Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 584. Нидохои амрй аз руи маъно ва вазифа ба гуруххои зерин чудо мешаванд:

1. Нидохои даъвату 4CF задан ва водор кардан: эй, хой, хон, хо, уй (ууй), ув, (уув), у, аё, ой, канй, ё, о, ало, аллае, (аллае-алла) лаб- бай, доде, чавре ва гайра:

Эй, азизам, магар дар Ленинград ба гайр аз Стеблев дигар чизи хуб нест? («Пьесахо»). Хой-хой мардак! Дахонатро пуш, ношукрй на- кун! («Пьесахо»). Х,о, Карим, ту дар ин бевактии шаб дар ин чо чй кор карда гаштай? («Пьесахо»). Уй, ака, ин чо ист! (Айнй). «Ёдгор, Ёдгор..- ув Ёдгор!» Ин овозе, кн аз паси сари Ёдгор, аз 30 кадам дуртар омад, сухбати гарму чушони ин ду дилдодаи чавонро вайрон кард (Айнй).

г—-Г

Ой, духтари Мулло-Чортори, ёри мо мешй (мешави)? (Айнй). Канн, не гуфта хам бинад. Як занам чаппа шуда афтад! (Улугзода).

, Ало!... Ало!... Ало!... Мавч... Барк... Радио...

Ало! .. Ало!...

,\ар су нигар ба мавчи хаво

Зи барки радио, дар синаи хаво...

(С у л а й м о н й).

Гуяд: тезтар калон шав, Дар Ватан пахлавой шав... Акнун чашмонатро пуш, Осуда хоб рав! Алла, чон алла!

(Л охутй ).

Щупав, булбул-о! Ман ба вазни аруз

Суханро днхам зеб хамчун арус

(Юсуфй).

Ин нндохо дар баробари нишон додани маънои умумии даъвату таклиф восита ба шароиту мухити нутк. ва хусусияти хоси худ боз то­бишхои гуногуни маъно зохир мекунанд. Аз ин нуктаи назар онхо ба нидохои эхеосн наздик мешаванд. Масалан, нидои эй маъиохои зернн- ро ифода карда метавонад:

    1. мурочиат, хасрат, андух, дарег, хафагй, алам:

Эй нури чашм, ох Мунира, кучо шудй?

Ногах, чй шуд, ки аз манн мискин чудо шудй?

(П а й рав);

    1. нобоварй, шакку шубха: Э-эй, Рузиев одами хурд аст. Зураш намерасад. Мумкин аст, ки ин кори Карпович бошад? («Пьесахо»);

    2. хоксорй, рад кардан, норозигй:

Эй, чой чй даркор! («Пьесахо»);

    1. даъват ва мурочиат:

Вактн он аст, эй калам! Буррандатар гардй зи tcf!

Вакти он аст, эй сухан! Рурраидатар гардй зи барк!

(Юсуфй);

    1. хайрат ва тааччуб-'

Эй,... дар ин чо як авул пайдо шудааст-ку (Айнй);

    1. хайрат, ташвиш, таассуроти хафагй:

Эй, руз кариб пешин шудааст-ку (Айнй);

    1. тахният, муборакбодй, табрик:

Эй, салому алайкум, Зарифзода, хуб са.хат-саломатакак хастй? Кай омадй? (Рахим Чалил);

    1. пешакй огохонидан:

Э холача, шумо ба миён надароед («Пьесахо»).

Нидои ало, ки холо кариб дар хамаи забоихои дуньё истифода ме­шавад, маънои мурочиат, «гуш мекунам» ва «гуш кунед» дорад:

Ало! Магазипро дихед! Ало! Ма н Фахриддинов, ха, чи шуд? («Пье­сахо»), «Ало! Ало! Маро шинохтед?» — бонг, мезад Чурабек ба гушаки телефон (Рахим Чалил).

