона, нафар, адад, чилд, cap, дар, кулча серистеъмол мебошанд: чор дона себ, се нафар студент, панч чилд китоб, ду дар хона:

Аз руи сандали гнрнфта то поёпн мехмонхона чор дона шамъи ним- чагии чойдори нур мепошид (Айнй). Дар он тарафи куча ду нафар зан ба якдигар ran зада меистоданд (Толис).

Дарозй, еатх, хачм, вазн ва дигар чихатхои предметхои гайридне- кретиро бо калимахои мансуб ба вохндхои ченкунандаи киёсй чен меку­нанд:

Аз совхоз шаш FapaM хошок ва дах центнер кунчола харида, нис- фашро ба фермаи ту дода омадам (Улутзода). Аз магазин якбора 50 метр газвор харидам (Мухаммадиев).

Нумеративхон аслй аз калимахои ченак аз чихати истифода низ фарк, мекунанд.

Микдорхои муттасил, гайридискретиро бе калимахои ифодакунан­даи вохиди ченаки киёсй хисоб кардан мумкин нест. Чунончи, чор бе- касаб, панч шир гуфтан маънй надорад. Аммо микдорхои предметхои дискретиро бе нумеративхо хисоб кардан мумкин аст. Чунончи, панч

дона тухм-ро панч тухм на шаш-то харбузаро шаш харбуза гуфтан мумкин аст. Шумора микдори предметро таъин менамояд, бинобар ин предмет бо шумора одатан дар шакли танхо меояд: дах китоб, бпст дарахт, панч- талаба.

Э з о х: Аммо дар баъзе номхои кадимй, ки дар забонамон хастанд, монанди хафтдодарон, чилдухтарон предметхои шумур бевоента баъд аз адад омада, чамъ бас­та шудаанд. Ин ходиса бокимопдаи ходисахои кадимтари забонамон мебошаид, ки му- вофикн он предметхои шумур бо шумора хам чамъбаст мешудаанд.

Агар дар байни шумора ва предмети шумур нумеративи нафар ояд, предмет дар шакли чамъ низ вокеъ мегардад:

Шаб дар мачлис мо ба сездах нафар бофандахои хушкор ва дах нафар бинокорон пулу чнз мукофот додем (Рахим Чалил). Дар артели мо аввал ягон нафар зан набуд, хозир 25 нафар занон аъзо шуда даро- маданд (Рахим Чалил).

Аммо ин тарзи чамъбаидй хатми пест, дар шакли танхо омадани предметхои мазкур ба норма мувофиктар аст.

Гохо ходисахои дар нутк ё матн истифода намудани предмети шу­мур ба назар мерасад, ба ибораи дигар, предмети шумур афтида ме- монад, аммо он аз матн ва вазъияти нутк равшан маълум мешавад: Шаст не, ман хафтод-та медихам, ана биёед, мусобика мебандем,— сурх шуда, хаячони изтиробомезро бо табассуми зур ба зуракй пинхон карда гуфт вай (Улугзода).

Пире андар киблаи мо буд, Ки чахондидатар зи Анко буд. Саду панчох бизист ё саду шаст, Баъд аз он пушти токаташ бишнкаст

(С а ъ д й).

Чунон ки мебинед, аз матни мисоли аввал предмети шумур пахта (шаст центнер пахта) ва аз матни мисоли дуввум калимаи сол кутох шудааст.

ШУМОРАИ ТАХМИНЙ

Ц 316. Шуморахои тахминй бо такрори шуморахои аслин гуногун ба вучуд омада, адади тахмпнии прсдметхоро мефахмонанд. Ба ибора- ти дигар, шуморахои тахминй маънии ноаник ва тахминй доранд, хусу­сияти шаклии онхо такрори ададхо мебошад: панч-шаш кабат курпача, ду-се нодон, дах-дувоздах нафар муйсафед, понздах-бист нафар ёру чурахо.» Шумораи тахминй аз шумораи аслй бо он хусусияти худ низ фарк мекунад, ки бо вай предмети шумур низ гохо такрор мешавад^ Чунончн, як мох-ду мох, як шаб-ду шаб дар ин чумлахо: Бо ин тасалии мулло Рузй тарси ман кам шуд, чункн аз мурдан наметарсидам, аммо як мох-ду мох аз барчо монда шудан метарсидам (Айнй). Як шаб-ду: шаб хоб карда, як-ду гусфандро хурда баргашт (Икромй).

