Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2093
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 370. Феълй истодан. Ин феъл дар таркибхои феълй ба шакл­хои замони гузаштаи наздик (истод), гузаштаи дур (истода буд), гу­заштаи хикоягй (меистод) ва хозира-оянда (меистад) омада, потамо-

МП ва давомнокии амалро ифода мекунад. Шаклхое, ки префикси ме- доранд, маънои такрори мулкаратиро низ дар бар мегиранд:

Чй кор кунам! — гуфт ва имдодталабона руяшро суи Косим гар- донид ва мунтазири ганй у шуда, чашмонашро ба вай духта истод (Каким Карим). Х,очй Касанбек камтар фикр карда истоду даст аф- шонда баромада рафг (Икромй). Курбошй дасти мачрухашро бо ёр- мандии ду нафар аз йигитхояш бо румол сахт баста истода буд, дар хамин асно тири Коваленко ба яке аз йигнтхои у, ки дасти уро мебасг, расид (Каким Карим). Сайд Амон аз дур ба у нигох карда меистод ва ба худ реча мекашид, ки чй тавр карда бо у шинос мешавад (Му- хаммадиев). Аз чумлаи дехкононе, ки аз он чон ба отпуска омада меистанд, акаллан як кас хам дар ин хусус шикоят намекунад-ку! (Каким Карим).

Феълй ёридихандаи истодан дар таркиби феълй хозираи давом- дор (муайян) омада, чараёни хозираи амалро мефахмонад:

Духтарат акиун калон шудааст, аз пасу пеш ба вай дахан зада истодаанд (Айнй). Суи дару девор синча карда, гурс-гурс кадам мон- да омада истодани ду кас ба назараш намудор шуд (Каким Карим). Сохнби туй илтимос кард, хамин ордро ба туйхона бурда истодаам (Мухаммадиев). Лаб.хои махини Захро монанди лабхои одаме, кч вайро табу ларз гирифта истода бошад, ларзиданд (Каким Карим).

Феълй истодан дар таркиби феълй фармоиш омада, ба он маънои давомнокй ва мулкаратй медихад:

Ин корро ману Ислом ба чо меорем, шумо факат аз берун, аз каровулхо хабардор шуда истед (Каким Карим). Охир, тез тез хат карда ист, — гуфта будед-ку? (Улутзода).

§ 371. Феълй мондан. Феълй ёридихандаи мондан дар таркиби феълхои замони гузашта ва хозира-оянда омада, давомнокию нотамо- мии амалро мефахмонад. Вай барои ифодаи давомнокй бештар бо феълхои гайри кору харакат кор фармуда мешавад: андеша карда мондам, саросема шуда монда буд, одат карда мемонад ва гайра:

У ба асп назар андохта дуру дароз фикр карда монд (Рахим Ча­лил).

§ 372. Феълй гаштан (гардидан). Ии феълй ёридиханда дар феъл­хои таркибй ба шакли замони гузаштаи наздик (гашт), гузаштаи дур (гашта буд), гузаштаи хикоягй (мегашт) ва монанди инхо омада, давомнокй ва мулкаратии амал ва холати замони гузаштаро мефах­монад: кор карда гаштам, хонда мегашт, гуфта гаипа буд ва гайра

Вай дар хавлии хучаин чанд сол бачабардори, иайчакашони, чой- чушонй барин кор.хоро карда мегашт (Каким Карим). Наим чанд руз дар байни шакку шубха ва боварню хайрат азоб кашида гашт (Икро­мй). Мисли одамони дуппадуруст кор карда мегаштам, хатто ба шумо мусафедон ёрй хам расонда меистодам (Каким Карим).