Маънои аслии нидои «лаббай»» (шакли аслиаш лаббайк) «кабул мекунам, ба ичрои фармоп тайёрам» буда, холо бештар хангоми кабу- ли сухане ё амре истифода мешавад. Дорой тобиши услубии одобу эх- тиром аст. Нидои лаббай дар мавриди муайяни нутк тобиши тамасхур, мазох, иописандй ва гайраро ифода карда метавонад, чунончи: «Кал- мок» гуфта фарьёд кард. «Лаббай»,— гуён як зан давида омад (Айнй). Лаббай! Ха, ман Нодиров, хамсоя, гапатонро гуфтан гиред («Маориф ва маданият»). Аз ин мебарояд, ки ман ба мехмонй нарафта бошам, чандон зарар надидаам, лаббай?! (Айнй). — Дахонн пушида — сад тилло. Хозир ман ба бозор меравам. — Лаббай?! Хайр, то боздид, дус­там! («Хорпуштак»)-

Нидохои доде, чавре, уй, (у-уй) дарду аламн шахси ба фалокат ва бадбахтиву муснбате дучоршуда ва ёрнталабро мефахмонад. Ин нидо­хо аз касе ва чизе норозй буданро низ ифода мекунанд:

Доде! Цавре! Ин бачакушта на инсоф дораду па имон! Бинед: дар руяш хуни одамй нест! («Пьесахо»). -У-у-уй! Охир, ман чй гунох до- рам, кн маро ин кадар берахмона мезанед?! Илохо, дар зери мошин монед! («Пьесахо»), Уй! Ту беимон, холо шум касро зада мегирифтагй шудй?! (Улугзода).

      1. Нидохое, ки риояи хомуширо ифода менамоянд:

Хомуш! Кирдори ту, ахволи оилаи ту мардумро нотиич кард, ха- маро аз кор мононд («Пьесахо»), Ором! Аз рохи кура баромада наме­шавад, ин чо дар ру ба ру хонахои сиёх аст (Айнй). Ним! Овозата на- барор! (Улугзода). Дам шин! Хап шин! Па сухани арус шунида меша­вад, па гапи падарвакил (Айнй).

Нидои «диккат», ки маънои «гуш кунед», «шунавед», «ором шавед» дорад, низ ба хамин гурух дохнл мешавад: Диккат! Боз дикдат! Шуна- вандагони мухтарам! Радиол Хорпуштак шунавонидани ниммусикии навбатии худро... cap мекунад («Хорпуштак»)-

      1. Як гурух калима, таркиб, ибора ва ифодахои динй бо мурури замон маънои аслии худро гум карда, ба гурухи нидохо гузаштаанд. Чунинанд нидохои омин, илохй, илохо, астарфуруллох, оллоху акбар, алхазар, тавба, ё тавба, валлох, ба хурмати нон, ба арвохи иадарат, билло\й, валлоху биллох, биллои азим, иншоолох ва монанди инхо:

Омин! Хар руз хочаам зан гнрапд, туй кунанду мо дуогуён оши туй хурда, ба хакки ин кас дуо кунем... Омин, Оллоху акбар! («Пьеса­хо»)- Астарфирулло!... Ба ин подои чй гуям? (Рахим Чалил).

Дили ту пок аст? Тавба! Ту чи гуфтан мехохй (Улугзода). Бузат сарата хурад. Бисьёр вагар-вагар накун! Биллои азим, агар ёбам, хам буз, хам туро кушта мехураму чонама халос мекунам (Улугзода).

Гарданашро даст бурдам, турааш дзетам газпд, Алхазар! Дар шохн гул ман мор пайдо кардаам

((Л о х у т й).

