Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2093
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 417. Префикси фар- хамчун вариант айнап тобиши маъноии префикси фур-ро дорад: фаромадан//фуромадан, фаровардан//фуро- вардан:

Фузайл суханашро хануз тамом накарда буд, ки аз тарафи Хо- ит дар аспи калони чирани кафккарда як савора тозон рост ба пеши у омад ва дархол аз аспаш фаромад (Хаким Карим). Хайдаркул пеш- пеш, Саидпахлавон, Мирак ва Асо аз кафои вай ба пеши дарвоза, ба рохи калон фаромаданд (Икромй).

Эзох: Маънои мустакили калимахои фуру, фуруд, фаро хеле сует шуда бо­шад хам, снхо хануз пурра ба гурухи префиксхои калимасози феъл нагузаштаанд Ьинобар нн бо феъл омадани онхо зохиран хамчун феълн таркибии номй вокеъ мегардад: фуру рафтан, фуру нишастан, фуру овардан, фуру бурдан, фуруд ома­дан, фуруд овардан.

Дар ин мисолхо калимаи фуру ва фуруд тобиши маъноии префиксхои фур- на фар-ро доранд. Калимаи фаро аз чихати маъно аз онхо фарк мекунад: фаро гириф­тан, фаро расидан...:

Офтоб фуру рафт, торикй хам кам-кам дуньёро фаро гирифт, хануз аз Бозор ва Сафар хабар нест (Айнй). Кадом Ахмадбекро? — пурсид чавон дар холате ки ба- нохост вучудашро хаячоне фаро гирифту нафас дар гулуяш печида буд (Мухамма­диев) .

Мавкеи префиксхои калимасози феъл нисбат ба префиксхои шаклсози ме- ва на-

§ 418. Дар забони адабии хозираи точик хангоми бо префиксхои шаклсози феълии ме- ва на- омадани феълхо мавкеи баъзе аз префикс­хои калимасози феъл устувор, баъзеаш ноустувор аст.

Чунончи, мавкеи префиксхои бар-, дар- дар аксарияти феълхо устувор аст, бинобар ин префикеи ме- ва на- пеш аз онхо меояд: ба­ромад— набаромад — мебаромад — намебаромад; даромад — нада- ромад—медаромад — намедаромад ва м. ин.

Дар баъзе феълхо мавкеи бар-, дар- ноустувор буда, префиксхои ме- ва на- пас аз онхо меоянд: даргирифт — дарнагирифт — дармеги- рад — дарнамегнрад; баргашт — бар/нагашт — бармегардад — барна- мегардад...

Префиксхои -фур//фар дар чои худ мукиманд, аз ин чихат пре­фиксхои ме- ва на- пеш аз онхо меоянд: фуромад — нафуромад — ме- фуромад — намефуромад...

Дар феълхои бо префикеи боз- ва во- сохташуда ме- ва на- пас аз ин префиксхо меояд: бозгашт — бознагашт — бозмегашт — бозна- мегардад; вохурд — вонахурд — вомехурад — вонамехурад:

Акнун шилдирас зада садо мебарорад ва сангрезахоро гелонда ба чукурихои гузаргохи худ хобонда, рохи худро хамвор мекунад. — Боз агар як микдор рох равед, нихоят ба миёначои дара мерасед, ки дар он чо аз як чашмаи равони шаршарадоре, ки аз камари кух шар- рос зада мефурояд, чуй пуробе дар чавлон аст (Айнй). Барои кор ба шахр меравем, баъд аз се мох бармегардем. — Рузе Бобй ба чй хаёле ба канори нахр мефуромад (Хаким Карим). Ин хабар бояд аз осто- наи ин хона берун набарояд (Икромй). Хар чо-хар чо сутунчахон сархади давлатй вомехуранд (Мухаммадиев).

СУФФИКСХ.ОИ ФЕЪЛСОЗ

§ 419. Суффиксхои калимасози феъл назар ба префиксхои ин хис­саи нутк аз чихати адад зиёд набошанд хам, хеле серистеъмолу сер- махсуланд. Дар ин бобат-асосан суффиксхои -ид ва -он ба назар ме- расанд, ки калимасозй бо онхо бо тобишхои грамматикй омехта вокеъ мешавад.