Феълй гаштан дар феълхои таркибй ба шакли паклй омада, ча­раёни хозираи амалро ифода мекунад: кофта гаштаам, нурсида гаш- таем, мехнат карда гаштааст ва гайра. Ин шакли ифода бо маънию хусусиятн давомнокии худ ба феълй хозираи давомдор (хонда исто- дааст, ронандагй карда истодааст) ва баъзан бо хозира-оянда (му- аллимй мекунад) мутобикат дорад. Фарк дар тобиш ва истеъмоли услубии ин шаклхост:

... хатто гумои кардан мумкин буд, ки... дар хавзи азимн торик одамон фонус дар даст чизеро чустучу карда гаштаанд (Мухаммади­ев). Латиф дар отряди Исмаг Командир, Набй, Солех дар дари Ту- ракул ятнмй мекунанд, Шариф бошад, даравгарй карда гаштааст (Каким Карим).

§ 373. Феълй ёридихандаи гардидан (гаштан) дар феълхои тар­кибй ба шакли аорист ва хозира-оянда маънои давомнокй ва мул­каратии амали замони хозира-ояндаро ифода мекунад: навишта ме- гардам, гуфта мегарданд, хизмат карда гардад ва гайра:

Ленин, гапи худамон, сархадчиён пазорат карда гарданд хам, алокаи хешу таборй якбора канда нашудаает (Мухаммадиев).

§ 374. Феълй гирифтан. Бо ёрии феълй гирифтан аз шакли масда- рии феълй асосй феълн таркибие сохта мешавад, ки хамаи шаклхои замонии он ба намуди давомнокии феъл мансуб аст: рехтан гирифт, ran задан мегирифт, омадан мегирй, раксидан гир ва м. ин.

Феълн гирифтан дар шаклхои замени гузашта cap шуда давом кардани амалро мефахмонад. Шакли гузаштаи хнкоягн маънии даво- ми мулкаратиро равшантар ифода мекунад:

Духтар инро гуфту гирист ва аз чашмони шахлояш каграхои ашк ба руи гулобиранги у шоридан гирифт (Рахим Налил). Пас боз занг заданд ва хар кас ба синфи худ даромада, харрузанги барин даре хондан гирифт (Икромй). Рулгула наздик шудан гирифт (Айнй). Ха­мин тавр рузхо, моххо ва солхо паи хам гузаштан мегирифтанд (Ха­ким Карим).

Чунии феълн таркиби бо ёрии гирифтан дар шакли замони хози- ра-оянда (навиштаи мегирем), аорист (навиштан гирам) ва феълй фармоиш (навиштаи гир) давом додани амали саршударо мефахмо­над:

Онхо ба мо ягон рохашро гуянд, дигар хамаи мехнат ва корашро кардан мегирем (Икромй).

Акнун минбаъд хар хел гапхоро гуфтан намегирад (Хаким Ка­рим). Шумо охиста-охиста чидан гиред.— Ба вай корат набошад, ба рохат рафтан гир!

§ 375. Феълн омадан. Ин феълн ёридиханда хам бо феълй асосй омада, таркибе месозад, ки дар хамаи шаклхои замонй давомнокии амалро мефахмонад. Дар шакли замони гузаштаи феъл давом, ан- чом ва натичаи амал, аммо дар шакли хозира-ояпда хануз давом доштани амали пеш саршуда ифода меёбад:

У дар хонаи бой бисту панч сол кор карда омада бошад хам, аз музди хизмат чнзе пасандоз карда натавониста буд (Айнй). Мубо- ризае, ки май дар давоми се сол бурда омадам, патичааш фахат ха­мин руз маълум шуд (Улугзода). Хамаи коммунистом дар мачлис- хои нартиявй ва корхои чамъиятй фаъолона иштирок карда меоянд («Маориф ва маданият»).