      1. Як гурух нидохо аз руи сохт ва маъно гуногунанд. К,исме аз он­хо бештар дар шакли тасрифии феъл омада, ба хабар монанд бошанд хам, аммо аз вазифаи хабарй бисьёр дур рафтаанд. Хатто дар баъзеи онхо тобиши муносибати предикатнви (хабарй) тамоман мушохида на­мешавад Пурра ё кисман суст намудани вазифа ва маънои аслй им- кон медихад, кн онхо ба гурухи нидо гузаранд ва ё ба вазифаи он оянд. Чунончи: мужда, хизмат, бахайр, монда нашавед, саломат бошед, зинда бош(ед), шах бош(ед), шод бош(ед), намеарзад, гардам ва мо­нанди инхо. Ин нидохо маънохои хурсандй фарахмандй, холпурей, хайрхохй, илтимос, хохиш, тахният, такдир, фурутанй ва Faiipapo ифо­да карда метавонанд:

Мужда! Эй сайди маргзорн вафо, Ер бахри шнкор меояд

(П а й р а в).

«Хизмат, раис?» дар пеши дар хозир шуда гуфт Улфатов (Ниёзй). Бахайр, Гулнор? Ту дар ин чо чй кор мекунй? (Айнй). Монда нашавед, духтарам! Аз афти кор, имруз ду норма мечинед?» «Саломат бошед, амакчон! Кошки гапн Шумо шавад» («Точикистони советй»), «Ана ин, ана ин корро накунед, хама коратон дуруст мешавад». «Рахмат! На- меарзад, Х,алимахон!» («Пьесахо»). Гардам, ба ган гуш кунед, аклу хушатонро ба чояш монед, духтаратон ба кад расида мондаанд (Ра­хим Чалил).

      1. Гурухи калони сифатхо дар мавриди муайян ба вазифаи нидо омада, хиссиёти нафратомез, тахкиру дашном, сарзаниш, маломат, но- розиги ва гайраро ифода мекунанд. Ба ин гурух калимахои берахм, сангдил, ноинсоф, лаънатй, падарлаънат, чапан, бехаё, бетавфик, бе- имон, нобакор, беномус, чувонимарг, сархур, бадбахт, падареаг, пирсаг ва Fartpa дохил мешаванд:

Берахм, сангдил! Магар фаромуш карди? Дар вакте ки ману ту хануз бачаи хурдсол будем, дар канори Чилвон хар ду бо хам кор ме- кардем, пахта мечидем ва бози мекардем (Айнй). Ноинсоф! Ман дар хакки ту гайри неки дигар коре накардаам (Айнй). Лаънатй, чапан! Охир, ту вайро хакорат кардан (Улугзода). Бехаё! Ин гапро аз кучо баровардй? Кй ба ту ёд дод? (Улугзода)- Шукур кун, ки аз ман нею аз тиреза хурдй! Набошад як мушт мезадаму дахони гайбатгуятро мебаетам, пирсаг! (Рахим Чалил).

      1. Дар истилохоти касбиву фаннй нидохои кабул, итоат, хозир бош, оташ, ичозат, рухсат (дихед, шавад), ист, марш (дар сохаи хар- бй), бош тайёр, доимо тайёр (дар сохаи кори пионерй) ва монандй ин­хо хастанд. Ин нидохо ифодаи дарачаи интизоми баланд буда, итоат, фармон, мурочиат, рухсат ва гайраро мефахмонанд:

«Хозир бош!» гуфта сардор фармон дод (Айнй). Хамим ки танкхо ру ба руи ро.храви чукур расиданд, Одинаев бо садои пуртаъсир фар­мон дод: «Оташ!» (Ниёзй). Ичозат дихед, рафик, лейтенанти хурд, ба ин кас ёрй расонам! (Ниёзй). Охиста, Эрназар, магал накун!—Кист вай? Ист! Мепарронам! (Улутзода)-

Бош тайёр! Доимо тайёр! Дар рохи социализм аз дилу чои!

Бош тайёр! Бахри хифзи иро.петари чахои

(П а й р а в).

      1. Чанде аз нндохо дар сохаи цирк ва физкультура истифода ме­шаванд. Ба ин чо нидохои хоппа, ха, хейт, дохил мешаванд.

