Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Забони точики(китоб).docx
Скачиваний:
2093
Добавлен:
09.11.2019
Размер:
1.47 Mб
Скачать

§ 581. Чумлахои хитобии эмоционалие, кн далел ва даъвою таъкид, такдир ва бахои эхсосиро ифода мекунанд, гурухи алохидаро ташкил менамоянд. Ин гурухи нидохо хиссиёту хаячонро мефахмонанд:

Бемазагй! Ман хозир телефон мекунам («Пьесахо»). «Шумо чй гуфта истодаед? Як ба май нигаред». «Бало! Ана нигаристам. Чй ме- гуфтед?» («Пьесахо»). «Дурур, тухмат! гуён дехконони дигар хам овоз баланд карданд (Айнй). Албастй! Худи албастй! Калуш кати ба са- раш фурор мегуяд! (Улутзода). Дахшат, дахшат! Ба арвохи чамъи бу- зургони Бухоро касам, шумо снпахсолор, марди худобехабаред! (Улутзода). «Сафсата» хурушида рафт ходими идораи хизмати маишй («Хорпуштак»), Хохишмандам гунахгоронро ёфта, таъзир дихед, ки минбаъд тухмхои палагдаро худашон пухта хуранду ба мо дурусташ- ро фйристонанд. Айб! (Улутзода).

§ 582. Як гурух нидохои эмоционалй ба таркибхои устувор ва во­хидхои фразеологй нисбат доранд- Онхо аз бобати маъно ба чанд гу­рух таксим мешаванд.

  1. Фразеологизмхое, ки маънон тасдик, ё инкори хаячоннок (гохо бо тобиши маъной тахдид, дугу пуписа ва райра), инчунин каноатмаи- дй, хурсандй, хушнудй, миннатдорй доранд:

Ба чашм! Хар коратон бошад, ба чону дил, мувофнки дилхохатон мекунам (Улутзода). Э-Э, амакчон! Охир, ман ба кучо хам мерафтам? Ба хона-дия- Сабил монад, имруз хам дар хонаи мо об нест» («Хорпуш­так»), «Мархамат, ба чону дил» — дархол розигй дод акои Олим бо овозй баланд (Ниёзй). Эй Кумричон, офарин! Катто гапатонро ба ино- бат гирифта, xomvih шуданд-а! К,андатона занед! («Пьесахо»), Рахмат духтарчон, хуш омадед, нури дида —болои чашм, маъзур доред, ки ди- дан хамон нашипохтам (Рахим Чалил). Бале духтарам, кандата зан, кариб бой шудй. Читу, мехнат карда пул ёфтаи нагз будааст-мй? (Улуг­зода).

Чй хуш насими дилкушо расида бар машомн мо, Зи накхати бунафшахо гирифта дар канорхо

(Юсу фй).

  1. Фразеологизмхое, ки маъной норозигй, тааччуб, хурсандй ва хай- ратро ифода менамоянд,:

Ана халос! Намаки ran парид. Охир, ran назада мегузаштам, ма- гар ягон чиноят мешуд? («Пьесахо»), Баракалло. Кори калон! Ана ин ба хама маъкул мешавад (Улутзода). Шумоён раветон-раветон. Ин кори шумо. Аммо ман дигар ба остонааш кадам намемонам. Магар ха­мин хам одамгарию одоб аст? Ана гапу! (Рахим Чалил). Духтари ман хам чакана нест—депутата райсовет! Амакатон намешавад! («Пьеса­хо»)- Ана ran дар кучо! Дар байни онхо танкид афтодааст, ки аз касо- фатии ин танкид шумо иаберадор намешавед-дня! («Пьесахо»).

  1. Фразеологизмхое, ки маъной хохишу орзу, афсусу надомат, пу- шаймонй, ноумедию маъюсй доранд:

ё бахт! Бригадиратон дар чонам запад! (Улугзода). Руям сиёх! Аз ин ran бехабар будани шуморо надонистам («Пьесахо»)- Чогам дар гур, ман боз лакида, холу ахволпурсиро хам аз ёд баровардаам (Улугзода). Вой ба холи ман! Корам ба прокурор афтодааст. Х,оли гирифта кава кунанд, чй мегуед? (Улугзода).

  1. Ибораю таркибхои фразеологис, кн норозигй, таъна, надомат, нафрат ва Fafipapo ифода мекунанд:

Дод аз дасти фиребгар! Плохи, дастат шиканад баргдузд (Улуг­зода). Сабилу зор монад! Охир ин хавлй на болохона дораду на тах- хона, на телефону на ванна (Рахим Чалил). Шокарим, руят сиёх му- гамбир! (Улугзода). Мардаки ман нонреза ёбад, бе шумо аз гулуяш намегузарад, шумо ба вай хамин тавр рафтор мекунед? Айб, айб, айб! Эй, хайфи одамият! (Икромй).

  1. Ибораю таркибхои фразеологие, ки тахкир ва дугу пуписаро ме­фахмонанд:

Хуб, манах ях! Равед, кампирбегнм, мо худамон гапзанон мекунем («Пьесахо»), Аввал ду сад суми рочеъулнакдро ба ман мекаппонед, ман рафта талокномаатонро оварда ба дастатон медихам, баъд мархамат, чор тарафатон кибла! (Улугзода). Канй, бе ичозати ман равад, канда- ша хурад! («Точикистони советй»), Чй бало! Боз гирья кардй-мй? («Пье­сахо»),

НИДОХОИ АМРЙ

§ 583. Нидохои амрй (ё ин ки императивй) аз нидохои эхсосй аз чихати маъно, вазифа ва гохо аз чихати сохт хам фарк мекунанд. Ни­дохои амрй воситаи изхори ирода (фармон, амр, манъ кардан ва гай­ра) мебошанд ва ба сигаи амрии феъл наздикй доранд.

Нидохои амрй монанди нидохои эхсосй маънои поминативй надо­раид. Онхо дар асл бо рохи калимаеозин сиитаксисй-морфологй, инчу­нин аз хисоби калимахои иктибоей инкишоф меёбанд: хусусияти эмо- ционалй низ доранд, хамчунин муносибатро ба мухити зист нишон дода метавонанд. Шаклхои гуногуии ин муносибат (хохиш, дархост, тавал- ло, илтичо, зорй, фармон, манъ ва Faftpa) бо нидохои муродиф ва интонация низ ифода меёбад. Масалан, нидохои хон, хой, уй, эй му­родиф бошанд хам, аз руи тобиши маъно фарк мекунанд.

Нидохое хастанд, ки онхоро хам эхсосй ва хам амрй номидан мум­кин аст. Чунин аст нидои аллае-алла. Ин нидо дар асл даъват ба хоб аст, вале дар баробари ин навозиш, мехрубоий, дустдорй, лутфу шаф- катро нишон медихад. Ба мисли хамин калимахои ифодакунандаи даъ- вати хайвонот па факат ирода, балки навозишу мехрубонй ва дустдо- риро низ ифода менамоянд. Масалан, нидои чу! хаячон ва майлу хо- хишро ифода карда метавонад. Дар чунин маврид нидои чу, одатан, бо калимахое, ки маънои гуногуни навозишу нафратро нишон дода ба на­зар чун мухотаб менамоянд, истифода мешавад, масалан: чу, чонвар, чу, безабонам, чу, чони ширин, чу, пахлавонам, чу, лаънатй, чу, танбал, чу, пустгафс ва гайра.