Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2155
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 384. Сигаи амрй изхори хохишу супориш, фармону таъкид ва водор кардан ба амалеро, ки нисбат ба шахеи дуюм гуфта шудааст, мефахмонад.

Харчанд ки аз рун маъно ва оханги сухан баъзан аорисг ва ди­гар шаклхои феълй ба сигаи амрй наздик мешаванд, дар забони точи­кй шакли асосии сигаи амрй феълн фармоиш мебошад, ки бо майли замони оянда ба гурухи феълхои замони хозира-оянда дохил меша­вад,

Феълй фармоиш факат як шахе, яъне шахеи дуюми танхо ва чамъ дорад. Шахеи дуюми танхои он бо асосй феълии замони хозира баробар аст: рав, бин, биёр, дам гир. Шахеи дуюми чамъ бо рохи ба асос хамрох кардани бандаки феълии -ед, гохо -етон ифода меё­бад, ки он бо аористи шахеи дуюми чамъ баробар меояд: равед — раветон, бинед — бинетон, биёред — биёретон, гиред — гиретон ва гай­ра:

Ту худдори карда аз роххои нихоии поёнтар фуро, агар дидй, ки ясавул духтаратро дастгир карда бурданй аст, бо гелонидани сан- ге ба мо хабар дех (Айнй). Ту рафта аз пода хабар гиру ба ин тараф ронда биёр (Рахим Налил). Акнун камтар арзи моро шунавед (Икро­мй). То дарвозаи Имом мардумро аз рох дур кунед, шамъхоро кушед ва рохро катагаи кунед, — гуфта фармон дод (Айнй). Иваницкий... дар вакти ба мардикорй гуселонидан... мегиристу «Далеру нотарс бо- шетон, писарам!» — мегуфт (Рахим Налил).

Шакли таерифии сигаи амрии феълхои таркибии номй, таркибии масдари ва таркибии холй бо феълхои ёридихандаи онхо сурат ме­гирад. Масалан: рохат кун—рохат кунед—рохат кунетон; дам гир-- дам гиред — дам гиретон, тайёр шав — тайёр шавед — тайёр шаве- тон; омадан гир — омадан гиред — омадан гиретон; навишта мон — навишта монед — навишта монетой ва м. ин.

Шакли сигаи амрй хам монандй аорист, чи дар пазму чи дар наср, префикеи би (бу-) кабул мекунад. Дар ин сурат маънои хохишу илтимос бо оханги нарму навозиш ифода меёбад:

Хамшираи мехрубон, биё, одамон, биёед, дар пахлуй у бишинед, вай накл кунад, шумо бишнавед! (Хаким Карим). Ма, мехмон, чой би- нуш. Мархамат, бишин. Ана бирав, аз мусафеди садсола бипурс, би­ту, оё шунидаед, ки ягон марди бадахшонй ба хотнри мол ё мулк барои чизи дигар касеро аз хаёташ махрум карда бошад (Мухамма­диев).

Ёдоварй: Асосн замони хозираи феълй омадан -о ва асосн феълн овардан -ор буда, инхо дар айнй хол шакли шахеи дуюми танхои сигаи амрй мебошанд. Ин шаклхо хангоми кабул кардани префикеи би- низ хамчун асос ба хнеоб гирифта ме­шаванд. Шахеи дуюми чамъ, мисли хамаи феълхон сигаи амр, бо бандаки феълии -ед ( етон) ифода меёбад о - оед, биё— биёед: ор — оред, биёр — биёред — биёретон:

Ин чо фуруд о! (Айнй). Ха, мехмон — бародар, биё (Мухаммадиев). Калонаш хамин будааст ,даст гиред. пеши ман биёред, гуфт (Хаким Карим).

Шакли инкории сигаи амрй ба воситаи хамрох кардани префик­еи на- (баъзан ма-) ба асосй замони хозира сохта мешавад. Префик-

си ма- асосан хоси назм ва зарбулмасалу макол мебошад. Шакли инкории CHFan амрй низ вобаста ба матн хохишу таъкиди нарму на- возишкорона ва ё, баръакс, чиддият, сарзанишу эътироз ва манъи кору холеро ифода мекунад:

Боз маъзараг мехохам, хафа нашавед (Икромй). Ту Faм нахур, додарчон (Рахим Налил). Зебй, Зебичон, гирья пакун. Ба болои сух- та намакоб мапош (Хаким Карим). Ором бош, дод мазан, Даша, ман ба Исфара меравам (Рахим Налил). Шумо, Махсумчон, аз ман шубха накунед, ман хеч кори ганда накардаам... бехтар, ки зз худа- тон шубха кунед (Икромй). Худашро дусти ману ту вонамуд карда, хазор касам хурад хам, бовар пакун (Рахим Налил).

Шакли сираи амрии феъл баъзан бо чонишинхои шахей (ту, шу­мо— шумохо, шумоён) ва аксар бе чонишин истеъмол мешавад. То­бишхои маънои ва услубии вай монанди аорист алокамандона бо шаклу тарзи ифода. мазмуни матн ва оханги гуфтор зохир мегарданд. Масалан, бо префикси ме- омадани шахси дуюми танхо (мебош, ме- рав, мегуй) факат ба услуби назм хос аст (ниг. Префиксхои шаклсо- зи феъл § 350).

§ 385. Бо ёрии калимахои модалии мабодо, харгнз, албатта маъ­нии лозима махсус таъкид мешавад. Шакли амрии феълй омадан (биё- биёед-биёетон) низ ба маънии модалй омада, хамин гуна тобнш ба вучуд меоварад. Хиссачаи -чй хам чилои услубии гуфтугу пайдо ме кунад:

Мабодо ии гапхоро аз дахопатон набароред! Биёед, суруди мода- ри озод, таронаи модари хушбахти моро бишнавед! (Хаким Карим). Ин гапхои пандомезро харгиз фаромуш накун, додарам! — Хамин вакт ба куча баромада як давр зада оед-чй? (Айнй).

Шакли амрии феълй омадан (биё, биёед), мондан (мои, монед), гузоштан /бигузор //бигзор/, хестан (хез, хезед) хамчун калимаи мо­далй омада, дар чумла ба шаклхои аорист ва хозира-оянда тобиши хукму фармоиш мебахшад: Монед, равед! Бигзор, хонад! Хезед, хона­ро гундорем! Биёед, давр мезанем.

Сигаи амрй шакли бавосита хам дорад, ки он монанди хамаи феълхои бавосита тавассути фоили дигар шудан ё нашудани амалро мефахмонад: хон — хонон, хонед — хононед; навис—нависон, нави- сед ва г.

Аммо шаклхои кашон — кашонед, гирон — гиронед//даргирон —

даргиронед ва г. аслан бавосита бошанд хам, дар мавридаш аз саба би суст шудани чунин маъпо хамчун феълй бевосита истеъмол ме­шавад.

CHFAH ЭХТИМОЛЙ