      2. Нидохои канй ва ма дар асл хиссача мебошанд, вале вобаста ба тагьнри интонация ва имою ишорат метавонанд, дар изхори ирода ва муносибати гуногун хизмат кунанд:

Канй, не гуфта хам бинад. Як занам, ки чаппа шуда афтад (Улут­зода). Канй, давомашро хон! (Рахим Чалил). Ма, инро ту гир, Аса- дулло! (Айнй). Ма, шумо чй хел одамед! Ба фикрам, дар умратои чиз- ро иадидаед (Икромй).

§ 585. Калимахои даъватии пиш-пиш бо калимаи пишак, куч-куч бс калимаи кучук алокамандапд. Аммо чунин калимахо, ки маънои лутавии худро равшан нигох дошта бошанд, хеле камапд. Одатан ба­рои даъвату ромдани хайвонот ва паррандагон калимахое истифода мешаванд, ки решаашон ба тагьироти фонетикию морфологй дучор шу­даанд.

Дар забони точикй барон мурочиат ва фармон ба саг чунин кали- маю ифодахо мавчуданд: мах-мах, бах-бах (бох-бох, бух-бух), куч-куч,

тур ва F-

Калимахое, ки мурочиати ба хайвоноту паррандагони хонагнро ифода мекунанд, хеле зиёданд. Масалан, калимахои чигй-чигй (диги- дигй, гиди-гидй), чай (чай-чай), ай (ай-ай), хел-хел, хей-хей, хол-хол, геч-геч ва гайра нисбат ба буз; чу (чу-чу), шок (шок-шок), хеш-хеш, уш-уш, бош (бош-бош), бахш (бахш-бахш), шук-шук, сав-сав ва Faflpa нисбат ба гову гусола; бех-бех, биях-биях, хут (хут-хут), мах-мах, иш (иш-иш), их (их-их) ва fai'iра нисбат ба хар; хушт (хушт-хушт), хунт (хуйт-хуйт), хейт (хейт-хент), кош (кош-кош), тувй-тувй ва гайра нис­бат ба гусфанд; пиш-пиш, ништ нисбат ба гурба; ту-ту-ту-, киш нисбат ба парранда кор фармуда мешаванд. Нидохое низ хастанд, ки дар хан­гоми амалиёти гуногуии одам бо хайвонот ба кор мераванд. Масалан, хайвонотро бо охангу овозй махсус об медиханд, ба истодану харакат кардан, давидан ва хурок хурдан даъват мекунанд. Ин охангу овозхои махсусро дар хат акс намудан бисьёр душвор ва аксар аз имкон берун аст. Гохо баъзеи онхоро дар хат шартан ифода мекунанд, вале "бо ягон коида и фонетикию морфологи мувофикат намекунад.

Х,амин тавр, нидохои амрй ба нидохои эхсосй наздиканд Онхо ка­лимахои ифодакунандаи муноснбатхое мебошанд, ки ба воситаи инто­нацияи махсус ифода мешаванд. Хатто дар фармон низ унсури хис- сиёту хаянон мушохида мешавад. Нидохои амсоли алла ва калимахои даъвати хайвонот на факат майлу хохиш, инчунин навозишу тасалло- ро ифода карда метавонанд.

Сарчашмаи ба вучуд омадани нидохои амриву эхсосй хиссахои нутки мустакил, амалу харакатн бо овозу оханги махсус алокаманд ва калимахои иктибосй мебошанд. Чараёни ба категорияи нидои амрй гу- заштани калимахои дигар иомунтазам аст.

Баъзе калимахои нидой харчанд хусусияти грамматикии худро тагьир дода бошанд хам, хануз маънои лугавиашон равшан аст, чу­нончи: хомуш, марш ва монанди инхо. Дар гурухи дигарашон маънои лугавй хис карда намешавад, шакли овозии онхо низ тагьир ёфтааст, масалан: чай, хич, хеш-хеш, чу ва гайра.