§ 376. Феълй нишастан (шиштан). Маъпнп аслии ин феъл дар шаклхои замонии феълн таркибй хеле суст шуда, чун феълй ёриди­ханда давомнокии амалро мефахмонад ва мохиятан ба феълй ёриди­хандаи истодан наздик мебошад. Бо ёрии ин феъл бештар холату вазъияти фоил ифода меёбад:

Дехконон чуруккй накарда, ба дахопи вай нигох карда нишаста буданд. — Модараш хам хайрон шуда ба гапхои сахти Юсуфчон гуш андохта шишт (Хаким Карим). Таго дар лаби кат як пояшро овезоч карда менишаст (Мухаммадиев). Дар як канор, дар дасташ думбура як муйсафед думбуранавозй ва газалхомй карда мешинад (Хаким Карим).

§ 377. Феълн хобидан (хоб кардан, хоб рафтан). Ин феълй ёри­диханда низ давомнокии амалро ифода менамояд. Истеъмоли он, мо­нандй феълн ёридихандаи нишастан (шиштан), ба нутки гуфтугуй хос буда, ба забони адабиёти бадей хам таъсир кардааст:

Имруз рузи панчум буд. Остонакул-курбошй дар яке аз горхоп кухи Сарсарак бо иигитхои худ «дам» гирифта мехобид (Хаким Ка­рим).

ФЕЪЛХОИ ШУХУДЙ ВА НАК.ЛЙ

§ 378. Хамаи феълхо аз руи муносибати фоил ба маънои ичрои амал ва холату вазъият боз ба ду гурухи калои таксим мешаванд.

1) феълхои шухудй, 2) феълхои нами. Ин таксимот дар забони хо­зираи точик факат ба шаклхои тасрифии феълхо дахл дорад.

§ 379. Феълхои шухудй. Феълхое, ки дар ичрои амал ва орозу анчоми он хамчун шохиди кору хол муносибат доштани фоил (гуян- да)-ро мефахмонанд, феълхои шухудй номида мешаванд.

Аксарияти шаклхои замони гузашта, инчунин шаклхои замони хозира ва оянда, ки маънои чун шохиди амал сухан кардани фоилро ифода мекунанд, ба гурухи феълхои шухудй дохил мешаванд: афтид, баргаштам, наомадй, фаро гирифтанд, мехонондем, 4eF зада бурданд, идора мекард, рафта истода буд, хандида истодааст, меравем, хоханд гуфт ва м. инхо:

Ба руи дастурхон ду-се нон, косаи чур рот ва дар табакчае намак гузошт, ба ошхонаи худ баргашт (Мухаммадиев). Хайдаркулро соа- ти чори сахар омада чег зада бурданд (Икромй). Командир хайрон шуда истода буд, ки аз паси одамон Захро баромад (Хаким Карим). Одамон ба кишлоки якдигар арус медоданд, арус мегирифтанд (Му­хаммадиев). Шахрчаи Навобод акнун ба харакат даромада истодааст (Хаким Карим). Аз оп дам холо зиёда аз ду сол мсгузарад (Икромй).

§ 380. Феълхои нами. Феълй нами амалеро мефахмонад, ки фоилаш дар бораи вукуи он на хамчун шохиди бевосита, балки аз руи шунида ва сарчашмахои дигар сухан мекунад: дидааст, шикастаанд, сохта будааст, медодааст, менависондаанд, гуфта мегаштай ва гайра.

Азбаеки шаклхои наклии феъл дар нутк бо тобишхои гуногуии маъной истеъмол меёбанд, маънии намни феъл дар матн муайя.ч мешавад. Хамаи феълхои намй ба шакли замони гузашта сохта шу­да бошанд хам, маънии замонии онхо махдуд нест.

Маънии намин замони гузашта, хозира ва ояндаи феъл дар чумла бо худи шакли феълй ифода шуда метавонад:

Хеч чиз нашудааст, танхо аз хамон ясавули шумкадам андак таре хурдааст (Айнй). Тухмхои таърифн якта намонда шикастаанд (Мухаммадиев). Занаш хам худаш барин дар кадом идорае кор ме- кардааст (Хаким Карим). Бузкашй хам мешудааст (Мухаммадиев). Агар одамро газад, накушта намемондааст (Хаким Карим).

