Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 366. Феълхое, ки дар лахза ва худуди муайяни вакт вокеъ шу­дан ва ба анчом расидани амалу холати яккаратиро мефахмонанд*

/ / .

феълхои намуди мутлак номида мешаванд. Намуди мутлаки феълхои забони точикй асосан ба шаклхои замони гузаштаи феъл тааллук дорад. Шаклу воситахои ифодаи намуди мутлаки феълхо як хел нес­танд.

    1. Намуди мутлак бо шаклхои холиси феъл, бе ёршр-восйтахон иловагии грамматикй ифода меёбад, ки ба ин гурух феълхои гузаш­таи наздик ва пакли дохил мешаванд: рафтам, фиристодй, омаданд, баромад, шунидааст, хандидаанд, рафтаанд ва гайра:

Омаданд одамон гурух-гурух (Турсунзода). Мошин ба руи суфа- кухи Даигара баромад (Мухаммадиев). Лекин ба хона даромада дид, ки муйсафед хобидааст (Икромй). Як руз радиои колхоз эълон кард, ки аз марказ олими зур омадааст (Мухаммадиев).

    1. Феълхои таркибии номй ба эътибори шакли замони гузаштаи наздик буданашон, хамчунин шаклхои замони гузаштаи дур чун нфо- дакунандаи амали яккаратии катъшуда ба гурухи намуди мутлак до­хил мешаванд, масалан: такья кардам, хозир шуд, гуфта буд, гириф­та буданд ва м. им:

Бибионша хамон чавоби со.хтаеро, ки Одина дар вакти рафтанаш ба у омухта буд, ба ёд овард ва гуфт (Айнй). Чонишини шумо нагз гайрат карданд (Икромй). Инак, шумо ери худро иптихоб кардед, бахти худро ёфтаед (Мухаммадиев).

Баъзе феълхои таркибии номй вобаста ба маънои лугавии хис­саи номии худ як навь тобиши давомпоки дошта бошанд хам, он дар худуди муайян вокеъ шуда хотима меёбад ва ба мафхуми давомнокии грамматики дахл надорад. Шаклхои замони гузаштаи наздик, гузаш­таи нами ва гузаштаи дури ин гуна феълхо низ ба гурухи намуди мутлак дохил мешаванд, масалан: чак-чак кардем, сухбат кардаасг, хикоя карда буд, сарсон шудем, саргардон шудааст, овора шуда бу­данд, ба рох даромадаанд, давом кард ва м. инхо.

    1. Агар префикеи би- (бу-) бо феълй замони гузашта омада бо­шад, яккаратии амал ва намуди мутлаки феълро таъкид мекунад. Аммо дар забони хозираи адаби барои гаъкиди намуди муглак ба ин гуна феълхо хамрох кардани префикеи би- шарт нест:

Зан хамирро аз корсон ба суфраи мешй аидохта печонда ва аз болояш як чомаи пахтадорро хам бипушонид (Айнй).

Аслан дар ифодаи намуди мутлаки феъл байни шаклхои бихо- бнд, бипушонид, бимолид ва хобид, пушонид, молид тафовуте дида намешавад.

    1. Маънои намуди мутлак ва тобишхои гуногуни он дар шаклхои замони гузаштаи (гайридавомдор ва мулкаратии) феълхои тарки­бии холй ифода меёбад. Ин гуна феълхои таркиби ба воситаи чунин феълхои ёридиханда сохта мешаванд: гузаштан (мачлне шуда гу- зашт), шудан (китобро хонда шудан), рафтан (бемор сихат шуда рафт), баромадан (маколаро хонда баромадем), мондан (вай омада монд), гирифтан (шеърро навишта гирифтааст), додан (мактубро хон­да дод), фиристодан (Рашид хандида фнристод) ва Faiipa.

Феълхои ёридихандаи мазкур дар феълхои таркибии холй бо то­бишхои гуногуни маъной ва услубй омада, комилан ба анчом раси- дани амалро мефахмонанд ва аз ин ру хамчун воситаи ифодаи наму­ди мутлаки феъл хизмат мекунанд:

Дар ин чо мачлиси... ташкилоти ибтидоии партиявии беморхонаи район шуда Гузашт («Маорнф ва мадаиият»). Шоди як сахифаи газе- таро тамомаи хонда шуда буд, ки хурусхо ба чеки дуюм даромадапд (Икромй). Вай акнун ошро зирбак карда буд, ки аз берун Асо танхо даромада омад (Икромй). Дар хамин фурсат «дуои кунут» — хонии домулло хам фаромуш шуда рафт (Хаким Карим). Замона нотинч шуда монд. Чамила комати баланду базеби худро рост карда, ба хона даромада рафт (Рахим Чалил).