сохти нидо

§ 586. Аз чихати сохт нидохо гуногунанд. Гуногунии сохти бисьёре аз иидохоро факат таърихи ташаккулашон дуруст муайян карда мета­вонад. Бисьёре аз нидохо бо усулн морфологй-синтаксисй ва лугавй- синтаксисй сохта шудаанд. Бо ин усулхо хиссахон гуногуни нутк ва таркибу нборахои рехта ба нидо гузаштаанд, ки сохти онхо низ як хел нест: офарин, салом, рахмат, саломат бош (ед), хуш омадед, мебах- шй (ед), нет, ичозат дихед, боз тайёр, бифармо, бигузор, лаънатй, ка­нй, ку, бало ба пасаш, ба шумо хаёт дихад, чашм нарасад, чонам кати, ба чону дил, худо нигох дорад, ё тавба, таваккал ба худо, хушьёр бош, сабил монад, чор тараф кибла, кандашро хурад ва гайра.

Мукаррар намудани сохти морфологии нидохо душвор аст- Опхоро аз чихати таркиб ба гуруххои зерин таксим намудан мумкин аст: садо­нок (э, о, а); садоноку хамеадо (эх, ах); хамсадою садонок (ха, хо, хе); садоноку хамеадо ва садонок (аха, эха, уху); хамсадою садонок ва хамеадо (вой, вах, пуф); садонок, ду хамеадо ва садонок (оббо, уббо); хамсадою хамеадо (хм, мм) ва монанди инхо.

Нидохои ба хайвонот алокаманд аз руи сохту маънои худ аз дигар нидохо фарк мекунанд. Дар онхо аксар оханги умумии мачмуи овозхо, ки ба воситаи он рефлекси шартии хайвонот ба вучуд меояд, дарк кар­да мешавад. Дар гурухи нидохои хайвонот фонема чандон ахамият на- дорад- Ин аст, ки дар хар лахчаву шева якчанд варианти овозй дучор мешавад.

§ 587- Воситаи мухимми грамматикии сохтани нидохо шакли так­рор мебошад. Баъзе нидохо танхо дар шакли такрор истеъмол меша­ванд: чигй-чигй, биях-биях, пиш-пиш, сав-сав, хол-хол, тувй-тувй, ту- ту-ту, ха-ха-ха ва гайра. Нидохое низ хастанд, ки хам алохида ва хам такрор меоянд: вой, вах, бах, пах, чай, ай, шок, теча, вой-вой, вах-вах, бах-бах, пах-пах, чай-чай, ай-ай, шок-шок, геча-геча ва г.

Як гурух нидохо барои кувватнокии оханги амр ба хайвонот ис­тифода мешаванд:

Гулсум карсонро аз хонаи сиёх гирифта баромад ва ба атроф ни­гох карда: «Хайбар! Бух-бух-бух» гуён чег зад (Айнй). Чу-чу чонвар, аз чй мехусй! (Ниёзй).

Бо максади пуркувват гардидани дарачаи мутаассирии гуянда низ нидохо такрор мешаванд: Х,о-хо-хо! Акнун ба ёдам омади. магар ту Фармон нести? (Айнй). Бай-бай-бай, хануз дар сари куча буи зирбакатон ба димогам расида, дилам чунон гум зад, ки кариб мает барин калавида афтода будам (Ниёзи). Ту кисти? Ха... Махмуд! Ту хам ба даст афтодй? Афсус, афсус! («Пьесахо») Бах-бах! Хеле иагз, дилчаси (Улугзода). Вай-вай! Чудо хушру, биной! Муборак бошад, духтарам! (Улугзода). Хой-хой, амаки полвон! Ин чи магал? Худаш чй ran? Хай-хай! Ин чо яслии бачагон аст. Бачагон хоб кардаанд. Охиста ran зада гузаретон («Пьесахо»).