Маънии шаклхои наклии феъл дар нутк бо кайд кардани сар- чашмаи ифодаи он сахех ва таъкид мешавад. Таъкиду таъини маънои наклии амал ба хар шакл вокеъ мегардад:

Мардум мегуфтанд, ки хамон руз уро дар пеши идораи сархад- чиён дидаанд. — Бача хамин кадар хабар додааст, дар шаби туй санг- чахоро Манзарбек сохта будааст (Мухаммадиев). — Дар Бухоро ду- кони таппончафурушй кушода шудааст, — мегуяпд (Икромй). Шуни- дам, ки шумо маро ба мудири магазини махаллаамон медодаед (Хаким Карим).

Маънии намии феъл ба таври хулосаи мантикй ва тахминии гуянда низ таъкид меёбад. Воситахои ёрирасон хам гуногунанд:

Маълум шуд, ки вай дар армияи савора чор сол хизмат карда, аз панч чояш ярадор шуда ва як бор кантузия шуда будааст (Хаким Карим). ...аз холати куфтаю хаста ва бемадороиа по дароз карда ру ба руи падару писар нишаста монданаш маълум буд, ки ин мард хеле пиёда рох гаштааст (Икромй). Гуё раис дар кучое гуфта бошад, ки китобхонаро аз он чо кучонидан даркор (Мухаммадиев).

\CHFAXOH ФЕЪЛ

§ 381. Сига яке аз хусусиятхои фарккунандаи фсъл аст. Гуянда вукуъ, чараён ва анчоми амалро баён карда, муносибати нисбат б-) вокеият доштаи онро муайян менамояд. Муносибати амал ба вокеият сига номида мешавад.

Сигахо бо шакЛу таркибхои тасрифии замоихои феъл ифода мее- банд. Масдар худ ба худ cHFa надорад ва агар вам дар таркиби феъл­хо хамчун чузъи асосй омада бошад, он таркибхо ба туфайли шакл­хои тасрифии феълхои ёриднханда майлу тобиши сигави пайдо меку­нанд: хохам рафт, омадан гирифт, гуфтан гир ва г.

Дар забони точикй чор сига хает ва хамаи шаклхои .-.амонии феълхо аз руи маънй ва хусусияти вокеияташон ба ин сигахо мансуб мегарданд: сигаи хабарй, сигаи шаргй-хохишмандй, сигаи амр, сигай эхтимолй.

CHFAH ХАБАРЙ

§ 382. Сигаи хабарй вокеъ шудан ё иашудан, тасдик ё инкор ва ё кайд карда шудани факти амалро мефахмонад. Ба ин CHFa шаклхои шухудй ва наклии феълхои замони гузашта, инчунин баъзе шаклхои замони хозира ва ояндаи феълхо мансубанд.

Замони гузаштаи наздик (гуфтам, сухбат кардам, ба даст овар- дам, хондан гирифтам); гузаштаи давомдор (дошта истодам, гуфта истод); гузаштаи дур (омада будам, кор карда будам, нависонда бу­дам); гузаштаи дури давомдор (омада истода будам, рафта истода буд); гузаштаи хикоягй (медидам, мебастам, гуш меандохтам); гу­заштаи давомдори хикоягй (рафта меистодам, омада меистод); гу­заштаи наклй (кандаам, кандаи, кандааст); гузаштаи наклии дур (рафта будааст, зиндагй карда будааст); гузаштаи наклии хикоягй (мебардоштааст, мефуровардааст):

Рузи истирохат соатхои нух аз хоб бархостам. Сайд Амон ба наз- ди Мунавваршох рафта истоданашро фаромуш карда буд. Мунаввар- шох ба ин су кема меронд (Мухаммадиев). Ба назари Едгор ин мул- ло шинос барин менамояд, аммо ба ёдаш намерасид, ки уро дар кучо ва кай дидааст (Айнй). Контролёр дархол фахмид, ки ин одам тари- ки ба касса пулмониро ва аз он пулгириро дуруст памедонистааст (Хаким Карим).