Азбаеки дар шаклхои замони хозира (хозира-оянда) ва замони ояндаи фсъл (аорист, амр, ояндаи дур) аз катъияти анчоми амал ди­да маънии номуайянни хангоми ичро ва натичаи он ва дар баъзе аз онхо давомнокии амал бештар ифода меёбад, ин гуна шаклхои феъ­лй умуман ба категорияи намуди мутлак мансуб нестанд. .Пекин гохо вобаста ба мазмуну оханги гуфтор, бо ёрии калимахои ифодакунан­даи маънии конкретии замон (монанди ду сол, руз, соат...) ва таъкид- кунанда (мисли хатман, албатта, бояд...) баъзе аз ин шаклхои феълй амалан маънои мутлак. пайдо карда, ба намуди мутлак наздик меша­ванд. Аз чумла, шакли замони хозпра-ояпда, ки дар мавридаш маъ­нои гузаштаи наклиро ифода мекунад, низ ба хамин гурух дахл до­рад:

Харочоти туй уро тулак мекунопад ва мачбур шуда дар тирамо- хи хамон сол боз ба Фаргона меравад. Ин дафъа баъд аз ду сол бар- гашта меояд (Хаким Карим).

НАМУДИ ДАВОМНОКЙ ФЕЪЛ ВА ШАКЛХОИ ИФОДАИ ОН

§ 367. Феълхое, ки давомнокй ва ё такрори мулкаратии амалро мефахмонанд, намуди давомнок номида мешаванд. Давомнокй маъ­нии чараёни бардавому нотамоми амалро дар шаклхои феълии замони гузашта, хозира ва оянда ифода мекунад. Мулкаратй бошад, дар ба­робарн ифода намудани такрори амал маънои давомнокии амалро низ дар бар мегирад. Чунончи, дар мисолхои зерин феълхои рафтан ги- ред, омада истодааст, кор карда гаштаанд, итоат мекардаанд асо­сан чараёни амал—давомнокиро, аммо феълхои хуронда истод, ома­да мерафтанд амали давомнокй мулкаратиро мефахмонад:

Агар шумо пеш нигох карда рафтан гиред, ба ногох ин оби ду- рахшон монанди мохи тобоне, ки дар паси абр медарояд, ба зери сап- ге даромада аз назаратон пинхон мешавад (Айнй). Дид, ки Захро кузаро ба китфаш бардошта, ба суи нахр омада истодааст (Хаким Ка­рим). Дорухои духтур фармудагиро хуронда истод (Икромй). Латиф, Набй, Шариф, Солех ва дигар камбагалони кишлок чй кор карда гаштаанд? (Хаким Карим). Ба хучраи Махсум ба гайр аз вай боз ду- сетахо омада мерафтанд ва хама хизмати уро карда, ба фармонхои у итоат мекарданд (Икромй).

§ 368. Шаклу воситахои ифодаи намуди давомнокй феъл гуногунанд. Намуди давомнокй феъл бештар бо префикси ме-, ки маънои замоин ва намуди дорад, ифода меёбад. Феълхои давомнок бо префикси ме- аз ду асоси феълй сохта мешаванд:

а) Феълхое, ки аз асоси замони гузашта сохта мешаванд, феълй гузаштаи хикоягй мебошанд. Ин шакли феъл ба намуди давомнок мансуб аст ва бинобар ин кариб хамеша чараёни амал ё холату вазъ­ияти замони гузаштаро мефахмонад:

Суханхои хуб мегуфт, зарбулмасал ва маколхои бисьёреро ме- донист (Икромй). Пас аз ин падараш ба хар кучое, ки мерафтааст, аввал хасрати музаи писарашро баён мекардааст (Хаким Карим). Табий хеч кадоми он бандиён дар ин бора лаб намекушоданд (Айнй). Боди серун ба ди-mof буи галлаи расида ва замини офтобхурдаро мео- вард (Мухаммадиев).

Дар кисме аз ин гуна феълхои давомнок маънии чараёни такро­ри мулкаратии амал хеле равшан фахмида мешавад:

Хар кас, ки ба ёрии Арслоналй наздик меомад, ба лагади чура- бошй дучор мегардид (Рахим Чалил). Гох-гохе пайкари дабанги вай дар нохамворихои рох гаронборона такон мехурд (Мухаммадиев). Мардони кухансол ду-ду, чор-чор ба сангхо такья карда нишаста сар- гузашт мегуфтанд ва мешуниданд (Айнй). Хамаи ин чизхои зарури- ро аз Россия мегирифтем (Икромй).