§ 420. Феълхои сохтаи номй. Як гурух феълхо аз исм ва сифат бо иловаи суффиксхои -ид ва -он (онид) хосил мешавад, ки ин гуна феъл­хо феълхои сохтаи номй мебошанд. Дар тарзи калимасозй бо ин суф- фиксхо, бо вучуди умумияти асосхои номй, фарке дида мешавад.

а) Аз исм ва сифатхое, ки маънои лугавиашон андаке тобиши феълй хам дорад, бо иловаи суффикси -ид асосй замони гузаштаи феъл сохта шуда, бо суффикси -ан. шакли масдарй мегирад. Чунин феълсо- зй бо исм сермахсултар, бо сифат каммахсул мебошад. Масалан: завк — завкид — завкидан; ном — номидан; талаб — талабид — тала- бидан; хоб — хобид — хобидан; фиреб — фиребид — фиребидаи;

чаиг — чангид — чангидан; сабз — сабзид — сабзидан; хушк — хуш- кид — хушкидан ва гайра:

Инро партия металабид, инро хукумат металабид. Ситораи субх ба холи инхо мезавкид—Ба таги курпа даст андохту иалмосид (Ха­ким Карим) - Он шаб хар яке аз ахли оила бо як фикре ва бо як хае- ле хобиданд (Икроми). Аз дасти пахлавони навбаромад Мухаммад- муроди хангоматалаб чанд бор шуд, ки маъракахои хурсандй барои у бо парешони ва нохушй анчомидааст (Мухаммадиев). Ин чавои дар пеши назари худамон сабзид.

Аксарияти феълхои сохтаи номи бо суффикси -ид вобаста ба то­биши маъноии асосиашон дорой хусусияти дубахра мебошаид, ки он аз калимасозй ва таркибсозии хаммаъно иборат аст. Хар я.< феълй сохтаи номи бо суффикси -ид шакли таркиби хам дорад, кн ин хар ду баробармаъиост. Шаклхои таркибии ин гуна феълхои сохта бо феълхои ёридихандаи кардан, шудан, додан, ёфтан, задан, рафтан, гардидан... сурат мегиранд. Чунончи: хобидан — хоб кардан (хоб раф­тан), талабидан — талаб кардан, сабзидан — сабз шудан, оромидан — ором шудан (ором гардидан), чархидан—чарх задан, фиребидан— фиреб додан, фиреб хурдан, анчомидан — анчом ёфтан ва г. Чунон­чи, мукоиса кунед:

Пирамарди посбон дар пеши мошини галлакубй ба руи нимкати симинаш ором мехобид (Мухаммадиев). Намедопад, ки вай чи вакт хоб кард, чурахо чй шуданд, ба кучо рафтанд (Икромй). Бпсьёртари онхо дар нисфхои шаб, вакте ки мардуми деха ором ба хоб кераванд, меоянд (Хаким Карим).

б) Аз исму сифат бо суффикси -он асосй замони хозираи феъл сохта мешавад, пас бо иловаи суффикси -ид (ё -д) асосй замони гу­зашта ба вучуд меояд ва бо суффикси -ан шакли масдари мегирад.

Хамин тарик, суффикси мураккаби -онид ё -онд аз исму сифат­хои чудогона асосй замони гузашта месозад, ки вай нисбат ба шак­ли асосй замони хозира серистеъмолтар аст: тачхиз — тачхизон — тач- хизонид — тачхизонидан; раке — раксон — раксонд — раксондан; тез- тезон — тезонид (тезонд) — тезонидан; хушк — хушкон — хушконид — хушконидан ва f.

Аз руи хамин колиби калимасозй баъдтар феълхои пав ба пав пайдо шудан гирифтанд, ки мафхумхои сиёсию ичтимой ва илмию техникиро ифода мекунанд, чунончи. мукофотонидан, коллективони- дан, колхозонидан, механиконидан, электриконидан ва м. ин.

Ин гуна феълхои сохтаи номп, ки бештар дар забони матбуот ва адабиёти сиёсию ичтимой истеъмол мешаванд, тобиши маъноии феъ­лй бавоситаро низ доранд, ки бо суффикси -он ифода меёбанд:

Боди махини субхи бахор муйхои чипгилаи уро мераксонд (Ха­ким Карим). Партия ва хукумат фаъолияти мехнати коргарону кол- хозчиёнро такдир карда, бисьёре аз оихоро бо ордену медальхо муко- фотониданд.