Шуморахои тахминй одатан ба такрор ёфтани ду адад, аввал ада­ди хурд, баъд адади калон ба вучуд меоянд: як-ду, се-чор, панч-шаш, дах-понздах, сй-чил, сад-дусад ва f.:

Ман он вакт факат як-ду бор ба назди Х,амдамча омадани уро ди­да будам (Икромй). Пас аз гузаштанн се-чор мох охиста-охиста забо­ни бемазан ман ба кор даромад (Икромй).

Дар назм се ададро хам такрор карда, шумораи тахминй сохта-

анд:

Бар камбагалон ин хама озор намудан Аз бахри дили як-ду-сс пулдор чй лозим.

(Айн й),

Тарзи сохта шудани шуморахои тахминн хеле зиёд аст. Дар нн чо\ чанд навъи онхоро нишон медихем: а) адади лунда ва чонишини чанд. , Дар вакти ба раисй ннтихоб кардан Хошнм-корвон низ чунин шуд, аз сесаду чанд нафар иштироккунандагони мачлис як понздах кас ба му- кобили вай даст бардоштанд (Улугзода); б) калимаи як ва шумораи аслй: Дар хамон рузхо буд, ки аз Конибодом, Ашт ва Уротеппа як ей хочагй мухочирони нав омаданд (Улугзода); в) калимахои кариб, тах- минан, такрибан, барин ва гайра ва шумораи аслй: як чуй оби шиша- вори соф аз баландии такрибан понздах метр ба хавз мерехт ва зарра- хо пош хурда хавои атрофро хунук карда меистоданд (Рахим Чалил).

ШУМОРАИ КАСРЙ

§ '317. Калнмахое хастанд, ки микдори предметхои нопурраро ме­фахмонанд. Чунин калимахоро шуморахои касри меноманд. Шумораи касри микдори аз бутун кам, яъне хиссаи адади томро ифода мекунад^ Лекнн, машинаи рост ба чои шумо раванда аз сад як то наояд, дигар хамааш то нисфи рох меравад (Ннёзй).

Мумкин аст, ки адади том (шумораи аслй) бо каср ояд, он гох ав­вал шумораи аслй ва баъд шумораи касрй меояд ва пайвандаки у хар- дуи онхоро бо хам менайвандад:

Тарафи гарбни рох, майдони машкн сарбоз буда, дар байни рох ва майдон захкаши пуробе, ки якуним метр бару хамин кадар хам чукурй дошт, тарафн рохи Дилкушо ном чорбогн подшохй буд (Айнй).

Дар нутк шуморахои касрй одатан бо талаффузи пешоянди аз ва ба тартиби аввал махрач ва баъд сурат ба вучуд меояд. Масалан, мо 2/5-ро аз панч ду ва 3/s-po аз панч се талаффуз мекунем. Дар вакти талаффузи '/з, ]/5. '/б, Is, '/ю. '/юо одатан пешоянди аз меафтад, он гох он ифодахо шакли сеяк, чорьяк ва амсоли инхоро мегиранд:

Сар то сари шашьяки чахон давр запах, Бешуб\а, туро дар хама чо бннам.

(Юсу ф й).

— Не, ин кор ба ман баробар намеояд ва дар он вакт ман кариб чорьяки токихоро аз даст медихам,— гуён Корй-ишкамба рафтан хост (Айнй).

Шуморахои касрй аз шуморахои асливу тахмннй низ сохта меша­ванд:

Ду-дуним километр рох рафта, аз пеши онхо чорраха баромад (Ннёзй).

Эзох: Маълум аст, ки предмети шумур баъд аз шумора меояд, вале бо тако. зои услуб пеш аз он низ омада метавонад. Вакте ки шумораи аслй ва шумораи кас­рй як шумораи тахмшшро ташкил медихаид, дар байни онхо омадани предмети шу­мур низ мумкин аст. Ин холат низ танхо дар назм ба- назар мерасад:

...Гуфт: Парид ин уцоби азим, Хафта не, руз не, ду соату ним.

(Лермонтов).

ШУМОРАИ ТАРТИБЙ