Замони хозираи давомдор (рафта истодаам, хонда истодааст); хозира-оянда (мечинам, тасдик мешавад); ояндаи дур (хохам рафт, хохй дид):

Гулнор чанд гох боз Ёдгорро дуст медошт ва хаёл мекард, ки дар ояида бо у як зиндагонии дустдорона барпо карда, умри худро бо саодат ва шодкомй хохад гузаронд (Айнй). Асад Махсум аз хад гузаронида истодааст (Икроми). Дар руи дуньё чй кадар пахлавон ки бошад, хамааш машк мекунад (Мухаммадиев).

СИГАИ ШАРГЙ-ХОХИШМАНДЙ

§ 383. Феълхои сигаи шартй--хохишмандй амалеро ифода меку­нанд, ки гуянда вокеъ гардидани онро раво, имкоипазир ва ё вобаста ба шарте медонад. Яке аз шаклхои асосй ва аломати сигавии феъл­хои шартй-хохишмандй аорист буда, вобаста ба он ва сохти чузъи асосии феълхои гаркибй тобишхои замонй ва маъной ифода меёбанд. Дар феълхои таркибии сигаи шарти-хохишмандй феълй ёридихандаи будан хамеша ба шакли аорист меояд.

Едоварй: I. Шакли аористи бошад (аз будан) дар чумла ба ва­зифаи пайвандаки хилофй низ кор фармуда мешавад: Баккол бошад ба ин суханхо гуш намедод (Айнй).

2. Дар забони хозира аз феълй будан шакли кухнаи хохишман- дй — шахси сеюми танхо бод ва бо садоноки о бодо бокй мондааст, ки дар шиорхо, зарбулмасал, табрик ва тахкир кор фармуда мешавад: Зинда бод! Хар чи бодо бод! Муборак бод! Мужда бодо! Забони бад- гуён бурида бод! Нест бодо хасми инсонхо — фашизм! (Рахимй).

Инак, сигаи шартй-хохишмандй бо шакли аористи феъл равам, кор кунам, шакли замони гузашта бо аористи будан (хонда бошам, маслихат карда бошам), шакли гузаштаи хикоягй (мешунидам ва бо аористи будан — мерафга бошам), шакли замоин хозираи давомдор (хонда истода бошам, зиндагй карда истода бошам) нфода мешавад.

Замон ва тобишхои маъноии феълхои сигаи шартй-хохишмандй вобаста ба сохту робитахои синтаксисй ва оханги гуфтор низ равшан мегардад. Хамаи тобишхои маъноии ин сига, ки бештаринашон аха­миятн услубй доранд, ба ду маънии умумй ва асосн, яъне шарт ва майлу хохиш марбутанд. Дар забоин хозираи точик ду тарзи баёни маънихои сигаи шаргй-хохишмаидй маъмул аст.

1. Тобишхои маъноии сига бо худи шаклхои феълй алокамандо­на бо сохти чумла, робитахои синтаксисй ва оханг ифода меёбанд. Калимахон махсусн ёриднханда кор фармуда намешаванд:

Туйро ба чор кас маъкул карда гузаронем (Рахим Налил). Акнун рохи шумо хам он кадар танг ва бадвохима пест, акнун ба Золо ни- гох кунед, осмони пахновари кушодаро мебинед (Айнй). Бо вучуд;'. он, олими чавон то хол навозандаеро надидааст, кн як оханги оддиро бо изтироб ва харорати дили худ ба и ei дарача гарм ва рангин ичро карда... (Мухаммадиев). Имруз шумо намеомадед, пагох худам чег заданй будам. Дари бахти ту хам як кушода мешуд, ман ба муроду максадам мерасидам (Икромй).