§ 421. Бо иловаи суффикси -он аз асосй замони хозираи феълй бевосита шакли дигари асосй замони хозира сохта мешавад, ки он феълй бавосита мебошад. Асосй замони гузаштаи чунин феълхо бо суффикси -ид (-д) сохта мешавад. Агар чунин асос аз феълй монда сохта шуда бошад, феълй гузарапдае хосил мешавад, ки вай дар ай­нй хол бавосита аст: рав — равом— равонд — равондан; дав — да- вон — давонд — давондан; сайр кун — сайр кунон — сайр кунонид — сайр кунонидан ва м. ин:

Захроро дар он канори хавз, зери дарахти бед шинонд. — Ин га- пи Гулбону шавхарашро тамоман дар к,айрат моноид. (Каким Ка­рим). Кемаи Муиавваршох одаму мошинахоро аз хамон нахр мегу- заронад. Шаббода кувват гирифта, ба хирманчой буи иудина ва шу^ васи мавчхои Ванчобро мерасонид (Мухаммадиев).

Агар феъл аз асоси феълй гузаранда сохта шавад, вай дар ба- робари феълй бавосита шудан маънои гузарандаи дукаратаро мефах,- монад: хон — хонон — хононид (хононд)—хононидан; хур— хурон— хуронд — хурондан; каш-кашон — кашонид — кашонидан:

Вай чй тавр кард, накард, ки куртаашро аз китфаш фуроваронд (Рахим Чалил). Симой Озодаи имрузаро, андак хам бошад, ба ман шиносонд (Хаким Карим). Баъд аз мурдани надари Одина, ки хона- аш дар дехае аз музофоти Каротегии буд, козии он чо мулозим ва муфтй фиристода, моли уро тарака кунонид (Айнй).

ФЕЪЛХОИ ТАРКИБЙ

§ 422. Феълхое, ки аз хиссахои гуногуни нутк ва феълхои ёриди­ханда таркиб ёфта, хамчун вохидхои чудогонаи лексикаи феълй маъ- нихои алохида ва баъзе тобишхои грамматикию услубиро ифода меку­нанд, феълхои таркибй номида мешаванд.

Кариб хамаи феълхои таркибй, катъи назар аз таркиби морфо- логиашон, шакли масдарй доранд ва хамчун вохидхои лугавй вокеъ мешаванд. Масалан: кор кардан, тайёр шудан, ба хисоб гирифтан, зур омадан, гуфта додан, навишта гирифтан, чашида дидан ва Fafipa.

Аз ин чихат хам феълхои таркибй аз шаклхои таркибии намуд, сига ва замонхои феъл фарк мекунанд. Азбаски шаклхои таркибии категорияхои помбурда маънию мафхумхои грамматикй доранд, мас­дарй онхо одатан на аз шакли пурраи таркиби феълй, балки аз чузъи асосии он ташкил меёбад. Чунончи, масдарй феълй хохам рафт— рафтан; хонда истодаам, хоида истода будам — хондан; гирифта ис­тода бошам — гирифтан; танёр шуда меистод — тайёр шудан ва гайра.

Шакли масдарй гирифтани як кисми чунин таркибхои феълии намуд, сига ва замон низ мумкин аст. лекин дар онхо на маънои лу­гавй, балки маънои грамматикии категорияхои феъл, бештар давом­нокй, голиб мебошад. Феълй будан умуман ба таркиби масдарии феълхо дохил намешавад. Масалан: навишта истодаам — навишта истодан (давомнокии амал); фикр карда гашта будам—фикр карда гаштан (давомнокии амал) ва хоказо.

Дар забони хозираи точик феълхои таркибй торафт инкишоф меё­банд. Ин тарзи феълсозй хеле сермахсул ва серистеъмол аст.

Феълхои таркибй ба эътибори таркиби морфологиашон ба ду гу­рухи калон чудо мешаванд: феълхои таркибии номй ва феълхои тар­кибии феълй (феълихоли).

Феълхои таркибии номй