Э з о х: Шакли феълии замони гузаштаи хикоягй бо мазмунй сигаи шартн хо- хишмандй омада бошад, маънии давомнокн на мулкаратии амалро ифода намеку- над: Агар ба намояндагони комитети вилоятии партия мегуфт, ба ман, алОатта, ха­бар медоданд (Рахим Чалил).

Дар чумлаи зерин хам таъбири «нахустин» бор таъкид мекунад, ки феълй руи медод маъной давомнокй ва мулкаратй надорад:

Ин тавр холат дар Ойими Шох нахустин бор руй медод (Икромй). Агар шакли !узаштаи хикоягй дар матн ба маъной гайри замони гузашта (масалан, хозира-ояпда) омада бошад, маънон давомнокй ва мулкаратии амалро намефахмонад:

Кадом махбуб мемондааст, ки махбубаи ба чон баробарашро озор дихаид? (Хаким Карим).

Дар забони адабии хозираи точик бо таъсири забони умумихал- кии гуфтугуй истеъмоли чунин шаклхои феълй маъмул гардидааст, кн аз руи мохияти таркиби грамматикин худ маъной давомнокй ва такрори мулкаратии амалро нфода менамоянд. Чунин шаклхои феъ­лй аз феълхои содда, феълхои таркибии номи (асосан бо ёрии кардан) ва таркибии феълй (бо ёрии тавонистан), ки ба шакли сифати феълии хозира-оянда меоянд ва иловаи феълн ёридихандаи шудан ба онхо таркиб меёбаид, чунончн: мебофтагй шуд, мегузаштагй шуд, мегуф- тагй шудааст, дуст медоштагй мешавад, рох мегаштаги шудам, таъ- сир мекардагй шуд, дида наметавонистагй шудан ва гайра:

Вай дар синни 15—16-солагй дар катори халифахои дигар ду- рустакак кор мекардагй шуда, дар бистсолагиаш кори у дар катори кори устохои иомдори шахр мегузаштагй шуд (Хаким Карим). Аввал занхои амир ва баъд модари амир ба вай рашк бурданд ва уро дида наметавонистагй шуданд (Икромй). Акнун маро мардум... «Чурабой саркор» ва хатто «раис» мегуфтагй шуда буданд (Хаким Карим). Кол­хоз планашро барзиёд ичро мекардагй шуд («Точикистони советй»). Аз рузи расидани мактуб cap карда хар ду ба хонаи хамдигар омаду- рафт намуда, дахонашонро пур карда «кудочон»! мегуфтагй ва якди- гарро аз хад зиёд иззату хурмат мекардагй шуданд (Х,аким Карим).

б) Префикси ме- ба асосй замони хозираи феъл хамрох шуда, шакли замони хозира-оянда месозад, ки ин шакли феълй ба маьнии замони хозира хамчун ифодакунандаи чараёни амал ба намуди да­вомнокй феълхо мансуб аст:

Ясавул ба он тараф ннгох карда дид, ки духтаре ба су и худаш меояд (Айнй). Райр аз вай боз 12-сола як писари дигар хам дорад, кл холо ин дар синфи чахоруми мактаби ибтидой мехонад (Хаким Карим). Наими Талх дар хамин кишлок зиндагй мекунад? (Икромй). Съезди XVII Партияи Коммуиистии Точикистон дар вазъияте мегуза- рад, ки мамлакат ба съездн навбатпн XXIV КПСС тайёрй мебинад («Точикистони советй»).

Эзох: Феълн доштан ба маънии доро будан, мавчуд будан префикси ме- ка­бул намекунад. Вай дар шакли аорист маънии давомиокии амалро ифода карда ме­тавонад:

Дар он су, дар пайрахаи борик харакй ва пиёдахо чуибучуле доранд (Мухам- маднев).

§ 369. Дар забони хозираи точик ба восигаи феълхои ёриднханда ифода кардани намуди давомнок низ мавкеи калон дорад. Феълхои зерин дар таркибхои феълн хамчун ёриднханда омада, барон ифодаи маъной нотамомй, мулкаратй ва давомиокии амал хизмат мекунанд: истодан, мондан, гаштан (гардидан), гирифтан, омадан, нишастан (шиштан), хобидан (хоб кардан) ва г.