Дар нутк, фахмидан мехостам, чур кардан мехостам, пушидан мехохад барин таркибхо худ ба худ маънон майлу хохишро ифода мекунанд. Аммо дар чумлахои мураккаб махз дорой чунин маънихо будани аорист бо феълхои дар сарчумла омадаи хостан, тавонистан ва хаммаънои онхо таъкид меёбад, чунончн:

Дар бахор хар кас мехохад, ки озодонатар нафас кашад, аз хонаи тангу тор, аз байни чор девор барояд (Икромй). Усго Окил мехост, кн хунари худро ба писараш мерос гузорад (Мухаммадиев). Аммо чаноби шумо, охир, метавонед, ки инро ба тарзи дигар нави- сед, ба ман хамчун яке аз мухлисхои худ назар кунед (Рахим Налил).

2. Тобишхои маъноии шаклхои сигаи шартй-хохишмандй, Faiip аз сохти чумла ва оханг, бо калнмахои ёриднханда, пайвандак ва хисса- чахо равшантар таъкид мешавад. Хар як унсури грамматикй ва ё калимаи ёриднханда бо тобиши махсуси маъной омада, маънон сигавй ва чилон услубии феълхоро, хусусан шаклхои аористро, ошкор месо­зад ва кувват медихад. Масалан, дар сурате ки маънон шарт дар нутк, (чумла) ба воснтаи оханг низ ифода мегардад, пайвандакн агар (дар назм -rap, -ар) ин маъниро равшантар ва оханги суханро равонтар мекунад. Монанди хамин, бо пайвандакн то (ба шакли ин- кории феъл) маъной замопй ва бо хам маънон хнлоф возехгар таъ­кид мешавад:

Фотима имсол институти тнббиро тамом мекард ва у, бешубха, хуб медонист, ки агар одам ба автомобиль монанд шавад, агар аз вачохаташ хамаи афкору эхсосоти уро доиистан мумкин гардад, хусн ва латофати хаёт хело мекохад (Мухаммадиев). Агар дуг зада ме- тавониста бошй, рафта ба шарикхои худат, ба хамкосахоят дуг зан, ки онхо мебардоранд (Икромй). То модар аз сари девор гаштаву баргашта фарьёд накунад, аз пеши усто амакаш дур намешуд (Му­хаммадиев) .

Калнмахои модалй ва хиссачахои мон//монед, биё//биёед, бигзор// бигузор, бояд//бояд ки, мебоист, акаллан, майлаш, кошки//кош, наход/ наход ки, кани, даркор (факат дар нутки гуфтугуй), чй ва монанди ин­хо барон нфодаи чилохои маъиоии хохишу орзу, таъкиду супориш, зарурат ва лозимот, катъият ва розигй, чиддият ва мулоиматй хизмаг мекунанд:

Мои, ки бидопанд: аспбози асил як пояш ба лабй гур расад хам, аз катор памебарояд (Мухаммадиев). Биёед, ки ана дар хамин харак шинаму аз рушноии офтоб, аз хур-хури шамол, аз буи ана ин гулхо бахравар шавам, чигарам (Рахим Чалил). Кошки кудурат аз миён бардошта мешуд (Икромй). Акаллан боратро ба замин мемондй (Мухаммадиев). Дар сохаи хочагии кишлок хам бояд корхои зиёде анчом дода шаванд («Точикистони советй»). Ман аз ахволи онхо як хабар гирам-чй?

Феълхое, ки асосашоп аз сифати феълии замони оянда шрифта шудаанд, бо маънои грамматикии худ низ ба сигаи шартй-хохишман' дй мансубанд. Чузъи асосии чунин феълхо сифати феълии замони оянда буда, он аз масдар бо иловаи суффикси -й сохта мешавад: раф­танй, диданй, тафтиш карданй, аз назар гузаронданй, дида барома- данй ва гайра.

