Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 351. Префикеи на-/ма-/ ба феъл хамрох шуда, шакли инкор (манфй) месозад ва нашудани кору холеро мефахмонад: нарав, наги- рад, надид, намечунбад, кор намефармояд.

Дар забони хозираи точик шакли нормативии ифодаи инкор пре­фикеи на- мебошад. Вай бештар бо шаклхои тасрифии феъл меояд. Дар феълхои содда (феълй фармоиш, аорист, гузаштаи наздик, гузаш­таи хикоягй, шакли пакли) префикеи инкорй дар аввал меояд:

Телефон накунед, мулокот начуед, мактуб нанависед, ба хар кас салому наём нафиристед (Мухаммадиев). У бача шуда давраи бача- гиро наронду йигит шуда иашъаи чавониро намебинад (Рахим Ча­лил). Дар он хона лампа намегиронданд (Икромй). Аммо ин сангпуш- тн бузурги раъдовоз хапуз ба нимаи рох нарасидааст (Мухаммадиев).

Дар феълхои сохта ду тарзи истеъмоли префикеи инкорй маъмул аст: дар феълхое, ки бо префикеи бар-, дар-, фур- сохта шудаанд, пре­фикеи инкорй аксар дар аввал оварда мешавад: Шабхо бисьёр вакт аз хона намебаромад (Хаким Карим). Мардон ба пеши мехмонхо нада- ромад. Савора аз аси нафуромад... («Садои Шарк»).

Дар баъзе феълхои бо бар- ва дар- сохташуда префикси инкорй пас аз префикси феълсоз (бевосита пеш аз феъл) меояд: Дил бар- кагашт (Турсунзода). Тир ба нишон барнахурд. Харчанд задам, дар- нагирифт, мои, ки равад. Барио дар чавоб дарнамонд... («Садои Шарк») ■

Хамчунин дар феълхое, ки бо префикси боз-, во- сохта шудаанд, префикси л.нкорй хамеша пас аз префикси феълсоз меояд, масалан: вогузошт.— вопагузошг, вояурд—вонахурд — бозгашт - бозпапашт:

Аммо ин холат урдуи фидокороиро бознадошт (Хаким Карим).

Дар феълхои таркиби ва таркибхои феълй низ ду тарзи истеъмо­ли префикси на- маъмул аст. Дар феълхои таркибии номй хамчун сухбат кардан, ёд доштан, тул кашидан... (феълй таркибии холм) мо- нандн навишта гирифтан, хонда додан, гуфта гирифтан... (ва феълй таркибии масдарй (амсоли хохам хонд, хохем дид, хондан гирифт рафтан мегирифт..) чузъи тасрнфии таркнб префикси инкории на- кабул мекунад:

Шумо гумон накунед, ки хар кадоми чашмахои дар им чашмаеор буда ба кадре сероб'аст, ки як сайг ё ним санги осиёро мегардонад (Айнй). Худат медонй, ки ин хел корхоро ман дуст намедорам (Икро­мй). Дигар ин хунармапди номдор бо накшу нигорхои 'на« ба пав нх- тироъкардаи худ мардум,и гирду ат,роф ва дуру назднкро моту маб- хут пахохад ка-рд. Агар хар як гапро аз бехаш дониста нагирам, на- мемонам ва дилам хам карор намегирад (Хаким Карим). Агар шумо дар нимрузй ба лаби ии чуйча осд, аз тамошояш чашм канда наме­та воп-ед (Айнй).

Дар феълхои замони гузаштаи дур, ки дар таркибашон ёридихан- даи будан хает ва баъзе феълхои таркибии номй, ки феълй дигари ёридиханда кабул мекунанд, префикси инкори на бо шаклхои тас- рифй, балки одатан бо шаклхои гайригасрифии феъл меояд:

Раиси колхоз бошад, хеч як гапи бемаънй ва бефоида нагуфта буд. Имруз бедорхобн ба хола он кадар таъсир накарда буд. Май дигар гаи назада истодаам (Хаким Карим).

Баъзе таркибхои феълй, аз чумла таркибхое, ки аз сифати феълй гирифта шуда, ёридихандаи будан кабул мекунанд, дар истеъмоли пре­фикси инкори дубахраанд: мумкин аст, ки вобаста ба максад ва ё ус- луби сухан префикс гох бо шакли тасрифй, гох бо шакли тасрифиа- шавандаи феъл ояд:

Чак-чаки ин ду кампир харгиз адо шудани набуд (адо нашуданй буд). Он замонхо хануз колхоз ташкил нашудагй буд (Хаким Карим) (ташкил шудагй набуд).

Хамин гуна тарзи истеъмоли префикси на- дар феълхое низ дидп мешавад, ки ёридихандаи бояд аз онхо дур шудааст:

Фарзанд набояд аз гапи падару модар барояд (Хаким Карим) - бояд набарояд. Кайд кардан лозим аст, ки ин натичахо набояд моро хотнрчамъ кунанд («Точикистон,и совстй») — бояд хотирчамъ наку- нанд...

Баъзан дар чумлаи мураккаби тобеъ феълхо танхо бо шакли ин- корй (манфй) мувофикат мекунанд:

Мабодо шурбо нашавад, ки ман иамехурам... (Икромй).

Аммо дар баъзе чумлахои содда ва мураккаб бо феълхо такро- ран омадани префикси на- мантикан маъни,и мусбат (тасдик)-ро нфо- да мекунад, яъне ду шакли инкории (манфии) феъл барон ифодаи маънии як феълй мусбат меояд: нагуфта наметавонам, яъне бояд гу- ям, мегуям, нагуфта (погуфта) намонад, яъне бояд гуфта шавад: нао-

мада наметавонам, яъне бояд биёям, меоям.,. Монанди хамин, дар чумлаи зерин ду ннкор маънии гасдикро медихад: Ман харчанд кар­дам, ки ба вай нигох пакунам, натавонистам (Рахим Чалил).

Агар ишкори ичрои амал ё холате бо таъкиди такрор кайд карда шавад, хиссачаи инкории на... на бо шакли мусбати феъл меояд, км дар мавриди худ мохиятан ба як шакли инкории феъл баробар аст:

Дигар на аз он ашкони фаровон дарак буд ва на аз он хазинй ва нармгуй (Хаким Карим) —дигар аз он ашкони фаровон ва аз он хазинй ва нармгуй дарак набуд.

Дар назм ва дар баъзе зарбулмасалу маколхо дар шакли амрии феъл гохо ба чои префикси на- кор фармудани ма- мушохида меша­вад:

Он чи ба худ написандй, ба дигарон маписанд (Макол). Аз гун- чишк тарсй — арзаи макор (Зарб.).

Ту дигар аз дисри мо марав хеч.

Дигар бо муфлисй хамдам машав хеч.

(М и р ш а к а, р) •

Префикси ме-