Шахсу шумораи чунин феълхо дар шакли гайритасрифй бевоси­та ва бо чонишинхои шахсй (ман, ту, вай... хондаий), дар шаклхои тасрифи бо бандакхои хабарй (хонданиам//-ям, хондании, хондаий аст//хонданист/ва бандакхои феълй бо аористи будан/хонданн бошам, хонданй бошй, хондаий бошад) ифода меёбад. Феълхо бо чунин шак- лу воситахо замони ояндаро далолат мекунанд. Ба хамин маънй феъ­лй ёридихандаи хает ва шакли хозира-ояндаи будан низ ба вазифаи бандаки хабарн омада тасриф меёбад: хонданй хастам, хонданй хас- тй, хонданй аст//хонданист; хонданй мебошам, хонданй мебошй, хон­данй мебошад:

Пулодбой, Шумо чй кор кардани? Пагох бо солдатхо чанг-панг хам карданй-мй? Ба вай чойхои тиллоро гуфтапиам (Х,аким Карим). Ман гуфтанй хастам, ки дар ин кирдори у чй сирре хает? (Мухам­мадиев) .

Чунин феълхое, ки бо шакли хозира-ояндаи ёридихандаи шудан таркиб ёфтаанд, замони хозира-ояндаи сигаи шартй-хохишмандиро мефахмонанд: хонданй мешавам, хонданй мешавй, хонданй мешавад ва гайра:

Имруз ту хукуматро фиреб доданй мешавй. Мардак ба Рубин хучум карданй мешавад (Хаким Карим).

Замони гузаштаи чунин шаклхои хохишмандн бо шакли замони гузаштаи наздики феълхои ёридихандаи будан ва шудан таркиб меё­бад, ки ин таркибхо шаклхои наклй ва хикоягй низ доранд. Масалан: донистанй будам, гуфтанй будааст; диданй шудам, бусиданй шуда­анд, баромаданй мешуд ва Faiipa:

Ха, писарам, ман донистанй будам, ки ба пункти даъват кай меравй? Вай бо заму бачагонаш ба кадом гур кучида рафтанй буда­аст. Онро ба ягон дугонааш хононданй шуд, аммо изо кашнд (Хаким Карим). Карзхои мапдаро хам у додапй шуд (Айнй). Дар майнааш ба ин далеле мечуст ва бо як хохиши ба худаш номафхуме Олимчон- ро сафед карданй мешуд (Хаким Карим).

Агар ин гуна таркибхои феълй дар чумла паи хам, ба таври чи­да оянд, феълхои ёридихандаи будан ва шудан хар дафъа такрорап омада метавонанд ва мумкин аст, ки танхо дар феълй охирин оянд:

Дар хамин асно, вакте кн Фузайл бо хуни Али — батрлкхо ба худ рох кушоданй буд, дар хамин лахзае, ки чанголи ситам синаи Каротегин — Гармро тамоман пахш карданй буд, дар хамин фурсате, ки урдуи разил гилемхои сабзи айёми бахорони кухистонро бо хуни Назари панчьяккор, Сафар-мардикорхо сурхранг гардонидапй буд, умедгохи охирин — чанд нафаре аз чонбозони дастаи худмудофиа дар иости чорум чон медоданду чои мегирифтанд. — Рост баргашта ба пешн хамон кассири бадхазм рафтанй ва титу гози онро бароварда- iiii шуд (Хаким Карим).

Дар таркиби ин хел шаклхои сигаи шартй-хохишмандй, гайр аз будан ва шудан. феълхои дигар низ б) тобишхои маънои омада метавонанд:

Хангоме ки аспи Одилов чавлонзанон ракси марги душманонро бозида, ба даруни халкае, ки дар он пешчангоп уф нагуфта теги шам- шерро истисмор менамуданд, даромаданй шуда омад... он халка мис­ли занчир пора-пора гардид. Маро ба Алии шилпук доданй шуда ис- тодаанд (Хаким Карим).

CHFAH АМРЙ